Дар доираи як сафар хабарнигорони МТЖТ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо карданд. Инак, гузориши онҳо аз дастовардҳои шаҳри Бӯстон ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

 Иҷроиши буҷет

Дар 5 моҳи соли равон буҷети умумии шаҳри Бӯстон бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 105,5 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи давлат 44,4 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,3 млн зиёд мебошад.

Даромади буҷети маҳаллии шаҳр 111,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ 23,1 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 2,3 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 99,8 фоиз иҷро гардида, ба иқтисодиёти шаҳр 21,5 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Рушди соҳаи саноат

Дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 230,2 млн сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн сомонӣ зиёд, ё худ 101,9 фоизро ташкил додааст.

Танҳо 35 адад корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 198,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 млн сомонӣ зиёд, ё худ 101,2 фоизро дар бар гирифтааст.

Дар ин давра 3 адад корхонаҳои истеҳсоли саноатӣ дар ҳудуди шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Бо мақсади таъмини либоси мактабӣ 4 сехи дӯзандагии шаҳр машғули коранд.

Давоми 5 моҳи соли равон аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон нерӯи барқ ба миқдори 78,5 млн килловат/соат қабул гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 млн килловат/соат, ё худ 9,4 фоиз зиёд мебошад. Ҷамъоварии маблағи он 23,34 млн сомониро ташкил додааст, ки 94,4 фоизи маблағи ҳисобидашударо дар бар гирифтааст.

Соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 1-уми июни соли 2021 аз 180 банди нақша — чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 169 банди он мавриди иҷро қарор дода, ё худ 93,9 фоизро ташкил дода, дар ин замина 521 адад ҷойҳои кори доимӣ ташкил карда шудааст.

Дар 5 моҳи соли равон корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ 13,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн сомонӣ зиёд, ё худ 1,6 баробар зиёд мебошад.

Сармояи асосӣ ба маблағи 15,6 млн сомонӣ иҷро карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 млн сомонӣ зиёд, ё худ 1,6 баробар зиёд аст.

Бозори меҳнат

Дар 5 моҳи соли равон 73 нафар ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта ва 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуда, 195 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин гардидаанд.

Шумораи нафақагирон 2681 нафарро ташкил дода, нисбати соли гузашта 7 нафар зиёд аст. Маблағи нафақаи пардохтшуда 5,3 млн сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 0,2 млн сомонӣ зиёд, ё худ 105,0 фоиз мебошад. Нафақаи андози миёнаи моҳона дар ин давра 385 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 сомонӣ зиёд мебошад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2017, №14 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 21-уми феврали соли 2018, №51 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 6-уми апрели соли 2018, №78 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 180 банд бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он корҳо бомаром ҷараён доранд.

Инчунин, бо мақсади татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 14-уми марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 30-юми марти соли 2018, №72 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, мувофиқи он корбарӣ идома дорад. Дар ин хусус ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳр ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда, аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” бо иштироки васеи сокинони касбу кори гуногун гузаронида шудааст.

Боиси қайд аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ баҳри омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 банд бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо таҳия ва тасдиқ гардида, дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 3 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаи томактабӣ, 2 адад китобхона, 1 адад боғи фароғатию истироҳатӣ, 5 адад марказҳои ташхиси тиббӣ, 1 адад нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 5 адад нуқтаи дорухона, 3 адад ҳаммом, 9 адад сартарошхона, 14 адад толорҳои ҳусн, 7 адад маркази савдо, 15 адад марказҳои хизматрасонӣ, 1 адад толори варзишӣ, 15 адад майдончаҳои варзишӣ, 3 адад майдони бозии бачагона, 3 адад меҳмонхонаҳо, 6 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 5 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр ва сохмони дигар иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ба 167 банди нақша-чорабиниҳои шаҳрии қаблан тасдиқгардида тағйиру иловаҳо ворид гардида, нақшаи чорабиниҳои мазкур ба 180 банд расонида шудааст.

Дар солҳои 2018-2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳо ба роҳ монда шуда, ҳамагӣ 148 иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд, ки ин 82%-и иҷрои нақшаро дар бар мегирад.

То санаи 1-уми июни соли 2021 ҳамагӣ 169 иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд, ки ин 93%-и иҷрои нақшаро дар бар мегирад.

Дар соли 2021 корҳои ободониву бунёдкорӣ 32 банд ба нақша гирифта шуда, то санаи 1-уми июни соли 2021 ҳамагӣ 21 адад иншоот бунёд ва азнавсозӣ гардида, 65%-и нақшаи солонаро дар бар мегирад.

Дар панҷ моҳи аввали соли 2021 аз рӯи нақша 14 банд корҳои ободкорию созандагӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 21 бандро ташкил медиҳад, ки аз рӯи фоизнокӣ 121%-и панҷмоҳаи аввал мебошад.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода, «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тамоми меҳнаткашони шаҳри Бӯстон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва барои тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ бо самимият кӯшиш намуда истодаанд».

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here