Латифи Пидром — раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, рӯзи 28-уми август дар шаҳри Душанбе гуфт, «фазои ҳозираи Афғонистон сангину хатарнок аст ва мардум ҳолати равониашонро аз даст додаанд».

Дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар Душанбе ҷаноби Пидром аз мухолифат ва муқовимат бо «Толибон» ситоиш кард ва афзуд, роҳи ҳалли мушкили Афғонистон ва омили пешгирӣ аз ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ташкили давлати федеролист.

Ӯ гуфт: «Пешниҳоди мо… давлати демократии федеролӣ. Чунин Афғонистон эҷод шавад. Чизе, ки қобили қабул нахоҳад буд, давлати мутармарказ аз тарафи як қавм аст, ки чунин давлат таҳаммул нахоҳад шуд».

Ин ақидаест, ки Латифи Пидром ҳамчун раиси ҳизб ва узви порлумони Афғонистон борҳо иброз дошта, вале ҳимоят пайдо накардааст.

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби бунёдгарои исломии Афғонистон, рӯзи 27-уми август дар намози ҷумъаи Кобул истилоҳи «федеролизм»-ро бо тамасхур зикр кард ва онро ба талоши ҷудоиандозӣ ва тақсими Афғонистон рабт дод.

«Як созмон наметавонад, ба танҳоӣ дар Афғонистон ҳукумат кунад, чун ҷомеа бисёрқавмӣ аст. Бояд давлати ғайримутамаркиз созем»,- таъкид кард Латифи Пидром дар нишасти Душанбе.

Манзури ӯ аз “як созмон” ҳаракати “Толибон” аст, ки акнун ҳамаи Афғонистонро ба истиснои вилояти Панҷшер зери назорат дорад.

«Толибон» тағйир кардааст ё не?

Дар ҳоле ки намояндагони “Толибон” гуфтаанд, онҳо назар ба солҳои 1996-2001, даврае, ки низ тамоми Афғонистонро, ба истиснои водии Панҷшер зери назорат доштанд ва ҳукумати худро созмон дода буданд, тағйир кардаанд, бо назардошти гузашта ва мафкураи онҳо эътимод ба ваъдаҳояшон кам аст.

Онҳо мегӯянд, тавонистаанд дар Кобул ва минтақаҳои дигари зери назорати худ амнияту оромиро барқарор кунанд, вале Латифи Пидром мегӯяд, зӯроварии онҳо ин бор ҳам идома дорад.

Вай афзуд, «ҷангҷӯёни Толибон ба хонаҳои мардум даромада, бо зӯр дар манзили сокинон зиндагӣ мекунанд”. Пештар низ созмонҳои ҳуқуқи инсон аз бархӯрди хушунатомез ва зӯроварии Толибон хабар доданд, аммо роҳбарияти ин гуруҳ инро рад карданд.

Латифи Пидром рӯзи 28-уми август дар нишасти “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар шаҳри Душанбе гуфт: “Таблиғ мешавад, ки амният аст ва ба касе кор надорем. Чунин чизе нест. Амволи мардумро ғорат мекунанд. Толибон ба хонаи чанд дӯсти ман рафтанд ва соҳибхонаҳо муваззаф ҳастанд, ки барои онҳо нон таҳия кунанд. Хонаҳои мардумро пойгоҳ кардаанд”.

Роҳбари Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар суҳбаташ батакрор аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ интиқод кард ва онро “ҳукумати фасодкор” номид, ки фирори ногаҳонияш сабаби суқути зуди ҳукуматаш гашт. Вале Ашраф Ғанӣ танқидҳоро дар бораи ҳукуматаш рад карда, гуфтааст, ба хотири пешгирӣ аз хунрезӣ Кобулро тарк кард.

Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” чанд нафар аз Латифи Пидром дар бораи муқовимати дараи Панҷшер пурсиданд. Пидром аз Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ситоиш кард ва гуфт, “дар канори он дара мебошем”.

“Ҳамаи он виҷдонҳое, ки дар Афғонистон барои адолат нигарон ҳастанд, умедашон аз Аҳмад Масъуд аст. Аҳмад Масъуд нури чашми ҳамаи мо аст. Метавонист фирор кунад, лекин нарафт. Ҳамаи мо аз ӯ ҳимоят мекунем. Ӯ гуфт, бояд гуфтугӯ шавад ва мушкилро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунем. Ин равиши дуруст аст”,- афзуд Пидром.

Бо гузашти қариб ду ҳафта аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон то ҳол сохтори нави ин кишвар эълон нашудааст. Дар чунин вазъи норӯшан нигарониҳо аз ояндаи ин кишвари ҷангзада, бахусус бозгашти ҳукумати сахтгиронаи Толибон зиёд шудааст. Ҳарчанд ин гуруҳ ваъда додааст, ки ҳукумати ояндаи Афғонистон бо ширкати намояндагони ҳама қавмҳо ташкил мешавад.

Муллораҷаб ЮСУФӢ,

Нигораи ФАЗЛИДДИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here