Ҳамагон дар минтақаи куҳистони Тоҷикистон бояд номи ин шахсиятҳоро аз рӯи эҳтироми хоса ёдовар шавем ва меҳнати онҳоро кадршиносӣ ва кӯшиш намоем низоми кории онҳоро аз рӯи фаъолиятҳои анҷомдодаашон нисбати беҳдошти шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои куҳистон, бахусус нисбати ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон ёдовар шавем.

Сараввал мехоҳам нисбати Махсумов Акбар Нусратуллоевич хонандаи муҳтарамро ёдовар гардонам, ки ӯ фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кориашро аз ходими хурди илмӣ оғоз намуда, баъдан директори Институти тадқиқотӣ-илмии кишоварзӣ ва то вазифаи муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон иҷроиши вазифа намудааст. Ёдовариам сари ин шахсият танҳо аз рӯшансозии самаранокии кори анҷомдодаи илмӣ ва тағйиротҳои овардаи ин олими барҷаста ва роҳбари асил дар давраҳои вазири кишоварзии Тоҷикистон буданашон аст, ки дар ин вазифа давоми солҳои 1965-1971 кор карданд.

Мувофиқи таҳлили анҷомдодаам, дастовардҳои бузурги Махсумов Акбарро дар амалисозии се барнома баён менамоям, ки якумаш аз ба истеҳсолоти кишоварзӣ ворид сохтани майдонҳои калони заминҳои лалмӣ ва аз рӯи он даровардани тағйирот дар сохтори кишти зироатҳо иборат буд, ки дар ин асос мамлакатамон имконот пайдо намуд, то дар заминаи заминҳои обӣ бештар зироати пахта кошта шавад ва иқтисоди ҷумҳуриро баланд бардоранд. Дастоварди дуввуми коргузориҳои Махсумов Акбар аз он иборат буд, ки барномаи истифодабарии даврии солонаи заминҳои обиро ба миён овард, ки дар заминҳои обӣ то давраи кишти пахта зироатҳои фосилавӣ кошта мешуданд ва аз ин ҳисоб барои рушди соҳаи чорводорӣ дар шароити хоҷагиҳои пахтакори мамлакат имконоти хуб таъмин гардид ва дар ин замина норасоии истеҳсоли хӯроки чорво аз байн бардошта шуду истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба таври назаррас баланд гардид. Хизмати навбатии дигари шоёнаш аз он иборат буд, ки дар давраи сарвари соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ буданаш нисбати имконоти табиии мавҷудаи минтақаи куҳистон диққати хоса дод ва дар ин самт кӯшиш кард, ки дастовардҳои илмиро бо истеҳсолот ҳамоҳанг созанд ва аз рӯи он дар беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми минтақаи куҳистон тағйирот ворид намоянд. Ӯ дар ин бобат зироати навъи пурқиммати замони парвариши тамокуро барои рушди минтақаи куҳистон тавсия намуд ва дар ин кор устуворона муваффақ гашт.

Махсус мехоҳам сари барномаи саввум хулоса кунам, зеро ободии минтақаи куҳистон, пешрафти иқтисод ва болоравии сатҳи иҷтимоии мардуми минтақаи куҳистон аз амалишавии ҳамин барнома сарчашма гирифт. Асосан бо амалишавии барномаи тамокукорӣ мардуми деҳоти куҳистони ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон зиндагониашонро ба куллӣ тағйир намуданд ва дар рӯзгорашон хушиҳои зиёдеро бор оварданд.

Нафари дуввуме, ки нисбати рушди минтақаи куҳистон сидқан фаъолияти корӣ дошт, Тургунов Евгений Илич мебошнд. Ин шахсият зодаи вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад ва бо амри тақдир сараввал техникуми кишоварзии ноҳияи Мастчоҳро дар соли 1966 ва навбати дигар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро дар соли 1978 хатм намудааст. Тургунов Евгений фаъолияти кориашро соли 1966 аз лаборанти калони Институти тадқиқотӣ-илмии кишоварзии минтақаи Мухтори Якутия оғоз намудааст. Пасон ба кори роҳбарии сиёсӣ гузашта, дар вазифаҳои гуногуни сатҳи болои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, хушбахтона дар як муддати муайян, дар солҳои 1986-1988 дар ВМКБ дар вазифаи раиси Комплекси агросаноатӣ ва инчунин солҳои 1988-1990 раиси Кумитаи иҷроияи ВМКБ фаъолияти корӣ дошт.

Ёдовар мешавам, ки фаъолияти кории охирони Евгений Илич Тургунов ба давраҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки ӯ дар вазифаи мушовири ҷонишини раиси Ҳукумати Федрасияи Россия ва пасон сардори департаменти маъмурии Ҳукумати Федератсияи Россия дар солҳои 2000-2010 кор кардааст. Фақат мехоҳам ёддоштҳоямро нисбати Тургунов Евгений дар давраҳои ҳамкориам дар ВМКБ сари қалам кашам. Ин шахсият роҳбари қолабӣ ва намоишкор набуд, ҳамеша дар пайи дарёфти шароитҳои беҳтари зиндагӣ барои мардуми минтақаи куҳистон буд, нафаре буд, ки бо роҳбарону мутахассисони касбӣ муносибат карданро дӯст медошт, навовариҳои муфидро тарафдор буд ва худаш низ маҳорати баланди ташаббускорӣ дошт. Дар давраҳои кориаш дар ВМКБ  шароитҳои маҳдуди зист ва иҷтимоиёти пасти доштаи мардуми деҳоти минтақаро хуб ба ҳисоб мегирифт ва кӯшиш менамуд, ки дар кадом асоси устуворе онро мусбат тағйир созанд. Яке аз ташаббусҳои наҷибаш бунёди фармасевтикаи замон дар ВМКБ мебошад ва мехоҳам сари ин масъала диққати хонандаи муҳтарамро равона созам. Аз рӯи маҳдудиятҳои замин, шароити зисти сахти маҳал, мақсад гузошт, ки ҳарчи набошад, имконоти маҳдуди минтақаро мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд ва аз рӯи ин ҳадаф ба Институти Биологии Помир супориш шуд, ки эҳтимолияти парвариш ва истеҳсоли навъи растаниҳои доруворро дар минтақаҳои гуногуни куҳиситони ВМКБ вобаста ба иқлим ва шароитҳои маҳал санҷиш намоянд ва аз рӯи он натиҷаи таҷрибаҳои илмиро бо истеҳсолот пайваст созанд. Дар ҷавоб хулосаи илмиро ба даст овард ва дар минтақа парвариши растании озаргум (колендула), генсинг (женшен), лимугиёҳ (мелисса) ва чанде дигарро дар шароити истеҳсолии кишоварзон дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон ба таври устувор ҷорӣ намуданд ва дар ҳудуди ВМКБ хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли растаниҳои дорувориро ташкил карданду истеҳсолоти онҳоро таъмин намуданд. Дар як навбат кӯшиш намуд, ки дар шаҳри Хоруғ фабрикаи истеҳсоли дорувориҳоро аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ ба роҳ монанд ва барои институтҳои лоиҳакашӣ саноатикунонии ин истеҳсолотро супориши саривақтӣ намуданд. Дар як маврид кӯшиш намуд, ки то оғози кори фабрикаи фарматсевтии ватанӣ дар дохили ВМКБ хоҷагиҳои махсуси парвариш ва истеҳсоли растаниҳои дорувориро бо марказҳои асосии фармасевтии Вазорати саноати истеҳсоли дорувории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди Россия пайваст созанд ва истеҳсолотро дар хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи ВМКБ устуворона пеш баранд. Аз амалишавии ин барнома хоҷагиҳо дар ВМКБ даромади хуб гирифтанд, инчунини аз ин ҳисоб дигар шароитҳои иҷтимоии ҷамъиятӣ дар ҳудуди вилоят муҳайё гаштанд. Дар ин миён фақат бо сабаби шикасти низоми Шӯравӣ фабрикаи фарматсевтӣ ба пуррагӣ бунёд нагашт.

Дар хулосаи мақолаам оварданӣ ҳастам, ки дар ҷомеаи имрӯза низ нисбати ин гуна роҳбарон ниёзҳо зиёд ва ҷойи онҳо қариб холист. Ҷомеаи имрӯза мунтазири ин гуна қобилони давр аст ва аз рӯи мисолҳои дар боло овардаам, ман истодагарии барқарорсозии истеҳсолоти тамоку, барқарорсозии хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли растаниҳои доруворӣ ва ғайраро надорам. Фақат мақсадам аз рӯи кор овардани тағйиротҳои муносиб ва дарёфти шароитҳо нисбати беҳдошти иқтисод ва иҷтимоии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон иборат аст. Дар ин бобат чанд мисолеро нисбати имконоти доштаи минтақаи куҳистон дар ташаккули иқтисод, иҷтимоиёт ва ғанисозии буҷаи мамлакатамон оварданӣ ҳастам ва чунинанд: агар ба таркиби доруи серталаботи имрӯзаи ҷомеа -“Персен” назар афканем, таркиби он асосан аз кӯфтаи решаи лимугиёҳ (мелисса) ва афшурдаи хушкгардонидашудаи барги нардсунбул (валериана) ва пудина иборат мебошад. Дар ин миён хулоса намуданамон лозим аст, ки масъалаи бозгашт ва истеҳсолоти растаниҳои доруворӣ ва саноати коркарди он, ки дар замонаш Тургунов Евгений онро санги асос гузошт, имрӯз ҳам бозорталаб аст. Дар бобати истеҳсоли баргу пояи лимугиёҳ оварданӣ ҳастам, ки шояд боз робитаҳоро бо корхонаҳои коркарди чой ва фармасевтика дар давлати Русия аз нав барқарор ва роҳҳои ин муносибатҳоро таъмин созем.

Хурсандиовар аст, ки мавриди имрӯза дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи мақомоти маҳал сохтори иқтисод ва равобити иқтисоди беруна фаъолият менамояд ва нисбати бунёди робитаҳои муфид вазифадор мебошанд ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар шароити ҷумҳуриамон Вазорати саноат ва технологияҳои нав дорем, ки мешавад имконоти иҷроиши ин фаъолиятро диққат ва дастгирии саривақтӣ намоянд.

Мисоли дигареро дар нисбати истифодабарии имконоти доштаи минтақаҳои куҳистон пешкаш месозам, ки дар таҷриба минтақаҳои имконоташон мисли минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон маҳдуд амалӣ кардаанд ва аз рӯи самараи он даромади хуб ва шароитҳои зисти арзанда доранд. Пешниҳодам аз ташкили парвариши мор ва истеҳсоли доруворӣ аз заҳри он иборат мебошад, ки табибони имрӯза аз як навъ доруҳо, аз қабили випратокс, малҳамҳои випросел, випросал бо мақсади рафъи дард ва илтиҳоб ҳангоми невралгия, артралгия, миалгия, радикулит, артрит, миозит ва периартрит ном мебаранд ва васеъ истифода менамоянд. Аз рӯи маълумотҳои пешин, дар шароити Тоҷикистон дар давраҳои собиқи Шӯравӣ сари ин масъалаҳо Институти зоология ва паразитологияи мамлакат каме кори илмӣ-истеҳсолӣ кардааст ва бо шикасти давр ҳама барҳам задаанд. Мавриди имрӯза, аз рӯи ахбори доштаам, сектори хусусии маҳдуде нисбати пешбурди морпарварӣ ва истеҳсоли заҳри мор сарукор дорад. Ин иқдом хуб аст ва ман мехоҳам, ки ин мисолро бо шароити минтақаҳои куҳистон, аз ҷумла ВМКБ алоқаманд созем, зеро дар мисоли ин минтақа Институти биологии Помир фаъолият дорад ва мешавад, ки тарафи тадқиқотии ин масъаларо мисли замони роҳбарии Тургунов Евгений уҳдадорӣ намоянд ва барои беҳдошти иқтисод ва иҷтимоиёти минтақа заминасоз бошанд. Масъалаи парвариш, истеҳсоли заҳри мор дар асоси низоми қонун ба уҳдаи сектори хусусӣ гузаронида шавад ва шояд ин шуғли истеҳсолӣ минтақаро устуворона ва хуб бар пой хезонад.

Баҳри маълумот ва асосноксозии пешниҳоди овардаам таҷрибаи ҷаҳониеро оварданӣ ҳастам, ки чунин аст: дар соли 1985 дар деҳаи куҳсори Жишикао дар давлати Чин деҳқони камбағале бо номи Ян Хончанг зиндагӣ мекард ва рӯзгори қашшоқон дошту бар замми ин, боз гирифтори касалии “бехтерева” гашт. Аз рӯи камбағалиаш хулоса намуд, ки рӯзе аз қашшоқӣ ва касалӣ мемурад. Назди табиб рафт. Табиб дар навбати худ барои табобат истифодаи заҳри морро тавсия дод. Баъди тавсияи табиб деҳқон ба парвариши мор ва истеҳсоли заҳри он оғоз намуд ва дар ин миён саломатиашро барқарор сохту аз натиҷаи кораш даромади хуб низ гирифт. Баъди дидани муваффақияти кори Ян Хончанг аз шумораи 162 хонаводаи деҳа шумораи 108-тои он ба ин бизнес гузаштанд ва имрӯз ҳамаи ҳамдеҳагон аз рӯи ин шуғл оилаҳои миллионер шудаанду худи деҳаи Жишикао ба маркази умумиҷаҳонии парвариши мор табдил ёфтааст. Ҳисобот менамоянд, ки даромади солонаи сокинони деҳаи Жишикао аз фурӯши заҳри мор зиёда аз 9 млн доларро ташкил медиҳад.

Дар радифи деҳаи Жишикао мехоҳам деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнонро муқоиса орам ва хулоса намоям, ки аз рӯи маҳдудиятҳои замин ва иқлим қариб ҳарду баробаранд, вале аз нуқтаи назари таҳлилӣ нигарем, мавзеи Ҷелондеҳ аз ҳисоби истифодабарии обҳои гармаш имкон дорад, ки ҷумҳуриамонро бо сабзавоти барвақтӣ таъмин созад ва пеши роҳи воридоти сабзавоти гаронқиммати Самарқандро имрӯз гирему бозори маҳсулоти ватаниро ташкил созем.

Таъмини муносибатҳои касбӣ нисбати истифодабарии майдони растании ширинбия дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим, камолзорҳои ноҳияи Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон имконот медиҳанд, ки намунаи саноати фарматсевтикаи давлати Ҳиндустонро дар ин минтақаҳои куҳистон устуворона ташкил созем ва ёдовариам низ аз созандагиҳои устодони пешрафтаамон Махсумов Акбар Нусратуллоевич ва Тургунов Евгений Илич сари ҳамин масъалаҳост.

 

 

Мизроб АМИРБЕКОВ,

таҳлилгари масоили кишоварзӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь