Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 39 муассисаи таълимӣ ва 2 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст. Сохтмони ин муассисаҳо бо харҷи миллионҳо сомонӣ ба итмом расида, дар анҷоми он бар иловаи буҷа, саҳми соҳибкорону сокинон ва созмону муассисаҳои молии байналмилалӣ ҳам назаррас мебошад.

Дар рӯзҳои таҷлили 5500-солагии бостоншаҳри Саразм бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ин ҷашнвора бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шумораи 72-и шаҳраки Саразм мавриди истифода қарор гирифт. Он барои 640 хонанда дар назар гирифта шудааст. Мактаби мазкур бо маблағгузории ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки аз корхонаҳои азими истихроҷи тилло дар кишвар ба ҳисоб меравад, бунёд шудааст. Зимнан, 15 сол муқаддам, вақте ин шаҳрак барои сокинони аз офати табиӣ зиёндидаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бунёд мешуд, Президенти мамлакат бинои собиқи онро бо 260 ҷойи нишаст ифтитоҳ кард. Он аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардида буд. Кӯдакистони намунавии шаҳри Панҷакент низ, ки “Наврӯз” ном гирифтааст, соли 2018 бо сармояи ин корхона сохта шудааст. Ҳоло бо маблағгузории КМ “Зарафшон” барои хонандагони МТМУ №47-и шаҳр сохтмони мактаби нав идома дорад.

Ин муқаддима танҳо як мисоле аст, ки собит менамояд: маблағгузории соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент танҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нест. Аз буҷети маҳаллӣ барои пардохти маоши омӯзгорон ва хароҷоту пардохтҳои ҷорӣ ҳамасола маблағ ҷудо мешавад. Таъмини рушди соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди биноҳо ва синфхонаҳои нав аз буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, шарикони рушд, корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешавад. Тавре дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, тӯли танҳо ҳафт соли охир бо ҷалби сармоя аз манбаъҳои гуногун дар мамлакат 1144 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сифхонаҳои иловагӣ ва 135 муассисаи томактабӣ бо 160 ҳазор ҷойи нишаст, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон бунёд карда шудаанд.

Коршиноси соҳаи маориф Бобоҷон Сарваров мегӯяд, бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 29 соли истиқлоли кишвар дар Панҷакент 39 муассисаи таълимии дорои 389 синфхона ва 9829 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 300 кӯдак сохта шудаанд, ки барои онҳо миллионҳо сомонӣ масраф шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳама бештар дар бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳо дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр саҳм гузоштааст. Маблағҳои барои ин масрафшуда на ба истилоҳ аз “сектори 04”, ки дар хазинадории раёсати молия барои маблағгузории соҳаи маориф пешбинӣ шудааст, балки аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои барои сохтмони асосӣ ҷудошуда мебошанд. Ҳамчунин дар ин солҳо бо маблағгузории аҳолӣ, сафоратхонаи Ҷопон, Фонди глобалӣ, Фонди рушди Арабистони Саудӣ, Фонди католикӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КМ “Зарафшон”, созмони “Наҷоти кӯдакон”, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳо биноҳои нав ва синфхонаҳо бунёд шудаанд. Дар ин муддат бо ҷалби сармояи КМ “Зарафшон” ва ширкати кишоварзии “Хуросон” 2 муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак сохта шудааст. Зимнан, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа амалан бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.

Ҳарчанд дарёфти ҳаҷми пурраи маблағгузорӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳо аз манбаъҳои расмӣ бо сабабҳои гуногун даст надод, тавре дар идораи шаҳрсозӣ ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент гуфтанд, танҳо барои бунёди мактабҳо дар ҷамоати деҳоти Шинг 9,5 миллион сомонӣ, мактаб дар деҳаи Рукнобод 1,2 миллион, мактаб дар чамоати деҳоти Хурмӣ 2,8, деҳаи Хурмӣ 3,8 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногун масраф шудааст.

Дар ин баробар, ҳоло 14 мактаб ба таъмирӣ асосӣ ниёз дошта, 2 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, сохтмони 6 мактаб нотамом мебошад. Ҳанӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот дар ду баст фаъолият менамоянд. Гузашта аз ин, таносуби шумораи қабул ба синфи якум нисбат ба хатмкунандагони мактаб бештар аст. Яъне, бунёди бино ва синфхонаҳои нав аз вазифаҳоест, ки таваҷҷуҳи пайвастаро тақозо мекунад.

Маблағгузорӣ барои соҳаи маориф танҳо бо бунёди бино ва синфхонаҳои нав ба анҷом намерасад. Он аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногун низ сурат мегирад. Ҳоло дар соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент лоиҳаи дастгирии занону кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби ташкилоти хайриявии байналмилалии “Миссияи Шарқ” бо фарогирии 154, Маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 126 кӯдак фаъолият мебарад. Ҳамчунин бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар назди 16 муассисаи таълимӣ бо ҷалби 516 кӯдак марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд. Лоиҳаи дигар, ки тибқи он дар 68 муассисаи таълимӣ 13410 хонандаи зинаи аввали таҳсил бо хӯроки гарм таъмин мешаванд, аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ маблағгузорӣ мегардад.

Аз ин нигоҳ, маблағгузории соҳаи маориф танҳо аз маблағҳои буҷет иборат нест. Ҳукумати мамлакат дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳо ва институтҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди ин соҳаи калидӣ ва ояндасоз пайваста талош мекунад. Инро омӯзиши масъалаи дар ин матлаб баёншуда бори дигар собит намуд.

Б. ОДИНАЗОДА,

Х. ФОЗИЛ

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмилалии Бритониёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь