Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд.

Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Б. Ғафуров дар шашмоҳаи аввали соли 2021 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Салимзода Комил суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Б. Ғафуров Салимзода Комил изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ноҳияи Б. Ғафуров нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,9 % иҷро карда шуд, ё худ ба ҷои 179636,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 188477,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 8841,0 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андозҳо бошад (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ), дар ноҳияи Б. Ғафуров ба ҷои 150948,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 155340,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 102,9%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар қисмати Нозироти андоз, иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,8% таъмин карда шуд, ё худ ба ҷои 110677,1 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 114841,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 4164,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Таъмини иҷроиши нақшаи андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар қисмати Нозироти андоз 101,0%-ро ташкил намуда, ба буҷети давлатӣ ба ҷои 88256,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 89130,9 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки ин аз нақша 874,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Нозироти андоз ба санаи 01.07. 2021-ум 1267 корхонаю ташкилотҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 217 адад корхонаю ташкилотҳои сектори давлатӣ, ки аз он 201 корхонаҳои буҷавӣ ва 16 корхонаву ташкилотҳои худмаблағгузор мебошанд. Ҳамчунин, 1565 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 6604 хоҷагии деҳқонӣ, 4988 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳамагӣ 25 шахси ҳуқуқӣ ва 87 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, хоҷагии деҳқонӣ 104 ва 568 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Андози иҷтимоӣ

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ноҳияи Б. Ғафуров ба ҷои 28688,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 32222,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 112,3%-и нақшаро ташкил медиҳад, ё худ аз нақшаи пешбинишуда 3534,9 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст. Дар қисмати Нозироти андоз ба ҷои 22420,2 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 26833,6 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ворид карда шуд, ки 119,68%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё худ нисбати нақшаи пешбиникардашуда 4413,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шахсони ҳуқуқӣ

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 андозҳои ҳисобшуда аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бе дарназардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва санадҳои санҷишӣ 75672,1 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи аввали соли гузашта 68856,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта андозҳои ҳисобшуда 6815,0 ҳазор сомонӣ, ё худ 9,1% зиёд гардидааст.

Маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ ба санаи 01.01.2021 бе назардошти қарз 14330,0 ҳазор сомониро ташкил медод. Ин нишондиҳанда ба санаи 01.06.2021 бошад, 18562,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ё худ маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ 4232,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Шумораи коргарони кироя мутобиқи ҳисоботҳои шахсони ҳуқуқӣ дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳамагӣ 20435 нафар ва даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 121175,3 ҳазор сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 817,8 хазор сомониро ташкил додааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 шумораи коргарони шахсони ҳуқуқӣ 19655 нафар, даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 103460,1 ҳазор сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 712,4 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи коргарон дар шахсони ҳуқуқӣ 780 нафар, даромад дар шакли музди меҳнат 17715,1 ҳазор сомонӣ ва музди миёнаи моҳона 100,4 сомонӣ зиёд гардидааст.

Соҳибкорони инфиродӣ

Мувофиқи ҳисоботҳо шумораи умумии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба санаи 01.07.2021 сол 8169 ададро ташкил намуда, аз ин шумора соҳибкорони инфиродӣ 1565 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 6604 ададро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ 20038,1 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 7238,7 ҳазор сомонӣ ё худ 63,8 % зиёд мебошад. Яъне дар шашмоҳаи якуми соли 2020-ум 12799,4 ҳазор сомонӣ андозҳо ворид шудааст.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 маблағҳои ҳисобшуда 15238,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 2295,1 ҳазор сомонӣ ё худ 15,0% зиёд мебошад.

Шумораи коргарони кирояи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар шашмоҳаи аввали соли гузашта 11560 нафар ва музди меҳнати онҳо 13816,3 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи якуми соли 2021-ум шумора 13438 нафар ва музди меҳнати онҳо 18623,6 ҳазор сомониро ташкил додааст. Яъне мутаносибан дар шашмоҳаи аввали соли 2021 нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи коргарон 1878 нафар ва фонди музди меҳнати онҳо 4807,3 сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар моҳи июни соли 2021 аз 1565 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 1038 нафар андозсупоранда эъломияҳои андозро пешниҳод намудаанд, ки 66%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Б. Ғафуров Салимзода Комил дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба санаи 01.07.2021 сол 4988 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 303 (4683) адад зиёд шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда 8639,1 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷа ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2696,3 ҳазор сомонӣ (5942,8) зиёд буда, суръати афзоиш 145,4%-ро ташкил медиҳад. Маблағи миёнаи пардохти патент ба як соҳибкор ба як моҳ 288,7 сомонӣ рост меояд, ки аз ҳисоби миёнаи ҳамин давраи соли гузашта 77,2 сомонӣ (211,5) зиёд гаштааст.

Яке аз муаммоҳои мубрами рӯз ин мавҷуд будани бақияи қарзи патент мебошад. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ба суроғаи андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда 6696 адад огоҳинома тариқи почта, рафтан ба суроғаи истиқоматӣ ва маҳали фаъолият равон карда шудааст.

Қарзи патент ба санаи 01.07.2021 маблағи 3256,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол аз рӯи барномаи СИА “Баҳисобгирии андозҳо” тафсири 3 бе назардошти изофапулӣ ба маблағи 480,8 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки баҳри иҷрои Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №80 аз 02.02.2021 “Оид ба азнавбаҳисобгирии пурраи объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” як катор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ин замина, Фармоиши Нозироти андоз қабул гардида, дар асоси он гуруҳи корӣ дар ҳайати кормандони мақомоти андоз ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр таъсис дода шудааст. Дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2021 дар 22479 объектҳои шахсони воқеӣ баҳисобгирӣ гузаронида шуд. Ҳангоми баҳисобгирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ ҳамагӣ 355,3 метри мураббаъ масоҳати амволи ғайриманқул ва 138,9 метри мураббаъ масоҳати замини шахсони воқеӣ ба таври иловагӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 1172,0 ҳазор сомонӣ маблағҳои барилова ҳисоб ва 1018,0 ҳазор сомонӣ пардохт гардид. Дар Нозироти андози ноҳияи Б. Ғафуров ба санаи 01.07.2021 ҳамагӣ 768 адад иҷорадиҳандагони амвол — шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи иҷорадиҳандагони амвол — шахсони воқеӣ ба маблағи 1560,0 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳисобгирии молу мулки ғайриманқули 12 шахси ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 25621 метри мураббаъ манбаи андозбандӣ ошкор ва 208,5 ҳазор сомонӣ андозҳо иловатан ошкор карда шуд ва 194,5 ҳазор сомонӣ аз тарафи андозсупорандагон пардохт карда шуд.

Санҷишҳо

Сардори Нозироти андоз илова намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти 12 андозсупоранда санҷишҳои ҳуҷҷатӣ гузаронида, дар натиҷа 140,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ошкор шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба як санҷиш 11,7 ҳазор сомонӣ рост меояд. Аз ин маблағҳо ба буҷа 140,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 100%-и маблағҳои ҳисобшударо ташкил медиҳад.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи кормандони Нозироти андоз 378 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 10832,8 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб намудани андозро муайян кардааст. Камбудиҳо аз тарафи андозсупорандагон ислоҳ карда шуда, ба маблағи 6063,9 ҳазор сомонӣ эъломияи андоз пешниҳод шуда, ба буҷа 5565,0 ҳазор сомонӣ ворид гашт. Аз ҳисоби изофапулиҳои андозсупорандагон 208,6 ҳазор сомонӣ пӯшонида шуда, ба маблағи 1189,0 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва тавзеҳот пешниҳод гардидааст. Инчунин, нисбати 5 андозсупоранда бо назардошти фоизу ҷаримаҳо қарор қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамон давраи соли гузашта 5 адад зиёд мебошад. Ҳамин давраи соли гузашта 278 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 3746,3 сомонӣ кам намудани андозҳо ошкор карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагон ба маблағи 3320,0 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ пешниҳод гардида, 2671,0 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад назорати камералӣ зиёд гашта, маблағҳои барилова ошкоргардида 7086,0 ҳазор сомонӣ, эъломия пешниҳодгардида 2743,0 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои дар натиҷаи назорати камералӣ пардохтгардида ба 2894,0 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 маблағи миёнаи барилова ошкоргардида ба ҳар назорати камералӣ 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи аввали соли гузашта ба ҳар назорати камералӣ 13,0 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Муоинаҳои хронометражии гузаронидашуда дар фаъолияти 52 андозсупоранда муайян кард, ки даромади онҳо пеш аз гузаронидани хронометраж дар маҷмуъ 1132,6 ҳазор сомониро дар як моҳ ташкил дода, баъди гузаронидани хронометраж даромади умумӣ дар як моҳ 1776,4 ҳазор сомониро ташкил дода, фарқият 643,8 ҳазор сомониро ташкил дод.

Салимзода илова намуд, ки инчунин, бо моддаи 614 КХҶТ ба маблағи 110,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, пурра ба буҷет рӯёнида шудааст. Дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 14 муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст ва даромади моҳонаи андозсупорандагони таҳти муоинаи хронометражӣ қарор додашуда ба маблағи 219,8 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, 13 нафар коргарони кироя бе шартномаи меҳнатӣ ошкор ва 14 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 34,8 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Корҳои тавзеҳотӣ

Дар давраи ҳисоботӣ 12 маротиба бо андозсупорандагон семинар-машваратҳо баргузор гардид ва дар ин семинар-машваратҳо 341 нафар андозсупорандагон иштирок намуданд.

Семинарҳо дар мавзуи тағйиротҳои қонунгузори андоз, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 31.08.2012 ва тағйиротҳо ба он, оид ба пардохти андоз аз амволи молу мулк ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз оид ба гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул гузаронида шуданд.

Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шуд.

Ҳамчунин, тавассути телевизионҳои маҳаллӣ 2 барнома ва тавассути радио 2 маротиба гузоришҳо, эълонҳо оид ба пардохти андоз аз молу мулк ва андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ пахш карда шуд.

— Кормандони нозироти андоз дар оянда низ барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро мегузоранд,- афзуд Салимзода.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here