Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро раҳнамои кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии кори соҳа кӯшиш ба харҷ дода, дар шаш моҳи соли 2021 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Дар шаш моҳи соли 2021 дар шаҳри Гулистон нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмуъ (контингент) бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105% иҷро карда шуд, ё худ ба ҷои 126 775 000 сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 133 086120 сомонӣ ворид карда шуд, ки 6 311 120 сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андозҳо бошад (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ), дар шаҳри Гулистон ба ҷои 106 535 000 сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 112 116 783 сомонӣ ворид карда шуд, ки 105,2%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар қисмати Нозироти андоз иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти уҳдадорӣ ва бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 113,1% таъмин карда шуд, ё худ ба ҷои 30 093 801 сомонии нақшаи пешбинишуда 34 051 238 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 3 957 437 сомонӣ зиёд мебошад. Таъмини иҷроиши нақшаи андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар қисмати Нозироти андоз 109,8 %-ро ташкил намуда, ба буҷети давлатӣ ба ҷои 26 571 072 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 29 191 464 сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки ин аз нақша 2 620392 сомонӣ зиёд мебошад.

Ба санаи 01.07.2021 аз рӯи барномаи СМИИА 359 корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо РСБ ба қайд гирифта шудааст. Аз 359 корхонаю ташкилотҳои шаҳр 60 ташкилотҳои буҷетӣ, 179 корхонаи тиҷоратӣ, 18 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 33 корхонаҳои намояндагӣ ва 69 воҳидҳои алоҳида (РСБ) мебошанд.

Андози иҷтимоӣ

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаш моҳи соли 2021 дар шаҳри Гулистон ба ҷои 20 240 000 сомонии нақшаи пешбинишуда 20 961 717 сомонӣ ворид карда шуд, ки 103,6 %-и нақшаро ташкил медиҳад, ё худ аз нақшаи пешбинишуда 721 717 сомонӣ зиёд ворид карда шуд. Дар қисмати Нозироти андоз ба ҷои 3 522 729 сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 4 859 774 сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ворид карда шуд, ки 137,9%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё худ аз ин ҳисоб 1 337 045 сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Бақияи қарзи андоз

Яке аз нишондиҳандаҳои мақомоти андоз — ин кам кардани бақияи қарзи андоз мебошад. Масъалаи қарзи андозҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ барои кам кардани бақияи қарзи андоз, ҳаматарафа омӯхтан ва мавриди муҳокима қарор додан, роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро муайян ва барои амалӣ намудани он қабул намудани қарорҳои дахлдор масъалаи аввалиндараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, дар ин самт як қатор тадбирҳои судманд андешида шудааст.

Маблағи қарзи андозҳо дар қисмати Нозироти андоз ба санаи 01.06.2021 ба 332 152 сомонӣ ва ба санаи 01.01.2021 ба 482846 сомонӣ баробар буда, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи 150694 сомонӣ кам гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки андозҳои ҳисобшударо саривақт ба буҷет пардохт накардаанд, ё ин ки дар санаҳои ҳисоботӣ қарзи андоз доранд, ҳамагӣ 87 огоҳинома барои пардохти 1 812 500 сомонӣ бақияи қарзи андоз ирсол карда шуд. Аз тарафи андозсупорандагони қарздор баъди гирифтани огоҳинома ба маблағи 1 302 000 сомонӣ қарзи андоз пардохт карда шуд.

Барои иҷро накардани талоботи қисми 3, моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ нисбати 62 адад андозсупорандагони қарздор 91 қарор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 6 360 000 сомонӣ қабул карда шуд, ки аз ин 77 қарор пурра иҷро гардида, 6 222 500 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 адад қарор зиёд мебошад. Аз он ҷумла, 27 қарор оид ба боздошти амалиётҳои хароҷотии суратҳисоби бонки андозсупоранда, 54 қарор дар бораи ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупоранда ё дебиторони он ва 9 қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақдии андозсупоранда ва 1 қарор аз ҳисоби ҳабси амвол қабул карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби 20 адад қарорҳои дар соли 2020-ум қабулшуда, ки иҷроиши он ба соли 2021 гузаронида шудааст, ба буҷети давлатӣ 180800 сомонӣ маблағи бақияи қарзи андозҳо ворид карда шуда, иҷроиши 5 қарор ба пуррагӣ таъмин гардидааст.

Таҳлилҳо дар самти татбиқи муқаррароти талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор сохт, ки дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз нисбати 124 андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунии андоз роҳ додаанд, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи 216840,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд ва аз ин 139162,0 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Ин нишондиҳанда дар шаш моҳи соли 2020-ум 121 парвандаи маъмурӣ ва маблағи ҷарима 129721,0 сомониро ташкил дода, 101950,0 сомонӣ ворид гардидааст.

Шахсони ҳуқуқӣ

Дар шаш моҳи соли 2021 андозҳои ҳисобшуда аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бе дарназардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва санадҳои санҷишӣ 18 144 443,0 сомониро ташкил додааст.

Маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ ба санаи 01.06.2021 бе назардошти қарз 4 193 500,0 сомониро ташкил медод. Ин нишондиҳанда ба санаи 01.01.2021 бошад, 2985393,0 сомониро ташкил додааст, ё худ маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ 1 208 107,0 сомонӣ зиёд гардидааст. Бояд қайд кард, ки аз маблағи умумии изофапулиҳои андоз 275850,0 сомониашро ташкилотҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи коргарони кироя мутобиқи ҳисоботҳои шахсони ҳуқуқӣ дар шаш моҳи соли 2020 ҳамагӣ 1894 нафар ва даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 14 827 095,0 сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 222 879,0 сомониро ташкил додааст. Дар шаш моҳи соли 2021 шумораи коргарони шахсони ҳуқуқӣ 2143 нафар, даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 18 332 475,0 сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 293 309,0 сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи коргарон аз шахсони ҳуқуқӣ 249 нафар, даромад дар шакли музди меҳнат 3 505 380,0 сомонӣ ва музди миёнаи моҳона 70 429,6 сомонӣ зиёд гардидааст.

Соҳибкорони инфиродӣ

Мувофиқи ҳисоботҳо шумораи соҳибкорони инфиродии тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба санаи 01.07.2021 ҳамагӣ 200 ададро ташкил дода, дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи соҳибкорони инфиродии тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда тибқи барномаи компютерӣ 1313034 сомонӣ андозҳо пардохт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 210502,0 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 119 %-ро ташкил медиҳад. Маблағи миёнаи пардохти андоз ба як соҳибкор дар як моҳ 1094,20 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 175,4 сомонӣ зиёд шудааст. Бояд қайд кард, ки маблағи миёнаи пардохтшудаи андозҳо аз тарафи соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар давраи ҳисоботӣ ба як соҳибкори воқеан амалкунанда ва ҳисоботдиҳанда 1385,0 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.

Шумораи коргарони кирояи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар шаш моҳи соли гузашта 106 нафар ва музди меҳнати онҳо 447405,0 сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар шаш моҳи соли 2021 шумора 149 нафар ва музди меҳнати онҳо 587274,0 сомониро ташкил додааст. Яъне мутаносибан дар соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи коргарон 43 нафар ва музди меҳнати онҳо ба 139869,0 сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар шаш моҳи соли 2021 андозҳои ҳисобшуда аз тарафи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бе дарназардошти санадҳои санҷишӣ 1166710,0 сомониро ташкил медиҳад.

Маблағи изофа пардохташудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба санаи 01.01.2021 бе назардошти қарз 334826,0 сомониро ташкил медод. Ин нишондиҳанда ба санаи 01.07.2021 бошад, 421117,0 сомониро ташкил додааст, ё худ маблағи изофа пардохташудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 86291,0 сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда 526539,0 сомонӣ андозҳо ба буҷа ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 126778,0 сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағи миёнаи пардохти патент ба як соҳибкор ба як моҳ 156,7 сомонӣ рост меояд, ки аз ҳисоби миёнаи ҳамин давраи соли гузашта 53,0 сомонӣ зиёд гаштааст.

Қарзи патент ба санаи 01.07.2021 маблағи 626400,0 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол аз рӯи барномаи СМИИА “Баҳисобгирии андозҳо” тафсири-3 бе назардошти изофапулӣ ба маблағи 22703,6 сомонӣ кам карда шудааст.

Баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул

Баҳри иҷрои Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №80 аз 08.02.2021 ”Оид ба баҳисобгирии пурраи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” як зумра корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ин замина, Фармоиши Нозироти андоз қабул гардида, дар асоси он гуруҳи корӣ дар ҳайати кормандони мақомоти андоз ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр таъсис дода шудааст. Дар давраи шаш моҳи соли 2021 дар 7475 объектҳои шахсони воқеӣ баҳисобгирӣ гузаронида шуд. Ҳангоми баҳисобгирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ ҳамагӣ 63375 метри мураббаъ масоҳати амволи ғайриманқул ва 45525 метри мураббаъ масоҳати замини шахсони воқеӣ ба таври иловагӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 43000,0 сомонӣ маблағҳои барилова ҳисоб ва 43000,0 ҳазор сомонӣ пардохт гардид. Дар Нозироти андози шаҳри Гулистон ба санаи 01.07.2021 ҳамагӣ 86 адад иҷорадиҳандагони амвол-шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ нисбати 15 шахси воқеӣ, ки дар самти баиҷорадиҳии амвол ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, истеҳсолоти маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 4500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи иҷорадиҳандагони амвол-шахсони воқеӣ ба маблағи 470000,0 сомонӣ андозҳо пардохт гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳисобгирии молу мулки ғайриманқули 66 шахси ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 15200 метри мураббаъ манбаи андозбандӣ ошкор ва 22315 сомонӣ андозҳо иловатан ошкор карда шуд ва 21800 сомонӣ аз тарафи андозсупорандагон пардохт карда шуд.

Дар давраи шаш моҳи соли 2021 дар шаҳри Гулистон 10 адад пост-терминалҳо насб карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 адад зиёд аст.

Санҷишҳо

Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти 28 андозсупоранда санҷишҳои ҳуҷҷатӣ гузаронида, дар натиҷа 80380,0 сомонӣ маблағҳои иловагӣ ошкор шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба як санҷиш 2870,70 сомонӣ рост меояд. Аз ин маблағҳо ба буҷа 80380,0 сомонӣ ворид шудааст, ки 100%-и маблағҳои ҳисобшударо ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз 77 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 1 976714 сомонӣ кам ҳисоб намудани андозро муайян кардааст. Камбудиҳо аз тарафи андозсупорандагон ислоҳ карда шуда, ба маблағи 1 540 917 сомонӣ эъломияи андоз пешниҳод шуда, ба буҷа 1 301 955 сомонӣ ворид гашт. Аз ҳисоби изофапулиҳои андозсупорандагон 176362,0 сомонӣ пӯшонида шуда, ба маблағи 97551,0 сомонӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва тавзеҳот пешниҳод гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 72 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 2 341 263,0 сомонӣ кам ҳисоб намудани андозҳо ошкор карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагон ба маблағи 1 657 790,0 сомонӣ эъломияҳои иловагӣ пешниҳод гардида, 480583,0 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Дар шаш моҳи соли 2021 нисбат ба соли гузашта 5 адад назорати камералӣ зиёд гашта, маблағҳои дар натиҷаи назорати камералӣ пардохтгардида ба маблағи 821372,0 сомонӣ зиёд гардидааст. Дар шаш моҳи соли 2021 маблағи миёнаи барилова ошкоргардида ба ҳар назорати камералӣ 25672,0 сомониро ташкил медиҳад.

Муоинаҳои хронометражи гузаронидашуда дар фаъолияти 16 андозсупоранда муайян кард, ки даромади онҳо дар маҷмуъ 439809,0 сомониро дар як моҳ ташкил дода, нисбати ҳисоботҳои пешниҳодшуда 244535,0 сомонӣ зиёд аст. Яъне даромади умумии андозсупорандагони таҳти муоинаи хронометражӣ қарордодашуда нисбат ба давраи то муоинаи хронометражӣ 55,6% зиёд карда шуд.

Дар давраи шаш моҳи соли 2020 ҳамагӣ 3 муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст ва даромади моҳонаи андозсупорандагони таҳти муоинаи хронометражӣ қарордодашуда ба маблағи 86320,0 сомонӣ зиёд карда шуда, 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 6960,0 сомонӣ тартиб дода шудааст. Яъне дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 муоинаи хронометражӣ, 56308,0 сомонӣ даромади умумии моҳона, 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 11600,0 сомонӣ маблағи ҷарима зиёд гардидааст.

Санадҳои муқоисавӣ

Бо мақсади муайян намудани уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон дар шаш моҳи соли 2021 бо 567 андозсупорандагон, аз ҷумла бо 248 шахсони ҳуқуқӣ (70%), 98 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда( 47,5%) ва 221 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда (40,1%) санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуд.

 

Корҳои тавзеҳотӣ

Дар давраи ҳисоботӣ 19 маротиба бо андозсупорандагон семинар-машваратҳо баргузор гардид ва дар ин семинар- машваратҳо 646 нафар андозсупорандагон иштирок намуданд. Инчунин, як мақола бо номи “Пешниҳоди эъломия аз даромад талаботи қонун аст” санаи 03.03.2021 дар рӯзномаи “Соҳил” чоп карда шуд.

Семинарҳо дар мавзуи тағйиротҳои қонунгузории андоз, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 31.08.2012 ва тағйиротҳо ба он, оид ба пардохти андоз аз амволи молу мулк ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз оид ба гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул, гузаштан ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳо гузаронида шуданд.

— Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шуд. Кормандони нозироти андоз дар оянда низ барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро мегузоранд. Дар ин фурсати муносиб ҳамватанони азизро бо ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям! Истиқлолияти кишвар поянда бод!,- зикр намуд бо сухани муборакбодӣ сардори Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон муҳтарам Оқилҷон Шодиев.

Бахтиёр АЛИМОВ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here