Бибии ӯ аз саховатмандон кумак мехоҳад

Шаҳрванд Асломова Баҳринисо ба идораи мо омад ва аз шахсони саховатманд кумак хост. Ба қавли ӯ, наберааш Музаффарова Ганҷина, соли таваллудаш 2006, давоми се сол инҷониб маъюб аст.

“То синфи 6-умияш саломатиаш нағз буд. Дар мактаб ҳам бо баҳои аъло мехонд. Тобистони соли 2018 буд, ки ба шаҳри Бохтар ба меҳмонӣ меравад ва аз гармии ҳаво вазъи саломатиаш бад мешаваду таб мекунад. Ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Бохтар бурдем. Дар онҷо чанд муддат хоб кард. Барои дидорбиниаш ба мо иҷозат намедоданд. Шабҳоро рӯи сабзаи саҳни беморхона рӯз мекардем”,- мегӯяд Асломова Баҳринисо.

Ба гуфтаи Асломова, билохира онҳо тасмим мегиранд беморро ба пойтахт биёранд. Духтурони беморхона мегӯянд, ки “барои бо мошини ёрии таъҷилӣ бурдан бояд шумо ҳақи хизмати корманд ва сӯзишвории мошинро резед”. Ҳамин тариқ, баъди пур намудани мошини ёрии таъҷилӣ бо сӯзишворӣ, онҳо беморро ба беморхонаи “Истиқлол”-и пойтах меоранд. Дар инҷо духтурон ҳолати беморро дида, аз паси табобат мешаванд. Вале аллакай дер шуда буд, чун беморӣ куҳна шуда буд ва илоҷи наҷот намонда.

Се сол мешавад, ки Ганҷина пойбанди аробачаи маъюбист. Моҳе пеш модари ӯ аз алами фарзанд сӯхтаву аз олам чашм пӯшид. Падараш бошад, айни ҳол дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Падар низ аз бемории қанд азият мекашад ва барои табобати худ базӯр маблағ меёбад. Тарбияи Ганҷинаро бибияш Асломова Баҳринисо бар дӯшаш гирифтааст. Баҳиринисо мегӯяд: “Чанд бор таклиф намуданд, ки набераамро ба ягон ҷой бурда супорам, аммо ман ба ин розӣ нашудам. То зиндаам, худам нигоҳубинаш мекунам. Танҳо мехоҳам шахсони саховатманд ба мо кумак намоянд. Доруҳое, ки ӯ қабул мекунад, қиммат ҳастанд. Агар ҳамон доруҳоро дар вақташ нахӯрад, вазъи саломатиаш боз ҳам вазнинтар мешавад”.

Шавҳари Асломова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вафот кардааст. Ӯ ду писар дорад, ки яке падари Ганҷина, ӯ низ гирифтори беморӣ. Ягона саробони хонавода писари хурдист, ки ба таъмири телефонҳо дар назди бозори “Саховат” машғул аст. Онҳо дар наздикии бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе дар хонае, ки аз ҷониби бародарони Асломова ба хоҳарашон дода шудааст, зиндагӣ мекунанд.

“Хонаи мо дар ошёнаи панҷум қарор дорад. Барои фаробарои маъюб бисёр мушкил. Бачаҳои ҳамсояро хоҳиш мекунам, то барои то ба поён фаровардани беморам кумак кунанд. Бар замми ин, ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ обро қатъ мекунанд. Ин аз сабаби он, ки назди бинои мо бо гарм шудани ҳаво дастгоҳи “газвода”-фурӯшӣ насб мекунанд. Ҳамаи обро онҳо мегиранд, мо бе об. Охир, ман бемор дорам, бар замми ин, дар ин гармӣ норасоии об”,- мегӯяд ӯ.

Баҳринисо барои кумак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рафт. Дар вазорат ба ӯ пешниҳод шуд, ки барои 21 рӯз ӯро ҳамроҳи наберааш ба истироҳатгоҳе ба Варзоб фиристанд. Аммо барои ин ӯро зарур буд, ки аз духтур як-ду ҳуҷҷати лозимаро гирад. Барои надоштани 7 сомонӣ дар поликлиникаи 4 ба ӯ додани ҳуҷҷати лозимаро рад карданд.

“Нархи хизматрасониро 57 сомонӣ гуфтанд. Гуфтам, охир, ман шахси маъюб дорам, ақаллан ягон тахфиф кунед. Дар кисаам ҳамагӣ 50 сомонӣ дорам. Ҳеҷ набошад, 7 сомонияшро ба қарз нависед. Онҳо рад карданд ва гуфтанд, ки ин кассаи давлатист, ягон хел тахфиф намешавад”,- гуфт Асломова.

Пас аз интизориҳо ва зораву таваллое, ки ба духтурон кор надод, Баҳринисо барои ҷустуҷӯи маблағ рафт ва марде ба ӯ ин маблағро дод. Танҳо пас аз пурра пардохти маблағ ба ӯ ҳуҷҷатро доданд. Аммо ӯ ба ҷои лозима аз вақти муайяншуда аллакай се-чор соат дер карда буд. “Дар Вазорати тандурустӣ сабаби дер карданамро фаҳмида, бисёр нороҳат гардиданд”,- мегӯяд ӯ.

Асломова Баҳринисо ба шахсони саховатманд муроҷиат намуда, боварӣ бар он дорад, ки доди ӯ ба гӯши додрас мерасад ва ҳатман ба ӯ дасти кумак дароз карда мешавад (суратҳисоби бонкии ӯ 6262181010091021, International Bank of Tajikistan, Union Pay).

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here