Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар чормоҳаи соли 2021 баҳри амалигардонии талаботи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тадбирҳои судманд андешида, рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар доираи стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои солҳои 2021-2025 таъмин намуда меояд.

Иҷроиши буҷет

Ҷиҳати пурра ва сифатнок иҷро гардидани қисми даромади буҷет мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз 92,78 млн сомонӣ нақшаи андозҳо иҷроиши он 90,91 млн сомонӣ ё худ 98,0 фоиз таъмин гаштааст.

Даромади буҷети маҳаллӣ бошад, аз нақшаи 23 млн 185,6 ҳазор сомонӣ амалан 23 млн 63,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 99,5 фоизро ташкил додааст. Хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз нақшаи 22 млн 687 ҳазору 445 сомонӣ дар асл 21 млн 526 ҳазор сомонӣ ё 94,9 фоиз иҷро гардидааст.

Бақияи қарзи андоз 332,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали сол 16,0 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки “баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем”.

Баҳри саноатикунонии босуръат ва барои боз ҳам тақвият бахшидани рушди саноати ноҳия тадбирҳои зиёди натиҷабахш роҳандозӣ гардида истодаанд. Ҳамин аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар чор моҳи соли равон ба 550 млн 814,8 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ин давраи соли гузашта 115 млн 390,5 ҳазор сомонӣ зиёд ё 126,5 фоизро ташкил менамояд.

Дар корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли ангишт ба 346 ҳазору 314,2 тонна расонида шудааст, ки ин 103,0 фоизро ташкил медиҳад. Консентрати 30-фоизаи сурмадор ба 21 ҳазору 93,6 тонна расонида шуда, 97,5 фоизро ташкил медиҳад. Симоб 79,3 тонна (124,3) фоиз ва метали сурма ба 2 ҳазору 916,4 тонна расонида шудааст, ки ин 1,8 баробар зиёд мебошад.

Фаъолияти соҳибкорӣ

Дар ноҳия ба соҳибкорӣ 2057 нафар шаҳрвандон машғул буда, бо шаҳодатнома 1355 нафар ва бо патент 702 нафар хизматрасониҳои гуногунро ба аҳолӣ ба амал мебароранд ва аз ҳисоби онҳо 540,9 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст.

Дар ин давра ба соҳибкорон 4,1 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Рушди кишоварзӣ

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 19 млн 375 ҳазор сомонӣ, нисбати соли гузашта 1 млн 445 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 108,1 фоизро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ мувофиқи дурнамои тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2932 га кишти зироатҳо ба нақша гирифта шуда, аз он ҷумла 1231,0 га ғалладонагиҳо, 1020,0 га картошка ва 146,5 га сабзавот мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти чорво, аз ҷумла гӯшт 467 тонна, шир 1281 тонна ва тухм 243 ҳазор дона аст. Дар самти чорводорӣ саршумори чорвои калон 33 ҳазору 331 сар, назар ба соли гузашта 764 сар, моли майда 134 ҳазору 597 сар, назар ба соли гузашта 1288 сар зиёд нигоҳдорӣ карда мешавад. Шумораи мурғ ба 30475 сар расонида шудааст. Дар ноҳия 990 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Инчунин, дар ноҳия ҳамагӣ 1057 сар қутос ва 200 сар асп нигоҳубин карда мешавад.

Соҳаи нақлиёт

Дар ҳама самтҳои соҳаи нақлиёти автомобилӣ 177,4 ҳазор тонна бор ва 127,4 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбати давраи соли муқоисавӣ мутаносибан 100,0 ва 143,0 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи маориф

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти мамлакат маорифчиёни ноҳия аз уҳдаи иҷрои он супоришҳое, ки ба зиммаашон гирифтаанд, баромада истодаанд. Ҳоло дар ноҳия дар мактаби деҳаи Ремон 4 синфхона, дар мактаби деҳаи Сайрон 4 синфхона ва дар мактаби деҳаи Кумарғ 6 синфхонаи иловагӣ сохтмонашон идома дорад. Ҳамчунин, идомаи бунёди мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Хайробод, мактаб барои 640 хонанда дар деҳаи Зеробод, мактаб-интернати замонавӣ дар деҳаи Анзоб барои 110 хонанда ва мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Фатмев аз қабили тадбирҳои андешидашуда маҳсуб мешаванд.

Дар ноҳия 66 мактаб, аз ҷумла 55 муасиссаҳои миёна, 11 муасиссаҳои асосӣ бо фарогирии 18791 нафар хонанда (аз он 9375 духтар) хизматрасонӣ намуда, 4 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 385 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд.

Шумораи омӯзгорон 1780 нафар буда, аз он 553 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Бо таҳсилоти олӣ 1523 нафар, 221 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 36 нафар олии нопурра мебошад.

Теъдоди хонандагони муассисаи таълимии Литсейи касбии техникии ноҳия 268 нафар ва шумораи омӯзгорон 33 нафарро ташкил медиҳад. Дар муассиса 12 устои таълими истеҳсолӣ кор мекунанд.

Соҳаи тандурустӣ

Ноҳия дорои 1 беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 7 беморхонаи минтақавӣ, 2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ, 31 бунгоҳи саломатӣ мебошад. Инчунин, дар ноҳия шуъбаи ёрии таъҷилӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, маркази ВНМО, маркази иммунизатсия ва марказҳои ХБК ва ТТХС амал менамоянд. Шумораи кат 416 адад буда, иҷроиши он 64,3 фоизро ташкил додааст.

Шумораи духтурон 98 нафар буда, шумораи кормандони миёнаи тиб 471 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади омода ва пешгирӣ намудан барои қабулу табобати бемороне, ки гумонбари зукоми коронавирус мебошанд, бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар назди беморхонаи марказӣ ба миқдори 40 кат ва ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шуда, бо либосҳои муҳофизатии махсус, маводҳои дорувории лозима ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардонида шудааст.

Кор бо занон ва оила

Дар ноҳия шумораи занҳо 41381 нафар буда, 1 нафар вакили маҷлиси вакилони вилояти Суғд, 10 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 46 нафар вакили маҷлиси вакилони ҷамоатҳо, 105 нафар дар соҳаи фарҳанг, 553 нафар дар соҳаи маориф, 693 нафар дар соҳаи тиб ба фаъолият машғуланд.

Инчунин, дар самти хизмати давлатӣ низ фаъолияти самараноки занон ба назар расида, аз 115 нафар хизматчиёни давлатӣ дар ноҳия 19 нафар занон мебошанд, ки 17 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи фарҳанг

Шумораи муассисаҳои фарҳангӣ 75 адад, қаср ва хонаи фарҳанг 4 адад, мактаби санъат 2, осорхона 2, китобхонаҳо 39 ва муассисаҳои клубӣ 28 адад мебошад.

Дар соҳаи фарҳанг фонди китобҳо 190 ҳазору 561 ададро ташкил дода, китобдиҳӣ 77011 нусхаро дар бар мегирад.

Аз ҳисоби китобхонаи вилоятии ба номи Т. Асирӣ ба китобхонаи ноҳиявӣ 223 нусха китобҳои тозанашр ва аз ҳисоби лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” 89 нусха китобҳои бачагона ба таври ройгон ба китобхонаи марказӣ ворид шудааст.

Ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26.12.2019 ироагардида дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳои дурдасти ноҳия китобхонаҳо таъсис дода шудаанд.

Вазъи соҳаи иҷтимоӣ

Дар ноҳия 8783 нафар нафақагир умр ба сар мебаранд ва маблағи якмоҳаи нафақагирон 2,8 млн сомонӣ буда, маблағи умумии нафақаи онҳо дар давраи ҳисоботӣ 8,6 млн сомонӣ пардохт шуда, андозаи миёнаи нафақа 323,95 сомониро ташкил додааст.

Ҷиҳати дастгирии оилаҳо ва шахсони камбизоату муҳтоҷ дар арафаи иду ҷашнҳо ба маблағи 80,3 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша кумаки моддиву молиявӣ расонида шудааст.

Баҳрабарандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 1810 оила муайян гардидаанд.

Шумораи умумии рӯйхатии коргарон 18900 (+400) нафар, шумораи кормандони рӯйхатӣ бошад, 7600 нафар, нисбати соли гузашта 105,6 фоиз зиёд буда, музди миёна 1919,2 сомонӣ (+439,3 сомонӣ) нисбати давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 555 нафар шаҳрвандон барои таъмин шудан бо ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки 430 нафар ҳамчун корҷӯянда ба қайд гирифта шуда, 310 нафарашон бо кор таъмин гардида, 185 нафар мақоми бекорӣ гирифтаанд.

Бахши ҷавонон ва варзиш

Дар ноҳия 28700 нафар ҷавонон буда, аз онҳо 14300 нафарашон духтарон мебошанд. Шумораи толорҳои варзишӣ ба 20 адад, майдончаҳои варзишӣ ба 58 ва варзишгоҳ ба 1 адад расидааст.

Бо мақсади рушди варзиш ва ҷалби бештари аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, махсусан кормандони идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва касбӣ дар қаламрави ноҳия бо иштироки 3865 нафар, аз ҷумла 657 нафар занон 36 адад машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардидааст. Ҳамин тариқ, мусобиқаи футбол, карате-до, мусобиқаи дзюдо бо иштироки ҷавонони ноҳия доимо доир мегардад.

Баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон

Дар рӯзҳои қабули раиси ноҳия 237 нафар шаҳрвандон қабул ва 1010 адад  (841 адад соли 2020) аризаву шикоят ва таклифҳо ворид гаштааст (нисбати соли гузашта 169 адад, яъне 120 фоиз зиёд). Муроҷиати шифоҳӣ бошад, 237 адад (нисбати соли гузашта 61 адад зиёд, ё 134,6 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, 250 адад аризаҳо ҳаллу фасл гардида, ба 432 адад муроҷиатҳо дар асоси қонунҳои амалкунанда ба муроҷиаткунандагон роҳҳои ҳалли мусбати ариза фаҳмонида дода шудаааст.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 499 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз он 452 адад иншоот ба истифода дода шудааст, ки 92,0 фоизро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии ҷойҳои кории нав таъсисёфта 600 адад буда, аз ҳисоби соҳибкорон 216 ҷойи корӣ, аҳолӣ 191 ҷойи корӣ ва иншооти гуногун 193 ҷойи корӣ мебошад. Маблағи умумии сарфгардида 75 млн 167 ҳазору 900 сомониро дар бар мегирад.

Дар соли 2021 аз 83 адад иншооти ба нақша гирифташуда то санаи 1-уми майи соли ҷорӣ 45 адад иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 54,2 фоизи нақшаро ташкил дода, 73 адад ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Маблағи сарфгардида дар ин самт 7 млн 631,4 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад муассисаҳои томактабӣ, 14 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 14 адад китобхона, 11 адад клуб, 1 адад гулгашт, 8 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 10 адад дорухона, 28 адад сартарошхона, 9 адад ҳаммом, 11 адад толори кошонаи ҳусн, 29 адад маркази савдо, 23 адад маркази хизматрасонӣ, 5 адад толори варзишӣ, 9 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад майдон барои бозии кӯдакон, 20 адад корхонаи истеҳсолӣ, 41,8 км роҳҳо, 11 адад пулҳо, 15 адад хати оби нӯшокӣ, 9 адад чароғаккунии кӯчаҳо бо насби 8 адад трансформаторҳои баландшиддат ва 8 адад биноҳои маъмурӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Айни замон дар ноҳия бунёди мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Хайробод, мактаб барои 640 хонанда дар деҳаи Зеробод, мактаб-интернати замонавӣ дар деҳаи Анзоб барои 110 хонанда, мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Фатмев, беморхона барои 40 ҷой дар деҳаи Урметан, боғи интенсивии олуи сиёҳ ва зардолу дар деҳаи Сангистон, фермаи мурғпарварӣ дар деҳаи Хушекат, ферма барои парвариши 400 сар моли калон дар мавзеи Айнӣ -1, коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ, варзишгоҳ дар маркази ноҳия барои 6000 ҷойи нишаст, Нишони давлатӣ ва Парчам, инчунин сохтмони 6 адад синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №57-и деҳаи Кумарғ, дар мактаби деҳаи Ремон 4 синфхона, дар мактаби деҳаи Сайрон 4 синфхона идома дорад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муродзода Муқим Қаюм, “меҳнаткашони ноҳияи Айнӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, ки санаи 26-уми январи соли 2021 ироа гардид, сармашқи асосии амали хеш қарор дода, ба ояндаи неку дурахшони мамлакат қадами устувор мегузоранд ва ба ин васила муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳамбастагии хешро дар пиёда сохтани ин сиёсати хирадмандона, мардумпарварона ва созанда баён сохта, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму раҳнамунсоз, ояндасозу барномавӣ қабул сохта, маҳаки фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор додаанд”.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баҳри таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, талош мекунем, ки диёрамонро ба истиқболи Истиқлолият зебо гардонем,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь