Новелла

Субҳи якшанбе, 22-юми август. Бо оби сард дасту рӯй мешӯям ва мехоҳам аз роҳи ҳавлӣ вориди хона шавам, то субҳона хӯрам. Аммо ҳанӯз пой бар остонаи дар наниҳода, садои кӯдакон ба гӯшам мерасад, ки аз роҳи канори хонаамон мегузаранд. Аз роғҳои девор ба роҳ синча мекунам. Мебинам, ки бачаҳои хурдсол баъзе бо падару модарони худ ва бархеи дигар гуруҳ-гуруҳ хандаву бозикунон қадам мезананд. Ба ёдам мерасад, ки имрӯз истироҳатист ва чун арафаи соли хониш аст, кӯдакон барои харидории лавозимоти дарсӣ ҷониби якшанбебозор шитоб доранд.

Субҳона фаромӯш мешавад. Бо ҳамон либосҳои нимдошти хонапӯшӣ, ки бар тан дорам, азми бозорравӣ мекунам. Писарҳоямро фаро мехонам. Онҳо чун мешунаванд, ки хоҳони бо худ ба бозор бурданашон ҳастам, шодикунон медаванд. Тасмим мегирам, ки ба бозор пиёда равем, то ҳам бадан варзиш кунад ва ҳам аз ҳавои тоза нафас кашем.

Воқеан, диёри мо насими хеле фораму ҳавои тоза дорад. Ана дар ҳамин ҳавои тоза, поямон гоҳ ба чуқурие фурӯ рафтаву гоҳи дигар саргини чорпоеро зер карда, ба бозори «Истиқлол» мерасем. Он бозорест дар минтақаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, ки бо бебандубориаш кайҳо боз машҳур гаштааст. Аммо ҳоло бандаи ганда дар бораи бесарусомониҳои идории бозор, тартиби растаҳо, покиву покизакорӣ зиёд намегӯям, чун оид ба фаъолияти назоратии маъмурияти он чандон гуфтаанду мегӯянд, ки гӯши фалак кар шудааст. Асосан тамаркуз мекунам ба масъалаи дониш ва арафаи ин рӯзи муқаддас, ки бедонишону бехирадоне онҳоро ба ниҳояти забуниву шармоварӣ кашидаанд.

Қисса кӯтоҳ, бо писарҳо хеле тамошо мекунем. Сараввал либоси мактабӣ мехарем, то пойпӯшу таҳпӯш. Ва тавре, бовар дорам, худ дақиқ медонед, ки дар арафаи Рӯзи дониш албатта гаронарзишанд! Аммо нигаронӣ аз нархи гарон нест. Ошуфтагӣ бештар аз муносибату муоширати дурушти чанде аз савдогарони кӯсариш аст, ки шояд худро дар тақводориву адолатпешагӣ чанд қадам аз ману ман барин беришҳо пеш гузоранд.

Суханро ба дарозо намекашам. Мухтасар он чиро нақл мекунам, ки дар ин бозори «машҳур»-и минтақа бо ману фарзандонам рух дод. Чун бо писарчаҳо аз харидории либоса фориғ мешавем, ҳамин вақт писари хурдӣ, ки имсол ба синфи якум меравад, хоҳиши тановули ғизо мекунад. Меравем ба растаи хӯрокаҳо. Дар ҳавои кушод дегҳо монда шудаанд. Аз нигоҳи аввал, бӯйи чорпиёзаву ошу шӯрбо ва дигар хӯрокаҳо иштиҳоро карнай мекунад. Аммо агар ишкам аз гуруснагӣ нағора навохта истода бошад ҳам, шароити ҷойи нишаст имкон намедиҳад, то навову фазои хуше фароҳам ояд. Аз харакҳои умумии нимдошт то пиёлаҳои доғбаставу чойи нимҷӯшида ва дастпоккунҳои чиркин табъи мизоҷро мисли таги дег сиёҳу хира мекунанд. Бо дили нохоҳам чанд дона пирожкии мисли барги бед тунукро бо арзиши яксомонигӣ ва нонҳасибҳои нимпухтаро бо чойи нимҷӯшида нӯши ҷон мекунему аз растаи ишкамсеркунӣ берун меравем.

Акнун бояд аз таъминоти моливу ғизоӣ канор рафтаву машғули таъминоти маънавӣ шавем. Худро назди нуқтаи фурӯши лавозимоти мактабӣ – маънавӣ мегирем. Фурӯшанда мисоли булбул месарояд: «10 дафтар 3 сомонӣ, бе дигар ашёҳо фурӯхта намешавад». Хуб, майлаш, аз ҳар навъ 40 дона дафтар интихоб мекунем. Боз, қалами ранга, албом, хатпоккун, ҷадвал, ҷилди дафтар ва ғайра. Навбат ба ҳисоб мерасад. Аҷабо, 92 сомонӣ аз куҷо пайдо шуд!? Эътироз мекунам. Фурӯшанда бо дили нохоҳаму дастони ларзон ба такрорҳисоб мепардозад. Вақте ки ибораи «40 дафтар панҷоҳдирамӣ»-ро ба забон меорад, асабам тира мешавад. «Ист!»,- амр медиҳам ман ва хитоб мекунам, ки нархи қаблан гуфтааш дигар буд. Сар фароварданӣ намешавад. Ман ҳам он ҳама ашёи интихобшударо рӯйи ғурфааш мерезам ва ба писарон муроҷиат мекунам: «Рафтем!».

Акнун танҳо барои муқоиса бозорро давр мезанем. Дар ҳама ҷо ҳамин тартиб, яъне «10 дафтар 3 сомонӣ бо шумули харидории дигар лавозимот». Ҳайратовар аст албатта. Не?

Бало ба паси ин ҳама мегуфтем, агар асаби аз гардиши зиёд хасташудаамонро боз савдогарони дигари кӯсариш намехарошиданд. Дар нуқтаи дигар, ки баъди саргардонии зиёд хаста шудаву мехостем харидамонро анҷом диҳем, ба муносибати дағалонаву ноҷавонмардона рӯ ба рӯ гардидем. Инҷо ҳам 10 дона дафтар 3 сомонӣ ва бо дарназардошти хариди иловагӣ. 30 дона дафтар ва ду дафтари машқи хат (сесомонигӣ) интихоб мекунам, ки аз рӯйи савдо дар умум 15 сомонӣ мешавад. Фурӯшанда истодагарӣ мекунад, то чизи дигаре интихоб намояму ҳисоб ба 20 сомонӣ баробар шавад. Хоҳиш мекунам, ки дар панҷ сомонии дигар ҷилди дафтар диҳад. 8 дона ҷилд медиҳад ва ба оташи ғазабам равған мерезад. Зеро, дар худи ҳамон бозор як бастаи 20-донагии ҷилди дафтар панҷ сомонӣ аст. Меситезам, ки чаро мардумро фиреб мекунанд? Агар мақсадашон баробар кардани нархи як дона дафтар ба 50 ё 40 дирам аст, бояд онро бе нағмаву усули зиёдатӣ, бо ҳамон нарх ба фурӯш гузоранд. Барошуфта мешавад савдогар, чун шер мехурӯшад, қанотҳояшро тит кардаву ба ҳуҷум мегузарад ва фарёд мезанад: «Моли худам, чӣ хеле хоҳам, мефурӯшам!». Бо ин тасфаш паст нашуда, наъра мекашад: «Рав, чӣ коре аз дастат меояд, кардан гир!». Аҷабо, чунон воҳимаву ҳамҳама мекунад, ки гӯё ягон хеши наздики ё раиси бозор ва ё раиси ноҳия бошад!

Хуллас, мебинам, ки чунин тоифа арзиши радду бадали баҳсу мунозараро ҳатто барои ислоҳи камбудиҳои худ надоранд ва бо ҳамин фикр дасти писари хурдиро ба даст гирифта, аз бозор берун мешавам.

Дар хона рӯйи курпа паҳлу задаву мехоҳам бо мутолиаи китоб авзои беҷогаштаи худро ором созам. Аммо чизе ба майна намеғунҷад. Ҳамин вақт ҳикояти «Аъробӣ ва шутур» аз «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ

ба ёдам мерасад:

«Аъробӣ шутур гум карда буд. Савганд хӯрд, ки чун биёбад, ба як дирам бифурӯшад. Чун шутурро ёфт, аз савганд пушаймон шуд. Гурбаеро дар гардани шутур овехт ва бонг мезад:

– Кист бихарад шутуре ба як дирам ва гурба ба сад дирам, аммо бе якдигар намефурӯшам.

Шахсе ба он ҷо бирасид, гуфт:

– Чӣ арзон будӣ ин шутур, агар қилода дар гардан надоштӣ».

Воқеан, ҳамон лаҳзаҳо миёни шутурфурӯши солҳо пеш ва дафтарфурӯши имрӯзӣ тафовуте намедидам. Дар ҳар ду ҳолат ҳам фурӯшандаҳо ба мардумфиребӣ машғуланд. Яъне, шутури шутурфурӯш қилода дар гардан дорад, дафтари дафтарфурӯш низ қилода (гарданбанд) дорад.

Ин буд, ки ягона орзу ва умедворӣ пайдо шуд: чун як бозори дигар ба оғози соли таҳсил мондааст, шояд гузори раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода, ки аз ӯ як нафари донишманду адолатхоҳ ном мебаранд, ба бозори «Истиқлол» меафтад ва авзои тиҷорату муносибату муоширати тоҷиронро аз диди як нафар масъули калидии ноҳия таҳлил карда, ба роҳбарияти бозор барои бартараф намудани «қилодабозӣ» супориш медиҳад.

Фазлиддин АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь