Таҳаввулоти вазъи ахири дар Афғонистон ба вуқуъ пайваста, ки гурӯҳи терористии Толибон, бо бурунрафти қувваҳои амрикоӣ ҳукумати пешинро суқут дода, қудрати сиёсиро пурра ба дасти хеш гирифтанд, дар раванди муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ як гардиши куллиеро ба миён овард. Дар баробари шеваҳои таассубзадагӣ, хурофот ва ҷаҳли мураккаб, гурӯҳи Толибон ҳамчунин, ҳуқуқи афроди дигари мансуб ба қавмияту миллияти сокинони Афғонистонро сарфи назар намуданд ва танҳо дар сохтмони ҳукуматашон ба ақвоми паштунӣ такя варзиданд.

Агар ба таърихи ҳазорсолаҳои минтақаи Хуросон назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳанӯз аз қадимуллайём ин минтақа ва шаҳрҳояш сарзамини тоҷикон будаанд. Дар дарозои таърих мардуми ин минтақа бо забону фарҳанги тоҷикӣ бузург гардида, дар олами маънавии фарҳангии тоҷикону форсизабонон як идда аз шахсиятҳои бузурги фарҳангиву илмиро барои минтақаву ҷаҳон эҳдо намудааст.

Агар ба қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ назар афканем, аз манотиқи имрӯзаи Хуросон дар куҳантарин сарчашмаҳои хаттӣ ҳамчун марказҳои тамаддунии ориёиён, ба вижа тоҷикону порисигӯён ёд шудааст. Тамоми номҳо ва топономияи ин минтақа аз калимоти тоҷикӣ – дарӣ – порсии ноб аст. Шаҳрҳои бузурги сарзамини Хуросон аз қабили Кобул, Балх, Ҳирот, Файзобод, Самангон аз марказҳои бузурги фарҳангӣ буда, бузургмардоне, аз қабили Абдуллоҳи Ансорӣ, Робияи Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абушакури Балхӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафари дигарҳо барои фарҳанги эронӣ – тоҷикӣ ва барои фарҳаги оламиён эҳдо намудааст.

Мардуми ғаюру ҷасури ин сарзамин ҳамеша дар муқобили ғосибон, бар алайҳи лашкаркашони ғаддоре чун Искандару арабу муғулу фарангӣ истодагарӣ намуда, қаҳрамониву ҷоннисорӣ кардаанд. Ҳатто арабҳо натавонистаанд ин сарзаминро бо лашкаркашии чандинбораашон зери даст дароранд ва шаҳрҳои бузург дар баробари ҳуҷуми аъроб истодагарӣ намуда, хешро ҳифз кардаанд.

Ҳамин аст, ки иддае аз қисматҳои Хуросон танҳо дар замони Ғазнавиён ба ислом мавсал шудаанд. Ҳамин гуна қаҳрамониро дар баробари ғосибони муғул мардуми сарзамини Хуросон, бахусус шаҳри Ҳирот анҷом додаанд. Ин шаҳр дар муқобили ғосибони муғул истодагарӣ намуда, бошандагони он то охирин қатраи хун алайҳи ин ғосибон мубориза бурдаанд. Шаҳри Ҳирот ҳамеша маркази тамаддуни аҳли адабу фарҳанги тоҷикӣ – форсӣ буду ҳаст.

Дар замони ҳамлаи муғул дар муқобили онҳо 190 ҳазор марди ҷангӣ бар алайҳи муғулҳо равона шуда, онҳо ҳеҷ гоҳ даст аз муқовимат бар алайҳи бегонагон бар надоштаанд.

Дар муқовиматҳои охири асрҳои 18 то 20, ки аз ҷониби мустамликадорони англис ва дигар қудратҳо сурат гирифт, тоҷикон ҳамеша бар алайҳи ғосибон истодагарӣ намуда, ватани хешро ҳифз кардаанд, ки намунаи олӣ ва охирини онро қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд метавон ҳисобид.

Вале дар вақтҳои ахир ҳолате дар Афғонистон дар ҳоли ба вуқӯъ пайвастан аст, ки зодагони аслии ин кишвар, яъне тоҷикону даризабононро ба ҳошия ронда, маҳдуд кардани забон, фарҳанг ва ҳатто, аз қудрати сиёсӣ пурра барканор намудани онҳо аз тарафи гурӯҳи Толибон ба назар мерасад. Чунин амалкард, ки хилофи меъёрҳои башарист ва то андозае кор гирифтан аз усулҳои фашистӣ ва шовинистӣ аст, боиси норозигӣ ва қаҳру ғазаби бошандагони кишвари Афғонистон, бахусус тоҷикон гардидааст.

Ҳаминро ба инобат гирифта, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон пешвои Миллати тоҷикон даъват карда буданд, то ҳуқуқи тамоми қавмҳои сокини Афғонистон, бахусус тоҷикон, ки аз нисф бештари аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб гирифта, як ҳукумати фарогир бо назардошти манфиати тамоми ақвоми дар ин кишвар маскунбуда рӯи кор биёяд. Ҳамин гуфтаро ҳамчун воқеъияти ин кишвар ҳисобида, дар тамоми нишастҳое, ки масоили Афғонистон матраҳ, буд масъалаи як ҳукумати фарогирро пешниҳод менамуданд.

Ахиран, ҳамин гуна даъват аз ҷониби Президенти Россия Владимир Путин дар рафти ҷаласаи клуби мубоҳисавии байналмилалии “Валдай” изҳор гардид. Перзиденти Россия иброз дошт, ки тоҷикон аксарияти аҳолии Афғонистон  буда, 47% -ро ташкил медиҳанд. Вай таъкид кард, ки Толибон бояд бо ҳамаи гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд ва манофеи онҳоро эътироф намоянд.

Раҳбари давлати Россия изҳори норозигӣ намуд, ки ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби ҳаракати Толибон таъсис ёфтааст, ҳоло асосан аз намояндагони қавми паштун иборат аст. Дар ҳоле, ки дар он ҷо тоҷикон бештар ҳастанд. Инчунин ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва дигар қавмҳо низ ҳастанд.

Ҳамчунин, Путин дар идома гуфт ки: “Ман медонам, ҳоло дар ҳайати роҳбарӣ ҳукумати Толибон намояндагони ин гурӯҳҳо ҳастанд, аммо на дар нақшаҳои калидӣ. Мардум иддао доранд, ки дар низоми идоракунии кишвар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд ва ин тавозун бояд пайдо гардад”.

Қобили қайд аст, ки ҳанӯз бо ғасб шудани ҳукумати ин кишвар аз ҷониби Толибон ва дар моҳи август вохӯрии вазири корҳои хориҷии Покистон Қурайшӣ ҷиҳати эътирофи Толибон бо Сарвари давлати мо, Пешвои миллат ҳамин изҳоротро пешниҳод намуда будаанд, ки танҳо давлати фарогирро, ки дар Афғонистон тавонад манфиати ҳамаи ақвоми ин кишварро ба ҳисоб гирад (бахусус тоҷиконро), эътироф хоҳанд кард ва ҳамин мавзеъгириро дар сафари аврупоии худ низ иброз дошта буданд, ки кишварҳои аврупоӣ аз он истиқбол намудаанд.

То ҳануз мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон вобаста ба масъалаи Афғонистон устувор ва тағйирнопазир аст. Ин мавқеъгирии одилона ва хирадмандона аст, ки аз тарафи аксари кишварҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ягон кишвари ҷаҳон то ҳол Толибонро ба сифати давлату ҳукумат эътироф накардааст.

Ардамеҳр Ашурзода,

номзади илмҳои сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь