Зери панҷ сомонии роҳкирои мусофирон чӣ қадар заҳмати роҳиоҳанчиён нуҳуфтааст?

Дар қатораи самти Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода ҳамкасбамон, корманди Кумитаи телевизион ва радио Муродулло Раҳимовро вохӯрдем. Маълум шуд, ки он кас дар қаторасаворӣ “ветеран” ҳастанд, чун ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ, аз соли 1996 аз хизматрасонии қатора истифода мекарданду ҳоло ҳам мекунанд. Аз ин хотир, дар бораи махсусиятҳои қатора ва истифода аз он бошавқ нақл менамоянд:

— Як бартарии қатора ин аст, ки ҳаргиз аз вақти муайяншуда дер намемонад ва дар соати муқарраршуда ба роҳ мебарояду дар вақти муайяншуда ба нуқтаи охирин мерасад. Дар ин ҷо ҳамчунин аз меъёр бештар бор кардани одамон ва талотуми мисли автуобусу микроавтобусҳоро намебинед. Тайи ин қадар “собиқаи қаторасавориам” реҷаи ман мушаххас аст: соати 05: 40 аз хона мебароям ва соати 07:20 ба утоқи корӣ ворид мешавам. Тӯли ин солҳо ёд надорам, ки пас аз соати  08:00 ба ҷои кор расида бошам. Аз соли 2016 хизматрасониҳо дар хатсайр хубтар шудааст, аз ҷумла дохили қатора дар фасли сармо бо гармӣ таъмин аст. Муоширати роҳбаладон ҳам хуб аст. Ман метавонам номи чандеашро ин ҷо зикр намоям: Сафар, Зоҳир, Хуршед, Рустам, Ҳабибулло, Фаёз, Некрӯз, Сайфулло, Зуҳуриддин, ки байни мусофирон соҳибэҳтироманд.

Шавқу завқи суҳбати Муродуллоро дида, Замира Нуриддинова, ки дар паҳлуямон менишаст, ба суҳбат ҳамроҳ шуд. Маълум шуд, ки ӯ муаллимаи фанни физикаи мактаби №31-и шаҳри Душанбе будааст: “Баръакси акаи Муродулло, ман собиқаи тӯлонии қаторасаворӣ надорам. Нав донишгоҳро хатм кардам. Инак як сол шуд, ки аз хизматрасонии қатора истифода мебарам. Аслан ба ин намуди нақлиёт маро ҳамсояамон, ки роҳбалади қатора аст, ҷалб намуд. Маслиҳат дод, ки “чун коргари ҷавонӣ, шояд маоши баланд надорӣ. Пас бо истифода аз қатора аз ҳисоби роҳкиро хеле пулро захира кардан мумкин аст”. Ба тавсияаш гӯш кардам ва ҳоло пушаймон нестам, балки ба он кас ташаккур мегӯям. Бо қатора рафтуомад ҳамагӣ 6 сомонӣ барои роҳкиро харҷ мекунам, ки чандин бор арзонам меафтад”.

Хеле аз ҳамсуҳбатҳои мо дар бораи сифатҳои неки роҳбаладон ҳарф мезаданд. Аммо вижагии кори онҳоро беҳтару бештар аз худашон касе намедонад. “ Моро баъзан одамони “гизала” мегӯянд. Дар асл, мо фақат риояи тартиботро аз мусофирон талаб менамоем. Дар натиҷа самимияту садоқати мо дар пеши онҳо камтар намоён мешавад”,- бо табассум мегӯяд Хуршед Давлатов, роҳбалади қатораи самти Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода ва меафзояд:

— Тибқи реҷа як роҳбалад 5 рӯз кор мекунад ва 10 рӯз истироҳат дорад. Як муддат аз кори дӯстдоштаам бо сабабҳое канор рафтам, аммо дурӣ аз он дер давом накард. Баргаштам. Зеро меҳри касби роҳбаладиро аз хурдӣ дар дил мепарваридам. Ҳанӯз хеле хурд будам, ки бо дӯстонамон барои дидани қатора истгоҳи «Душанбе» меомадем. Тангаро дар роҳ мепартофтем ва интизор мешудем, ки кай қатора болояш мегузараду ранги он чӣ гуна тағйир меёбад?,- бо ханда ба ёд меорад ӯ.

Орзуҳои кӯдакӣ Хуршедро ба касби дӯстдоштааш расонд ва чун мутахассиси касбӣ мавқеъ дод.

Пас аз нақли Хуршеду мусофирон мароқи мо ба қатора бештар шуд ва ба ҳама ҷузъиёт таваҷҷуҳ мекардем. Дидем, ки қатора мизҳои хеле калон ва муллоим дорад. Вокзали «Душанбе» ҳам хеле ором ба назар мерасид ва гирду атрофаш тозаву мумфарш, ҳамчунин гулкорӣ шудааст. Телевизорҳои калонҳаҷм аз 4 тараф гузошта шудаву барномаҳои гуногунро нишон медиҳанд. Яке самти қатораҳоро наззора дошту дувумӣ аз хабарҳои дохилу хориҷи кишвар огоҳӣ пайдо менамуд.

Барои баъзеҳо вокзал ҷойи дидору барои қисме макони хайрухуш аст. Кормандони қатораро зуд мешиносӣ, зеро бо либоси кории монанд ба кормандони ҳарбӣ дар сафи пеш меистанд. Мусофиронро роҳбаладиву роҳнамоӣ мекунанд. То ба ҳаракат даромадани қатора. Дар дохили қатора баландгӯяк фаъол буда, мусофиронро аз ҳолатҳои зуду дур бохабар месозанд.

Муродулло Раҳимов, ки акнун мо ӯро “мусофири касбӣ” мегуфтем, бардоштҳои худро аз дирӯзу имрӯзи қатора нақл мекунад ва мегӯяд тафовут аз замин то осмон аст, агар ҳатто бо замони шӯравӣ муқоиса намоем. Ҳоло ки рушди техникаву технология аст, баъзе қатораҳо аллакай бо таҳҷизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Воқеан, фаъолияти қатораву роҳи оҳан аз замони фаъол шуданаш ҳеҷ гоҳ ист накардааст. Танҳо замони буҳрони КОВИД-19 фаъолияти ин намуди нақлиёт каме суст шуд. Тамоми дунё ҳамин ҳолатро дошт.

Муродулло мегӯяд, ки роҳи оҳани «Душанбе-Турсунзода» аз воситаҳои муҳими нақлиётии минтақа ба ҳисоб меравад.

— Чаро муҳим?,- савол мегузорем мо.

— Ба андешаи банда, аввалан маҳз тавассути ҳамин хатсайри роҳи оҳан барзгарон маҳсулоти ғизоии истеҳсол намудаашонро вориди бозори истеъмолӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақш мегузоранд. Баъдан, беш аз 75-80 фисади донишҷӯёни шаҳру навоҳии Ҳисору Шаҳринав, Турсунзода ва қисман ноҳияи Рӯдакӣ аз қатораи байнишаҳрии «Душанбе-Регар» истифода мекунанд. Зимнан, бисёр хуб мешуд, ки КВД «Роҳи оҳан» барои ҳаракати рӯзонаи қатораи хатсайри мазкур мусоидат кунад,- гуфт ӯ.

Дар ҳақиқат, аз рӯи нақли калонсолон, замони шӯравӣ ҳаракати ин қатора ду маротиба дар як рӯз сурат мегирифт. Сабабҳои гуногун дорад. Масалан, ба наздикӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҷот дар манотиқи Рӯдакиву Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода пухта мерасанд. Аз ҳамин ҳисоб ҳам марди деҳқон манфиат мебардорад, ҳам мардуми миллионнафараи пойтахт, ки бо меваву сабзавоти табиӣ ва арзон таъмин мешаванд.

Як нуктаи дигар. Аз қатораи мазкур намояндагонии кишварҳои гуногун истифода мебаранд. Инҳо аз коргари одии роҳи оҳан сар карда то ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ҳастанд…

Сайругашти мо дар дохили қатора то наздикии кабинаи машинистҳо расид. Машинист Рустам Файзиев аслан туркмантабор аст, вале бо тоҷикӣ хеле хуб суҳбат мекунад. Тартиби кории худро бошавқ нақл намуд:

— Субҳи содиқ, пеш аз оғози кор аз ташхиси духтур мегузарем. Ин дар назари аввал чунин менамояд, ки кори машинист хеле осон аст, аммо дар асл он корест мушкилу пурмасъулият. Зеро ҷони ҷуброннопазири 200 нафарро дар 2 соат ба уҳда дорӣ. Ман 30 сол собиқаи корӣ дорам, нафаре, ки ин ҷо мешинад,ҳамаи электросхема ва системаи қатораро бояд хуб донад. Ва ҳамчунин, иттилои хубу дақиқро бояд дар сар дошта бошад,- мегӯяд ӯ.

Дар ин ҳолат дар сари ман як андеша мечархид, чӣ гуна зудтар ба дохили кабина ворид шавам ва бубинам тартиби ин кори мушкилу осон чӣ гуна аст. Ҳоло ин ҳамаро мебинам. Акаи Рустам пеш аз ҳаракат ҳамаро тафтиш мекунад ва мутмаин мешавад, ки ягон мушкили техникӣ нест. Акнун ба роҳ мебароем ва ӯ нақлашро давом медиҳад:

— Дар кори мо мушкилоти зиёди сунъӣ пеш меоянд. Масалан, баъзе кӯдакон бо велосипед кӯшиш мекунанд дар роҳи қатора бозӣ кунанд, ки хеле хатарнок аст. Зиёд тормоз мекунам ва барои ин ба роҳбарият рапорт менависам. Барои сари чанбари қатора нишастан санҷиши духтур аз ҳамин нигоҳ муҳим аст, чун бояд ҳамкасбони мо асаби мустаҳкам дошта бошанд.

Дар ҳамин мавқеъ аз акаи Рустам аз маошаш мепурсам, ки соҳиби ин қадар касби душвор чанд пул моҳона мегирад?

— Ҳатто замони аввали донишҷӯиамон маоши хуб мегирифтем, баъдан бояд ёрдамчии машинист бошӣ ва он ҳам вобаста аст аз дараҷаи корӣ,- посух дод ӯ.

Ёрдамчии ӯ дар замони суҳбати мо барои ифтор хӯрок омода мекард. Аз кабина берун баромадам. Мотори тепловозро медидам, ки оҳанҳояш хеле гарму тафсонанд. Ин баёнгари заҳмати онҳоест, ки мусофиронро арзону осон ба макони мушаххас мерасонанд. Аҳсан ба онҳо!

Гулнозам хеле хурсанд буд, ки қатораро дидааст, зеро орзу мекард, ки боре ба он шинад ва ҳатто замони ба макон расидан аз он баромадан намехост.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here