Он рӯз аз дигар рӯзҳо ба куллӣ фарқ мекард. Зеро ман он рӯз барои видоъ ба мактаб рафта будам. Пушти ҳам дар саф рост меистодем ва ин охирин рӯзи дар саф истодани мо буд. Ин дам садои занг садо дод. Ҳарчанд ин танҳо мисли ҳарвақта садои маъмулии бархӯрди ду зангӯлачаи хурд буд, аммо зиёд чизҳоро иваз кард. Акнун дар саҳни мактаб ба ҷойи ханда садои гиряву хайрбод ҳукмфармо буд. Ман дар ин макон 11 сол, 74 моҳ, 316 ҳафта, 2215 рӯз, 8860 соат, 531600 дақиқа, 31 млн 896000 сония нафас кашидам, хандидам, бозӣ кардам, баҳо гирифтам, хондам, ба шанбегӣ баромадам…

Мо аз чанд нафар дар мавриди ин рӯзи фаромӯшнашаванда пурсидем, ки ҳамон замон чӣ эҳсос доштанд?

 Орзу ИСО, журналист

– Ман чандон пойбанди эҳсосот набудам ва Занги охир аслан бароям аҳамияти вижа надошт. Ман ҳатто он рӯзро дар хотир надорам. Он замон мехостам зуд мактабро хатм кунему биравем ба дурҳо. Солҳо гузашт! Ман баъд дарк кардам, ки Занги охир чӣ маънои амиқе доштааст. Ба ҳар ҳол, ман инсони инзиводӯстдорам ва чунин ҳамоишҳоро табиатам намепазирад.

Шоираи РАҲИМҶОН, шоира

– Ман зиёд гиристаам. Хеле гиристаам. Хаёлам ҳамаи рӯзгорам нуқта гирифт. Ҳоло мефаҳмам чаро. Осоиш дар остонаи Занги охир падрудмон мегуфтааст. Ҳамон эҳсос аст.

Алимуҳаммад МУРОДӢ, шоир

– Дар занги охир ман ин шеърро эҷод карда будам, ки бозгӯи тамоми эҳсосоти ман буд:

Офтобу резаборон,

Гиряи дар ханда пинҳон.

Дар забони кӯдаку пир

Занги охир,

Занги охир,

Занги охир!

Дар лаби шогирду устод,

Бачаи аз дарс озод,

Дар нидои шавқи вофир,

Занги охир,

Занги охир,

Занги охир!

Байни ин ғавғои тарик

Мерасад аз дуру наздик

Бонги огаҳбоши тақдир:

Занги охир,

Занги охир,

Занги охир!

 Рафоат АБДУСАЛОМОВА, рӯзноманигор

– Мегуфтам: Як имтиҳони ҷиддие дар ҳаётам бигзашт. Кунун бароям дари фардои дурахшонро бояд бикшоям…

Раҷаби МИРЗО, журналист

Дар мактаби мо – рақами 7-и ноҳияи Восеъ анъанаи хубе роиҷ буд. Ҳар 25-уми май хатмкардагони муваффақро ҷамъ меоварданд ва онҳо нақлҳои ҷолибе мекарданд. Ин барои насли ҷавон таъсири амиқ мегузошт. Мо тасаввур мекардем, ки як замон мо ҳам меҳмони мактаби худ мешавему ба мактаббачаҳо аз хотироти худ нақл мекунем, онҳо моро бо ҳавас гӯш мекунанд.

Мутаассифона, мо хатмкардагони охирини замони шӯравии мактабамон гаштем. Дигар ин анъана ҳам нест.

Умарова САБРИЯ, иқтисодчӣ

– Занги охир. Охири роҳат аз дастгириҳои наздикон ва оғози заҳматҳои хеш. Занги охир, фатҳи қуллаи охирини кӯдакию наврасӣ ва қадами нахуст ба остонаи ҳаёти мустақилу камолот. Ҷамъбасти омӯзишҳои нахустин ва оғози имтиҳонҳои зиндагӣ. Сар аз домони модар гирифтану роҳ ба сӯйи пайроҳаи нишебу фарози қисмат.

Абдулсамад ШОБЕКОВ, соҳибкор

– Вақте ки зангӯлаи Занги охир садо дод, эҳсоси ғамгиниву пушаймонӣ маро фаро гирифт. Бо худ мегуфтам, ки акнун ҳама чӣ тамом шуд, дигар устодони меҳрубон ва ҳамсинфони дӯстдоштаниамро аз куҷо меёбам? Инак, солҳои зиёде аз он рӯз сипарӣ шуд. Ҳар гоҳе аз самти мактаб мегузарам, ҷавониҳои худро дар он ҷӯё мешавам. Солҳо гузашту мо мисли донаҳо пароканда шудем. Тасодуфан бо ягон ҳамсинф рӯ ба рӯ мешавам ва хотираҳои ширини мактабхониро варақгардон мекунем.

Наҷиба МУСОФИРОВА, омӯзгор

– Даврони мактабхонӣ беҳтарин даврон дар зиндагии ҳар як шахс аст. Аҷаб давронест, ки ғайр аз хурсандиву хушҳолии айёми ҷавонӣ дигар чизе ба назар намерасад. Вале замоне, ки занги охирин садо медиҳад, ба назар хеле ғайриоддист. Бисёр эҳсоси ғамангезе дорад шунидани садои занги охир. Ёздаҳ соли зиндагӣ якҷо будан ва бо садои як занг ҷудо гаштан, яке аз пайи зиндагии мустақилона, дигаре пайи таҳсилу мутолиа. Аҷаб зангест ин занг…

Кош он лаҳзаҳо аз сари нав шуруъ шаванд.

Ёд аз он даврони зебои зиндагӣ…

Шодмон ҚУРБОНОВ, омӯзгор

– Занги охир бароям занге буд, ки баъд аз шуниданаш ҳаётам тағйир ёфт. Занги охир маро аз деҳ ба шаҳр овард. Ба донишгоҳ омадам. Дӯстони нав ёфтам. Донишгоҳ ба назарам куллан фарқ дошт. Донишҷӯён аз ҳар гӯшаву канори кишвари азизам барои идомаи таҳсил омада буданд. Дар аввал ҳар кас бо шеваи минтақаву деҳи худ ҳарф мезад, ки ин бароям хеле ҷолиб буд. Донишгоҳ ба ман бештар писанд омад ва боре даврони махтабхониамро ба хотир наовардаву барои хотироти рангинаш нагиристаам.

Парвина САМАНДАРЗОДА, донишҷӯ

– Дар синф ҳама духтарҳо маҳзун буданд. Танҳо мани бо хаёлоти худ банд хурсанд будам. Чеҳраҳои ғамгини онҳоро дида, пурсон шудам, гуфтанд, ки рӯзи охири дарс аст. Баъд ба ёдам омад, ки воқеан имрӯз охирин рӯзи дарсист. Лекин аҳамият надодам, зеро дар “ғами” имтиҳонҳои мактабу ММТ будам. Духтарҳоямон гиристанд, хотираҳоро варақ заданд. Албатта бо хотираҳошон хотираҳоямро ёдовар шудам. Вале ёд надорам, ки аз тамом шудани мактаб ғамгину маъюс шуда бошам. Танҳо пас аз ду соли хатми мактаб, вақте ба синфамон ворид шудаму дар он мизу курсиҳо хонандагони дигарро дидам, барои ҳамон хандаву шӯхиҳои мактабӣ, барои баҳои “2” гиристану талошу ҷангу хархашаҳо барои аз якдигар пеш гузаштан ва ҳатто барои як “курсӣ” кашмакаш карданҳо дилам гум зад. Донистам, ки дигар ҷамъ овардани мо дар як синф бо либосҳои мактабӣ, бо ҷузвдон ғайриимкон аст. Чунки аллакай қисми зиёд аз пайи зиндагии мустақилона рафтаанду чун парандаҳои муҳоҷир ба ҳар куҷо парвоз кардаанд ва алҳол гоҳ-гоҳе аз ҳолашон аз забони дигарон мешунавам, ки аллакай эшон дар тарбияи “ниҳолҳои боғи худ” ҳастанд…

Зарина БАДАЛОВА, ҳунарпеша

– Дар он рӯз бояд ҳама ҷуфт аз зери гулчанбар гузаранд, як духтар ва як писар… Ман бо ҷуфтам як рӯз пеш ҷанг шуда будем… ва ӯ хусусан ҳамон рӯз, яъне 25-уми майи соли 2006 бо ҷуфти дигаре аз зери гулчанбар баромаданд. Ман танҳо монда будам… Ва як дӯстам гуфт чаро аз зери гулчанбар намегузарӣ? Гуфтам, ки ҷуфт надорам, танҳо шарм мекунам. Гуфт, биё ман ҷуфтат мешавам, мегузарем. Он дӯстам аз дигар мактаб буд ва ба табрики маъшуқааш омада буду ҳамзамон маро аз як ҳолати ногувор баровард. Сипос ба ӯ то абад.

Шодмон КЕНҶАЕВ, донишҷӯ

– Замони дар синфҳои поёнӣ буданам ба хатмкунандагон бо ҳавас нигоҳ мекардам. Фикр мекардам, ки мо ҳам рӯзе бо тантанаву дабдаба остони мактабро тарк мекунем. Ба ман аз эҳсоси зиёд ашк рехтани хатмкунандагон, сӯҳбати самимии онҳо дар рӯзҳои охири таҳсил бисёр таъсирбахш буд. Вале занги охири мо бидуни ин ҳама эҳсосоту рақсу бозӣ буд. Ёд дорам, он рӯз чанд аксе дар синф, саҳн ва боғи мактаб бо муаллимон ва ҳамсинфон гирифтему халос. Ман ҳатто хурсанд будам, ки мактабро хатм мекунам. Ҳоло на ман ёди ҳамсинфе мекунаму на ҳамсинфе ёди ман. Ҳама чиз гӯё баъди охирин имтиҳони мактабӣ пароканда шуд. Яке оила барпо кард, яке ба шаҳри дуре барои таҳсил рафт ва якеи дигар аз паси рӯзии оилаи худ муҳоҷират рафт.

Маҳина САТТОРОВА, хонандаи МТМУ №71

– Тифл будам, ба мактаб омдам, акнун оқилу хирадманд шуда, бо он алвидоъ мегӯям. Қаблан шунидани ибораи “занги охир” бароям оҳанги маъмулӣ буд, аммо имрӯз дарк кардам, ки чӣ қадар сангин аст видоъ бо мактаб. Аммо шодам, чун аз ин боргоҳ – махзани илм қадам бардошта, ба сӯи орзуҳои худ меравам.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ, донишҷӯ

– Ман ҳар сол дар занги камолот баробари хатмкунандагон ба эҳсосот дода мешудам. Занги камолоти мо оддӣ вале хеле самимӣ буд. Ман бо ҳамсинфам суруди “Алвидоъ”-ро суруда будем. Занги камолот моро аз хобу хаёли кӯдакӣ ба ҳаёти воқеӣ раҳнамун сохт.

Фирӯза АЛИЕВА, хонандаи МТМУ №71

– Боварам намеояд, ки ҳоло бо мактаб видоъ мегӯям. Тӯли ёздаҳ сол беҳтарин омӯзгорон ба мо дарс гуфтанд. Ман аз ин даргоҳ сарчашма мегирам. Ҳоло, ки лаҳзаи видоъ бо мактаб аст, дарк кардам, ки ман дар ин боргоҳ беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиамро гузаронидам. Ба ҳама омӯзгороне, ки тӯли 11 сол ба ман дарс гуфтанд, сидқан ташаккур мегӯям. Хайр, мактаб!

Таҳияи Ҳалима ШОБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь