Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон айни замон аз музди меҳнати кормандони худ 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инчунин, идораҳои зертобеи ин раёсат аз барқ наздики 60 миллион сомонӣ ва аз андоз бештар аз 18 миллиону 250 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Оятулло Умаров гуфт, ки қарз аз музди меҳнати кормандон дар вилоят ба ҳолати 1-уми январи соли 2021-ум 1 милиону 863 ҳазор сомониро ташкил медод ва дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ин қарз 700 ҳазор сомониаш пурра пардохт карда шуд.

— Ба ҳолати якуми майи соли равон қарзи музди меҳнат 1 миллиону 179 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар зерҳавзаи Кофарниҳони Поёни ноҳияи Шаҳритуз (508 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Фархор (215 ҳазор сомонӣ), Кӯшониён (217 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Ҷайҳун (133 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад,- илова кард Оятулло Умаров.

Фаридун Давлатов — роҳбари зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритуз гуфтаҳои Умаровро тасдиқ карда, афзуд: “Дар ҳақиқат мо аз музди меҳнати кормнадони худ бештар аз ним миллион сомонӣ қарздор мебошем. Ин қарз аслан аз солҳои пеш омада истодааст. Вақте ки ин зерҳавза соли 2019 ташкил шуд, қарздорӣ аз музди меҳнат дар се ноҳия ҷой дошт”.

— Сабаби пайдо шудани қарзи музди меҳнат сари вақт пардохт нашудани ҳақи хизмати обрасонӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар муштариён мебошад. Айни замон қарзи онҳо дар назди зерҳавзаи мо беш аз 7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Агар онҳо маблағро диҳанд, мо бе мушкилӣ қарзи музди меҳнатро ҳал мекунем,- афзуд номбурда.

Роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён Бобоҷон Имомав тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат кормнадони идора аз музди меҳнат зиёда аз 217 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки 70 фоизи ин қарз аз солҳои пеш аст.

— Хоҷагидорон ва ассотсиятсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия саривақт нақшаву ӯҳдадориҳои худро аз ҳисоби ҳақи хизматрасонии об дар идораи мо иҷро накарда, пардохти маблағи об аз ҷониби онҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест,- илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки мутаассифона, хоҷагиҳо ва ассотсиятсияҳо дар назди идора беш аз 5 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Аз сабаби саривақт падохт нашудани ҳақи истифодаи об айни замон Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён дар назди нозироти андози ноҳия наздики 8 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Инчунин, идора аз барқ низ 800 ҳазор сомонии дигар қарздор аст: “Мо барои баргардонидани маблағи истифода об нисбати қарздорон тариқи аризаи даъвогӣ ба прокуратураи ноҳия ва вилоят муроҷиат кардем ва онҳо даъвои моро қаноатбахш карда, ба суди иқтисодӣ пешниҳод карданд. Суди иқтисодӣ бошад, аризаҳоро баррасӣ кардаву нисбати қарздорон ҳалномаи суд баровар, ки он 3 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Роҳбари Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷайҳун бошад, ба зангҳои телефонии мо посух надод.

Аммо Оятулло Умаров гуфт, ки омили пайдо шудани қарздорӣ аз музди кор дар идораҳои зертобеашон саривақт пардохт нашудани маблағи истифодаи об аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиятияҳои истифодабарандагони об ва дигар муштариёнашон мебошад.

Оятулло Умарво афзуд, ки бештари қарзи об дар ноҳияҳои Ҷайҳун (беш аз 10 миллион сомонӣ), Ёвон (10 миллион сомонӣ), Кӯшониён (зиёда аз 6 миллион сомонӣ), зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритуз (6,5 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Қарзи барқ низ зиёд аст

— Идораҳои зертобеи раёсат дар назди Шабакаҳои барқи ҷануб ҳоло 59 миллиону 778 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд ва ин қарз аз солҳои пеш, яъне 2018 ва 2019 омада истодааст. Барқи истифодашуда дар чор моҳи соли 2021 пурра пардохт карда шудааст,- зикр кард Оятулло Умаров.

Бештари қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ дар ноҳияҳои Ёвон (15 миллион сомонӣ), Дӯстӣ (5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ) ва зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритуз (11 миллиону 139 ҳазор сомонӣ) мебошад, ки се ноҳияро дар бар мегирад, яъне Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав.

Омилҳои пайдоиши қарзи барқро ин шахси масъул дар як сол як ё ду маротиба баланд шудани нархи қувваи барқ арзёбӣ кард.

Қарзи андоз ба 18,2 миллион сомонӣ баробар шудааст

Қарздории идораҳои зертобеи раёсат дар назди нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати якуми майи соли 2021-ум 18 миллиону 259 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин қарзҳо бештар ба ноҳияҳои Кӯшониён (зиёда аз 6 миллион сомонӣ), Абдураҳмони Ҷомӣ (2 миллиону 269 ҳазор сомонӣ), Восеъ (1,2 миллион сомонӣ), Фархор (1,7 миллион сомонӣ) тааллуқ дошта, ба ин монанд чанд идораҳои зертобеи раёсат дар назди нозироти андоз қарздор мебошанд.

Масъулони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон ва идораҳои зертобеашро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, саривақт музди меҳнати кормандонашонро пардохт намояду маблағи барқ ва андозро низ супоранд. Ҳамчунин, обистифодабарандагон низ дар пардохти ҳақи об набояд саҳлангорӣ кунанд, зеро пардохт нашудани маблағи об боиси қарзи музди меҳнат хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here