Мардуми кишвари мо ифтихор доранд, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озоду ободро бо ифтихор ва шукӯҳи хоса таҷлил мекунанд. Мардуми мо бо ифтихор ва шукрона  ҳамеша мегӯянд, ки Пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро обод кардаву ба ҷанги бародаркуш хотима бахшиданд. Сарвари давлати мо тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намудани он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои хубу назаррас дорад. Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нақлиёти роҳи оҳан роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ сохта шудааст, аз ҷумла:

– Дар даврони Истиқлолият роҳи оҳани Бохтар (Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб соли 1999 ба истифода дода шуд. Дарозии умумии роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб 132 километр буда, дар ин масир иншооти сунъӣ, 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст.

– Ба муносибати ҷани 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат – Ёвон ба масофаи 40,7 километр сохта ба истифода дода шуд. Дар доираи сохтмони роҳи оҳани мазкур 3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр мавриди истифода қарор доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 937 вагони нави боркашу мусофирбар, аз ҷумла 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 тепловоз, 2 вагон- тарабхона ва 1 дизел-поезди мусофирбарӣ харидорӣ ва дастарас гардидааст, ки айни замон дар самти боркашонӣ ва мусофирбарии байналмилалӣ фаъолият намуда истодаанд.

Бори аввал дар даврони Истиқлолият қатораҳои мусофирбари байналмилалии Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ карданд.

Айни замон 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду аз нав сохта шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд.

Маҳз дар замони Истиқлолият, 9-уми сентябри соли 2003 аввалин заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетонӣ (шаҳри Левакант) ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин соли 1995 аввалин корхонаи вагонтаъмиркунии “Маҳрам” (ҳозира КФҶ “Маҳрам”) таъсис дода шудааст.

Инчунин, ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла хонаи истиқоматии 9-ошёна, хонаҳои ду-се ва панҷошёнаи фароғатӣ, 21 хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб барои зарардидагон аз офати табиии соли 2010, Амфитеатр барои 960 нафар, чойхона дар Боғи Ирам (соли 2014), корти теннис дар варзишгоҳи марказӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” истгоҳҳои Истиқлол (қитъаи Суғд, соли 2008), Хонақо (қитъаи Душанбе, соли 2011), истгоҳи Ёвар (қитъаи Душанбе, соли 2015), истгоҳи Айнӣ (соли 2018) ва таъмири меҳмонхонаи “Пойтахт” (10,4 млн сомонӣ) сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон истгоҳҳои роҳи оҳани Кӯлоб, Данғара, Хатлон, Шаҳритуз ва Хушодӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Дар доираи таҷдид ва нигоҳдории пулҳо дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1, аз 24.01.2017) КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳудуди шаҳри Душанбе 5 пули роҳи оҳанро ба маблағи умумии 8,5 млн сомонӣ (пулҳои роҳи оҳани воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ (Текстил), кӯчаи А. Дониш (фурудгоҳ), хиёбони Ҳ. Шерозӣ (Наврӯзгоҳ), пули Автовокзал (ноҳияи Сино) ва пули (103-юм мкр) кӯчаҳои М. Шерализода ва А. Ғуломов (ноҳияи Сино)) таъмиру азнавсозӣ кардааст.

Вобаста ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, гулгашти қисмати ғарбии хиёбони Рӯдакӣ, ба номи “Аҳмади Дониш” бо сифати баланд ва бо тарҳи зебою муосир 26-уми сентябри соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки аксҳояш дар интернет зиёд аст.

Ҳамзамон дар доираи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён – Қундуз” пешбинӣ шудааст.

Айни замон интихоби самти мувофиқи роҳи оҳани нав дар қитъаи Ҷ. Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён, ки як ҷузъи роҳи оҳани минтақавии Хитой – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон (панҷгона) ва Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон (сегона) ба ҳисоб меравад, муайян гардида, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2018, №109-ф санади интихоби самти мувофиқи роҳи оҳани нав дар қитъаи Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон санаи 30-юми декабри соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади осон намудани кори соҳибкорон, хотима додан ба саргардонӣ ва хароҷоти зиёди мусофирони вилояти Хатлон ва сабук намудани роҳҳои автомобилгард аз мошинҳои калонҳаҷм ва инчунин барқарор намудани ҷойҳои корӣ хати роҳи оҳани Бохтар – Термез, нуқтаи гузариши байнидавлатии Амузанг (МГСП) соли 2018 барқарор карда шуд.

КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаи таҷдиди назар намудани тарифҳои боркашониро барои содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати пешниҳод намудани тахфифҳо (сабукиҳо) бо кишварҳои дуру наздик чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Дар натиҷа ҶСК “ Российские железные дороги” соли 2021 барои боркашонии маҳсулоти зудвайроншаванда дар вагонҳои рефрижератории КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” коэффитсиенти пасткунанда 50% сабукӣ дар қаламрави роҳҳои оҳани Россия ва 50% сабукӣ барои интиқоли транзитии алюмин то бандари “Новороссийский морской торговый порт” пешниҳод намудааст.

Ҷумҳурии Қазоқистон барои воридоти чӯбу тахта 30%, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 50% ва борҳои транзитӣ тавассути порти Актау/Курик то 50% сабукӣ пешниҳод намудааст.

Тибқи Протоколи ба имзо расида (12.02.2021) байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон темир йуллари” аз 35 фоиз то 60 фоиз сабукиҳо барои соли 2021 пешниҳод гардид.

Ҳамзамон тавассути қитъаи роҳи оҳани Амузанг – Келес аз санаи 01.04.2021 то 30.06.2021 барои содироти пиёз 60% сабукӣ пешниҳод шуда, вақти ҳаракати қатора то 72 соат муайян гардидааст, ки ин имкон медиҳад соҳибкорон ва интиқолдиҳандагони бор дар муҳлати кӯтоҳтарин молу маҳсулоти худро то нуқтаи таъинот бе мушкилӣ расонанд.

Тибқи супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ мунтазам сабукиҳо пешниҳод намуда истодааст. Аз ҷумла барои содироти маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз вилояти Хатлон 90%, алюмин 60%, гилхок 10%, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо нимвагон 50% ва бо вагони болопӯш 40%, барои содироти ҳама намуди бор аз ҳамаи истгоҳҳои минтақаи Суғд ба самти истгоҳи Истиқлол 20%, аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30%, аз истгоҳҳои Спитамен ва Ҷ. Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40%, аз истгоҳи шаҳри Исфара то истгоҳи Бекобод барои содироти меваи хушк 30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид.

Инчунин барои содироти орд тавассути нақлиёти роҳи оҳан 50 фоиз сабукӣ пешниҳод шудааст.

Роҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалиев яке аз роҳбарони пурмаҳсул, соҳибхираду боандеша ва оқил ба ҳисоб мераванд ва кормандони зеррабти ниҳодашон аз он кас нафари серталошу банангу номус васф мекунанд. Намегузоранд, ки дар коргоҳашон мардум норозӣ бошанд, арзишҳои милливу давлатӣ барояшон дар мадди аввал меистад. Ватандӯсти асил аз ӯ ном мебаранд. Шахсияти хеле орому серталабанд. Ва ин ҳама ободкориву таҷдиди роҳҳои оҳан, ки зебоии дубора ба пойтахт зам кард, маҳз ба замони ба кори пурмасъулият омадани Мирзоалев иртибот дорад. Ҳатто биное, ки имрӯз кормандон бо як сарбаландиву фахр ба он ворид мегарданд, замони роҳбарии ӯ азнавсозӣ карда шуд, ки атрофи шаҳрро зебову дилкаш гардонидааст.

Тавре як роҳгузар – бобои Салим мегӯяд: «Мехоҳӣ сад бор аз пеши бинои Роҳи оҳан гузарӣ. Ҳамеша тоза аст. Симои зоҳириаш табъи одамро баланд мекунад».

«ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь