Дар ҷомеаҳои мутамаддин зан ҳамчун муҳаррики пешбаранда ва якҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ин, донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарди баору номус аст. Зани бонанги тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон дар паҳлӯи мардон бори рӯзгордориву давлатдориро бар дӯш доштааст. Ва набзи имрӯзаи замон низ тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳамагирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва якҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, фарҳанг ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад. Моҳи декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳамзамон, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробар ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардониионҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Дар асоси ин фармон иштироки бонувон дар идоракунии мақомоти давлатӣ бозбинӣ шуда, шумораи онҳо дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда сол то сол афзоиш меёбад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори мавқеи зан дар ҷомеа тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам овард. Дар ин замина, моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон» қабул гардид. Ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз заминаи ҳуқуқию иҷтимоии пешбурди сиёсати давлатиро дар байни занон муайян намуд. Баъдан, «Барномаи давлатии таъмини баробар ҳуқуқии занон ва модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ба имзо расид.

Тавре зимни суҳбат мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияиТоҷикобод Гадозода Меҳринисо иброз дошт, Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои давлатӣ дар самти дахлдори кор бо занон, тибқи амалӣ гардонидани Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, қарорҳои Маҷлиси Вакилони халқи ноҳия ва раиси ноҳия, накшаҳои кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, тайи шаш моҳи соли 2021 баҳри беҳтар намудани кор дар байни занону духтарон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии эшон аз лиҳози ҳуқуқӣ, иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин касбомӯзии бонувон чораҳои амалӣ меандешад.

Чунончӣ, санаи  10 феврали соли равон Шӯрои занони ноҳия гузаронида шуда, аз рӯи Нақшаи тасдиқ гардида кор дар байни аъзои Шӯро тақсим бандӣ карда шуд. Нақшаи кории бахш дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои занони ноҳия тасдиқ гардида, тибқи талаботи он вазифаи аввалини бахш ва Шӯрои занонин тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, таълиму тарбияи духтарон дар муассисаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқ бурдан дар байни духтарони синфҳои болоӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, тадбирҳо ҷиҳати идомаи таҳсил, мубориза бо хурофотпарастӣ ва фарҳанги бегона, воло будани муқаддасоти оиладорӣ, расму оини оила ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ як қатор корҳои мушаххас ба нақша гирифта шуд.

Дар ин иртибот, Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамбастагӣ бо дигар шуъбаву бахшҳои дахлдор дар байни аҳолӣ, хусусан бо занону духтарон бобати баррасӣ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуд. Ин аст, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП 1140 ва аз 27 январи соли 2020 №АП-1332 тасдиқ шудааст, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар ин замина тибқи Низомномаи фестивали мазкур даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии“Чакомаи гесӯ” санаи 16 феврал бо иштироки 120 нафар духтарон дар толори қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Рафти баргузории фестивали мазкур дар шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла ТВ Тоҷикистон, ТВ Сафина ва рӯзномаи ноҳиявии “Паёми Тоҷикобод” инъикоси васеъ ёфт. Ҳамин тариқ, дар даври ҷумҳуриявии фестивали мазкур 15 нафар духтарони ноҳия иштирок намуда, аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар баробари ин, бо ибтикори бахш  бобати пешгирӣ ва бартараф намудани занону бонувон аз гаравидан ба фарҳанги бегона аксияи тарғиботиро зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” миёни занону бонувон дар кӯчаю маҳаллаҳо, бозору  мағозаҳо баргузор шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бахши кор бо занон ва оила бахшида ба Рӯзи модар дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия хусусан бо духтарони синфҳои болои озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Эҳтироми модар” бо иштироки 100 нафар хонандагон баргузор карда шуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд. Дар таърихи 05.03.2021 Рӯзи модарон бо иштироки раиси ноҳия, мақомотҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, занони собиқадор ва фаъоли ноҳия сурат гирифт. Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва як қатор хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳнаи театкунонидашуда ва консерти идона баргузор карда шуд. Мақомоти иҷроияи ноҳия ба 120 нафар занони фаъолу собиқадори меҳнат ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.

Ҳамчунин, ба қавли мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод, дар ноҳия бобати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” се нафар кадбонуҳои ноҳия бо маҳсули дастранҷи хеш дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар баробари ин, аз тарафи Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила чандин мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар ҷамоатҳо барои занону бонувони хонашин баргузор гардид.

Қобили тазаккур аст, ки Бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста бо хонандагону омӯзгорон корҳои тарғиботиро бобати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон ва дар замири онҳо ҷой намудани эҳсоси баланди худшиносиву меҳанпарастӣ, омода намудани ҷавон духтарон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии фарҳанги бегона баргузор менамояд. Аз ҷумла, дар ин иртибот бо ибтикори Бахши кор бо занон ва оила бахшида ба таҷлили “Рӯзи оила”дар байни занони фаъол конференсияи амалӣ дар мавзӯи “Нақши оила дар бунёди ҷомеаи солим” баргузор гардид. Ҳамзамон санаи 15 май бахшида ба ин санаи таърихӣ бо иштироки раиси ноҳия ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сардорони ташкилоту идораҳо, оилаҳои намунавӣ чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар ҳамин маҳфил аз тарафи раиси ноҳия ба 4ҷуфт оилаи ҷавон, ки нав ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода буданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатномаҳои ақди никоҳи онҳо бо тантана тақдим гардид.

Бешак дар ноҳияи Тоҷикобод ба дӯзандагиву ҳунармандӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки айни ҳол, теъдоди корхонаҳои дӯзандагие, ки имконияти истеҳсоли либоси мактабиро доранд, дар ноҳия 5 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар назди Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ва филиали муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод курсҳои омӯзиши ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва қолинбофӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо бо ҷалби  50 нафар занону духтарон фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Дар баробари ин, қайд кардан ба маврид аст, ки чанде қабл бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба маблағи 86 ҳазор доллари ИМА дар ноҳия маркази “Бонувон” сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он як қатор занону духтарони ҳунармани ноҳия ба дӯхтани сару либоси ягонаи мактабӣ шуруъ намудаанд. Ин иқдом метавонад минбаъд ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ мусоидат намояд.

Тавре Меҳринисо Гадозода зикр намуд, масъулини мақомот дар ҳамбастагӣ бо Бахши кор бо занон ва оила ҷиҳати иҷрои банди 4,4-и Нақша-чорабиниҳои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар байни занони роҳбарикунанда пайваста курсҳои омӯзишии “Мактаби сарварӣ”-ро барои бонувон баргузор менамоянд. Натиҷаи чунин иқдомот ва корбариҳост, ки марҳила ба марҳила теъдоди бонувони сарвар аз ҳисоби занони роҳи кордону болаёқат дар ноҳия рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Азбаски Тоҷикобод ноҳияи аграрист, бешак сафи чунин бонувон дар бахши кишоварзӣ зиёдтар ба мушоҳида мерасад.

Яке аз чунин бонувон Ҷамоатбӣ Шифоева мебошад, ки сарварии хоҷагии деҳқонии “Шифо” –ро бар уҳда дорад. Зимни суҳбат мавсуф бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки аъзои хоҷагии онҳо ҳамагӣ 2 гектар заминро дар ихтиёр доранд:

– Дар ин замини хоҷагии деҳқонии худ мо дар 80 садяк картошка кишт кардем ва барои ҳосили хуб ба даст овардан талош дорем. Барои ба ин ҳадафи худ расидан бояд заминро нағз нигоҳубин карда,  сари вақт бо доруҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намуданамон лозим аст. Ҳамчунин, онро аз ҳар гуна ҳашаротҳо бояд муҳофизат намоем. Ҳамчунин, дар 30 садяк гандум кишт карда будем, ки ҳоло ҳосили онро ғундошта истодаем ва аллакай дар хирманамон 1, 5  тонна ғалла дорем. Дар қисмати боқимондаи замини хоҷагии деҳқониямон бошад, карам, лаблабу, сабзӣ ва дигар навъи обчакориро кишт намудаву нигоҳубин карда истодаем, ки умедворем, низ ҳосили хуб ба даст меоварем. Албатта, ризқи мо аҳли хонавода аз рӯи замин аст. Ва бе шак барзиёдии ҳосили ба дастовардаи худамонро ба фурӯш мебарорем ва аз ин ҳисоб чархи рӯзгорамонро мегардонем.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари хоҷагии деҳқони “Ризо” Расулова Моҳрухсор мегӯяд, ки:

– Дар маҷмӯъ 4, 17 гектар заминро дар ихтиёр дорем, ки аз ин ҳисоб 2,17 гектараш замини чарогоҳ мебошад, 46 садяки дигараш замини обӣ буда, 30 садяки онро боғ ташкил мекунад. Боқимонда заминҳои корами лалмӣ мебошад. Дар байни 30 садяки қатораҳои замини боғ мо пиёзу лӯбиё ва картошкаву ғалла кишт намудаем. Дар минтақаи мо, ки аз он як маротиба ҳосил гирифта мешавад, аслан мушкилот бо норасоии об ба назар мерасад.Дар ҳолати доимӣ будани об имкони аз чанд кишт ҳосили хуб рӯёндан имконпазир аст. Ба ин нигоҳ накарда, ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз ҳамин як порча замин ризқи аҳли хонаводаро таъмин намоем.

Ба суҳбат Мирзоева Сарвинисо – сардори хоҷагии деҳқонии “Файзиддин” ҳамроҳ шуда, зикр намуд, ки замини кишоварзии онҳо 1 гектару 30 садякро ташкил медиҳад:

-Аз ин теъдод 30 садяк заминамон лалмӣ аст. Дар қисмати заминҳои лалмӣ мо ниҳолҳои зардолу шинондаем. Соли 2007 дар 1 гектар замини боқимонда бошад, наздики 250 бех ниҳолҳои самаровар бунёд карда будем. Ба толеъамон соли 2015 сел 40 садяки замини хоҷагии деҳқониямонро шуста бурд.  Ба ин нигоҳ накарда, ба ниҳолҳо, ки мисли фарзанд ҳастанд, ҳамеша аз таҳти дил нигоҳубин менамоем, решаву танаашро мустахкам мекунем, то ҳашаротҳои зараррасон нобуд насозанд. Ҳамчунин, ҳар сол 5-6 маротиба доруҳои кимиёвӣ мезанем, то дар солҳои минбаъда низ ҳосили хуб ба даст орем. Дар байни қатораҳо барои сарфакории замин ҷуворимакка кишт менамоем, зеро аз сабаби шурахоку ботлоқзор будани заминҳоямон ҳосили картошка ва дигар зироатҳо он қадар фоидаовар нест. Ба ҳамин хотир бунёди боғ ба мақсад мувофиқтар аст ва натиҷаҳои хуб ҳам ҳаст ва мо аҳли хонаводаро қонеъ менамояд.

Ҳамзамон мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияиТоҷикобод Меҳринисо Гадозода дар идомаи суҳбат риштаи суханро ба даст гирифта, изҳор дошт, ки дар баробари ин ҳама корбариҳо, ҳамчунин, аз тарафи масъулини бахш пайваста бобати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидан иниқоб дар кӯчаю маҳаллаҳо, бозору мағозаҳо рейдҳои муштаракро дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши ҷавонон ва варзиш баргузор намуда истодааст. Зикр гардид, ки дар ин замина тайи шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бахш 350 маводи тарғиботӣ ва 80 рейди муштарак, 45 суҳбату вохӯрӣ, 5 конференсия, 3 мизи мудаввар баргузор карда шуд. Инчунин, дар ин муддат, ба Бахши кор бо занон ва оила 60 оила муроҷиат кардаанд, ки аз ин ба 56 муроҷиат ба таври шифоҳӣ ва ба 4 тои дигар тариқи хаттӣ посух гардонда шудааст. Аз ҳамин 60 оилаи муроҷиат намуда 15 тояш баҳси оилавӣ 25 тояш масъалагузорӣ оид ба баҳси замин ва 20 арзи дигар вобаста ба масъалаҳои гуногун мебошанд. Дар ин росто ба муроҷиати шифоҳии 6 оила дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои қудратӣ дар хонаҳояшон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дода шудааст.

Меҳринисо Гадозода дар фароварди суҳбат моро мутмаин сохт, ки Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ тамоми кӯшишҳояшро ба он равона месозад, то сатҳи маърифатнокии занону духтарони ноҳия боз ҳам баланд бардошта шуда, бобати аз байн бурдани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар байни занону духтарон кӯшишу талош ва чораҷӯиҳояшро идома хоҳад дод.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь