Сад шукру сипоси беҳад Худовандро, ки Тоҷикистони азизамон бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари беҳамтои миллат, хирадманди нотакрор, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт гулгулшукуфону обод, мардумаш шод, пойтахти азизаш гулобод гардидааст.

Ба кадом мавзеи кишвар назар наандозед, оромӣ, ободӣ, шукургузорӣ аз сулҳу салоҳ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми сафарҳои кории худ Сарвари давлат минтақаҳои ободро таърифу тавсиф карда, баҳри боз ҳам беҳ шудан супоришу дастурҳо медиҳанд. Дар ҳақиқат Сарвари давлатамон ба камбудиҳои кор диққати ҷиддӣ дода, баҳри рафъи онҳо чораандешӣ менамоянд. Ҳангоми ташрифашон ба ноҳияи Шаҳринав бо мардуми меҳнатқарини он суҳбат доштанд ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани ин гӯшаи диёр муовини раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Носирзода Ҷабборро ба вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин карданд. Пас аз супоришу дастурҳои Ҷаноби Олӣ раиси навтаъини ноҳия муҳтарам Носирзода Ҷаббор бо азму ғайрати қавӣ, дили софу нияти нек ба ободии ин гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд. Корро аз вохӯрӣ бо ятимону маъюбон, пиронсолону эҳтиёҷмандон оғоз намуда, бо дуои неки онҳо ба  илму маориф, ҳиссаи ҷавонон дар ободию ободкориҳо диққат доданд.

Ҳангоми суҳбат муҳтарам Носирзода Ҷаббор иброз доштанд, ки “имрӯз ба боварии Пешвои миллат сазовор гардидам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки Шаҳринавро чун Ҳисори шодмон дар ҷумҳурӣ номвар гардонам”.

Қабули шаҳрвандон, эҳтиёҷмандон ҳафтае ду маротиба ба роҳ монда шудааст, ки муҳтарам Носирзода Ҷаббор таваҷҷуҳи хоса доранд ва баҳри рафъи камбудиҳо супоришу дастурҳо медиҳанд. Бо мардуми мавзеи “Долон”-и ноҳия, ки дурдаст асту ободкориҳо ба чашм намерасид, дар аввал вохӯрӣ гузаронида, роҳу мавзеҳои ноободро таъмиру тармим намуда, дарди дили мардуми ин мавзеъро шуниданд. Маркази ноҳияро гулпӯш гардонида, боғи навбунёди ба номи Исмоили Сомониро ба истироҳатгоҳ табдил доданд. Дар шафати пайкараи Мирзо Турсунзода бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони халқи тоҷик боғи навро бунёд намуданд ва ба сайргоҳи ҷавонон, пиронсолон, мактабиёну омӯзгорон табдил доданд.

Ҳангоми суҳбат қайд намуданд, ки “мо бо ҷавонони бо ақлу заковати ноҳия фахр дорем ва боварӣ дорем, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Шаҳринав заҳмат мекашанду корҳои некро ба сомон мерасонанд”.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия рӯзҳои таърихӣ хотирмону дилчасп ва бо тайёрии хуб гузаронида мешаванд. Рӯзи ҷавонон дар ноҳия хотирмон қайд гардида, ба гирандагони стипендияҳои раиси ноҳия, Президенти кишвар дастовезҳо супорида шуд. Таҷлили Рӯзи кӯдакон низ қобили қайд аст. Дар ин рӯз ба чандин нафар кӯдакон дастаҷамъона шаҳодатномаҳои таваллуд аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҳолатҳои шаҳрвандӣ Ҷабборова Бибиҳанифа дар ҷамъомади умумӣ супорида шуд.

Доир ба муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба замин суханронӣ карда шуд. Оиди дар доираи қонун ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ташкили хоҷагиҳо ба деҳқонон монеа эҷод накардан, муомилаю муоширати хуб бо шаҳрвандон суҳбат карда шуд. Ба масъулони сохторҳои ноҳия оиди дар сатҳи баланд қайд намудани 30-солагии Истиқлолият, боз ҳам беҳтару хубтар кор кардан, нисбати камбудиҳо оштинопазир будан, ҳурмату эҳтироми шаҳрвандон суҳбат ороста шуд.

Ба раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Носирзода Ҷаббор тансиҳатию хотирҷамъӣ орзу намуда, дар иҷрои супоришу дастурҳои Ҷаноби Олӣ муваффақияту комёбиҳо хоҳонем.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here