Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон – 1-уми июн бо чанде аз сокинони пойтахт дар мавриди кӯдакияшону умри гузаронидаашон сӯҳбат кардем, ки дар зер фикрҳои эшон манзури шумо мегардад.

Бахтиёр ҚУДБИДДИНОВ, устоди ДМТ

– Агар бори дигар кӯдак мешудам, маълумам мешуд, ки дафъатан кӯдак шудан мумкин будааст ва ҳар бори аз дунёи кӯдакӣ дур шудан боз таманнои кӯдак шуданро мекардам.

Мушаррафа ҶӮРАЕВА, прафессор

– Аз овони кӯдакӣ ману ҳамсолонам ҳаёти хеле аҷибу пурмазмун доштем. Агар бори дигар кӯдак мешудам, онро боз ҳамон тавре ки паси сар кардам, такрор мекардам. Дар даврони кӯдакию наврасиам фароғати асосии мо ҳам дар мактаб, ҳам дар ҳавлии назди бинои хонаамон бозиҳои пурмӯҳтаво, хондани китобҳо, муҳокимаи китобҳои хондаамон ва филмҳои шавқовару дар айни замон тарбиявӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятии пионерию комсомолии мактабу шаҳр, дар маҳфили дӯстдоштаам – кашидадӯзӣ ва боз бисёр маҳфилҳои дигари мактабу шаҳр буд ва орому қарор надоштем. Шумо саволи аҷиб додеду хотираҳои наҷиби маро бедор кардед. Бо ин ҳама мазмуну мундариҷаи бойи ҳаёти кӯдакиамон мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардам. Даврони кӯдакии мо даврони натакрору бебаҳо буд.

Саъди МАҲДӢ, директори Академияи ВАО

– Ба ҷое, ки рафта намешавад, набояд баргашт. Дигар кӯдак будан намехоҳам. Ба пеш фақат! Ақиб намегардем, зеро роҳ ба қафо нест!

Муҳайё МУҚИМОВА, омӯзгор

– Агар дубора кӯдак мешудам, ҳеҷ гоҳ аз канори модарам дур намерафтам, ҳеҷ гоҳ даст аз домони модар намекандам.

Кош дубора кӯдак мешудам. Аз ҳама гуна шавқу шури кӯдакӣ даст мекашидаму сар бар зонуи модар гузошта, аз меҳрубониву навозишҳояш баҳра мебурдам. Ба ӯ он қадар суолҳоеро медодам, ки то ҳол посухашро меҷӯям.

Кош дубора кӯдак мешудаму модарам бо дастони меҳрбори худ ба мӯйҳоям нарм-нарм шона мезаду кокулонамро майдабофӣ мекард…

Афсӯс, ки вақт ба ақиб барнамегардаду мо дубора кӯдак намешавем.

Сайёфи МИЗРОБ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР”

– Агар бори дигар кӯдак мешудаму даврони Шӯравӣ такрор мешуд, пинҳонӣ рафта Елтсину Горбачёвро дар кӯдакистон мекуштам!!!

Ҷаҳонгул МЕЛИКОВА, омӯзгор

– Агар кӯдакиамро дубора пайдо мекардам, аз шароити фароҳамовардаи Истиқлоли мамлакат истифода менамудаму баҳри илмомӯзӣ бештар талош менамудам. Дар роҳи эҷод қалами худро сабз нигаҳ медоштам, рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳои дархӯри ҷомеаро иншо менамудам. Зеро дар давроне, ки мо кӯдакии худро гузаронидем, бо вуҷуди он, ки аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ намекашидем, вале дар дастрас намудани китобҳо ва дигар васоити таълим мушкилӣ доштем. Бе муҳобо метавонам гӯям, ки агар дар замони мо ин ҳама тараққиёту пешрафти илму техника мебуд, ҳарчи бештар барои равнақи илм талош мекардам ва ҳаёти худро дар роҳи илм сипарӣ менамудам. Зеро илм аст, ки номи инсонро абадзинда нигоҳ медорад. Агар кӯдакиамро дубора пайдо мекардам…

Фатҳиддини ЗАМОН, журналист

– Аз умри гузашта ҳаргиз таассуф намехӯрам, зеро аз рӯзе, ки худро шинохтам, бо ҳидояти падарам, ки аҳли равшанфикрони миллат ва дар хонаводаи донишварон ва китобдорон буданд, худро дар талоши камоли маънавият дидам, ки ин талош то ҳол бо ман зиндагӣ мекунад. Зеро имрӯз дар дунё ҳеҷ чизеро фаротар аз илм, маърифат, инсондӯстӣ ва дар умум такрими ҷавҳари поки маънавият боло ва авло намебинам.

Агар бори дигар кӯдак мешудам, боз ба ин масир қадам мениҳодам, аммо густурдатар боз ба омӯхтани фазову вақти сарнавишт ва дар ҳамин росто омӯхтани бештари дигар забонҳои олам талош менамудам.

Имрӯз, ки бо забонҳои модарӣ, яъне форсӣ – тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ, русӣ ва навиштану хондани ин забонҳо дар сатҳи илм ва матбуот балад ҳастам, иктифо накарда, боз ба омӯхтани дигар забонҳо ва маърифати бештари фалсафаи офариниш ва рози зиндагии башар ҳанӯз дар оғози кӯдакӣ талошҳои бештар мекардам.

Шаҳрияи АҲТАМЗОД, шоира

– Ҳарчӣ, ки волидонам мегуфтанд, ҳамонро мекардам. Нахуст ба ишқ арҷ мегузоштам, ҳар лаҳзаи умрамро беҳуда намегузаронидам, бештар меомӯхтам ва шояд шоири хуб мешудам. Аммо афсӯс, ки зиндагӣ нағмаҳои худро дорад ва он лаҳзаҳо дубора барнамегарданд.

Муслима МАНОНОВА, мудири студияи таълимии телевизион ва радиои ДМТ

– Даврони кӯдакиро хуб ё бад гузаронидан дар ихтиёри худи мо нест, балки вобастаи муҳитест, ки мо дар он зиндагӣ карда, ба камол мерасем. Даврони кӯдакии ман бо сабаби он ки модарам сахт бемор буданд, ғамолуда гузаштааст. Аммо бо вуҷуди ин чун волидонам аҳли зиё буданд, моро низ то андозае ба муҳити солим ҷазб намуданд.

Дар даст китоби бадеӣ ба замини полез рафтан ҳеч фаромӯшам намешавад, ки хеле лаззатбахш буд. Умуман, дар ин маврид пешниҳод карда метавонам, ки кӯдаконро бояд устувор, пурталош, навҷӯ, хайрхоҳ ва илмдӯст тарбият намоем, ки аз падару модар таваҷҷӯҳи бештареро талаб менамояд.

Бобоҷон МУҲТОҶИЁН, журналист

– Агар ба даврони навҷавонӣ бармегаштам, якум барвақт аз деҳа шаҳр меомадам. Ба ҷои рӯзноманигорӣ дар коргардонӣ мехондам. Се забонро ба пуррагӣ меомӯхтам. Аз Тоҷикистон мебаромадам ва ба сифати меҳмон ватан меомадаму мерафтам.

Ҳукмиддин САФАРОВ, устоди ДМТ

– Агар бори дигар кӯдак мешудам, кӯшиш мекардам, ки ҳаётамро бо хондан гузаронам. Зеро акнун фаҳмидам, дар ин шабу рӯз касе, ки донишу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ба як мартабае мерасад.

Гулбӣ МИСАЙНОВА, омӯзгор

– Бо хушнудӣ ва машғул шудан ба бозиҳои кӯдакона, ки аз онҳо лаззат барам. Аз нашъаи кӯдакӣ баҳраманд шавам, навозишам кунанд. Гиряму хандам. Ба лӯхтакбозӣ машғул шавам. Аз пайи орзуҳои кучаки кӯдакиам шавам.

Шеърҳои кӯдаконаро бо лафзи ширини кӯдакиам аз худ кардаву қироат мекардам. Аз шунидани афсонаҳои модарам бори дигар лаззат мебурдам.

Ёдгори НОЗИР, шоир

– Тахмин ҳамин хеле, ки гузаронидам. Ман ягон хиёнат ва ҷиноят накардаам. Аз зиндагӣ розиям. Умр, ҳаёт – ин амонати Худост, ки ба мо медиҳад. Як умр кӯшиш кардаам, ки касеро наранҷонам, ба касе халал нарасонида зиндагӣ кунам.

Сабрӣ РАҲМОНӢ, иқтисодчӣ

– Агар сад бор ҳам кӯдак шавам, боз ҳам дар ҳамон дунёи беғамию бедардӣ бо шодию фараҳ ва бозию даводавҳо, ба андозаи ҳамон ақлу идроки кӯдакӣ бо хандаю шӯхӣ умр ба сар мебарам.

Озода МӮСОЕВА, донишҷӯ

– Агар бори дигар кӯдак мешудам, аз бозию шӯхиҳои кӯдакӣ ва навозишҳои волидайн баҳра мебурдам. Омӯхтани забонҳои хориҷиро аз айëми хурдсолӣ оғоз мекардам. Асло орзуи калон шуданро намекардам.

Таҳияи Ҳалима ШОБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь