Буҳрони навбатии муносиботи Ҳиндустон ва Покистон аз моҳи феврал оғоз шуд. Дар рӯзе, ки аврупоиёни ишратпараст Иди Ошиқонро таҷлил мекарданд, гуруҳи террористии бо номи “Ҷайши Муҳаммад” (Артиши Муҳаммад) аз ҳудуди Покистон ба корвони низомиёни Ҳиндустон ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин террор 46 низомиёни Ҳиндустон кушта шуда, 56 нафар захм бардоштанд. Деҳлии Нав маҷбур шуд, ки ба нуқтаи таҷаммуи террористон ҷавоб гардонад.

Дар таърихи муноқишаҳои низомии Ҳиндустон ва Покистон роҳбарияти Ҳиндустон ҳама вақт андешаро пеш аз амал мемонад. Аммо ин дафъа илоҷи сабурӣ набуд.Тибқи иттилои расонаҳо, Иёлоти Ҷаму ва Кашмир пас аз ин низоъ куллан мухторияту салоҳияти худро дар назди Сарқонуни Ҳиндустон сӯйистифода намуданд. Бенизомӣ авҷ гирифт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҳиндустон маҷбур шуд моддаи 340-и Сарқонунро, ки дар он ҷо сокинони Ҷаму Кашмир имтиёзҳои зиёд доштанд, лағв намояд. Аз ҷумла интихоби мақомоти роҳбарии Иёлот танҳо бо мувофиқаи вакилони парламенти Ҷаму ва Кашмир сурат мегирифт. Хариди амвол – манзил, замин низ танҳо ба сокинони иёлот мумкин буд. Ҳамаи қонунҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар иёлоти Ҷаму ва Кашмир танҳо бо тасдиқи парламенти иёлот қувваи амал мегирифтанд. Дар 20 соли охир барои мусулмонои Ҷаму Кашмир 1700 ибодатгоҳу масоҷид бунёд гардид. Аммо ҳамаи ин мусулмонони Ҷаму ва Кашмирро қонеъ накард. Онҳо таҳти таъсир ва пуштибонии неруҳои беруна мусулмонон, бахусус тундгароёнро ба ошӯб ва эътироз ҳидоят мекарданд.

Аслан соли 1947 хонигарии Кашмир ба се қисм тақсим шуд. Бо дастур ва дастгирии Британиия Кабир 60 фоиз ба Ҳиндустон (Ҷаму ва Кашмир), 30 фоиз ба Покистон (Балтистан, Озод, Кашмир) ва 10 фоиз ба Чин (Аксой, Чин) дод шуд. Ҳукумати Ҳиндустон дар пайи се ҷанги шадид бо Покистон суботи оромиро дар Ҷаму Кашмир ҷорӣ намуд. Ҳамзамон суботи Ҷаму Кашмир барои 200 миллион мусулмонони ҳудуди Ҳиндустон кафолати осудагӣ медод. Ҳиндустон пас аз муноқишаи низомии соли 1965 ба мусулмонони Ҳиндустон имтиёзҳои иловагӣ дод. Дар мақомоти роҳбарӣ низ теъдоди мусулмононро зиёд кард. Ба ин хотир ҳам аз соли 1965 то ҳол дар ҳудуди Ҳиндустон ягон низои мазҳабӣ рух надодааст.

Вазъи имрӯзаи Покистону Ҳиндустон ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ҳар ду давлат “ҷомадон”-и бомбаи атомӣ доранд. Ҳамзамон, дар муколамаи имрӯзаи роҳбарон эҳсосот торафт аз андеша болотар меравад. Аксаран коршиносон ва ҷомеашиносон бархӯрди Ҳинудстонро кори дохили Ҳиндустон арзёбӣ мекунанд. Зеро Сарқонуни Ҳиндустонро на аврупоиён ва на амрикоиён қабул кардаанд. Ҳукумат дар шакли Сарвазир барои иҷро ва амалӣ намудани Сарқонун муваззаф мебошад. Аз ҷониби дигар, лағви мухториёти иёлоти Ҷаму Кашмир танҳо сирф моҳияти сиёсӣ дорад. Лекин ба сиёсат фақат гуруҳ ва ҷунбишҳои хурди Ҷаму Кашмир олуда мебошанд.

 

Фарид МАЗДАК

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь