Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар давраҳои вазнинтарин ба мардуми минтақаи Кӯлоб ва ҳатто вилоят ва ҷумҳурӣ хизмати худро расонидааст. Бахусус дар давраи ҷанги бародаркуш, ки минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва ҳама роҳҳо ба ҷуз роҳи ҳавоӣ баста буданд. Масалан, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон он замон тариқи ҳавопаймо барои мардуми собиқ вилояти Кӯлоб чанд карат орд ҳамчун кумак оварда шуда буд.

Адолат Раҳмонова, зани сиёсатмадори даврони худ ва вакили парлумону иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар як суҳбаташ ишора карда буд:

— Модоме, ки вилояти Кӯлоб дар муҳосира буду дар вилояти Қӯрғонтеппа даргириҳо мерафт, чи тавр вакилон амн ба Хуҷанд рафта расиданд, кӣ ба ин кафил шуд, магар мушкил набуд? Албатта осон набуд, ки ҳама розӣ шаванду яку якбора ба вилояти Суғд раванд. Ягон тайёра ба пойтахти ватанамон парвоз намекард, наметавонистем омадаву рафта, ягон маҳсулот намерафт ба он ҷо аз маркази кишвар. Дар ана ҳамин вазъияти вазнин вакилони мардумӣ розӣ шуданд ба вилояти Суғд раванд. Дар чархболҳое, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Кӯлоб орд меоварданд, мо як гуруҳи вакилон ба ҳамон чархболҳои боркаши ордоварда дар фурудгоҳи Кӯлоб савор шуда, ба шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвоз кардем. Тасаввур кунед, ки чархболҳое, ки халтаҳои орд оварда буданду пури орд ва ҷои нишасташ кам буд, мо депутатҳои вилояти Кӯлоб ва вилояти Қӯрғонтеппа якҷоя ба шаҳри Тирмиз парвоз карда, баъдан ба вилояти Суғд рафтем.

Назирмад Раҷабов — фармакологи шинохта, собиқ сардори аптекуправленияи вилояти Кӯлоб мегӯяд, ки «моҳҳои июл-августи соли 1992 буд. Бо сабаби дар муҳосираи иқтисодӣ афтодани вилояти Кӯлоб он солҳо вазъияти таъминоти доруворӣ дар вилоят бад шуда буд. Ҳамчунин, мардуми минтақа ба ин ҳама мушкилиҳои нарасидани ғизо ва доруворӣ нигоҳ накарда, боз сокинони бисёри ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва каму беш ноҳияи Восеъ бо сабаби истеъмоли гандумҳои заҳролудшуда аз алафи махсуси ношуста ба бемории гелиотроп гирифтор шуда буданд. Барои табобат кардани ин беморӣ дору лозим буд, ки заҳрро аз бадан шуста бибарад. Ман ба сардори аптекуправленияи ҶТ Махсум Маҳмадшоев, ки роҳбари ман буд, телефонӣ фаҳмонидам, ки гирифторони беморӣ аз 1000 нафар ҳам зиёд аст. Вай ба ман гуфт, ки «роҳ набошад, чӣ кор кунам?». Ҳамчунин, илова кард, ки «роҳашро биёб, ман ба шумо дору таъмин кунам. Самолёт ташкил карда метавонӣ?». Ман гуфтам, ки метавонам… Ҳамин тавр аз фурудгоҳи Кӯлоб ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе бемор мебурданд ва дар он ҷо эълон намекарданд, ки аз Кӯлоб самолёт омада фаромадааст. Дар ҳамин самолёт ман доимо ду коргарамро мефиристодам. Аз он ҷо аз базаи ҷумҳуриявии доруворӣ Маҳмадшоев ба воситаи мошинҳои «медтовар» навиштагӣ дору бурда дар фурудгоҳ дар паҳлуи самолёт меистоданд ва дорувориро ба самолёт бор мекарданд. На сарнишини самолёти АН 2 мефаромад аз самолёт, на кормандони мо, ки нафаҳманд ҳамин чизро. Бо ҳамин роҳ 10-12 рейс дору овардем, каме таъмини доруворӣ дар вилоят беҳ шуд. Ростӣ ин ҷо як нафар ҳавонавардбачаи суғдӣ Шавқат Раҷабов бисёр хизмати нағз кард, ки ҳамон вақт ҷавони 24-25-сола буд. Ҳамон кас доим парвоз мекард. Шералӣ — нафари коргари ман баъди омадан ба ман гуфт, ки «акаи Назирмад, ман лётчикро нагуфтам, ки борамон вазнин, ҳавопаймо вақти аз Душанбе ба Кӯлоб парвоз кардан бо мушкилӣ омад. Ба пастхамиҳо парвоз мекард, ки ба куҳҳо нарасад»».

Ин ду лаҳзаи хотироти нафарони шинохта ва шоҳидонест, ки маҳз ҳолатҳои вазнин барои мардуми минтақаи Кӯлобро дар суҳбатҳо бо банда барои матбуот қайд карда буданд. Метавон ин чизро қатрае аз баҳри хизматҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб номид.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба роҳ монд.

Натиҷаҳои иҷрошавии барномаи истеҳсолӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар давраи ҳисоботӣ бо нишондиҳандаҳои зерин ифода меёбанд: Музди меҳнати миёнаи кормандони ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2021 як ҳазору чорсаду ҳафтоду нуҳ сомониро ташкил дод. Шумораи кормандон дар ин давра 220 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 35 нафарашонро занон ташкил мекунанд.

Шуъбаи кадрҳо дар пеш нақша дорад, ки мутахассисони хуби соҳа ва донандаи забонҳои хориҷиро ба кор қабул намояд. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 56 812 нафар мусофир (дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 25 675 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 221,3 % ё 31 137 нафар мусофир зиёд мебошад, аз он ҷумла:

Ширкати ҳавопаймоии Уралские авиалинии, шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 46281 нафар, шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 25675 нафар, Ширкати ҳавопаймоии Сибир; шумораи мусофирон дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 10531 нафар.

Миқдори умумии бағоҷи аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб қабулгардида ва интиқолдодашуда дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 722,3 тоннаро ташкил дод (дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 374,0 тонна), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2020-ум 207,4% ё 348,3 тонна зиёд.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар нимсолаи аввали соли 2021:

— Рейсҳои чартерӣ — 310 адад (дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 97 адад), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2020-ум 319,6% ё 213 рейс зиёд.

Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 22 ададро ташкил дод. Аз онҳо бинобар сабаби боду ҳаво 1 хатсайр, дер омадани ҳавопаймо 20 хатсайр ва қатъ кардани парвоз 1 хатсайр. Бюрои рухсатномадиҳии ХБА бошад, дар ин муҳлат 186 рухсатномаҳо навишта ва иваз намудаанд.

Гуруҳи муоинаи ХБА ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон ва назорати махсус 27 нафар мусофиронеро, ки мехостанд бо худ ашёҳо ва моддаҳоеро, ки бурдани онҳо ба ҳавопаймо манъ аст, бубаранд, ошкор намуданд. Ашёҳои тезу буранда 21 адад, 15 литр равған, моддаҳои заҳролудкунандаи зидди ҳашарот 340 гр ошкор карда шуда, мусодира ва ба хешу таборони мусофирон баргардонида шудаанд.

Оиди тайёрӣ ба мавсими баҳору тобистон ҳамаи воситаҳо ва олотҳои техникии Хадамоти Бехатарии Авиатсионӣ (ХБА) аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои фурудгоҳи Кӯлоб хадамоту шуъбаҳои фурудгоҳ нақшаҳои дохилии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи баҳору тобистони соли 2021 омода сохтанд.

Мувофиқи нақшаҳои дохилии хадамоту шуъбаҳои корхона дар давраи баҳору тобистони соли 2021 корҳои зерин анҷом дода шуданд:

— гузаронидани машваратҳои дастурдиҳӣ — методӣ бо ҳайати шахсии хадамоту шуъбаҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» оид ба тайёрӣ ба давраи баҳору тобистони соли 2021;

— омодасозии ҳамаи воситаҳои нақлиёт ба кор дар давраи баҳору тобистон;

— тайёр кардани техникаи махсус барои даравидан ва аз аэродром берун баровардани алаф;

— тайёр кардани воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ (рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷӯӣ, камераҳо ва ғайра);

— азназаргузарониҳои ғайринавбатии хатҳои барқи баландшиддат, хатҳои кабелӣ (ХК);

— гузаронидани шанбегиҳо дар корхона.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иду ҷашнҳо дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» чунин корҳо ба анҷом расонида шудаанд:

Бахшида ба Рӯзи модарон ба 34 нафар бонувони фурудгоҳ ба ҳар кадом ба маблғи 200 сомонӣ, ҷамъ 6 800 сомонӣ, бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» ба 209 нафар кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба ҳар кадом ба маблағи 400 сомонӣ, ҷамъ 83 600 сомонӣ ва ба 10 нафар собиқадорони меҳнат ба ҳар кас 250 сомонӣ, ҷамъ 2500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамчунин, ба муносибати Иди саиди фитр ба 8 нафар бесаробон 100 сомонӣ ҷамъ 800 сомонӣ, ба 11 собиқадорони меҳнат 250 сомонӣ, ҷамъ 2 750 сомонӣ, ба 4 нафар беморони касалии сил, ба ҳар кас 100 сомонӣ, ҷамъ 400 сомонӣ, ба 4 нафар шахсони ба иштирокчии Ҷанги Бузурги  Ватанӣ баробар кардашуда 100 сомонӣ, ҷамъ 400 сомонӣ, ба 209 нафар кормандони фурудгоҳ 650 сомонӣ, ҷамъ 135 850 сомонӣ кумак карда шуд.

Барои бартараф кардани офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон чунин корҳои хайру эҳсонкорӣ ба анҷом расонида шуд:

Ба 7 нафар корманди осебдидаи фурудгоҳ аз ҳисоби корхона ба маблағи 16500 сомонӣ кумак расонида шуд. Инчунин, аз ҳисоби музди меҳнати 205 нафар корманди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба маблағи 12396 сомонӣ барои оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумакпулӣ интиқол карда шуд.

Ба муносибати Иди Ваҳдати миллӣ ба 8 нафар бесаробон 100 сомонӣ, ҷамъ 800 сомонӣ, ба 11 собиқадорони меҳнат 250 сомонӣ, ҷамъ 2 750 сомонӣ, ба 218 нафар кормандони фурудгоҳ 500 сомонӣ, ҷамъ 109 000 сомонӣ кумак карда шуд.

Бо дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар қабулгоҳи Президенти ҶТ дар шаҳри Кӯлоб 60 садяк қитъаи замин барои нигоҳубин ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷудо карда шудааст. Дар ин давра дар байни қаторҳои дарахтони олу картошка шинонида шуда, аз он 1882 кг картошка ҳосил ҷамъоварӣ ва ба ҳар як корманди фурудгоҳ 8 кг картошка тақсим карда шуд.

Мувофиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар бораи ободонӣ ва кабудизоркунӣ) дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд:

Дар 6 моҳи соли 2021 дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 5 000 дона гули лола, 3 000 дона гули садбарг шинонида шуд. Дар роҳрави даромадгоҳи фурудгоҳ 140 ниҳол дарахти ҳамешасабз шинонида шуд. Дар саҳни майдони фурудгоҳ ва роҳрави даромадгоҳи фурудгоҳ 10 000 адад гулҳои ҳархела шинонида шуд. 11000 адад қаламчаи садбарг шинонида шуд.

Дар масоҳати 2151 метри мураббаъ заминҳои фурудгоҳ алафҳои ҳамешасабз (газон) шинонида шуд. Ҳамаи дарахтону буттаҳои фурудгоҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.

— ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар озмуни “Сайри гулҳо ва гули лола” дар шаҳри Кӯлоб ҷои аввал, дар вилояти Хатлон ҷои аввал ва дар ҷумҳурӣ ҷои дуюмро ишғол намуд,- мегӯяд директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Ҳомидзода Нуралӣ.

Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кӯшиш мекунанд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.

Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки:

— Фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.

— Сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ беҳтар гардидааст.

Корҳое, ки фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2021 анҷом додааст:

— Идомаи сохтмони девори атрофи фурудгоҳ ба дарозии 180 метр, ба маблағи 275 ҳазор сомонӣ;

— Таъмири толорҳои мусофиркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба маблағи 296 ҳазор сомонӣ;

— Суғурта кардани амволи фурудгоҳ ва зидди сӯхтор ба маблағи 1 160 ҳазор сомонӣ.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамаи маблағҳои сарфшуда баҳри бартараф намудани камбудиҳо танҳо аз даромадҳои ба даст овардаи худи фурудгоҳ ба анҷом расонида шудаанд.

Нақшаи дар пеш гузоштаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» барои семоҳаи сеюми соли 2021:

— Идома додани сохтмони девори атрофи фурудгоҳ.

— Харидорӣ намудани автомашинаҳои махсуси трап ва АПА.

— Сохтмони бинои маъмурӣ барои кормандони фурудгоҳ.

— Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо.

— Беҳтар кардани низоми амният ва татбиқи тадбирҳои зиддитеррористӣ.

Роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» саъйу талошҳои хешро ҷиҳати иҷрои босамари фаъолияти корӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд.

Билоли ШАМС, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here