Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳринав ошно месозем.

Иҷроиши буҷет

Дар ноҳияи Шаҳринав нимсолаи якуми соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо андози иҷтимоӣ 105 фоиз таъмин гардидааст. Ба ҷои 18 млн 305 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 19 млн 203 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 898 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақша бе андози иҷтимоӣ 100,5 фоиз таъмин гашта, ба ҷои 15 млн 151 ҳазор сомонӣ ба буҷет 15 млн 226 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 75 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2021-ум 2 млн 380 ҳазор сомониро ташкил менамуд. Ба ҳолати  01.07.2021 бақияи қарзи андоз 818 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ қарзи андозҳо 1 млн 562 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нақшаи андозҳои вобастагардидаи буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 100,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 15 млн 151 ҳазор сомонӣ ба буҷет 15 млн 226 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 75 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридоти маблағҳои субвенсионӣ дар ҳаҷми 100 фоиз ба иҷро расида, ба буҷети маҳаллӣ 13 млн 773  ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи соли ҷорӣ  31 млн 547 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 29 млн 586 ҳазор сомонӣ (94%) таъмин карда шудааст. Музди меҳнати ташкилоту корхонаҳо саривақт пардохт гардида, аз музди меҳнат қарздорӣ вуҷуд надорад.

Рушди иҷтимоиву иқтисодӣ

Ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025” 190 лоиҳа ба маблағи 382,3 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 50 лоиҳа ба маблағи 307,6 млн сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 110 лоиҳа ба маблағи 61,9 млн сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа ба маблағи 10,4 млн сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 3 лоиҳа ба маблағи 2,3 млн сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда рост меояд.

Барои амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 382,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 41,9 млн сомонӣ, буҷети маҳаллии ноҳия — 3,9 млн сомонӣ, сармояи хориҷӣ — 34,3 млн сомонӣ ва аз ҳисоби бахши хусусӣ (соҳибкорон) 302,1 млн сомонӣ.

Соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ бо нархҳои ҷорӣ 122 млн 553 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 млн 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиш 132 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи растанипарварӣ ба миқдори 66 млн 392 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 143 фоиз зиёд буда, 54 фоизи маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад.

Дар майдони 3481 га дарав ба анҷом расида, аз он 2050 га куфта шуда, 6640 тонна ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии миёна ба ҳар га 32,4 сентнер рост меояд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4215 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ зиёд истеҳсол карда шудааст.

Аз 7980 гектар майдони гандум ва ҷав 3481 гектар дарав карда шудааст, ки ба 44 фоизи майдони кишти ғалладона рост меояд. Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои ноҳия идома дорад.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ дар майдони 363 гектар кишти картошка гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад. Аз 185 гектар кишти картошка 3997 тонна ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 216-сентнерӣ рост меояд.

Дар ин давра 14913 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст. Аз он 13438 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд, меваҷот 1786 тонна, аз он 1621 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 161 тонна зиёд мебошад. Маълум аст, ки яке аз роҳҳои самаранок ва оқилона истифода бурдани замин сари вақт ва босифат гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 727 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, аз он 113 гектар ҷуворимакка барои дон, 136 гектар шолӣ, 100 гектар лӯбиёгиҳо, 5 гектар картошка, 192 гектар сабзавот, 5 гектар полезӣ ва 176 гектарашро зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Дар ин давра ба хориҷи кишвар 1564 тонна пиёз, 273 тонна гелос содирот карда шудааст. Содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар идома дорад.

Дар ноҳия 3390 га боғу токзор мавҷуд аст, ки аз он 2194 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 19 гектар боғу токзор барқарор карда шудааст. Аз майдони умумии боғҳои барқароршуда 12 гектар боғ ва 7 гектар токзор мебошад.

Дар ҳамин давра 8819 тонна хӯроки дурушти чорво, хасбеда, тарбеда, коҳ захира карда шудааст, ки 2169 воҳиди хӯрокаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 98 тонна зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи чорводорӣ 56 млн 161 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 28030 сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54 сар зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия чорвои калони шохдор 1810 сарро ташкил менамояд, ки 95 фоизи он чорвои сиёҳалаи зотӣ мебошад. Дар ҳамин давра маҳсулнокии чорво беҳтар гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 1741 тонна расонида шудааст. Аз он 1289 тонна ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 452 тонна ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Истеҳсоли шир дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ ба 5952 тонна расидааст, ки аз он ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 467 тонна, ба хоҷагиҳои аҳолӣ 5485 тонна рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм дар ҳамаи секторҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ 19 млн 912 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Дар ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав», ки ба соҳибкорон ба иҷора дода шудааст, 18 млн 10 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Дар ноҳия майдони гармхонаҳо 4,61 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол 6 сардхонаи замонавӣ бунёд карда шудааст, ки дар онҳо 540 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ нигоҳ дошта мешавад. Инчунин, то ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 гармхона ва 5 сардхона ба нақша гирифта шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Дар нимсолаи аввали соли 2021 корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон бо назардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ ба маблағи 18 млн 771 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 409 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 131 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии расман ба қайд гирифташуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо назардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ 17 млн 133 ҳазор сомонӣ, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн сомонӣ ё 130 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 18 корхонаи саноатӣ 9 млн 758 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 770 ҳазор сомонӣ (163 %) зиёд аст. Дар ҳамин давра се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намудааст.

Дар ҳамин давра 393 дал шароб, 1220 дал арақ, 13702 метри кубӣ қуму сангреза, 86 ҳазор дона хишти сементӣ, 568 ҳазор хишти пухта, 91,3 ҳазор метри мураббаъ сақфҳои ороишӣ, 393,7 тонна гӯшти мурғ, 18,7 тонна маҳсулоти ширӣ, 10,2 тонна маҳсулоти оҳанӣ, 261 адад мебел, 56 метри мураббаъ дарҳои байниҳуҷравӣ, 5 тонна равғани молидании техникӣ истеҳсол карда шудааст.

Соҳаи нақлиёт

Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дарозии роҳҳо 95,2 км мебошад. Аз он роҳҳои байналмилалӣ 11,7 км, роҳҳои ҷумҳуриявӣ 13,9 км ва роҳҳои маҳаллӣ 69,6 км-ро ташкил медиҳад. Инчунин 34 пул бо дарозии 357,5 метри тӯлонӣ, 181 қубур бо дарозии 2228,4 метри тӯлонӣ ва 416 аломатҳои роҳ мавҷуд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмири роҳҳо 127,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 55,7 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 72 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Дар ҳамин давра 693 метри мураббаъ роҳҳо ба маблағи 22,5 ҳазор сомонӣ таъмир ва болопӯши 566 метри мураббаъ ба маблағи 12,1 ҳазор сомонӣ таъмир карда шудааст. Ҳамзамон аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорон 1,05 км роҳҳо ба маблағи 111,2 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шудаанд.

Рушди соҳаи маориф

Дар шашмоҳаи соли 2021 ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷет 18 млн 374 ҳазор сомонӣ равона гардида, 62 фоизи маблағи буҷетро ташкил медиҳад. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 1782 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбияи 24 804 нафар хонандагон машғуланд.

Дар ноҳия 3 муассисаи томактабии давлатӣ бо теъдоди 355 нафар кӯдакон дар 12 гуруҳ ва дар 5 муассисаи томактабии хусусӣ 207 нафар кӯдак дар 9 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди 29 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1233 нафар кӯдакони синни 4-6-сола дар 56 гуруҳ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 664 компютер, 87 принтер, 19 видеопроектор, 3 тахтаи электронӣ мавҷуд буда, синфхонаҳои технологияи иттилоотии муассисаи таълимии №45 ба шабакаи дохилӣ пайваст карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 “Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар давоми соли 2021 ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф 38 нафар омӯзгорон сафарбар карда шудаанд.

Сохтмону барқарорсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Дар се соли охир 9 муассисаи таълимии наву замонавӣ (№5, 6, 7, 18, 25, 34, 42, 44 ва 45) бо ғунҷоиши 3540 ҷойи нишаст дар ду баст ва се муассисаи томактабӣ (2-то хусусӣ, 1-то давлатӣ) барои 250 нафар кӯдакон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Дар Литсейи касбии техникӣ 329 нафар хонанда аз рӯи ихтисосҳои тракторист-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзандагӣ, муҳосибӣ, кор бо компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, кафшергари газию барқӣ, монтёри барқ ва челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 73 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим 211 нафар хонандагон, аз онҳо 64 нафарашон духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 18 нафар ятими кулл, 113 нафар бепадар, 29 нафар бемодар, 8 нафар падару модарашон гирифтори бемории руҳӣ, бепарастор 35 нафар, падару модарашон маъюб 8 нафар мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба мактаб-интернат ба маблағи 95,2 ҳазор сомонӣ кумаки моддию молиявӣ расонида шудааст.

Дар муассисаи давлатии осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдакони сили “Қаратоғ” кӯдакони синни аз 7 то 14-сола дар асоси роҳхати сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Аз аввали соли 2021 дар осоишгоҳ барои 142 нафар кӯдак давраи солимгардонӣ гузаронида шудааст.

Соҳаи тандурустӣ

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷет 6 млн 849 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки 23 фоизи маблағҳои буҷетро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ ва 15 бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин муассисаҳо 75 нафар табибон, аз онҳо 40 нафар табиби оилавӣ (ба 1500 нафар аҳолӣ 0,5 табиб рост меояд) ва 300 нафар кормандони миёнаи тиб, аз он ҷумла 162 нафар ҳамшираи оилавӣ (ба 750 нафар аҳолӣ 0,8 ҳамшира рост меояд) дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ   фаъолият доранд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365 ва амри раиси ноҳия аз 30.03.2020, №29 “Оид ба пешгирӣ намудани бемории вируси COVID-19 коронавирус” дар муассисаҳои тандурустии ноҳия комиссия таъсис дода шуда, бо усули хона ба хона дар байни 92%-и аҳолӣ оид ба чораҳои беҳдоштӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, безараргардонии биноҳои ёрирасон, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Дар маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ташхисҳои иммуноферментӣ ва тестҳои оҷилӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 2 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро баҳри иҷрои Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор чорабиниҳои варзиширо бахшида ба санаҳои таърихӣ доир намудааст. Дар ноҳия шумораи ҷавонон 32 278 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 20 514 нафарашон духтарон мебошанд. Дар самти ҷавонон 334 чорабиниҳои гуногун гузаронида шудааст.

Дар ноҳия 3 варзишгоҳ, 39 майдончаи варзишӣ, 19 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 5 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ 107 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуда, дар онҳо 3864 нафар иштирокчӣ ҷалб гардидаанд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроия барои рушди сайёҳӣ сомонаи махсус таҳти унвони “Тревл Шаҳринав” ва дар сомонаи “Фейсбук” низ саҳифаи махсус бо номи “Сайёҳи Шаҳринав” ифтитоҳ карда шудааст, ки барои пешрафти кор ва ташвиқу тарғиботи сайёҳӣ аҳамияти хос дорад. Инчунин харитаи сайёҳии ноҳия бо ду забон (тоҷикӣ ва англисӣ) омода карда шудааст, ки барои роҳнамоии сайёҳон муосидат менамояд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳия 3620 нафар сайёҳони ватаниву хориҷӣ ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 439 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Дар ноҳия ҷиҳати иҷрои муқаррароти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то имрӯз 445 банди нақша-чорабиниҳо бо қарори раиси ноҳия аз 03.07.2018, №574 аз 16.01.2019, №17 аз 16.03.2020, №12, 16.10.2020, №691 ва 02.04.2021, №57 тасдиқ карда шуда, 445 иншоот ба нақша гирифта шуда, 377 иншоот бо харҷи 45 миллиону 563 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1027 ҷои кории доимӣ ва 1304 ҷои кори мавсимӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки 85 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар 68 иншооти таъиноташон гуногун корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Акрамзода Юсуф ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.

Инчунин аз ҷониби гуруҳи корие, ки бо қарори раиси ноҳия аз 08.01.2021, №02 тасдиқ гардидааст, дар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба рангубор ва ба тартиб даровардани манзилҳои истиқоматӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҷӯйборҳо ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ба пояҳои оҳанию бетонӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа то имрӯз дар ҳамаи ҳудудҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонию созандагӣ бовусъат идома дорад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои кабудизоркунию ободонии маҳаллаҳои ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори раиси ноҳия “Дар бораи гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонии маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия барои соли 2021” ба тасвиб расонида шудааст. Ҷиҳати иҷрои он аз тарафи аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои ноҳия 8628 бех ниҳол, аз ҷумла 4147 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 4481 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, 100 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимию бисёрсола, аз он 25 ҳазор бех гулҳои лола шинонида шудааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Носирзода Ҷаббор, “масъалаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таъмини рушди босуботи кишвар роҳандозӣ менамояд”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here