Зикри мухтасар аз дастовардҳои назарраси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш роҳбарону масъулони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳанд.

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмҳои забоншиносиву тарҷумашиносии ватанӣ саҳми арзанда мегузорад.

Имрӯз хатмкардагони ин донишкадаи бонуфуз забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорон – донандагони 11 забони халқҳои гуногуни олам дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногуни кишвар фаъолияти босамар дошта, дар рушди маориф, фарҳанг ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нақши назаррас доранд.

Боиси зикру ифтихор аст, ки ин боргоҳи маърифат фаъолияти беш аз 40-сола дошта, имрӯз он ҳам аз лиҳози сатҳи таълиму тарбия, ҳам аз ҷиҳати таъмин бо устодони варзида ва ҳам аз нигоҳи фарогирӣ бо таҷҳизоти муосир дар радифи беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Донишкада дорои 5 факултет аст: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо. Ҳамчунин, дар донишкада шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал менамояд. Дар заминаи ин факултетҳо мувофиқ ба 31 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Дар донишкада 15 кафедра фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои донишкада (рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ) наздик ба 5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Ҷиҳати таҳсили босамари муҳассилин дарсгоҳу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, толорҳои компютерӣ, марказҳои омӯзиши амиқи фанҳо, устохонаҳо, китобхонаи дорои хазинаи бузург, китобхонаи электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар мадад хоҳанд расонд. Донишкада дорои варзишгоҳ низ мебошад, ки дар он донишҷӯён метавонанд дар дарсҳои варзиш ва берун аз дарсҳо ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Ҳаёти донишҷӯёни ин даргоҳ ҳамарӯза рангину хотирмон ҷараён меёбад ва пас аз итмоми машғулиятҳо дар донишкада мунтазам маҳфилу нишасту конфронсҳо дар мавзуҳои ҷолиб, вохӯрию мулоқотҳо бо шахсиятҳои наҷиб ва сабқату озмунҳои шавқовар баргузор мешаванд.

Шоистаи зикр аст, ки дар донишкада барои беҳдошти раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мешавад. Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардонидани раванди таълим ва баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён дар тӯли чанд соли охир баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯзномаи донишкадавӣ бо номи «Паёми донишҷӯ» мунтазам интишор мегардад, ки он тарғибгари ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, донишҷӯёнро дар руҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия мекунад. Ҳамчунин, дар ин макони забономӯзӣ маҷалла барои тарҷумонҳои ҷавон таҳти унвони «Машъалафрӯз» фаъол мебошад, ки шумораҳои он мунтазам бо фарогирии тарҷумаи осори бадеии намояндагони беш аз 11 забони хориҷӣ ба табъ мерасанд. Ҳадафи аслӣ аз таъсиси маҷаллаи мазкур эҳёи мактаби тарҷумонӣ буда, бешак, ҷавонони соҳибзавқро ба ин кори пурифтихор ҷалб хоҳад намуд. Яке аз вижагиҳои асосии “Машъалафрӯз” нашри тарҷумаи осори бадеии адибони оламшумули бурунмарзӣ аз забони асл мебошад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин маҷалла алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягона маҳсуб меёбад.

Самти дигар ва бағоят муҳиму афзалиятноки фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тавсеаи робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ ҳамоҳангсозии таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии омӯзгорону кормандон, ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия аст. Имрӯз ин маърифатгоҳи бонуфуз бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии бурунмарзӣ ва ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

АФЗАЛИЯТҲОИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА:

– Панҷоҳ синфхонаи мултимедӣ, силсилаи синфхонаҳои лингофонӣ ва шумораи зиёди воситаҳои техникии муосир барои раванди таълим.

– Хобгоҳи замонавӣ бо беҳтарин шароити зиндагонӣ.

– Омӯзиши 11 забони хориҷӣ бо осонтарин усулҳои таълимӣ.

– Фаъолияти ботаҷрибатарин омӯзгорони забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат.

– Равобити ҳамкорӣ бо 50 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи таълимӣ.

– Шонздаҳ маҳфили илмӣ ва фаннии доимоамалкунанда таҳти роҳбарии маъруфтарин устодони ҷумҳурӣ.

– Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастрастарин маблағ барои донишҷӯён.

– Интишори нашрияи «Паёми донишҷӯ» бо фарогирии навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҳамчунин, мубаллиғи истеъдодҳои ҷавон.

– Нашри маҷаллаи «Машъалафрӯз» барои тарҷумонҳои ҷавон ва беҳтарин мактаби тарҷумонӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

– Мавҷудияти матбуоти даврӣ барои сайқали дониш ва такмили истеъдоди эҷодии донишҷӯён.

– Баргузории мунтазами озмунҳои шавқовари иртиботманд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи донишкада.

– Фаъолмандии ансанбли «Субҳи ҷавонӣ» барои муҳассилини дорои истеъдодҳои навозандагию раққосагӣ ва сарояндагию наттоқӣ.

– Синфхонаҳои компютерии пайваст бо интернети баландсуръат барои истифодаи бемамониати донишҷӯён.

– Китобхонаи шукуҳманд бо фарогирии китобҳои тозанашр ва хизматрасонии муосир.

– Пешниҳоди китобхонаи электронӣ дар толорҳои барҳаво бо ҷадидтарин таҷҳизоти техникӣ.

– Муколамаи ҳатмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои забономӯзӣ ҷиҳати такмили забондонӣ.

– Омӯзиши дӯзандагию қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои донишҷӯёни болаёқат.

– Ташкили саёҳати гуруҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва истироҳатӣ фориғ аз вақтҳои дарсӣ.

– Фаъолияти Маркази рушди забони англисӣ бо фарогирии шумораи зиёди маводи мухталифи таълимӣ.

– Ширкат дар ҳамоишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ баҳри вусъати ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва рисолати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода коллективи меҳнатиро водор менамояд, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нишондоди нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту дили гарм фаъолияташонро тақвият бахшанд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкадаро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рейтинги донишкада дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, вусъати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ободониву созандагӣ ва таҳким бахшидани пояи моддию техникии донишкада тадбирҳои иловагӣ ва судманд андешанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь