Авасто – китоби муқаддаси кеши Зартуштӣ, ки таълимоти он дар тӯли садсолаҳо барои мардумони Ориёӣ осори шариф ва мояи эътиқод буд, барои динҳо ва мардумони дигари ҷаҳон сарчашма ва мақоми ғоявӣ шуд. Ва ҳоло он чун намунаи арзишманди фарҳанги куҳантарини дунё ва таълимоти ахлоқӣ ҷойгоҳи бузургеро соҳиб аст.

Авасто ва тафисри он – Занд дар тӯли ҳазорсолаҳо, танҳо аз даҳон ба даҳон мегузашт ва сабт нашуда буд. Дар замони ҳукмравоии Аршакидҳо – сулолаи подшоҳони Эрони қадим (280 сол пеш аз милоди Масеҳ) баъзе навиштаҳо аз Авесто ба вуҷуд омадааст. Як матне аз навиштаҳои ин давра бо номи Вандидод (қонун бар зидди демонҳо – нируҳои бадӣ) аз харобкориҳои Искандару араб гузашта, то замони мо расидааст.

Готҳо 17 суруди бузурги Зартушт пури Поурашасп аз хонадони Спитамен, танҳо дар замони Сосониён – савумин сулолаи подшоҳони шоҳаншоҳии Эрони бостон, дар замони густариши забони порсии миёна, ё худ паҳлавӣ, рӯйи коғаз сабт шудааст. Забони гуфтори Зартушт низ танҳо аз рӯйи Готҳо, Хурдавасто ва дигар матнҳои қадим муайян карда шудааст.

Куруши Кабир – шоҳаншоҳи бузурги Ҳахоманишиҳо, (асри 5-и то милод) – фарзанди шоҳи Порс Комбиз буд, ки шоҳзода Мандонаро дӯст медошт. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки як империяи муқтадири ҷаҳон буд, Зартуштӣ дини расмии ин кишвар буд. Зартуштия ба унвони таълимоти олии порсӣ ба бунёди илму фарҳанги ғании Юнони қадим асос гузоштааст. Ҳамаи донишмандони Юнони қадим аз мактабу фарҳанги Эрони бостон ва таълимоти Зартуштия илм омӯхтаанд.

Пифагор – риёзидон ва донишманди юнонӣ 22 сол дар Миср, ки дар итоати Порсиён буд, таълим гирифтааст ва 12 соли дигар, дар замоне ки дар асорати Вавилон буд, бевосита аз муғони Порс ва 10 соли дигар аз донишмандони ҳиндӣ «Ведҳо»-ро, ки низ бар асоси таълимоти Зартуштия аст, омӯхтааст.

Демокрит – файласуф ва донишманди Юнон, тамоми мероси падарашро дар сафарҳояш ба Машриқ сарф карда, аз донишмандони Миср, ки дусад сол дар итоати Порс буд ва аз Вавилони Порс дар Ҳинд дарс омӯхтааст.

Плутон – донишманди Юнон ҳамроҳ бо сарбозони императори Рим Гордиан дар сарзамини Порс қадам зада, маҳз дар ҳамин ҷо барои таълимоти ояндааш Неоплутонизм дониш омӯхтааст. Ӯ устоди Искандари Мақдунӣ буд.

Архимед – риёзидон ва механики машҳури Юнони қадим (наздикиҳои 287-212 то милод) низ аз таълимоти порсиён баҳравар шудааст.

Арасту (Аристотел) 384-322 то милод – файласуфи бузурги Юнони қадим, ки пас аз омӯзиши фалсафаи Эрони бостон дар ин соҳа соҳибмактаб шуда ва таълимоти ӯ дубора дар фалсафи эрониён таъсири ҷиддие доштааст.

Донишмандони иронзамин дар рушду нумӯви илми араб ва донишу фарҳанги империяи араб саҳми бузург гузоштаанд. Ибни Муқаффаъ, ки худ эронӣ буд, чандин китобро аз паҳлавӣ, суғдӣ, ҳиндӣ, лотинӣ ба арабӣ гардондааст. Аз ҷумла, аз «Мантиқ»-и Арасту се фаслро бо номҳои «Қотигуриёс» (Категорияҳо), «Бори Арминиёс» ва «Аналитиқо» (Аналитика)-ро ба арабӣ баргадондааст. Ин донишманд, ҳамчунин аз осори аҳди Сосониён «Худойнома»-ро бо номи «Таърихи подшоҳони Эрон», «Ойиннома» (дар бораи расму ойин, қонунҳои мардуми Эрон), «Калила ва Димна» ва «Тоҷ»-ро (дар бораи Анушервон) аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардондааст.

Андешаи птолемеии геосентризм (ҳаракати галактика дар атрофи замин) 1500 сол идома кард, ки баъдан тавассути таълимоти қотеонаи Абурайҳони Берунӣ, Ҷордано Брунно, Галаилей Галилео ва Коперник шикаст. Ин олимон собит карданд, ки галактикаи мо дар атрофи офтоб (назарияи гелиосентризм) давр мезанад.

Муҳаммад Хоразмӣ (ба арабӣ – Алхоразмӣ, ба лотинӣ – Алгоризм), ки илми Алгоризм аз ҳамин ном аст) дар асри 9-и милодӣ ба арифметика чун илм асос гузошт. «Алгоризм мегӯяд…» бо чунин ҷумла оғоз мешуд китоби ӯ, ки соли 1150 ба лотинӣ тарҷума шуда буд. Дар соли 1863 олими фаронсавӣ Жан Рейно таҳқиқ кард, ки Алгоризм шакли тағйирёфтаи Алхоразмӣ мебошад ва ин илм имрӯз бо номи Алгоритм ёд мешавад.

Муҳаммад Хоразмӣ ҳамчунин ба Алгебра низ чун як соҳаи илм асос гузоштааст. Аз истилоҳи сохтаи ӯ «Алҷабр» ба Аврупо рафта, истилоҳи «Алгебра»-ро ба вуҷуд овардааст. Китоби ӯ «Алҷабр ва Алмуқобала»-ро ҳанӯз дар соли 1143 ба лотинӣ баргардонда буданд. Китобҳои ӯро донишмандони маъруф Коперник, Галилей, Кеплер, Паскал, Декарт, Лейбнитс, Бернулли, Эйлер, Ломоносов хонда буданд.

Абӯнасри Форобӣ ба тарҷумаи носаҳеҳи «Мофавқуттабиа» («Метафизика»-и Арасту) тафсир навишт.

Абулмаъшари Балхӣ, ки сад сол умр дида ва пеш аз таваллуди ибни Сино фавтидааст, дар илми ҳайат беш аз 30 асар офарид.

Як ҳамасри ибни Сино, ки номаш маълум нест, китоби ҷуғрофии Ҳудуд-ул-олам»-ро ба форсӣ навишт, ки аз нахустин осри ҷуғрофӣ мебошад ва то имрӯз боқист, ин китоби нодир ба хатти сирилик низ чоп шудааст.

Абӯбакри Наршахӣ 30 сол пеш аз таваллуди Сино (980) асари машҳури «Таърихи Бухоро»-ро навишт.

Абӯалӣ Балъамӣ- вазири донишманди аҳди Сомониён бо пешниҳоди Мансури Нуҳи Сомонӣ соли 963 китоби бисёрҷилдаи «Таърихи табарӣ»-ро аз арабӣ ба форсӣ баргардонд ва дар он баъзе порчаҳои таърихи Эронро чун достони «Баҳроми чӯбина» – лашкаркаши номдори Сосониён – аҷдоди Сомониёнро илова кард. Дар паҳлӯи ин донишмандони эронӣ 14 ҷилд «Тафсири Табарӣ»-ро ба форсӣ баргардонда буданд.

Дар асри 10 дар китобхонаҳои эронзамин 30 ҷилд асари Абубакри Розӣ роҷеъ ба тиб мавҷуд буд.

Абурайҳони Берунӣ – донишманди муқтадири эронзамин нахустин бор қутри заминро 6339,58 километр муайян карда буд, ки аз тадқиқи имрӯзаи илм (6371, 11 км) кам фарқ мекунад.

Дар асри IX-X «Савон-ул-ҳикмат» бузургтарин китобхонаи ҷаҳон будааст ва дар замони Сомониён ибни Сино беҳтарин ва нодиртарин китобҳоро дар ин китобхона хонда ва дар ёддоштҳояш бо муҳаббат аз он ёдовар шудааст.

Пас аз вожгун шудани давлати бузурги Сомониён Абуалӣ ибни Сино соли 1005 ба Хоразм рафт. Ҳарчанд Маҳмуди Ғазнавӣ ӯ ва ҳама уламову фузалои даврони Сомониёнро ба даргоҳаш дар шаҳри Ғазнӣ хонд, вале ҳеч касе хидмати ҳокими бегонаву ҷоҳилро напазируфт.

Абуалӣ ибни Сино китоби «Ал-қонун» (Ал-қонун фит-тибб ал-машоъири)-ро дар тӯли 15 сол навиштааст. Пас аз ин, дар давоми 17 соли боқимондаи умраш 440 асар эҷод кардааст, ки «Китоб-уш-шифо» аз ҷумлаи онҳост.

Ибни Синоро дар сини 42-солагӣ Тоҷулмулук дар қалъаи Фараҷон зиндонӣ кардааст, ки ӯ дар он ҷо китобе ба забони форсӣ дар бораи асосҳои механика навишт.

Ибни Сино дар замони худ 860 навъ доруи сода ва мураккаб (баъзеҳо 1200 гӯянд) сохта буд.

Ибни Сино барои нахустин бор дар ҷаҳон тарзи дақиқи ташхиси классикии бемори менингит (сарсом – бемории майна)-ро муайян кардааст. Невропотологи амрикоӣ Кэмпстон гуфтааст: «Гумон аст, дар замони мо касе ба ин роҳи ташхис ё ташреҳ чизи наве илова кунад».

Сино ҳамчунин барои бори нахуст ташреҳи пурра ва дақиқи плеврит (бемории хунукзадагии узвҳои дохилӣ), хунукзадагии шуш, диққи нафас (остма) ва силро додаст ва ҳамзамон ин бемориҳоро аз бемориҳои умумии шуш ҷудо кардааст. Махсусан, ташреҳоти Сино дар мавриди бемории сил ба ҳадде дақиқ аст, ки пайдо шудани Рентген ба он чизи наве илова накардааст. Вай ҳамчунин, аввалин бор бемории хориш (чахотка)-ро чун бемории сироятӣ ташхис кардааст.

Ҳангоми ҳуҷуми Масъуд – писари Маҳмуди Ғазнавии хунхор ба Исфаҳон китоби 20 ҷилдаи ибни Сино «Китоби инсоф» аз байн рафт. Тавре худи Сино навиштаас, пас аз ин вай дубора «Инсоф»-ро эҷод кард, ки тақрибан дар бораи 28 ҳазор мушкил дар он сухан меравад.

Байҳақӣ менависад, ки боре Абумансур – надими вазири Рай Ас-Сабоҳ дар ҳузури дигарон дағалона ба Сино гуфт, ки ту табибӣ ва дар бораи забон кам китоб хондаӣ, вагарна суханони ту моро қаноат мебахшид. Ибни Сино посухе надод, вале дар тӯли се соли машғулияти ҷиддӣ се рисолаи мукаммали илмӣ роҷеъ ба забон навишт ва фармуд, то муқоваи пӯстии онҳоро харошидаву кӯҳна гардонданд. Сипас аз Ас-Сабоҳ хоҳиш кард, ки рисолаҳоро ба Абумансур нишон бидиҳад ва бигӯяд, ки ин китобҳоро аз саҳро пайдо кардаанд ва бояд, ки ӯ бигӯяд, ки дар онҳо чӣ мавзӯе дарҷ шудааст. Дар охир Абумансур донист, ки китобҳо моли кист ва шарманда шуд.

Ибни Сино сипас, дар мавзӯи забоншиносӣ асарҳое бо номи «Забони аъроб», рисолае дар бораи сабаби пайдоиши фонема (овозҳо), «Махсусиятҳои сухан» ва китобе дар бораи наҳв (синтаксис) навишт.

Соли 1151-и милодӣ пас аз 114 соли вафоти Сино, ҳукуматдори хурде бо номи Ҳусайн, ки аз Ҳиндукуш буд ва ӯро «Ҷаҳонсӯз» номида буданд, ба ивази марги ду бародараш, ки онҳоро авлодони Маҳмуди Ғазнавӣ кушта буданд, муддати 7 рӯз Ғазниро сӯзонд, склети Маҳмудро аз гӯр ба берун партофт; қасоиди аз тарафи Фаррухӣ ва Унсурӣ дар ҳаққи Маҳмуд навиштаро ба ҳабс гирифт. Он ду нафар авлоди Маҳмудро, ки дастгир карда буд, фармуд, то ду халта гил биёранд. Сипас онҳоро кушт ва аз хуни онҳо ва гили овардаашон лой шурида, қаср бунёд кард. Ва аммо соли 1222 писари дӯстдоштаи Чингизи ҷаҳонсӯз – Угэдэй Ғазниро то пойдевораш хароб кард, ки он қаср ҳам аз байн рафт.

Донишманди олмонӣ Гротефенд умри худро ба омӯзиши алифбои паҳлавӣ сарф карда, саранҷом 9 нишона ё аломати ин ҳуруфотро пайдо кард. Ин донишманд муайян кард, ки шоҳони эронии замони Ҳахоманишиён Куруш ва Доро (Кир ва Дарий – дар Аврупо онҳоро чунин ном мебаранд) дар ин навиштаҳо дар бораи худ ва кори ҳукуматашон навишта буданд. Кори Гретефендро олими англис Г. Роулинсон давом дод ва баъдтар хатти паҳлавиро пурра хонданд.

Фирдавсӣ эҷоди бозии шоҳмотро дар Ҳиндустон ва бозии нардро ба вазири оқили эронзамин – вазир Бузургмеҳр мутааллиқ медонад.

Насриддини Тӯсӣ, ки худро шогирди ибни Сино мехонд, 200 сол муқаддам аз Аврупо, пештар аз математики немис Региомонтана ба тригонометрия чуни илм асос гузошт. Вай дар ҷаҳон нахустин бор собит кард, ки рақамҳои ирратсионалӣ (ғайриқиёсӣ) ба рақамҳои ратсионалӣ баробаранд. Дар Аврупо дар садаи 17 ба ин бозёфт расиданд.

Ғиёсиддини Кошӣ дар соли 1420 ба назарияи касрҳои даҳӣ ё ашъорӣ асос гузошт, ки дар Аврупо онро С. Стивен соли 1585 ба илми математика ворид кардааст. Ғиёсиддини Кошӣ шумораи «π»-ро бо 16 нишона муайян карда, роҳи ҳалли 65 намуди баробарии алгебравии дараҷаи чаҳорумро кашф кард, ки тақрибан 500 сол пас аз ӯ математики итолиёвӣ Феррари (1522-1565) ба ин кашфиёт расидааст.

Алӣ Қушчӣ касрҳои даҳӣ ё ашъориро мавриди истифода қарор дод, роҳҳои истифода аз онро мушаххас кард, ки ба воситаи вай решаи ҳама гуна дараҷаҳоро ёфтан мумкин аст.

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь