Мурабие, ки ҳашт соли умри худро барои тарбияи кӯдакон мегузаронаду чун Гвардиола мехоҳад тартиби нав ба бозӣ дохил кунад.

Меҳру муҳаббат, орзуву талошу мақсад, роҳи бузург кушод ба қаҳрамони мо, ки рӯҳу тобу тавони худро ба пайроҳаи интихобнамудааш бахшаду ба он чизе, ки мехост расад, аммо дар ин пайроҳа сараввал аз монеъаҳову мушкилиҳои зиндагӣ гузар намуда, ба шоҳроҳи муваффақият роҳ ёфт. Қаҳрамони мо Сангинов Баҳриддин Баҳронқуловичи 40 сола, соли 1981 дар ноҳияи Турсунзода ба дунё омадааст. Ӯ ҳашт соли умри худро барои тамрину тарбияи насли наврасу навҷавонон сарф намудааст.

Сараввал меҳри футболбоз шудан қалбашро рангин сохта, барои расидан ба орзу ба ҳайати кӯдаконаи синни то 10 солаи Регар Тадази ноҳияи Турсунзода роҳ ёфт. Аммо бо пайроҳаҳои пурпечу тоби зиндагӣ андармон шуда, даст кашид аз ин роҳ ва ҳуҷҷатҳои худро баъд аз хатми мактаби миёна соли 1999 ба Донишгоҳи Тиҷоратии Тоҷикистон супорида, чор соли умри худро дар ихтисоси гумрук донишандӯзӣ карда, соли 2003 хатм намуд. Лек ин пайроҳа барояш шавқу завқ надошту кор дар ихтисоси худ накард ва ба кори сохтмон пардохт. Чи тавре, ки худи қаҳрамон мегӯяд:

“Меҳру муҳаббат ба варзишу ташвиқи падару модар маро ба орзуи хеш расонид. Аз ҳама бештар модарам тарафдор буд, ки ман бачаҳоро тарбия бикунаму ба онҳо ҳам машқ, ҳам дарси инсонгариву ҳам миллатдӯстиро биомузонам “.

Солҳои зиёд аз варзиш дур гашту ба ҳар гуна корҳо банд монд. Дар биноҳо кор мекарду баҳри таъмини зиндагӣ талош меварзид. Ҳамин буд, ки пас аз заҳмату меҳнат дубора рӯ ҷониби варзиш овард.

Аз сохтмон то майдон варзиш

“Баъд аз он, ки дар сохтмонҳо кор мекардам, барои ба орзуям расидан роҳ гирифтам ба ҷониби хониш. Соли 2013 ба колеҷи Тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, бар замми ин ба кӯдакҳои хурд тамрин медодам”. Истеъдод асосан аз дӯстдоштан оғоз мегардад ва баъдан бовари доштан ба худ. Баҳриддин ба худ бовари дошта, дар овони таҳсил кӯдакони ҳар хонаву маҳалро ҷамъ оварда, тамрин медод. Чун худ мегуяд: «Варзиш ба кӯдакон, ин мактаби бузурги инсонист. Сабаби тамрин додани ман ин аст, ки тавонам дар зиндагӣ ба дигарон таъсири хуб расонам. Роҳи ростро нишон диҳаму тавонам аз роҳи бад боз дорам, аз бекоргардиву аз корҳои ношоиста дур созам». Баҳриддин  қалбу рӯҳу равонашро ба кӯдакон бахшиду тамринро дар майдончаи варзишии 65-ум микрараёни н. Фирдавсӣ дар дастаи кӯдаконаи “Нуравшон”  шурӯъ кард. Солҳо тай гаштанду аз паси шуғли интихобкардааш шуду барои мураббии хуб шудан, боз ба омӯзиш  машғул гашт . “Донишгоҳи Тарбияи ҷисмонӣ барои ман як мактаби бузург аст. Соли 2018 ба ин даргоҳ омадаму се соли дигар дар инҷой сабақ гирифтам ва ҳамин сол хатм намудам”. Баъд аз хатми колеҷу донишгоҳ аз таҷрибаҳои гирифтааш баҳри шогирдонаш сабақ медиҳад. Мурабби будан кори саҳл нест.  Кӯдакро ба як самт роҳ нишон додану тарбият кардан на аз дасти ҳар кас меояд.Бо футболбоз забон ёфтану ӯро тарбият кардан асоси кори мураббӣ аст ва дӯст доштани шогирдони худ. Чуноне ки Баҳриддин ба шогирдонаш дарс мегӯяду мефаҳмонаду тарбия мекунад, боз ба онҳо меҳр меварзад, чун кӯдакони хеш тарбия дораду орзуяш муваффақ шудани шогирдонаш аст. Барои мураббии хуб шудан, аввал меҳр ба кӯдакону бозингарон дошт, агар меҳр набошад чизе ҳосил нахоҳад гашт.

«Дар мураббигӣ якумдараҷа меҳр бояд бошад, агар якум меҳр набошад ҳеч натиҷае нахоҳи гирифт, агар ба кӯдакон меҳр намоӣ кӯдакон меҳрро дида, онро ба худат боз  медиҳанд ва ин меҳрро кӯдакон бо худ мебаранд».

Баҳриддин пайрави Гвардиола

Шогирдонаш устодро чун падарвор гӯш медиҳанду кори ӯро дӯст медоранд. Баҳриддин кӯдакони зиёдеро дар синну соли гуногун машқ медиҳад, ки дар байни шогирдонаш кӯдакони ҳафт ҳаштсола низ ҳастанд. Устод шогирдонашро бо тарзу усули худу тамрине, ки муқаррар шудааст дарс дода, бештар мехоҳад шогирдонашро чун бозингарони хориҷӣ тарбия диҳад. Дӯстдории худи мураббӣ ба мураббии боистеъдоди бошгоҳи ангилисӣ  “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола зиёд асту ба ӯ пайравӣ мекунад ва чун ӯ шогирдонашро тарбия намуда, яке аз усулҳои дӯстдоштааш, ки ин усулро Гвардиола дар “Барселона” созмон дода буд, усули  “тики така” асту шогирдонашро дар ин роҳ тарбия дорад. Бештари бозии шоширдонашро кӯшиш мекунад бо пасҳои кӯтоҳу тези заминӣ ва зиёдтар тӯбро дар ихтиёри худ доштан ва ҳам ҳамдигарфаҳмиро меомӯзонад.

“Ман аз телевизион бештар Гвардиоларо пайгирӣ мекардаму сабку усулаш бароям писанд буд, пасҳои кӯтоҳ, тез ва тӯбро дар ихтиёри хеш доштан. Ҳоло ман ҳам кӯшиш мекунам ва шогирдонамро ба ин усул дарс медиҳам”.

Ҳоло футболбозони ҷавон кам андар каманд, ки ҳамдигарфаҳмии хуб дошта бошанд. Шогирдони ӯ аллакай дар сину соли хурди  мавқеъу ҷойгиршавии худро медонанду бо ҳамон сабке, ки иброз кардем, пасҳои кӯтоҳ додану бо якдигар кор карданро метавонанду мавқеи худро пайдо кардаанд.

Ҳамкорӣ ва ояндасозӣ

Баҳриддин шогирдонро пухта ва барои парвози баланди онҳо ҷой хоҳад ёфт. Ҳамкориҳояш бо дигар бошгоҳҳо зиёд аст. Ва ӯ аллакай шогирдонашро ба зиёд бошгоҳҳо додаасту шаш бозингари ӯ дар Муасисаи ҷумхуриявӣ маҳорати олии варзиши футбол идомаи тамрин доранд.

“Дар муддати ҳашт сол зиёде аз шогирдонро тамрин додему ҳоло шогирдони ман дар чанд ҷой фаъолият доранд. Яке аз онҳо Рабони аст, ки дар тими мунтахаби  ҷавонони футзали кишвар  дар синни 17-18 сола бозӣ мекунад. Баъдан шаш бозингари ман дар “Иршвс 2”  дар чемпианати  байни 14- солаҳо бозӣ мекунанд. Асоси муваффақияти фитболбоз дар зери мураббии хуб тарбия ёфтан аст”.

Натиҷаи кӯшишҳо

Кӯшишу талошҳову ҳадафи гузоштаи худро каме бошад ҳам, ба даст овардаасту тавонистаанд шогирдонаш меҳнатҳои ӯро  қадр карда барояш ҷом оранд. Ӯ ки тӯли ҳашт сол дастаи бачагонаи “Нурафшон”-ро дар ноҳияи Фирдавсӣ тамрин медиҳад, бачагонаш дар чанд мусобиқаҳо иштирок карданд, ки  яке аз мусобиқаҳо таҳти лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” дастааш “Нурафшон” дар соли 2019 кӯдакони  синни нӯҳ сола сазовори ҷойи аввал  гаштаанду  дастаи дувумаш дар синни 11 ҷойи севвумро соҳиб шудаанд, ки ин бахту иқболи мураббист.

Шаҳзоди Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь