Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор дар семоҳаи аввали соли 2021 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Ҳакимзода Д. Ҳ. суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз Ҳакимзода Д. Ҳ. изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Ҳакимзода Д. Ҳ. – сардори Нозироти андоз иброз намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети шаҳр, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор баҳри таъмини иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо аз тамоми захира ва имкониятҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, инчунин барои дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ тибқи дастури роҳбарияти Кумитаи андоз ва масъулини Ҳукумати шаҳри Ҳисор кӯшиш намуда истодааст.

Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Ҳакимзода Д. Ҳ. изҳор дошт, ки дар 3-моҳаи якуми соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ҳисор ба андозаи 110,5% таъмин карда шуда, ба ҷойи 40 920,8 ҳазор сомонии дар нақшаи пешбинишуда ба буҷет 45 198,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4 278,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 898,2 ҳазор сомонӣ ё худ 15,0% зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 110,1% таъмин гардида, ба ҷойи 35 550,0 ҳазор сомонии пешбинигардида 39 146,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3 596,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 563,3 ҳазор сомонӣ ё худ 16,6% зиёд аст.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 112,7% таъмин гардида, ба ҷойи 5 370,8 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (бо дарназардошти хароҷотҳо) 6052,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 682,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 334,8 ҳазор сомонӣ ё худ 5,9% зиёд мебошад.

Дар идома номбурда зикр намуд, ки дар 3-моҳаи якуми соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти уҳдадорие, ки аз тарафи Кумитаи андоз пешбинӣ карда шудааст, дар маҷмуъ ба андозаи 100,3% таъмин карда шуда, ба ҷойи 45 012,8 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 45 140,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 128,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.

Тибқи таҳлилу омӯзишҳо, таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, ки бинобар сабаби дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштани бемории сироятии КОВИД-19 ва дар ин асос кам гардидани воридот-содироти молу махсулот, ба таври пурра фаъолият накардани субъектҳои хочагидорӣ, бонкҳои хизматрасон, инчунин ба пуррагӣ кор накардани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки мутахассисони асосии онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳисоб мераванд, ки ин ба буҷети шаҳри Ҳисор таъсири манфии худро то андозае расонидааст.

Бо ин вуҷуд, дар ин давра нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти уҳдадорие, ки аз тарафи Кумитаи андоз пешбинӣ карда шудаанд, дар маҷмуъ ба андозаи 100,3% таъмин карда шуда, ба ҷойи 35 349,2 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 35 447,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 100,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо, ки ҷамъоварии он ба зиммаи нозироти андоз гузошта шудааст (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ), ба андозаи 110,0% таъмин гардида, ба ҷойи 32 129,7 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 35 335,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3 206,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи ҳамин давраи соли гузашта 3 911,3 ҳазор сомонӣ ё худ 12,4% зиёд ворид карда шудааст.

Аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 108,8% таъмин гардида, ба ҷойи 26 946,9 ҳазор сомонии пешбинигардида ба буҷет 29 325,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба андозаи 2 378,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 449,1 ҳазор сомонӣ ё худ 13,3% зиёд ворид карда шудааст.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 116,0% таъмин гардида, ба ҷойи 5 182,8 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6 010,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 827,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 462,2 ҳазор сомонӣ ё худ 6,3% зиёд мебошад.

Сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Ҳакимзода Д. Ҳ. қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа интизоми меҳнат ва риояи Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон буда, аз ҳар як корманд масъулияти баланди касбиро тақозо менамояд.

Ҳамзамон, Ҳакимзода Д. Ҳ. таъкид намуд, ки «бо мақсади пешгирии камшавии маблағҳои ҳисобшуда, шумораи кормандони кироя ва зиёдшавии бақияи қарзи андозҳо бо андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо бисёртар ба роҳ монда шуда, дар самти назорат намудани истифода ва нишондиҳандаҳои мошинаи назоратӣ-хазинавӣ корро пурзӯр намуда истодаем».

Мавсуф қайд кард, ки барои самаранок ва дар муҳлати муқарраршуда, инчунин барои ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ, шахсони масъули Нозироти андоз вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ (шуъбаи омор, мақомоти ҳудудии заминсозӣ, идораҳои хоҷагию коммуналӣ, нозирони минтақавӣ) ва дигар идораҳои марбутаи шаҳр фаъолияташонро густурдатар намоянд.

Ҳакимзода Д. Ҳ. дар идома гуфт, илова бар ин, дар ҷамоатҳо, деҳоту шаҳраки шаҳри Ҳисор семинар-машваратҳо оид ба гузаронидани баҳисобгирии молу мулки ғайри манқул баргузор гардида, моҳияти (инвентаризатсияи) бақайдгирӣ ба андозсупорандагон фаҳмонида шуда истодааст.

Бо мақсади дар сатҳу сифати баланди касбӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, риояи стандарти хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва ба кормандон дастуру супоришҳои саривақтӣ дода мешавад. Ҳамчунин, номбурда изҳор дошт, ки «ҷиҳати паст намудани критерияи хавфҳо мо бисёртар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинар-машваратҳоро баргузор намуда, бо андозсупорандагон муомилаи дуруст, дар доираи талаботҳои Кодекси андоз, Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ рафтору амалро ба роҳ мондаем. Ҳамчунин, ҷиҳати дуруст истифода намудани манбаъҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба кормандон дастуру супоришҳои саривақтӣ дода мешавад».

Дар идомаи суҳбат Ҳакимзода Д. Ҳ. Оид ба интизоми меҳнат сухан гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки интизоми меҳнат яке аз омилҳои устувори пешрафт ва самаранокии фаъолияти кормандон ба ҳисоб рафта, ҳар як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор принсипи хизматчии давлатиро риоя намуда, муносибатро бо андозсупорандагон дуруст ба роҳ мондаанд.

Ҳакимзода Д. Ҳ. зикр намуд, ки «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Стандарти хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, талаботҳои Кодекси андоз ва дигар қонунгузориҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва таъмини шаффофияти фаъолияти кормандон дастури кории мост».

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь