Самараи истиқлолият

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар баробари мардуми шарафманди Тоҷикистон мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар фазои ободу ороми кишвар бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар сохтори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд рушд ёфта, аз якчанд шӯъбаҳо, аз ҷумла шӯъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, шӯъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак, шӯъбаи санҷиш ва колибровкаи воситаҳои ченак, шӯъбаи нозироти савдо, шӯъбаи баҳодиҳии мутобиқат, шӯъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, шӯъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, бахши низоми идоракунии сифат, шӯъбаи истифодабарии техникӣ, шӯъбаи муҳосибот ва баҳисобгирӣ, шӯъбаи иқтисод ва банақшагирӣ, инчунин озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологӣ, озмоишгоҳҳои ташхиси виситаҳои ченак, озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ ва пойафзол, инчунин дигар сохторҳои ёрирасон иборат мебошад.

Агар соли 1991, яъне соли аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдо дар вилояти Суғд ҳамагӣ 37-40 нафар кормандон фаъолият баранд, имрӯз дар ин Марказ 145 нафар мутахассисон кору фаъолият менамоянд, ки 33 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими Марказ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар – ин сохтмони бинои нави маъмурии панҷошёнаи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар микроноҳияи 7-ум, маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 21-уми феврали соли 2018 ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 21-уми сентябри соли 2018 дар масоҳати умумии зиёда аз 0,36 гектар бунёд гардида, санаи 12-уми июни соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар таҳхонаи бино мутахссисони шӯъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак фаъолият мебаранд ва шӯъба аз озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ, ташхиси таҷҳизоти барқӣ, санҷиш ва андозагирии ченаки вазн, санҷиши воситаҳои ченаки геометрӣ, санҷиши воситаҳои ченаки электромагнитӣ, санҷиши воситаҳои ченаки басомадҳои радио иборат буда, ҳар кадоми он бо технологияи навтарини соҳа пурра таъмин мебошад, ки дар онҳо зиёда аз 20 номгӯи ташхис гузаронида мешавад. Дар таҳхона инчунин ҳуҷраи ташхиси пойафзол ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино маҷлисгоҳ бо 100 ҷой ва ошхонаи марказ бо 40 ҷой ҷойгир мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми бино утоқҳои кории маъмурият ва шӯъбаҳои марказ ҷойгир буда, кормандон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд. Дар марказ толори конфронс ва китобхона низ мавҷуд аст.

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологии марказ дар ошëнаи панҷуми бино аз ҳуҷраҳои микробиологӣ, ташхиси ғалладонагиҳо ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, спектроскопӣ, физикӣ-химиявӣ, муайян намудани организми генашон тағйирдодашуда, ташхиси металҳои вазнин, тайёркунии намуна, нигоҳдории намуна, анбори нигоҳдории реактивҳои химиявӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бахши нозироти пахта ва пилла ва озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ дар бинои алоҳида ҷойгир буда, он ҳам бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки то бунёд гардидани бинои нав Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар 3 бинои алоҳида, ки аз ҳамдигар дар масофаи дур фаъолият мекард, ҷойгир буд. Акнун ҳамаи бахшҳои марказ дар як бинои зебо, боҳашаммат ва дорои шароити муосиру мусоид ҷой гирифт, ки ин дар пешбурд ва рушди соҳа, таъмини сатҳ, сифат ва суръати хизматрасониҳо мусоидати амиқ менамояд.

Татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва қабули стандартҳои байналмилалӣ

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар даҳҳо чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиро баргузор намуданд, ки дар пешрафти соҳаи стандартонӣ, метрология ва сертификатсия мусоидат намуд. Инчунин тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар мутахассисони Марказ дар чандин семинарҳо ва ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, дар муҳокима ва қабули стандартҳо ва санадҳои меъёрӣ-техникӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Аз ҷумла, аз санаи 5 то 8-уми сентябри соли 2011 бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва дастгирии Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ СММ) дар Осоишгоҳи «Баҳористон» семинари байналмилалӣ барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба мавзӯи «Истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодабарии стандартҳо дар савдои байналмилалӣ» бо ширкати намояндагони 11 давлати дунё, аз он ҷумла кишварҳои Аврупо, ба монанди Шветсария, Олмон, Шветсия, Туркия, Фаронса ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид. Дар кори ин семинар соҳибкорон, роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, ки ба истеҳсолу содироти меваи тару тоза ва хушк машғуланд, иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузории ин семинар ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мусоидат намудан ба истифодаи ин стандартҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Инчунин дар давоми чанд соли охир мутахассисони Агентӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ намуда, якчанд стандартҳои маҳсулоти кишоварзиро таҳия ва қабул намуданд. Аз ҷумла бо ташаббуси гурӯҳи кории Тоҷикистон, хусусан мутахассисони Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои зардолуи хушки DDP 15, олуи хушки DDP 17 ва себи хушки DDP 007 аз ҷониби Комиссияи Иқтисодии Аврупо қабул гардид, ки қабули ин санадҳои меъёрӣ аҳамияти байналхалқӣ дошта, яке аз комёбиҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Қабули стандартҳои мазкур барои соҳибкорони мо ва дигар кишварҳои минтиқаи Осиёи Марказӣ имкониятҳои зиёдро дар содироти меваи хушки зардолу, олуи сиёҳ ва себи хушк ба мамлакатҳои Аврупо фароҳам меорад. Инчунин аз тарафи мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт бо супориши Комиссияи Иқтисодии Аврупои СММ стандартҳои миллии “Хурмо”, “Биҳӣ”, “Лимӯ”, “Пиёзи барвақтӣ”, “Харбуза” ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таҳия гашта, мавриди амал қарор дорад ва аз ҷониби гурӯҳи корӣ рисолаҳои тавзеҳӣ барои ба феҳристи стандартҳои Комиссияи Иқтисодии Аврупои СММ ворид кардани онҳо омода ва барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.

Илова ба ин, бо иштироки доираи васеӣ соҳибкорон – истеҳсолкунандагони вилояти Суғд доир ба ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ИСО 9001-2008 якчанд семинар барпо намуда, моҳият ва манфиати стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО ба соҳибкорон фаҳмонида шуд.

Дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки экспертҳои байналмилалӣ ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии валояти Суғд семинари 3-рӯза оид ба омӯзиши «Низоми идоракунии сифат» баргузор гардид. Ин чорабинӣ низ барои дастгирии соҳибкорон равона карда шуда, баҳри баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва афзун гардонидани имконияти содиротии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ нигаронида шуда, даҳҳо корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд дар фаъолияти худ стандарти байналмилалии ИСО-ро ҷорӣ намуданд ва кор дар ин самт мунтазам идома дорад.

Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар санаҳои 26-28-уми майи соли 2015 дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон ҷаласаи 25-уми Кумитаи созмони ҳамкориҳои Авру-Осиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ, яъне КООМЕТ ва ҷаласаи 13-уми Кумитаи муттаҳида оид ба эталонҳо бо иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони идораҳои стандартонӣ ва метрологии 12 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (СНГ), ба монанди Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Молдова, Арманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин аз мамлакатҳои ИМА, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Франсия, Олмон, Туркия зиёда аз 50 нафар намояндагон ширкат намуданд.

Бо ташаббуси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Агентии Тоҷикстандарт тибқи нақшаи Шӯрои байнидавлатӣ аз санаи 30-юми апрел то 2-юми майи соли 2019 дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон ҷаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва ҷаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии аккредитатсия, ҳамзамон ҷаласаи 10-ум оид ба баргузории Созмони минтақавӣ дар самти аккредитатсия баргузор гардид.

Яке аз натиҷаҳои назарраси Марказ дар нимсолаи аввали соли равон – ин дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар доираи тадбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд.

Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли кишвар ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ барои аҳолӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии савдои чакана баргузор гардид, ки баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, инчунин муаррифии маҳсулоти беҳтарини корхонаҳои истеҳсолӣ, кору хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона карда шудааст.

Дар даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 90 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 93 номгӯи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда иштирок намуда, 32 корхонаву муассисаҳо ғолиби даври вилоятии озмуни Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуданд ва дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намуда, вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳанд намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми даҳ соли охир 6 маротиба, яъне солҳои 2010, 2012, 2014, 2016, 2018 ва 2021 чунин озмун бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор карда шуд, ки баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бозори истеъмолӣ

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Марказ таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” мебошад, ки дар ин самт ҳамарӯза чорабиниҳои гуногун амалӣ карда мешаванд.

Давоми шаш моҳи соли равон дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд 13 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, ки 8 адади он ба таври хаттӣ ва 5 адад тавассути телефони Viber ворид гардидааст. Ҳамаи муроҷиатҳо аз ҷониби мутахассисони Марказ баррасӣ гардида, ба таври мусбат ҳал карда шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавоби хаттӣ дода шуд.

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи нозироти савдои Марказ номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба миқдори 73632 кг, маҳсулоти хӯрока, сохтмонӣ, нуриҳои мениралӣ, 44198 литр нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, инчунин дигар номгӯи маҳсулоти ниёзи мардум ошкор карда шуда, қисми он дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун бо иштироки комиссия несту нобуд карда шуд.

Маблағи умумии маҳсулоти пастсифат, мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва бе сертификат дар нимсолаи аввали соли 2021 зиёда аз 1602226 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли равон мутахассисони Марказ дар якчанд чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, варақаҳои тарғиботӣ ва навиштаҷотҳоро оид ба ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон байни аҳолӣ ва фурӯшандагон паҳн карда, садҳо адад навиштаҷоти “Тоҷикстандарт огоҳ мекунад”-ро дар ҷойҳои намоён насб намуданд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунтазам ба роҳ монда шудааст, лекин имрӯз ҳар як истеъмолкунанда дар ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолии худ бояд фаъол бошад.

Маъмурияти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати поймол гаштани ҳуқуқҳои истеъмолӣ ва ошкор гаштани маҳсулоти бе сертификат, ғайристандартӣ, мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва кам чен кардан, кам баркашидан, камбудию норасоӣ дар иҷрои кору хизматрасонӣ дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ метавонанд ба телефони Viber +992 (92) 797-77-47 ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд муроҷиат намоянд.

Маҳмадӣ ДАВЛАТОВ,

директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд

«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!

Истеъмолкунандагони гиромӣ!

Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию мӯҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, мӯҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.

Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988-50-22-22

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь