Афғонистон — кишвари ҷангзадаи ҳамсоя, ки қисме аз вулусволиҳои он аз ҷониби ҳаракати Толибон ғасб гардидааст, бо низоъҳои моҳҳои охир мавриди гуфтумони гуногун ва ташвишовари зиёиёни тоҷик қарор гирифтааст. Зиёиёни тоҷик назарҳои гуногуни худро пеш меоваранд, ки дар ҳолати ғасб гардидани Ҷумҳурии исломии Афғонистон тоҷикони он кишвар бар чӣ вазъ хоҳанд омад ва ин кишвар дар чандсолаи минбаъда чӣ гуна пешбинӣ мешавад.

Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатмадор ва таҳлилгар мегӯяд, ки “агар Амрико мехост, ки дар Афғонистон пас аз суқути режими Толибон оромӣ, амният барқарор бимонад ва низоми демократӣ ҷорӣ гардад, ҳамон вақт аз ҳукумати вақти ин кишвар, яъне ҳукумати профессор Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимоят мекард. Аммо нахост”.

— Амрико ба сари қудрат гумоштагони худ, аввал Ҳомид Карзай (2004, 2009) ва баъд Ғании паштунро (2014, 2019) аз роҳи тақаллубҳои густурда дар интихоботи раисиҷумҳурӣ ба сари қудрат овард. Дар ин ба ном интихоботҳое, ки баргузор гардида буданд, барандаи воқеӣ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ буд, ки аз тоҷикон намояндагӣ мекард. Оқибатҳои сиёсати нодурусти Амрико ва дигар бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар Афғонистон ва ҳукуматҳои қавмгарои ду даҳсолаи охир ба он овард, ки ҳоло имкони бори дувум ба сари қудрат омадани Толибон вуҷуд дорад,- пешбинӣ дорад Сатторзода.

Дар ҳамин ҳол, равшанфикрон ва сиёсатмадорони дигар нигаронӣ мекунанд, ки ҳаракати мамнуи Толибон ҳукумати Афғонистонро эҳтимолияти гирифтан дорад ва дар ҳоли зери тасарруф даровардани он, ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки “Толибон аввал дар Афғонистон ҳукумату қудрати низомии нав месозанд, сипас ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунанд. Аммо ҷанги шаҳрвандии таҳмилшуда дар Афғонистон эҳтимоли тӯлонӣ дорад…».

Адиби тоҷик Абдуқодир Рустам бошад, дар вазъи ба вуҷуд омада дар Афғонистон дастпарварони Аҳмадшоҳи Масъудро муҷрим меҳисобад. Ӯ мегӯяд: «Магар аз маршал Фаҳим то доктор Абдуллоҳ ва то устод Ато, ки манофеи қавмии тоҷиконро фурӯхтанд ва ё худ иҷоза доданд, ки бифиребандашон, аз наздиктарин шахсиятҳои ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд набуданд? Қаҳрамонӣ на пирӯзӣ дар чанд ҷанги ҷудогона, балки баранда шудан дар муҳорибаи ниҳоӣ аст! Дареғ, ки мо то кунун идеологияи амиқ ва густардаи миллӣ надорем…».

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, забоншинос ва таҳлилгари тоҷик суол мегузорад, ки “агар Толибон Афғонистонро бигирад, чӣ мешавад?”.

Ҷайҳонӣ мегӯяд, ояндаро Худо медонаду бас, вале агар бепарда гумонзанӣ кунем, метавон чунин ояндаеро тасаввур кард: “Толибон пас аз фармонраво шудан бар Афғонистон мухолифонашро ҷисман аз миён мебарад, ки комилан пешбинишаванда аст. Сипас, бо ҳаросафканӣ мардумро водор ба риояти қонунҳои исломии худ мекунад, ки ин корро дар солҳои 1990-ум ҳам карда буд. Ҳамзамон бо ин тоҷикҳоро бо паштунҳо дар шаҳрҳо ҷойгузин мекунад, ки ҳамакнун ҳам даст ба ин кор задааст. Ӯзбеку туркману ҳазора ҳам аз ин ҷойгузинӣ дар амон нахоҳанд буд. Бо ин кор Толибон бофтори қавмии Афғонистонро ба суди паштунҳо тағйир хоҳад дод. Раванди саркӯбу фармонбардор кардани нопаштунҳо то 5 сол замон мебарад. Тоҷикҳо зудтар аз турктаборҳо фармонбардор хоҳанд шуд. Ҳамзамон Толибон ҳам бо даст ёфтан ба шаҳрҳо ва сармояву пулу дигар хостаҳо аз тундравии худ мекоҳад ва ҳукумате ба зоҳир тундраву дар ботин муомилагар чун ҳукумати охундии Эрон ташкил медиҳад. Пас аз 10 сол Афғонистон кишвари яксара паштунӣ ва ором мешавад, агар Худо бихоҳад”.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here