Хеле вақт боз ин мавзӯро пайгирӣ карда, ният доштам, ки атрофаш ягон чизе нависам ва бо ин усул мардумро ташвиқу тарғиб кунам, ки фарзандони худро тарсончаку беҷуръату буздил тарбия накунанд. Ҷасуру нотарс, қавируҳу қавиирода, боҷуръату боғайрат тарбия намудани фарзандонро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо таъкид карда буданд. Чунки ба Ватану ҷомеаю давлат, дар ҳама давру замонҳо маҳз ҳамин гуна фарзандон зарур буданд, дар шароити кунунии ҷаҳон бошад, боз ҳам заруртаранд.

Дар як деҳаи наздикуҳии ҷамоати Чагами ноҳияи Ш. Шоҳин меҳмон шудам. Вақти говгум буд. Лаҳзаи дастурӯшӯиям, аз ҷониби куҳ садои баланди имдодхоҳонаи кӯдаке ба гӯш расид. Ман ҳамон сония садо баланд кардам.

– Бачаҷон натарс. Мо дар наздикии туем, натарс! – гуфтаму ҳамон лаҳза ҷониби садо давидам. Соҳибхона ҳам аз паси ман давид. Раҳораҳ суханони шердилкунандаро такрор кардан гирифтем. Аз роҳи даруни селдараи сербуттаю сердарахт гузашта, тақрибан 400-500 метр боло шуда будем, ки говҳои рӯнишебоянда аз пешамон баромаданд. Аз пушташон писараки 13-14 солаи резапайкар ба зӯр – ба зӯр қадам зада меомад. Соҳибхона дар рӯшноии чароғаки дар даст доштааш писари ҳамсояи чанд хона онтарафтар будаашонро шинохт. Ман аз чӣ тарсидани ӯро пурсидам. Ҷавоби дуруст дода натавонист. Аз тарс забонаш тутила шуда буд.

Ӯро рӯи кат, дар рӯшноии чароғ хобонда, ба рӯяш об пошидем ва об нӯшондем. Баъди хеле молиш додани дасту пойҳо ва сару гарданаш рӯйҳояшро шӯстем. Дасту пойҳояшро бо латтаи намнок тоза кардем. Ин буд, ки хеле ором гардид, забонаш дурустар мегаштагӣ ва гуфтораш фаҳмотар шуд. Фаҳмонд, ки вақти торикӣ аз болои сараш буму чуғзҳо ва кӯршабпаракҳо чандин бор паст-паст парвоз карда гузаштанд. Бо ин сабаб сахт тарсид.

Вақте мо фаҳмондем, ки буму ҷуғзҳо ва кӯршабпаракҳо ҳама парандаҳои одианд ва ба инсонҳо зарар намерасонанд, ӯ бовар накарда, суханони бобою бибӣ ва падару модарашро такрор намуд. Онҳо мегуфтаанд, ки агар вақти торикӣ аз болои сари одам бум, ҷуғз ё кӯршабпарак гузарад, ин одам ҳатман ҷиннӣ мешавад ё мемурад.

Мо то тавонистем, кӯшиши аз сари ин кӯдак дур намудани фикрҳои ботилро кардем. Баъде, ки падару модараш омаданд, ба онҳо ҳам фаҳмонданӣ шудем. Аммо эшон ба худсафедкунӣ гузаштанд:

– Чум. Бобою бибиҳоямон, падару модарамон ҳамин тавр мегуфтанд. Мо ҳам ба фарзандонамон ҳамин тавр мегӯем, – гуфт модараш.

– Агар писарамон вақти омадани буму ҷуғзҳо сурае хонда ба сӯяшон куф мекард, онҳо дигар намеомаданд, – суханони зани худро тақвият дод падараш.

– Сура хондаю куф кардам. Гум нашуданд, – бо ғурунгос гуфт писарак.

Баъди ин суханони писарак ва волидайнаш, шахсан ман хомӯширо афзал донистам. Зеро фаҳми онҳо ҳамин қадар буд. Биноан, нахостам, ки суханам бар бод равад.

Ҳамин гуна мисолҳо ва тимсоли мисолҳои поёниро аз ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ овардан мумкин аст, ки ҳамаашон натиҷаи хурофотпарастӣ ва аз илму дониш дур будани волидон аст. Деҳаи мо ҳам аз ин нуқс орӣ набуду нест, асосан бо таъсири нохондамуллоҳо. Масалан, замони кӯдакию бачагии мо қариб ҳамеша таъкид мекарданд, ки зери кӯпруки селдараи байни қишлоқҳои болою поён «ҷондор», яъне ҷину аҷина ва бало дорад. Аҷиб буд, ки на танҳо кӯдакон, балки калонҳо ҳам метарсиданд. Чунки аз ҳодисаҳои табиии атрофи ин кӯпрук бехабар буданд ва ҳар сояю сиёҳии дидаашонро ҳатман ҷину аҷина ва «ҷондор»-ҳои дигар мепиндоштанд. Аммо дар асл ин тавр буданаш ҳеҷ имкон надошт. Охир кӯпруки мутазаккир он қадар калону бо ҳайбат набуду нест. Аз байнаш ҳамагӣ ду сутун дорад. Ду нӯгаш, ба ду соҳили дара хобонда шудааст. Зераш буттаҳо ё ақаллан алафҳои баланди ваҳмовар надорад. Дар ин ҳол, чӣ тавр метавонад, ки он ҷину аҷинаю балоҳои дигар дошта бошад? Аммо як чизро ба назар бояд гирифт: Одамон аз болои он ба даруни дара порӯ, хокистар ва дигар партовҳо мепартоянд. Рӯзона шахсан худам борҳо дидаам, ки ин «боигариҳо» гоҳе дуд мекунанд, яъне, месӯзанд. Агар шаваду шабонгоҳ шуълаи оташе ба назар расад, ин ҳаргиз маъноеро надорад, ки он алови ҷину аҷин аст. Дар ин ҳол бояд фаҳмид, ки он алови ҳаққонӣ буда, аз ягон лахчаи бо хокистар омада пайдо шудааст ё шуълаи худи ҳамон лахча аст, ки бо таъсири бод равшан гаштааст. Аммо муҳити табии атрофи пул 2-3 сол пеш барои одамони камғайрату камҷуръат ва сустирода воқеан ваҳмангез буд, махсусан шабҳо. Чунки селдара хеле чуқуру дароз буда, қад-қадаш теппа ва пастию баландиҳои зиёд дошт, ҳаргуна алафу хору хасу буттаҳо мерӯиданд. Хушбахтона, ин манзараи ҳузнангез ҳоло нест. Он аз ҷониби шодравон ҳоҷи Ҳамзахон Юсуфов (ёдаш ба хайр) тахту ҳамвор шудааст ва ба ҷои пайроҳаи хатарнок, роҳи мошингарди сангфарш арзи вуҷуд дорад. Аммо то ҳамин ҳам ин кӯпрук ва атрофаш, ягон хел чизи тарсовар надошт. Се мисол меорам:

  1. Боре соатҳои 12 шаб велосипедсавор бо пиёдароҳи пушти уштурмонанди қад-қади селдара аз қишлоқи боло ба қишлоқи поён меомадам. Вақти ба пул наздик шуданам, дар рӯшноии чароғак (фонарик) дидам, ки аз зери он як аловдастаи ҳаракаткунанда баромад. Дилам ҳурба кард. Зуд дар ҷоям истода, рӯшноиро ба сӯяш равона кардам. Чӣ буданаш маълум нашуд. Вай ба роҳ баромад. Баъд истоду сӯям нигарист. Аловаш нисбатан калон шуд, барқзаниаш бошад, хеле равшантар. Сипас, сӯи Қаҳрамони поён ҳаракат кард. Баъди чанд қадам гузоштанаш, маълум шуд, ки пишак аст, пишаки сиёҳ. Ин вақт гӯсфандҳо ва пишакҳои дар Авзикент доштаамон ба ёд омад. Чашмони онҳо ҳам рӯшании чароғро дар торикӣ ҳамин тавр акс мекунонданд. Биноан, хулоса кардам: рӯшноии дидаи ман, ин акси рӯшноии ҷароғаки дар даст доштаам аст, ки дар мӯи ялаққосии пишак аксандоз шудааст. Алови нисбатан калону барқзананда бошад, боз ҳам акси ҳамин рӯшноист, ки дар чашмони равшани пишак калону барқзананда намудор шудааст.

Ҳурбаи дилам гум шуд. Бо вуҷуд, андешидам, ки агар чи будани ин махлуқро аниқ накунам, имкон дорад, ки эҳсоси тарс баъдтар дар вуҷудам пайдо шавад. Бо ҳамин андеша аз паси пишак велосипед рондам. Хилофи одати пишакҳо, вай аз роҳ намебаромад. Баръакс, гӯё, ки аз рӯшноии чароғаки ман истифода мебурда бошад, пеш-пешам ҳаракат мекард. Ҳар бори сарашро ба сӯям гардонда нигаристан чашмонаш барқ мезаданд. Вай аз зери дарвозаи ҳавлии акаи Ҳамроқул дарун шуд. Ман бошам, ба хонаи акаам даромадам.

  1. Он замонҳо, роҳи қад-қади селдараи номбурда, дар оғозаш теппачае дошт. Бо сабаби дар болояш будани якто дарахти дӯлона, баъзеҳо онро «теппачаи яккадӯлона» ҳам мегуфтанд. Масофаи байни ин теппача ва кӯпруки «аҷинадор» тақрибан 150 метр аст. Дергоҳи шаб, вақти аз болои ҳамин теппача гузаштан, ман дар сари кӯпрук манзараи ҳайратовареро дидам: Ду махлуқи одаммонанд, байни худ занозанӣ мекарданд. Занозании бас шадид. Гоҳ бо ҳам ҷафсу гоҳ аз ҳам ҷудо шуда ҳамдигарро мезаданд. Гоҳ яке дигареро ба замин зер мекарду гоҳи дигар баръакс. Чун солҳои нотинҷӣ буд, гумон кардам, ки намояндагони ҷонибҳои муқобиланд. Боз истода, «афтударафт»-ро бо таҳқиқ назар кардам. Ҳаракатҳояшон қариб якхелаю ҷангашон дар як нуқта буд. Ҳайратам афзуд. Лаҳзае пас бо овози баланд садо кардам: «Бачаҳо, бас кунед. Агар не, ба милиса хабар медиҳам!».

Ягон садо нашуд, занозанӣ қатъ нагашт, чуноне, ки буд, ҳамон тавр давом кард. Ба хулоса омадам: «Одам нестанд». Биноан, «Ҳар чи бодо бод» гуфтаму ба сӯяшон рафтам. Ба онҳо наздик шуда, дарёфтам, ки ду бутта ҷорӯби кӯчарӯбии калонанд. «Афтударафташон» бошад, натиҷаи таъсири шамол аст, ки қад-қади роҳ ва дара мевазид.

Чашмам ба чароғи хеле равшани калон афтод. Он дар нӯги симчӯби кадом як ҳавлии дар лаби канал ҷойшудаи ҳамсоядеҳ буд. Нураш ба пушти ҷорубҳо бар хӯрда, сояи онҳоро ҳосил мекард ва ба ҳар самт паҳн менамуд, аз ҷумла ба самти меомадагии ман ҳам.

  1. Боз шаб. Аз хонаи додарам ба хонаи худам меомадам. Роҳро танҳо ситораҳо андаке равшан мекарданд. Баробари ба сари ҳамин кӯпрук расидан, дар байни он сиёҳие ба назар расид. Шабеҳи ҷомаи мардона буд. Ин лаҳза хаёли пурдаҳшате фарогирам шуд: «Фоҷиае рух додааст». Бе он ки андеша кунам, назди он сиёҳӣ рафтам. Воқеан чун ҷомаи сиёҳи на он қадар калони ҳалқамонанд печонда буд. Баробари нӯги поямро расондан баланд аккас карду ҷаста аз ҷояш хест ва гурехту ҷониби ҳавлии аввали лаби дара рафт. Ман заррае натарсидам. Зеро ба саг буданаш қотеона бовар кардам. Сабаби рӯи кӯпрук хобиданашро бошад, аз салқину шамолрав будани он донистам.

Чаро ин қиссаҳоро овардам? Барои он ки сабаби тарси одамон, махсусан кӯдакону наврасон – беҷуръат, буздилу тарсончак будани онҳост. Калонҳои оила, алалхусус падару модар ва бобою бибиҳо бо ягон сабабу мақсаде фарзандонро бо мавҷудияти ҷину аҷина, парию бало ва ғайраҳо метарсонанд. Гӯё маконҳои асосии ҷойгиршавии онҳоро низ мегӯянд. Яке аз ин мақсадҳо азёдкунонии сураҳо аст. Талқин мекунанд, ки ба шахси сураи бисёр медонистагӣ ягон хел бало ё ҷину аҷина ғайрати наздик шудан ё худро нишон додан намекунад. Агар нишон ҳам диҳад, вақти хондани сура нест мешавад.

Хонандаи азиз! Илмию амалӣ исбот шуда, ки тамоми махлуқоти рӯи олам, чи аёну чи ноаён, аз ҷумла ҷину аҷин, парию балоҳо (агар бошанд) дар назди одамизод оҷизанд. Нест махлӯқе, ки ба фарзанди инсон ҳамту – безарурат зарар расонад. Зарари ҳамагуна махлуқот ба одам, бо айби худи ӯ содир мешавад. Одами тарсончак, беҷуръату беҷасорат, бефаҳму дониш ва аз тарзу тариқи рухдиҳии ҳодисаҳои табиӣ бехабар, аз ҳама пештару бештар зарар мебинад. Бинобар ин, шумо худ ҷасур бошед, фарзандонро хубу аъло хононед, варзиши тан кунонед. Коре намоед, ки фарзандонатон ба хурофоту хурофотпарастон бовар нанамоянд, фанҳои дақиқ ва табиатшиносиро хуб аз бар намуда, ба ҳодисаҳои табиӣ аз назари таҳқиқ нигаранд ва онҳоро таҳлил кунанд. Он гоҳ тарсу ваҳм аз вуҷуди эшон дур мешавад ва худро бузургтарин, зӯртарин, қобилтарин махлуқоти офаридаи Худованд эҳсос мекунанд. Баъди ин онҳо аз ҷину аҷин не, баръакс, ҷину аҷину балоҳои дигар аз онҳо метарсидагӣ мешаванд.

Шумо ҳамеша ба Худо такя кунед. Зеро офарандаатон Худост ва маҳз Худо дӯстдору нигаҳбони ҳамешагиатон аст. Донед: Худованд бандаҳояшро, аз ҷумла ману шуморо ҳам, на барои он офаридааст, ки зарару ҷабри ҳар хел махлуқоти дигарро бубинем. Бинобар ин, Худованди аззаваҷал бандагонашро ҳаргиз зери хатар, аз ҷумла зери таъсири ҷину аҷину балоҳои дигар (агар воқеан бошанд) намегузорад, ба шарте, ки худи банда дониста ё надониста хешро бурда ба даҳони бало назанад.

Бино ба гуфтаи табибону рӯҳшиносон дар назари баъзе одамон ҳаргуна суробҳои тарсангез намудор мегардад, ки натиҷаи танноҷӯрӣ ва носолимии рӯҳию равониашон аст. Чунин ҳолат бештар ҳангоми ҳарорати баланди бадан, эҳсосоти бисёр сахт ва тарсу ваҳми аз ҳад зиёд (ваҳшат) низ пайдо мешавад. Ҳамин ҳолати инсонро дар илми тибб «галлюцинация» (таваҳҳум) меноманд. Маънояш «дар назар намудан», «тасаввур ва гумону хаёл кардан»-и чизҳои набуда аст. Яъне, чизҳои «дидаи» онҳо дар асл нестанд, фақат ба назарашон менамоянду халос. Ин хислати хоси одамони хеле кам аст. Агар онҳо ҳамин чизро дарк кунанду сарфаҳм раванд, дигар на аз аҷина метарсанду на аз бало.

Дар омади гап: Монанди ҳамин як ҳодисаи табии дигар ҳаст. Онро «сароб» мегӯянд. Вале, он дар назари одамони тамоман солим ҳам менамояд. Масалан, вақти гармии рӯз дар биёбон, даштҳои васеъ, гандумзорҳои калон, роҳҳои қирпӯш чун об ба назар мерасад. Аммо об не, монанди об аст. Ин ҳодисаи оптикӣ – фиреби назар буда, бо таъсири нурҳои офтоб намоён мешавад.

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь