Ё чаро меъёрҳои қонунҳои соҳа сарфи назар мешаванд?

Боре шоҳиди баҳси ронандае бо устои автомобил шудам. Нафаре бояд системаи гармидиҳии автомобилашро таъмир мекард. Дар ин баробар, як-ду қисми ҷузъии мошинро низ иваз кардан лозим буд. Усто барои иҷрои корҳои зикршуда дар маҷмуъ 1 соату 20 дақиқа сарф кард. Барои хизмат бошад, 350 сомонӣ талаб намуд. Ронанда эътироз кард, ки усто маблағи зиёд мепурсад. Усто гуфт, ӯ танҳо барои кандану часпонидани «печка» 270 сомонӣ мегирад. Ҳол он ки, ӯ чанд қисми эҳтиётии дигари автомобилро ҳам иваз намудааст. Бинобар ин, ҳаққи хизматаш ҳамон миқдоре мешавад, ки гуфт. Пас аз муомилаи тарафайн, усто ба 270 сомонӣ розӣ шуд, аммо ронандаи корафтода, ки ҳатто бо ними ин пул қисмҳои эҳтиётии автомобилро харида буд, ба ин миқдор ҳаққи хизмати усто ҳам розӣ набуд. Вале ноилоҷ маблағро пардохт кард.

Ҳамсояам нақл кард, ки барои насби системаи гармидиҳӣ устоеро (сантехник) даъват намуд. Усто баъди шинос шудан бо ҳаҷми кор гуфт, ки бо 1000 сомонӣ онро иҷро мекунад. Вақте ки пурсид, чаро ин қадар гарон, усто ҷавоб дод, ки дар биноҳои баландошёна, ки системаи гармидиҳӣ пурра тайёр аст, танҳо як батареяро бо 200 сомонӣ насб мекунад. Дар ҳавлиҳо бошад, ин маблағ то 300-400 сомонӣ боло меравад, зеро дар он ҳаҷми кор зиёдтар аст. Вақте аз ӯ пурсид, ки чунин нархгузорӣ дар кадом асос аст, ҷавоб дод, ки ҳамаи сантехникҳо бо чунин нарх кор мекунанд. Агар ман бо нархи арзон ин корро анҷом диҳаму ба гӯши онҳо расад, хуб намешавад. Ҳамсоя маҷбур шуд, ки устоеро бо нархи арзонтар пайдо кунад. Дар натиҷа нафареро ёфт, ки розӣ шуд корро бо 300 сомонӣ иҷро намояд. Усто пас аз он ки омада макони насби таҷҳизоти гармиро дид, бо нархи муомилашуда розӣ нашуд ва ҳаққи корашро 500 сомонӣ муайян кард. Дар ҷавоб ба пурсиши соҳибхона, ки чунин нархгузориро аз рӯйи кадом меъёр муайян мекунед, ҷавоб дод, ки ҳаққи хизматашон ҳамин гуна аст ва баъзан барои насби як қубури хурд ҳатто 300-350 сомонӣ ҳақ мегиранд. Хулоса, барои иҷрои кор ҳамагӣ як рӯз вақт сарф шуд, аммо система кор накард. Устоҳое, ки пеш аз шурӯи кор лофи мутахассиси хуб буданро мезаданд, пас аз чунин ранг гирифтани кор «сари калобаашон»-ро гум карданд. Ба якчанд нафари дигар занг зада, маслиҳат мепурсиданд, аммо бенатиҷа. Дар охир розӣ шуданд, ки бинобар дуруст кор накардани ситемаи гармидиҳӣ 150 сомонӣ камтар музд гиранд. Соҳибхона барои таъмир дубора усто даъват кард.

Ба чунин бебандуборӣ дар соҳаи хизматрасонии кишвар ҳамарӯза вомехӯрем. Зеро замони зиндагии мо давраи рушди босуръати техникаву технология аст ва корношоям шудани қисмҳои он ногузир мебошад. Аз ин ҷост, ки сари қадам нуқтаҳои таъмири телефону телевизор ва дигар техникаи маишӣ фаъолият мекунанд. Дар ин баробар, дар даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, ҳатто танаи дарахтон, рақами телефони устоҳо навишта шудааст. Ин хуб аст, зеро мардум ҳангоми зарурат барои пайдо кардани усто саргардон намешаванд. Аммо ҳангоми иҷрои корҳо нодида гирифтани талаботи қонун бебандубориеро ба вуҷуд овардааст, ки баъзан боиси нофаҳмӣ миёни мизоҷ ва кориҷрокунанда мегардад.

Ҳоло аксари устоҳо дар кишвари мо бидуни нархнома фаъолият доранд. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандони кишвар пайваста аз гарон будани ҳаққи хизмати онҳо норозиянд. Мардум бисёр вақт ҳаққи хизмати устоҳоро бо маоши ҳадди ақал муқоиса менамоянд. Аммо ҳангоми зарурат ба ҷуз пардохт кардани ҳаққи хизмати усто илоҷе надоранд. Албатта, дар ин масъала бештар вақт масъулин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро сабаб медонанд. Зеро барои ҳимояи ҳуқуқашон талош намеварзанд. Аммо талош кардан барои пайдо намудани устое бо нархи мувофиқ дар шароити кишвари мо, ба ҷуз саргардониҳо натиҷае намедиҳад. Зеро нархи ғайрирасмии устоҳо ҳатто муайянкунандаи нархи ширкатҳои расмии хизматрасон гардидааст. Ҳангоми зарурат агар ба чунин ширкатҳо муроҷиат намуда, сабаби гарон будани нархи хизматрасониҳояшонро пурсед, ҳатман ҷавоб хоҳед гирифт, ки онҳо фаъолияти расмӣ дошта, ҳангоми пеш омадани мушкилӣ дар давраи кафолатии кор метавонанд дубора онро рафъ кунанд, аммо устоҳое, ки мустақилона фаъолият доранд, дар баробари оне, ки андоз ва дигар намуди пардохтҳоро ба буҷети давлат намесупоранд, инчунин пас аз иҷрои кор ҳеҷ гуна уҳдадории дигарро ба зимма намегиранд. Воқеан, чунин аст. Аммо чӣ кор бояд кард, то соҳибкорони инфиродӣ фаъолияташонро дар доираи талаботи қонун ба роҳ монанд?

Мудири бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») Ҳабибулло Ғуломзода доир ба ин масъала гуфт, ҳангоми додани шаҳодатномаи хизматӣ мувофиқи қонунгузорӣ соҳибкорон барои таҳия ва тасдиқи нархнома огоҳ кунонида мешаванд, аммо дар фаъолияти минбаъдаи онҳо вуҷуд надоштанаш масъалае мебошад, ки бояд шаҳрвандон бо мақомоти марбута ҳамкорӣ намоянд, зеро қонунгузорӣ санҷишро дар марказҳои хизматрасонии таваккалнокиашон паст дар 3-5 сол як маротиба иҷозат додааст.

– То ин вақт нафаре барои набудани нархнома дар марказҳои хизматрасонӣ ба мо муроҷиат накардааст. Агар муроҷиат шавад, дар доираи қонун ҳатман чораҷӯйӣ мегардад,- изҳор дошт номбурда.

Ҳамсуҳбатам ҳамчунин афзуд, ки мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» мақомҳои санҷишӣ 5 рӯз пеш аз оғози санҷиш дар ин ё он субъекти хоҷагидор бояд масъулини онро огоҳ намуда, гӯянд, ки кадом бахши фаъолияти субъекти хоҷагидорро месанҷанд. Мусаллам аст, ки дар ин муддат соҳибкор фаъолияташро ба талабот мувофиқ менамояд.

Таваққуфгоҳҳои «замонавӣ»

Масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо «мӯд» шудааст, табдил додани саҳни бозору биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳое, ки дар он рафтуомади мардум зиёд аст, ба макони пулкоркунӣ мебошад. Мутаассифона, дар чунин ҷойҳо бо кашидани як сим ва мондани нозире аз мошинҳо пул мечинанд. Масалан, вақте мизоҷ барои таъмири автомобил ба нуқтаи таъмир ворид мешавад, ҳатман бояд маблағи муайянеро ба дарбони он супорад. Ин дар ҳолест, ки соҳиби мошин барои таъмири автомобил ба усто маблағ месупорад ва усто дар навбати худ ба соҳибони маркази таъмирӣ иҷорапулӣ. Ё ин ки агар зарурати харид кардан ба вуҷуд ояд, ҳатман барои мондани мошин дар саҳни бинои бозор ва баъзе аз марказҳои бузурги савдо ба нозир маблағ супориданатон лозим. Чунин маконҳои пулкоркуниро дар дилхоҳ бозори кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Нозирон дар чунин маконҳо мошини зиёдеро ҷой кардаву таъкид менамоянд, ки рақами телефонро навишта дар пеши тирезаи автомобил монем. Ин кор ба он хотир аст, ки бинобар аз меъёр зиёд ворид кардани нақлиёт дигар ҷой барои ҳаракати озодона намемонад. Аз ин лиҳоз, баъзан мошинҳо тавре гузошта мешаванд, ки барои берун шудани автомобилҳои дигар монеъ мегардад, аз ин рӯ, зарур меояд, ки ба рақами телефони дар назди тирезаи он буда занг занӣ, то омада роҳро озод кунад. Ин кор аз мантиқ дур аст. Зеро ҷой муҳайё кардан барои автомобил пеш аз ҳама ба манфиати нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла бозору марказҳои бузурги савдо (супермаркетҳо) буда, аз ҷониби дигар, як навъ эҳтиром ба мизоҷ аст. Дар мо бошад, баръакс. Ба назар чунин мерасад, ки касеро парвои ин масъала нест. Вагарна то ба ин ҳад хунукназарона рафтор кардан бо мизоҷон «мӯд» намешуд. Ҳатто ин ҳолат ба идораҳои давлатӣ низ сироят кардааст. Масалан, Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) ва беморхонаи машҳур бо номи Шаҳраки табибон (Медгородок) аз зумраи чунин маконҳоянд. Дар ҳар дуи ин муассисаи давлатӣ ҳамарӯза садҳо нафар барои аёдати наздиконашон меоянд ва барои гузоштани автомобил дар ҳудуди беморхона бояд маблағ пардохт кунанд. Хусусан, роҳи байни дарвозаи Шаҳраки табибон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойи пулакии мошингузорист. Ба назар чунин мерасад, ки соҳиби «таваққуфгоҳ»-и мазкур барои ба манбаи даромад табдил додани он ҳеҷ гуна маблағгузорӣ накарда, танҳо бо гузоштани як нозир роҳи мавҷудаи давлатро ба макони пулкоркунӣ табдил додааст.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки пулакӣ будани таваққуфгоҳҳои назди бозорҳои бузург, аз ҷумла «Султони кабир»-у «Корвон» мувофиқа шудааст. Аммо, ҷойҳое, ки барои чунин кор муайян нашудаву танҳо бо кашидани як сим ва ё гузоштани монеа аз автомобилҳо пул мегиранд, ғайриқонунист.

Фиреби мизоҷон

Мушкилии дигаре, ки имрӯз боиси поймол шудани ҳуқуқу манфиати истеъмолкунандагон аст, баъзан аз ҷониби муассисаҳои хӯроки умумӣ (чойхонаву ошхона ва тарабхонаҳо) роҳ додан ба фиреби мизоҷон мебошад. Гарчанде муассисаҳои хӯроки умумӣ бо нархнома таъмин бошанд ҳам, аммо ҳангоми истифода кардан аз онҳо гоҳо барзиёд ҳисоб кардани маблағ ба назар мерасад. Борҳо мизоҷон аз зиёд ҳисоб кардани пешхизматҳо дар ин ё он ошхонаву тарабхона шикоят кардаанд.

Сардори нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Сайидмаҳмуд Саидов низ ин мушкилро тасдиқ карда, гуфт, ки мутаассифона, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар қисми зиёди ин муассисаҳо сатҳи хизматрасонӣ ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯ нест. Дар баробари пурра ҷавобгӯ набудани сифати хизматрасонӣ, дар бисёр муассисаҳои хӯроки умумӣ ба фиреби мизоҷон низ роҳ дода мешавад. Аз рӯи санҷишҳо ва санадҳои мураттабшуда даҳҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дар муассисаҳо ҳолатҳои риоя накардани талаботи стандартҳо, дағалона вайрон кардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ ошкор шуда, нисбат ба онҳо чораҳо андешида шудаанд.

Бино ба гуфти ӯ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии роҳ додан ба чунин камбудиҳо риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, пеш аз ҳама надоштани малакаи касбии худи роҳбарон, пешхизматҳо ва дигар кормандони ин муассисаҳо мебошад.

– Бояд гуфт, ки намояндагони асосии хизматрасонии соҳаи хӯроки умумӣ асосан пешхизматҳо ба ҳисоб мераванд. Яке аз нишонаҳои асосии касбии пешхизмат – ин тозагии шахсӣ ва намуди зоҳирии вай аст. Дар кор пешхизмат ҳаматарафа тоза ва озода буда, бояд маданияти баланди қабули мизоҷон ва хизматрасониро дошта бошад. Беҳуда нест, ки якум таассуроте, ки аз тарафи мизоҷон нисбат ба тарабхона ва кормандони он пайдо мешавад, ин нигоҳи аввалин ба пешхизмат аст. Маҳз ҳамин таассуроти аввал муваффақиятҳои тиҷоратии корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ аст. Усули хизматрасонии тарабхонаҳо имрӯзҳо дар рушду такомул аст. Ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ва ниёз ба ин муассисаҳои хизматрасонӣ зиёд мешавад. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳои номбурда меафзояд. Маҳз барои он, ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, имрӯз кормандони онҳоро лозим меояд, ки баҳри такмили ихтисосашон дар омӯзиш буда, аз таҷрибаи мамолики мутараққӣ истифода намоянд,- зикр кард номбурда.

Қонун чӣ мегӯяд?

Масъалаҳои дар ин матлаб баррасишдуро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» танзим менамоянд. Мувофиқи қонунгузорӣ, ҳангоми пешниҳоди мол, кор ва ё хизматрасонӣ доштани нархнома ҳатмӣ буда, иҷро накардани он ҷавобгарӣ дорад. Мувофиқи моддаи 633-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Начаспонидани нархномаҳо ба моли фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ» ном дорад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Мувофиқи банди 2-и моддаи мазкур, агар ин амал дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир карда шавад, миқдори ҷарима мутаносибан аз панҷ то ҳафт ва аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт», дар 10 моҳи соли равон тибқи моддаи мазкур барои мавҷуд набудани нархнома дар 2336 ҳолат ба миқдори 202 365 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст. Тибқи моддаи 632-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои надодани чек дар 215 ҳолат ба миқдори 49 645 сомонӣ ва мувофиқи моддаи 641-и Кодекси мазкур барои риоя накардани қоидаҳои савдо дар 257 ҳолат ба миқдори 95 785 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст. Инчунин, тибқи моддаи 627-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фиреби истеъмолкунанда дар 867 ҳолат ба миқдори 406 927 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.

Ба ҷойи хулоса

Як таҷрибае, ки натиҷаи хеле хуб дод, татбиқ шудани нархномаи кирокашҳои (таксиҳо) шаҳри Душанбе мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки солҳои пеш бо вуҷуди муайян будани нархнома, аксари кирокашҳо онро риоя намекарданд ва ҳангоми муроҷиати мизоҷ ҳар нархе, ки мехостанд, мегуфтанд. Ё ин ки, ҳангоми бо нархе киро кардаву ба ҷойи лозима рафтан ронанда пас аз расидан бо баҳонае маблағи иловагӣ талаб мекард. Чанд сол пеш масъулини пойтахт бо талаб кардани иҷрои қонунгузории кишвар, ба ин бенизомӣ хотима бахшиданд. Ширкатҳои хизматрасонӣ дар ин самт таъсис ёфтанд, ки нархи аввал барои масофаи муайян, баъдан барои ҳар километр аниқ аст. Дигар сокинону меҳмонҳо медонанд, ки таксиҳо нархи воқеии хизматрасониро мегиранд, зеро ҳар километри тайшуда бо ҳақи хизмат дар экран ҳисоб карда мешавад. Чунин тарзи кор ширкатҳои зиёдеро бо рақобати солим ба вуҷуд овард. Ҳар сари чанд вақт ба эълону рекламаҳое мувоҷеҳ мешавем, ки ширкатҳои таксӣ нархнома ва хизматрасониҳои беҳтареро пешниҳод мекунанд. Дар ин баробар, нисбат ба солҳои пеш, ки ҳар гуна автомобилҳои куҳнаву фарсуда ба ин кор машғул буданд, дигар ҷойашонро автомобилҳои наву замонавии истеҳсоли хориҷӣ иваз карданд, ки барои сафар бароҳат аст. Ҳатто аксари ин гуна ширкатҳо автомобилҳои аз санаи истеҳол зиёда аз се сол гузаштаро қабул намекунанд. Ин таҷриба нишони он аст, ки дар сурати мавҷуд будани хоҳиш ва иродаи масъулин метавон дилхоҳ соҳаро ба танзим даровард.

Набояд ин соҳаи муҳимро ба ҳоли худ гузошт. Барои ба вуҷуд овардани рақобат пеш аз ҳама бояд иҷрои бечунучарои қонунгузориро дар соҳаҳои хизматрасонӣ таъмин кард. Дар ин сурат ҳам бебандуборӣ аз байн мераваду ҳам сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар мешавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь