Дар доираи як сафар хабарнигори МТЖТ ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон, ки аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзӣ ва сайёҳии мамлакат ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Инак, гузориши ӯ аз дастовардҳои ин шаҳри диловезу замини зархез ва дорои инфрасохторҳои саноатии рушдкунанда дар панҷмоҳаи аввали соли ҷорӣ ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукуҳ аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ манзури қазовати хонандагони ҳафтанома мегардад.

Талош барои зиндагии шоиста

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми январи соли 2021) бармеояд, равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Яке аз самтҳои барномавии рушди иқтисодиёти шаҳри Бохтар, пеш аз ҳама равона намудани таваҷуҳҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин самт ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешавад. Айни замон тибқи барномаи мазкур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд,- бо итминон изҳор дошт раиси шаҳри Бохтар.

Дахлу харҷи буҷет

Сиҷоуддин Саломзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки бо мақсади бартараф намудани омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозуни буҷет дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қисми даромаду хароҷоти буҷетҳои давлатию маҳаллӣ бознигарӣ гардида, ба он тағйирот ворид карда шуд.

Зимнан, Сиҷоуддин Саломзода дар такя ба нишондиҳандаҳои омории рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Бохтар зикр намуд:

– Дар панҷ моҳи соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯйи контингенти умумӣ 101 фоиз, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100 фоиз, нақшаи андози иҷтимоӣ 106,0 фоиз иҷро гардида, дар ин давра танҳо иҷроиши нақшаи 2 намуди андоз – андоз аз фоида (93 фоиз) ва андоз аз арзиши иловашуда (71 фоиз) таъмин нагардид, ки сабабаш дар 13 корхонаи сохтмонӣ ва қарздиҳӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли раиси шаҳри Бохтар, қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 40,0 млн сомонӣ таъмин гардида, 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Сутуданист, ки дар шаҳр қарздории музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Музди миёнаи маош дар 5 моҳи соли 2021 мувофиқи ҳисоботи омор дар шаҳри Бохтар 1441 сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 сомонӣ зиёд)-ро ташкил додааст, ки бешак омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар шаҳру деҳот ва рушди босуръати соҳаи саноат мебошад.

Дар ин давра бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта пайваста ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад. Таъсиси ҷойҳои корӣ бошад, ҳамагӣ дар шаҳр 1093 ададро ташкил дода, аз он 237 ададаш аз ҳисоби иншооти 30-солагӣ мебошад.

Гар дасти фитодае бигирӣ…

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар ин давра бо мақсади таъмини ҳимояи иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди кору зиндагӣ ва барои гирифтани табобат ба 10 нафар маъюбон ба осоишгоҳҳои табобатии ҷумҳурӣ роҳхат дода шуда, 4 нафар эҳтиёҷмандон бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 1922 оила ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф ва ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии камбизоатҳои расмӣ ба 6310 оила расида, ба онҳо ба маблағи 757,2 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстию хештаншиносии шахсони саховатманд, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баланд гардида, дар арафаи иду санаҳои ҷашнӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумакҳои моддию молиявӣ ба маблағи беш аз 1 млн 373 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

Рушди саноат

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Бохтар феълан 48 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият дошта, 9 адади он ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, 19 адад ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 3 адад ба коркарди пахта, 10 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 7 адади дигар ба истеҳсоли маҳсулоти чӯбин, чопи газетаҳо, маводи шустушӯӣ, трансформаторҳо, дучарха, барқ ва об равона гардида, зиёда аз 32 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад. Натиҷаи заҳмати саноатчиёни шаҳр буд, ки дар 5 моҳ маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 89,5 млн сомониро ташкил дода, афзоиш ба 10,1 фоиз баробар шуд.

Рушди сохтмон

Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисоботи оморӣ тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар шаҳри Бохтар 64,4 млн сомониро дар бар гирифта, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,6 млн сомонӣ ё 141 фоиз зиёд гаштааст.

Дар ин давра 43,9 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн сомонӣ ё худ 2 баробар зиёд мебошад.

Амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти шаҳри Бохтар маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Кишоварзони шаҳри Бохтар ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро дар моҳҳои январ – майи соли 2021 ба 10,6 млн сомонӣ расонидаанд, ки аз ин ҳисоб афзоиш 7,9 фоиз таъмин гардидааст. Дар ҳамин ҳол, зикр кардан ҷоиз аст, ки саҳми растанипарварӣ дар маҷмуи маҳсулот 109 фоиз ва чорводорӣ 102 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар шаҳри Бохтар заминҳои таъиноти кишоварзӣ 766,6 гектарро ташкил медиҳанд, ки аз он 708,9 га замини корам ва 57,7 гектар зери канал, заҳбур, ҷӯйбор ва дигар иншооти кишоварзӣ мебошанд. Дар баробари ин, феълан дар шаҳри Бохтар 3 гектар гармхонаҳои доимӣ ва 56 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият доранд.

Тибқи дурнамо кишти зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳр 426 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 24 гектар ғалладонагиҳо, 72 гектар сабзавот, 30 гектар картошка (бо назардошти 40 фоиз зиёд кардани он), 300 гектар пахта, 10 гектар пиёзро дар бар мегирад.

То 1-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби кишоварзони шаҳри Бохтар 24 га ғалладонагиҳо, аз ҷумла 20 га гандум, 2 га ҷав, 72 га сабзавот, аз ҷумла 15 га карам, 23 га бодиринг, 20 га помидор, 4 га дигар навъи сабзавот, 30,5 га картошка ва 10 га пиёз кишт карда шудааст. Дар маҷмуъ, кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ пурра таъмин гардида, ҳамзамон 20 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 2 га зиёд мебошад. Инчунин дар заминҳои ёрирасони шахсӣ (президентӣ) дар майдони 5,5 га кишти картошка ба роҳ монда шудааст.

Барои кишти пунбадона 27 тонна чигити тухмии навъҳои «Тобон», «Флеш» ва «Хатлон-2014» захира ва дар майдони 300 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки ин 100 фоизи нақшаи пешбинигардидаро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 237,1 тонна картошка, 1459,1 тонна сабзавот (99 тонна зиёд), аз он ҷумла бодиринг 603,5 тонна ва помидор 468,1 тонна, карам 188,5 тонна, пиёз 175 тонна, дигар навъи сабзавот 24 тонна, ҳамчунин, меваҷот 43 тонна (1 тонна зиёд), хӯроки чорво 515,6 (9,6 тонна зиёд), 184,9 тонна шир (6,9 тонна зиёд) истеҳсол гардидааст.

Пиллапарварони шаҳр бошанд, тибқи дурнамо аз 16 қуттӣ 502 кг пилла супоридаанд, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бунёд ва таҷдиди 268 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида буд. Бо назардошти талаботи аҳолӣ ва ибтикори соҳибкорон ба нақшаи мазкур тағйироту иловаҳо ворид гардида, 39 иншооти дорои таъйиноти гуногун зам гардид ва он дар маҷмуъ ба 307 иншоот расонида шуд.

Аз ин дар соли 2018 -ум 17 иншоот (100 фоиз) ба маблағи 31,7 млн сомонӣ бо таъсиси 93 ҷои корӣ, дар соли 2019-ум 103 иншоот (100 фоиз) ба маблағи 131,2 млн сомонӣ бо таъсиси 403 ҷои нави корӣ, дар соли 2020-ум 96 иншоот (100 фоиз) ба маблағи 123,8 млн сомонӣ бо таъсиси 318 ҷойи нави корӣ ва дар 5 моҳи соли 2021 бошад, 40 адад иншоот ба маблағи 49 млн сомонӣ бо таъсиси 237 ҷои нави корӣ ба истифода дода шудааст. Дар умум бошад, 256 адад бандҳои нақшаи чорабиниҳо бо қарорҳои раиси шаҳр бо таъсиси 1051 ҷои нави корӣ ба истифода дода шудааст, ки 83,4 фоизи иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Маблағи умумии корҳои иҷрошудаи 256 банди нақшаи чорабиниҳо бошад, 303286,7 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз ин 207 банд ба маблағи 213946,6 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон (70,5 %), 15 банд ба маблағи 43020,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ якҷоя бо соҳибкорон (14,2 %), 15 банд ба маблағи 20312,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (6,7 %), 18 банд ба маблағи 25659,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ (8,5 %) ва 1 банд ба маблағи 348,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят (0,1 %) иҷро гардидааст.

Ҳамзамон санаи 3-юми феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеи назди роҳбари гуруҳи корӣ «Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳолати воқеии иншооти ҷашнӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз таҳлилҳои 8 зергуруҳи корӣ бармеомад, ки 51 банди нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бо сабабҳои объективию субъективӣ иҷронашаванда буда, аз нақша хориҷ намудани онҳо муавофиқи мақсад мебошад. Бинобар ҳамин, бо мақсади таъмини иҷрои сифатноки нақшаи чорабиниҳо ба ҷои бандҳои хориҷшуда зарурати ворид намудани 51 банди иловагие, ки аз ҷониби шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян карда шудаанд, ба миён омад. Аз 51 бандҳои иловагӣ 23 банд ба соҳаи коммуналӣ, 9 банд ба соҳаи хизматрасонӣ, 3 ба соҳаи саноат, 2 банд ба соҳаи маориф, 2 банд ба соҳаи тандурустӣ ва 1 банд ба  соҳаи варзиш тааллуқ дорад. Ҳамчунин бинобар тағйир ёфтани бино ва иншооти бандҳои дахлдор дар арзиши умумии нақшаи чорабиниҳо низ тағйироти лозима ворид карда шуда, ба маблағи умумии 480 млн сомонӣ тасдиқ карда шуд.

Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлол

Сиҷоуддин Саломзода бо зикри нишондиҳандаҳо аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар ҳамчунин бо итминон иброз дошт:

– Имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣ ҳукмфармост, мардуми шукргузори шаҳри Бохтар ба қатъияти том сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, ба бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбат ба ҳама зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ифтихор аз ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ афзалияти бештар зоҳир гардад. Зеро маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бохтар марҳила ба марҳила афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳри Бохтар густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин ҳидоятҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳри Бохтар дода шуданд, тадбирҳои зарурӣ андешида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғонҳои меҳнатӣ ва натиҷаҳои назаррас таҷлил менамояд.

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь