Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар семоҳаи якуми соли 2021 бо мақсади амалигардонии нишондодҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳое, ки аз маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2020 бармеоянд, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар давраи то соли 2025» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашнҳои бузурги таърихии миллат, алалхусус таҷлили солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидааст.

Иҷроиши буҷет

Мувофиқи маълумоти Раёсати молия ва Нозироти андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо дарназардошти андози иҷтимоӣ барои семоҳаи якуми соли 2021 аз рӯи 14260000 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои воқеии он 15193000 сомонӣ ё ба андозаи 106,5 фоиз иҷро гардидааст.

Иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 111,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 6 миллиону 217 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 6 миллиону 928 ҳазору 301 сомонӣ андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 738301 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз буҷети вилоятӣ ба тариқи субвенсия 14 миллиону 975 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 100 фисади нақшаро дар бар мегирад. Ҳамагӣ нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бо якҷоягии субвенсия дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ 21 миллиону 192 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷроиши воқеии он 21 миллиону 903 ҳазору 301 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки он ба 103,4 %-и нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тариқи «Равзанаи ягона» дар семоҳаи якуми соли 2021 дар миқёси ноҳия 117 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҷамъбастӣ аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ноҳия 2 млн 147 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ноҳияи Деваштич 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст:

  1. Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ».
  2. Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал”.
  3. Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаргардонии идоракунии об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон».
  4. Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ.
  5. Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ».
  6. Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”.
  7. “Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ”.

Саноат ва энергетика

Дар семоҳаи якуми соли 2021 дар ноҳия аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусии ноҳия ба маблағи 10 миллиону 841 ҳазору 400 сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати соли гузашта 23 ҳазору 200 сомонӣ зиёд буда, 100,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия ду Шабакаҳои барқии ноҳияи Деваштич ва шабакаи барқии Исмоили Сомонӣ ба корхонаю ташкилот ва аҳолӣ, умуман ба муштариёни ноҳия 18548 ҳазор кВт/соат барқ интиқол намудаанд. Маблағи истифодаи барқ дар ин давра 4851,8 ҳазор сомониро ташкил дода, пардохти он ба маблағи 4633,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки 95,4 фоизро ташкил медиҳад.

Соҳаи нақлиёт

Нақшаи таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар соли 2021 чунин мебошад:

— таъмири асосӣ — 3,1 км;

— таъмири ҷорӣ — 36 км;

— шағалпӯш — 233 км.

Бояд қайд намуд, ки таъмири асосӣ ба масофаи 3 км аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Манбаи маблағгузории таъмири роҳҳои автомобилгард дар соли ҷорӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи 3000,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 108,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 155,2 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ ба маблағи 358,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳия 2 адад ширкатҳои нақлиётии ҶДММ “Адаб” ва бахши ҶДММ “Дӯстӣ” фаъолият менамоянд, ки самти асосии фаъолияташон хизмати нақлиётӣ ба аҳолӣ мебошад. Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии ҶДММ “Адаб” ва бахши ҶДММ “Дӯстӣ” ҳаҷми боркашонӣ 451,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,7 ҳазор тонна зиёд ё 117,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми мусофиркашонӣ 223,6 ҳазор мусофирро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 ҳазор мусофир зиёд мебошад.

Рушди кишоварзӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2021 кишоварзони ноҳия дар майдони 14489,5 гектар зироатҳои ғалладонагиҳо, 80,3 гектар зироатҳои техникӣ, 190,4 гектар картошка, 249,4 гектар сабзавот, дар майдони 88,26 гектар боғу токи нав бунёд намудаанд, ки нисбати соли гузашта зироатҳои ғалладонагиҳо 1432,8 гектар зиёд, картошка 130,7 гектар зиёд кишт карда шудааст.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи чорводорӣ 35 миллиону 917 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 104,7 фоиз баробар мебошад.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2021 оид ба таъмини иҷроиши Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Дар ин давра 409 нафар шаҳрвандони корҷӯянда муроҷиат намудаанд, ки аз он ҷумла 85 нафар занҳо, 320 нафар мардҳо ва аз он 30 нафарашон ҷавонон буда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои амалӣ 333 нафар шаҳрвандони бекор бо кор таъмин гаштаанд.

Дар ин давра касбомӯзонӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда шуда, 60 нафар шаҳрвандони муроҷиатнамуда ба воситаи Муассисаи давлатии марказии соҳибкории иҷтимоии «Эҳтиром»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар курсҳои «Дӯзанда», “Кафшергар”, “Сохтмончӣ” ва “Рангуборчӣ” ба таҳсил равона карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 18 нафар шаҳрвандони дар қайд буда барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 59600 сомонӣ дода шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 112 ҷойҳои кории нав ташкил карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти марказҳои таълими калонсолон ба касбомӯзӣ, фаро гирифтани калонсолон, гуруҳи осебпазир, аз ҷумла занону ҷавонон ва таъмини шуғлнокии онҳо чораҳои зарурӣ мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои номбаршуда тариқи маҳфилҳои доимоамалкунандаи “Хонадон”, “Кошонаи саодат” ва “Кадбону” вохӯрию мулоқот ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа бо гуруҳҳои осебпазир ташкил ва гузаронида шудааст.

Айни ҳол дар ноҳия 12 адад Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ва 16 адад Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, ба Марказҳои мазкур ҳамагӣ 61 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ ва атласу адрасбофӣ насб карда шудаанд.

Дар ноҳия 2 адад нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ мавҷуд аст, ки ҳунармандон маҳсулоти дастии худро пешкаши халқ менамоянд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021-ум 729 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз ин ҳисоб 133 нафарро занон ташкил менамоянд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар ноҳия шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021-ум 14464 нафар мебошанд. Маблағи моҳонаи нафақа 3724,9 ҳазор сомонӣ буда, андозаи миёнаи маблағи нафақа 257,5 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии маъюбони нафақагир дар ноҳия аз бемории умумӣ 1017 нафар, маъюбӣ аз бачагӣ 998 нафар, маъюбӣ то синни 18-сола 643 нафар, маъюбони иҷтимоӣ 571 нафар, маъюбони Артиши миллӣ 37 нафар, маъюбони садамаи Чернобил 11 нафар, маъюбони ҷанги Афғонистон 4 нафар ва маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ 5 нафар, ҳамагӣ 3276 нафар мебошад.

Дар ноҳия айни ҳол шумораи кӯдакони ятими кулл 19 нафар ба қайд гирифта шуда, дар бонкҳо ба 19 нафар кӯдакони ятими кулл суратҳисоб кушода шудааст ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шудаанд, ки барои ғанӣ гардонидани суратҳисобҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷиҳати таъмин намудан бо аробочаи маъюбӣ 2 нафар муроҷиат карда, 2 нафар таъмин шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар рӯзҳои таърихӣ ва идҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбони ноҳия, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони ниёзманд ба маблағи 104901 сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

Маориф ва илм

Дар семоҳаи якуми соли хониши 2020-2021 дар ноҳияи Деваштич 77 муассисаҳои таълимӣ, аз инҳо 1 адад Маркази таҳсилоти иловагӣ бо шумораи умумии 580 нафар хонанда, 8 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шумораи 1441 нафар кӯдак, 65 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо шумораи 38905 нафар хонанда фаъолият мебаранд.

Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 38905 нафар, аз ин 19087 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 2838 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия 2 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 Маркази саломатии деҳот ва 20 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Дар ноҳия катҳои табобатӣ 650 ададро ташкил медиҳад. 13 муассисаҳои фурӯши доруворӣ ва маводҳои тиббӣ фаъолият мебаранд.

Дар муассисаҳои тандурустӣ 1513 нафар — 177 нафар табибон (176 нафар дар соли 2020) ва 973 нафар кормандони миёнаи тиб, 363 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад Хонаи фарҳанги ноҳиявӣ, 4 адад Хонаи фарҳанги деҳот, 16 клуб, китобхонаи ноҳиявӣ, китобхонаи бачагона, 24 китобхонаҳои деҳот, мактаби санъати бачагона, 2 осорхонаи шахсӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат расонида, 35 ёдгориҳои таърихӣ арзи вуҷуд доранд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, бинои Хонаи маданияти ноҳия, китобхонаҳои бачагона ва ноҳиявӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, дар як вақт гирду атрофи он мумфарш кунонида шудааст.

Ҳамзамон, дар ин давра азнавсонии бинои Хонаи фарҳанг дар ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ бо тарҳи замонавӣ оғоз гардида, корҳо бомаром идома доранд.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 5990 нафар мебошад. Дар ноҳия 6 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 31 нафар барандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Дар ноҳияи Деваштич дар маҷмуъ 115 иншооти варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият доранд. Дар ноҳияи Деваштич 602 нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ноҳия рушди соҳаи сайёҳӣ зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуда, мавзеҳои “Чилдухтарон”-и деҳаи Метк, мақбараи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар деҳаи Угуки ҷамоати деҳоти Ваҳдат, “Сари чашма”-и деҳаи Сурхобча, мақбараи Хоҷа Абӯтоҳир воқеъ дар деҳаи Хӯҷаҳои ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва мавзеи “Шаршара”-и деҳаи Далёни Болои ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва Майдони “Муҷассамаи Деваштич” дар ҷамоати шаҳраки Ғончӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳон мувофиқи матлаб мебошад.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамагӣ 941 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 1093 ададро ташкил дода, 152 адад кам мебошад. Аризаҳо барои баррасӣ ба маълумоти роҳбарият расонида шуда, аз рӯи моҳият ба шуъбаю кумитаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шудаанд.

Аз шумораи умумии аризаҳои хаттии воридгардида аз рӯи тобеият 641 адад ба Кумитаи идораи замин, Раёсати кишоварзӣ ирсол гардида, 3 адад рад, 12 адад қонеъ, 60 адад тибқи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаҳмонида дода шуда, 205 адад муроҷиатҳо дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби раиси ноҳия 296 нафар шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ қабул карда шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 195 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шифоҳӣ 6 адад рад, 12 адад қонеъ, 93 адад фаҳмонида дода шуда, 185 адад дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки 388 бандро ташкил медиҳад. Аз он сохтмони муассисаҳои таълимӣ 23 адад, муассисаҳои табобатӣ 15 адад, нуқтаҳои хатнакунии кӯдакон 11 адад, сартарошхона ва толори ҳусн 17 адад, толор ва майдонҳои варзишӣ 13 адад, боғи истироҳатию фароғатӣ 1 адад, китобхонаҳо 3 адад, дорухонаҳо 3 адад, ҳаммом 7 адад, маркази хизматрасонӣ 47 адад, корхонаи истеҳсолии хурд 15 адад, майдончаҳои бозии кӯдакон 1 адад, иншооти гуногун 230 ададро ташкил медиҳанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021-ум сохтмони 309 адад иншоот ба охир расида, ба истифода дода шудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2021 миқдори манзилҳои истиқоматӣ 17,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як сари аҳолӣ 10,4 метри мураббаъ рост меояд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳои махсус мураттаб сохта, баҳри амалӣ гардонидани он чораю тадбирҳои зарурӣ андешида, минбаъд низ самти асосии фаъолияти худро барои таъмини иҷрои саривақтии талаботҳои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таъмини амалии Барномаҳои қабулгардида дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона намуда, бо ин мақсад аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ истифода намуда, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here