11-уми май Суди ноҳияи Панҷ ба қотили Меҳроншоҳи мо Амирзода Насим ҳамагӣ 3 сол дод. 3 сол ҳукм бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сукунат. Наход барои нафаре, ки дар рӯ ба рӯ (на упор), аз масофаи 60 сантиметр ба сӯйи ҳамкори худ ду тир парронида, ӯро ба қатл расонад, 3 сол низоми сукунатӣ таъин кунанд! Ин магар аз рӯйи адолат аст? Чунин ҷазои сабукро судҳои мо одатан ҳатто ба ролтондузду телефондуздҳо намедиҳанд. Инҷо бошад, одам кушта шуд, одам. Аз тарафи қотил як тир не, ду тир парронида шуд. Тири якум мустақиман ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт ва тири дуюм хато рафта, ба шифти бино бархӯрд. Ба назар чунин мерасад, ки қотил таҷрибаи хуби бо яроқ кор карданро дорад. Ӯ тири якумро ба Меҳроншоҳ зада, ӯро кушт ва баъдан тири дуюмро маҳз барои тасодуф нишон додан ба боло зад.

Ташхисҳои балистикӣ ва физикӣ-техникӣ, ки ҳолати паррониданро муайян мекунанд, ҳама гуна тасодуфро рад кардаанд. Дар хулосаи ташхиси физикӣ-техникӣ ва баллистикӣ гуфта мешавад: «Тире, ки ба марҳум Ҷумъаев М. расидааст, ин тири тамосӣ (рекошетӣ) нест, зеро ҳама омилҳои тирпарронӣ мавҷуданд ва тирпарронӣ аз фосилаи рӯ ба рӯ (на упор) бо ду маротиба пахш намудани куроки автомат, мустақиман (на упор) аз масофаи 60 сантиметр ба марҳум парронида шудааст.  Фосилаи вақти байни тири якум ва дуюм муайян нест». Ҳеҷ як ташхисҳои фармуда хулоса надодаанд, ки куштор тасодуфӣ буд ва ҳеҷ шоҳиде низ вуҷуд надорад, ки тасодуфӣ будани ҳолатро тасдиқ намояд. Прокурор худ ин ташхисро таъин кард, вале чаро ба натиҷаи ташхисҳои фармудааш такя накард ва суд низ дар ҳукмаш аз ин ташхисҳо мисоле наовард, суолест, ки маро пайваста азият медиҳад. Мехостам аз прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. Ғ. бипурсам, ки вақе натиҷаҳои ташхисҳои фармудаатонро ба инобат намегиред, пас чаро чунин ташхис мефармоед? Прокурор ҳангоми вохӯрии нахустин иброз дошта буд, ки агар ташхисҳо нишон диҳанд, ки тир дар рӯ ба рӯ (на упор) парронида шудааст, моддаи 108-и Кодекси ҷиноятӣ тағйир меёбад, вале ҳатто натиҷаи ташхисҳо моддаро тағйир надод. Бо эълони ин ҳукм ба назарам дар баробари Меҳроншоҳ моро низ куштанд.

Агар дар рафти суд собит мешуд, ки навбатдор автомати аллакай бо тирдон пайвастро додааст, шояд эҳтимолияти тасодуф вуҷуд медошт. Вале, вақте судшаванда тасдиқ мекунад, ки ӯ автоматро алоҳида ва тирдонро алоҳида гирифта, ба автомат пайваст карда, онро дар ҳолати яккатирӣ (одиночка) монда, затворро кашида, ба сӯйи Меҳроншоҳ тоб хӯрда, мили автоматро саҳван боло накарда парронидааст, ин маънои онро дорад, ки ӯ қасдан ва дидаву дониста ба самти Меҳроншоҳ ду тир холӣ кардааст. Инҷо ҳеҷ гуна тасодуфе вуҷуд дошта наметавонад. Чунин санҷиши яроқро дар рӯ ба рӯ (на упор) дар масофаи 60 сантиметр, ба назари мо дар се маврид анҷом додан мумкин аст:

а) девона будан зарур аст;

б) маст бояд буд;

в) нияти куштори барқасдона бояд дошт.

Варинати аввал инкор шуд, зеро ташхиси тиббии равоншиносӣ девона будани судшавандаро рад кард. Варианти маст будан низ тасдиқ нашуд, зеро ташхиси хун мавҷудияти алкогол ва наркотикро дар таркиби хуни маҳкумшуда рад кард. Пас мемонад варианти сеюм, ки ин барқасдона задани тир аст ва ин вариант варианти тасдиқшаванда аст.

Бори аввал мебинам, ки ҳам прокурор ва ҳам суд, на ба натиҷаи ташхисҳои фармуда, балки фақат ба нишондодҳои судшаванда такя мекунанд. Нишондодҳое, ки бо ҳеҷ шоҳиде тасдиқ карда нашуд. Ҳатто дар рафти суд шоҳиде пайдо нашуд тасдиқ кунад, ки тирро маҳз Амирзода ба марҳум зада бошад. Камераҳои назоратӣ кор намекарданд, ягон шоҳид ҳолатро надидааст. Ҳама фақат садои тирро шунида, ба ҷои ҳодиса омадаанд. Мо умедвор будем, ки дар баробари қотил ба курсии айбдорӣ дигар масъулини ШВКД дар ноҳияи Панҷ низ мешинанд, вале мутаассифона чунин нашуд. Наход марги милисаи тоҷик, ки дар ҷойи кор, ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ кушта шуд, ин қадр беарзиш бошад, ки қотили ӯ ҷазои сазовор нагирад? Сукунатӣ — ин магар маънои озод карданро надорад? Ё шояд маҳз зодаи ноҳияи Панҷ будани қотил ба тафтишот ва ба ҳукм таъсир гузошту тақдири милисае, ки аз Панҷакент аст, сарфи назар карда шуд?

Дар ҳукми суд омадааст: «Ҷинояти содирнамудаи судшаванда Амирзода Н. А. ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин мансуб мебошад». Агар ҷинояти одамкушӣ ба ҷиноятҳои дараҷааш вазнин мансуб нагардад, пас кадом навъи ҷиноят ба категорияи вазнин дохил мешуда бошад? Ба ин савол кӣ посух медиҳад? Мо аз аввал эҳсос карда будем, ки дар ноҳияи Панҷ тафтишот ба таври холисона пеш намеравад. Бинобар ин, ҳанӯз моҳи март ба Президенти кишвар, ба Прокурори генералӣ ва ба Прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиат карда, талаб кардем, ки парвандаро бо мақсади ба роҳ мондани тафтишоти ҳаматарфа ва холисона аз Прокуратураи ноҳияи Панҷ гирифта ба Прокуратураи вилояти Хатлон супоранд, вале бадбахтона дархости мо қонеъ нашуд. Албатта мо аз Суди ноҳияи Панҷ ҳам он қадр умеди зиёд надоштем. Зеро ҷиноятро сокини ноҳияи Панҷ, дар ШВКД дар ноҳияи Панҷ содир намуд, онро Прокуратураи ноҳияи Панҷ пеш бурд ва суд низ дар Панҷ баргузор гардид. Инҷо шахсони манфиатдор зиёданд. Аз ҷониби дигар, то имрӯз чунин иттифоқ наафтодааст, ки суди ноҳия талаби прокурори ноҳияро рад карда бошад. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки аз болои ҳукми Суди ноҳияи Панҷ ба зинаҳои болӣ шикоят кунем. Алҳол ҳадафи асосӣ аз Панҷ баровардани парванда аст.

Агарчи суд дар додани ҳукм кашолкорӣ намуда, баъди 7 рӯз ҳукмномаро ба мо дод ва барои шикоят бароямон ҳамагӣ 3 рӯз вақт гузошт, вале тасмим гирифтем, ки аз ин вақти кӯтоҳ самаранок истифода барем. Шояд сабаби кашолкорӣ дар мӯҳлати додани ҳукм он бошад, ки мо вақт барои шикоят наёбем. Вале мо аз ҳамин мӯҳлати кам ҳам истифода мекунем ва барои дарёфти адолат ҳама кӯшиш ва имкониятамонро истифода мебарем. Ман шахси оптимистам ва ноумед намешавам. Умедворам адолатро пайдо мекунам.

Ба назари мо, дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи мазкур шояд нахустин парвандае бошад, ки дар он тафтишот на манфиатҳои ҷабрдида, балки манфиатҳои гумонбар дар куштор ва милисаҳои дар ҳодиса масъулро ҳимоя кардааст. Ин нахустин парвандаест, ки ба назари мо дар он прокурор на ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ, балки чун адвокати гумонбар дар куштор ва кормандони масъули ШВКД баромад кард ва суд низ маҳз манфиатҳои қотилро ҳимоя карда, ба ӯ ҷазои сукунатӣ таъин кард.

 Холиқназар ҶУМЪАЕВ

 Аз идора: Нашрия ҳафтаи оянда муроҷиатномаи тарафи ҷабрдида ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп карда, дар он роҷеъ ба шоҳидҳои сохтаи ба суд пешниҳодшуда, вокуниши прокурори ноҳияи Панҷ ба дархости ҷабрдида, ки бо вайрон кардани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” (бо 27 иштибоҳот дар 2 ҷумла) навишта шудааст ва чандин камбудиҳои дигар маълумот хоҳад дод.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here