Метарсам Аҳмад Масъудро ҳам чун падараш нафиребанд… Cуол: чаро метарсам?

Аҳмадшоҳи Масъуд бо тамоми ҳастӣ мехост қавмҳоро дар Афғонистон зери як дирафш ҷамъ оварад… Аммо касоне, ки аз вазъи ин минтақа огоҳанд, хуб дарк мекунанд, ки кашмакашҳои аслии Афғонистон — ин бартар донистани ҳар қавме аз қавми дигарест. Ҳар кадом қавм талош мекунанд, ки нуфузи бештари идеологӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ…- ин ҷуғрофиро дар ихтиёр худ дошта бошанд. Ва ин омил боис гардида, нофаҳмиҳо дар миёни қавмҳои Афғонистон бештар гардад… Дар ин миён Аҳмадшоҳи Масъуд мекӯшид ин ҳама нофаҳмиҳоро ҳаллу фасл намояд ва ҳамаро ба як шоҳроҳ раҳнамун созад… Аммо ин ҳадаф пиёда шуданӣ нест, зеро Аҳмадшоҳ то охири нафас талош кард, вале муваффақ нашуд. Маъулум, ки чаро муваффақ нашуд, аз ин рӯ, ки ҳар қавм бузурги худро дорад ва ин бузургон ба хотири манфиатҳои фардии худ намехостанду намехоҳанд чунин коре амалӣ гардад ва дар ниҳоят, Аҳмадшоҳи Масъуд шаҳиди ин армон гардид. Аҳмадшоҳи Масъуд боре ҳам аз бузургиву тавонмандии миллати худ — тоҷик ҳарф назад, шояд гуфта бошад, вале ба таври умумигӯӣ.

Ҳоло фикр мекунем, бояд Аҳмадшоҳ аз ҳувияти худ бештар мегуфт ва ҳамаро атрофи худ ҷамъ мекард. Зеро нодида гирифтани миллати тоҷик иллаташ аз беҳувиятии тоҷикони Хуросон аст.

Боз суол:

Чаро ӯзбек ҳақ доштаааст, ки аз ҳувияти худ бигӯяд?

Чаро паштун ҳақ доштааст, ки аз ҳувияти худ бигӯяд?

Чаро…

Чаро…

Аммо тоҷик ин ҳақро надоштааст ва бузургонаш низ мекӯшанд аз ҳувияти худ сухан нагӯянд… агар ҳалқа танг ояд, зери лаб аз тоҷикияти худ ҳарф мезананд…

Ҳолиё, чандин суханронии писари Аҳмадшоҳи Масъудро дидем, боре ҳам аз ҳувияти худ лаб намекушояд…

Чун падараш мехоҳад ҳамаро зери як дирафш ҷамъ оварад.

Метарсам писар ҳам чун падар қурбони ин армон нагардад…

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки тоҷикон дар Афғонистон аксариятро ташкил медиҳанд ва бештари шахсиятҳое, ки Афғонистонро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ муаррифӣ мекунанд, тоҷиконанд. Пас, чаро аз ҳақи худ дифо накунанд ва ҷойгоҳи лоиқи хешро пайдо нанамоянд… Аз рӯи даъвоҳои аксарияти қавму қабилаҳои Афғонистон роҳат метавон мушоҳида намуд, ки танҳо тоҷикон даъвояшон бемуттакову суст аст, ба ибораи дигар, фарёдҳояшон бефарёдрас асту нухбагони сиёсиву фарҳангиву иҷтимоиашон дар ин росто, бепарво, беаҳамият ва тағофул менамоянд.

Чандин нухбагони тоҷикони Афғонистон ба боварии мардум хиёнат кардаанд ва мардумро дар “аъроф” гузоштаанд. Ба мардум эътимод мебахшанд, вале дар вақти адои хидмат дурангиро пеша мекунанд ва боз мардум бо ҳамон қисмати талху шӯраш мемонаду менолад. Ҳуқуқу ҳақи тоҷикони Афғонистон ҳамеша аз ҷониби қавмгароён помол мегардад ва нодида гирифта мешавад. Вале таърих гувоҳ аст, ки дар замоне, ки ҳатто тоҷикон мудирияти кишварро дар даст доштанд, ба андозаи як арзан ҳайсияту шавкати дигар қавмҳои Афғонистонро зери по накардаанд ва ҳам таҳқирашон нанмудаанд. Ин шаҳодат аз асилзодагии эшон медиҳад, вале ин мардумсолориву шоистасолории тоҷиконро на шахсиятҳои қавмҳои Афғонистон арҷ гузоштанд ва на созмонҳову кишварҳои байналмилалӣ, ки ҷор аз башардӯстиву мардумсолорӣ мезаданду мезананд. Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд борҳо суханронӣ намудааст, ҳамвора аз манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон мегуфту талаб менамуд, дар ҳоле ӯ худ тоҷик буд, вале ҷое ҳам тоҷикро алоҳида ном набурд. Ҳарчанд, ин амали ӯ сутуданист, аммо шароити дирӯзу имрӯзи Афғонистон гувоҳӣ медиҳад, ки чунин рафтор на ҳамеша нишонрасу манфиатовар будааст.

Иллати дигари тоҷикони Афғонистон ин беиттиҳодии онҳост, ба вижа, нухбагони сиёсии тоҷик миёни худ ихтилофҳои бузургманишиву манфиатҳои фардӣ доранд ва ин номаймунӣ омили парокандагии тоҷикон дар Афғонистон гардидаасту мегардад.

Имрӯз вазъ бадтар аз қабл шудааст, тоҷикон дар ин ихтилофот бештар зарар дида истодаанд. Агар ба таърихи ним асри Афғонистон назар андозем, бештари шахсиятҳо аз миллати тоҷик буданд ва ҳатто пойдории як Афғонистони воҳид аз хидмату шуҷоатмандии онҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Таҷовузи русҳо, англисҳо, амрикоиҳо ва “Толибон” ба хоки Афғонистон хисороти ҷониву маънавӣ ва молии зиёде ба ҷой гузошт ва ин то имрӯз идома дорад. Ҷаҳониён медонанд, ки дар хати аввали ин ҳама муборизаҳо ва дифо аз марзу буми ватан тоҷикон буданд ва бештар қурбонииро низ тоҷикон додаанд. Вале ин ҳама ҷонфидоиҳои тоҷиконро қавмҳои Афғонистон мекӯшанд нодида гиранд ва ё агар қоил ҳам шуданд, на ба тавре, ки боиста баршумурда шавад. Ҳарчанд, шаҳид Масъудро қаҳрамони миллӣ баргузиданд, аммо нухбагони сиёсии қавмҳо беадад ошкору ниҳон ба ӯ хиёнат карданд. Касе қодир нест, ки хидматҳои шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро инкор намояд, бахусус, дар баробари гуруҳи ифротии “Толибон” Масъуд истод шуд ва солҳои 1996-2001 “Толибон” Афғонистонро ғасб намуданд, ба ҷуз дараи Панҷшер. Дар он солҳо Масъуд ҷон рӯи каф гирифта, барои озод намудани Афғонистон қувваҳоро ҷамъ овард ва дар ниҳоят, тавонист ҳукуматро аз дасти “Толибон” бигирад.

Имрӯз таърих боз такрор мешавад ва ин дафъа хеле бо найрангҳову бозиҳои гуногун. “Толибон” имрӯз Афғонистонро зери султаи худ гирифтанд, вале боз ба ҷуз дараи Панҷшер. Дар ин мубориза боз ҳам тоҷикон сар баланд карданду чандин қувваҳоро зери як сақф гирд оварданд ва роҳбарии ин муқовиматро бар дӯши фарзанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмад Масъуд вогузор гардид. Аҳмад Масъуд аз лиҳози дастгирии байналмилалӣ айни ҳол тани танҳост, вале мардум ҷонибдораш ҳастанд ва ин ба ӯ бовар мебахшад, ки муқовимат намояд. Ҳарчанд, гуруҳҳои бадхоҳи Аҳмад Масъуд пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғпароканиҳо менамоянд, ки ӯ таслим шудааст, наметавонад муқовимат намояд, Панҷшерро “Толибон” гирифтанд ва амсоли ин хабарҳои бепояву беасос. Бо чунин роҳ мехоҳанд руҳияи ҳамраҳону ҳамармонҳои Аҳмад Масъудро бишкананд. Вале ин тавтиаҳоро, шахсан Аҳмад Масъуд рад намуд ва чунончи, “Спутник” менависад:

Расонаҳо хабар доданд, ки бинобар набуди дастгирии байналмилалӣ, Аҳмад Масъуд ягона вилояти озод аз “Толибон” — Панҷшерро таслим мекунад.

Роҳбари муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд маълумоти Telegraph-ро дар бораи нақшаи таслим кардани Панҷшер рад кард.

Ба навиштаи рӯзнома, Масъуд гӯё барои имзои созишнома бо “Толибон” омода шудааст.

Тибқи гузоришҳо, писари қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд бинобар набудани дастгирии байналмилалӣ омода аст, ки охирин қалъаро таслим кунад.

Аммо, ба гуфти хабарнигори Iran International Тоҷиддин Сурош, ки бо истинод ба манобеи ҳалқаи наздикони раҳбари Панҷшер хабар додааст, дар бораи ин гуна нақшаҳо баҳс нашудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Аҳмад Масъуд бо раҳбари баландпояи “Толибон” ва собиқ вазири фарҳанги Афғонистон Амирхон Муттақӣ телефонӣ суҳбат кардааст. Намояндаи “Толибон” аз раҳбари ҷавон хостааст, ки силоҳро гузошта ва сари мизи музокира нишинад. Вай изҳор намудааст, ки чанг бо “Толибон” маъно надорад. Вале Масъуд дар посух гуфтааст, ки зердастонаш хуб муҷаҳҳаз шудаанд ва «руҳияи қавии ҷангӣ доранд». Аҳмад Масъуд таъкид кардааст: «Мо на барои Панҷшер, балки барои Афғонистони озод, барои эътиқод ва арзишҳои худ мубориза хоҳем бурд».

Чунончи, пештар ҳам гуфтем, Панҷшер ягона манотиқе боқӣ монда, ки зери назорати “Толибон” нест. Ин минтақаи тоҷикнишинест, ки боре ҳам аз “Толибон” мағлуб нашудааст.

Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи “Толибон” (1996-2001) маркази асосии неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд.

Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт ва дорад. Қаламрави Панҷшер 3 ҳазору 771,6 километри мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад.

Хулосаи калом, тоҷикон бояд аз таҷрибаи гузашта ва имрӯз дарс бигаранд, пеш аз ҳама роҳбари ҷавон, вале дар ҳоли ҳозир, ягона марде дар майдон қарор дорад, дастиҳам бидиҳанду номусу ҳайсият, фарҳангу осори ниёгон ва дар ниҳоят ҳувияти худро ҳифз намоянд.

Бузургманишиву карру фарҳои ноҷову бемантиқро боястӣ нухбагони сиёсии тоҷик канор гузоранд ва атрофи писари шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ҷамъ оянду ҳастии миллати худро аз нестӣ наҷот бидиҳанд.

Агар бузургони тоҷики Хуросон аз ҳувияти худ пуштибонӣ ва ифтихор наварзанд, ҳолашон бадтар аз имрӯз мегардад…

Аз ин рӯ, бузургони тоҷикони Хуросонзамин бояд дарк намоянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст.

Зоҳир САЙФУЛЛО,

Лутфулло НИЁЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here