Ахиран, дар фазои синамои тоҷикӣ боз як филми тозае пайдо шуд, ки он аз сӯйи ниҳодии эҷодии “Тоҷикфилм” сабт гардидааст. Филм “Охирин сайди сайёд” унвон дошта, дар коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст. Филмнома моли Некрӯз Ҷалилиён ва Шаҳбоз Аброр буда, ғояи он аз асари ҳамноми нависандаи зиндаёд Аброр Зоҳир гирифта шудааст. Филм бозгӯӣ аз рухдодҳои солҳои навадуми садаи пор дар марзи Тоҷикистону ҳамсоякишвари Афғонистон мекунад ва меҳвари онро мухолифату муборизаи сокинони бумӣ бо марзшиканону қочоқчиёни аҷнабӣ дарбар мегирад.

 Коргардонӣ: Аз телевизион то синамо

Муҳаммадрабии Исмоил, коргардони филм мегӯяд, дар тӯли фаъолияташ филмҳои телевизионӣ бештар гирифтааст, то ҳунарӣ. “Як муддат киностудияи «Тоҷикфилм» бо баъзе сабабҳо кам филм ба навор мегирифт ва ин холигиро филмҳои телевизионие, ки мову чанд коргардон мегирифтем, пур мекард ва дӯстдорони синамои миллиро бо ин гуна филмҳо таъмин мекардем”, — иброз медорад Муҳаммадрабии Исмоил.

“Проектор” ва “Некӣ” филмҳои кӯтоҳи ҳунарии ӯ мебошад, аммо ба эътирофи худи коргардон, аз миёни намунаи корҳояш танҳо “Охирин сайёди сайёд”-ро мешавад ба маънои томаш филм гуфт. Ба қавли ӯ, филмҳое ки дар телевизион бардошта мешавад, муҳлати кам ва гуруҳи мобилии хурди иборат аз 3-4 нафар дорад, ки фаврӣ сабт карда мешавад. “Аммо, — меафзояд коргардон, — дар сабти «Охирин сайди сайёд» замон, гуруҳ ва техникаи муайян муҳайё буд, ки «Барномаи рушди кинои миллӣ барои солҳои 2018-2022» ба мо даст дод, то як филми дарози ҳунарӣ бигирем”.

 Таърихчаи филм

Коргардони филм пайдо шудани идеяи ин филмро ба замони фаъолияташ дар Телевизиони “Сафина” марбут медонад. “Вақте дар телевизион кору фаъолият мекардам, бо шодравон Аброр Зоҳир вохӯрдем. Нависандаи зиндаёд ба ман китобе тақдим намуд, бо мақсаде ки хонам ва аз рӯйи он филм бардорам. Китоб «Охирин сайди сайёд» ном дошт. Асарро мутолиа кардам ва як идеяи дигар пайдо шуд. Аз навиштаи устод ба ман образи шикорчие писанд омад, ки садто шикор мекардааст ва камонро бояд зери хок менамудааст. Ҳамин чиз фикри маро ба дигар тараф бурд”.

Муҳаммадрабии Исмоил мегӯяд, дар таҳияи филмнома саҳми нависандаи асар низ ҳаст ва ҳатто розигии ӯро барои ба муҳтавои асар ворид кардани дигаргунӣ гирифтааст: “Шодравон фаҳмиши бисёр баланди эҷодӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дошт ва мегуфт, ки ман аз он гуна нависандаҳое нестам, ки ранҷам. Шумо коргардонед, ҳарчи мехоҳед зам кунед, ҳарчи мехоҳед кам кунед. Ин ба шумо вобаста аст, ман асарро ба шумо додам”.

Коргардон мегӯяд, мазмуни асарро куллан тағйир додааст ва он саропо дигар гаштааст: “Аслан, дар ҳамаи филмҳо ҳамин гуна аст. Ҳар чизе ки аз нависандаҳо мегирем, куллан тағйир меёбад. Қариб 90% коргардонҳо муҳтавои асарро дигар мекунанд. Аз ин асар танҳо ном ва хатти сужа, ки шикорчӣ бояд сад сайд шикор кунаду камонро зери хок намояд боқӣ мондаасту халос”.

Ӯ дар мавриди тафовутҳои филмнома гуфт, дар асар қаҳрамони марказӣ як нафари солхӯрдаи танҳост, ки умраш ба ҷое расидааст. Вай худро ба шикору ҳифзи сарҳади деҳа аз ҳайвонҳои ваҳшӣ бахшидааст, то молу колои мардум эмин бошад. Шикорчиест ки аз баҳри зану фарзанд ва хонаву дар гузаштаву зиндагияшро дар кӯҳу пушта ва шикор сипарӣ мекунад. Як муддате ки вай аз шикор даст мекашад, дар деҳа овоза паҳн мешавад, ки гургҳо ҳамла кардаанду молҳои фалониро хӯрдаанд. Боз дубора маҷбур мешавад, ки камон гирифта барояд. Дар охири асар пирамард нопадид мешавад ва дигар барнамегардад. Ин ҳам вақте ки мардум таъна мекунанд, ки ӯ бояд оиладор шавад. Ҳамин гуна, шикорчӣ барои мардуми деҳа афсона мегардад.

Қарор буд, филм дар пояи телевизиони “Сафина” ба навор гирифта шавад, аммо як нофаҳмӣ миёни коргардон ва раҳбари собиқи ин ниҳод ба амалӣ нашудани ин ғоя боис шуд. “Ҳама корро ҳикматест”, — мегӯяд коргардон.

“Баъдан мебоист филмномаро коркард кунем, аммо касе пайдо нашуд, — изҳор медорад Муҳаммадрабии Исмоил. — Дар ин миён Манзаралӣ Шералӣ дӯсташ Некрӯз Ҷалилиёнро тавсия намуд, ки ҳамон шабу рӯз дар Олмон қарор дошт. Бо Некрӯз тариқи интернет суҳбат кардем, қиссаро барояш гуфтам ва филмномаро равон намудам. Ҳамин тавр, ҳамкорӣ миёни мо шурӯъ шуд. Баъдан писари шодравон Шаҳбоз Аброр низ ба гуруҳи мо бипайваст ва филмнома омода гардид. Боиста аст, бигӯям, ки хидмати Некрӯз дар ин кор бузург аст”.

 Аз сабт то намоиш

Пасон коргардони филм филмномаро ба Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод менамояд, ки он хуб арзёбӣ ва барои сабт пазируфта мешавад. Наворбардории филм моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, то моҳи декабр идома меёбад. Филм дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ сабт мегардад. Давраи бандубаст ва тадвини он дар моҳи июн ба поён мерасад.

Гуруҳи эҷодии он аз Наврӯз Саидов (наворбардор-таҳиягар), Лутфулло Неъматов (рассом-таҳиягар), Далер Султонов (оҳангсоз), Манзаралӣ Шералӣ (коргардони дуюм), Умар Ҷалолов (тадвингар), Акмал Абдуллозода (мудири филм) иборат будааст.

Дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаҳои саршиноси кишвар Қурбон Собир, Маҳмад-Алӣ Маҳмадов, Парвиз Пӯлодӣ, Абдумумин Шарифӣ, Амина Табарова ва бозигарони ҷавон Ҷовидон Маҳмадов, Соро Саидкамолиддинова, Фаридуншоҳ Раҳматуллоев ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд.

Нахустнамоиши филм шоми 24-уми июли соли равон дар толори Кохи Ватан баргузор гардид, ки анбӯҳи алоқамандони синамои миллиро гирди ҳам овард. Филм аз ҷониби тамошобини тоҷик хуб пазироӣ ва истиқбол шуд.

 Марз ва номус

Сайфулло Салимов аз ҷумлаи ихлосмандони филмҳои тоҷикиест, ки филм барояш мавриди писанд уфтодааст: “Охирин сайди сайёд” ин филме буд, ки аз филмофарони тоҷик шояд на танҳо ман бисёриҳо муддати тулонӣ интизораш буданд. Дар ин филм воқеан ҳам дигар тоҷик як тоҷики муқаррарӣ нест, ӯ як қаҳрамон ва як чеҳраест, ки барояш нангу номусу виҷдону миллат болотар аз ҳама ҳастию давлату зару зевар аст. Муҳаммадрабии Исмоил тавонистааст дар ин филм симои аслии тоҷикро муаррифӣ намояд ва дар шароити кунунӣ, ки он сӯйи марз ба хотири дину шариат тоифае худро қаҳрамон медонанду корашон ғорату ҷангу ҷидолу куштору дигару дигар аст, барои мо мардуми тоҷик ва он қаҳрамони филм ҳеч касанд ва ҳеч чиз, яъне тоҷик имрӯз қудрате дорад, ки ҳар нохалафе сар ба ҳавову боғаш ва қадаме ба хокаш гузорад аз карда пушаймону охират маконаш хоҳад шуд”.

Зайнаб Ҳусейнова, сокини шаҳри Турсунзода таассуроташро аз ин филм чунин ифода намуд: “Филми «Охирин сайди сайёд»-ро замоне ки тамошо кардам, бароям писанд омад ва ин танҳо ба ман не, ба кулли нафароне ки дар синамосалони Ватан тамошо карданд. Куллан аз дигар филмҳо фарқ дошт. Дар филм як ҷаҳон маънӣ нуҳуфта буду дар охир метавонӣ як хулосаи аниқ барорӣ. Филме ки печдарпечиҳои зиндагӣ, филме ки мардиву тавоноӣ, филме ки ҳимояи номуси дӯстдухтар, филме ки аз саргузашти як духтари гурезаи тарсу ва он ҳам тақдири имрӯзи духтарҳост! Офарин ба бачаҳое, ки дар филми мазкур саҳм доштанд!”

Қаҳрамонсозӣ меҳвари филм аст

Давлатмурод Каримов, филмноманависи тоҷик мегӯяд, синамои миллӣ ба офариниши ҳамин гуна филмҳо ниёзи бештар дорад: “Ҳусни назарам, дар маҷмӯъ, ба ин филм нек аст. Дар даврони Истиқлол рӯи навор омадани филме таҳти унвони “Охирин сайди сайёд” шаҳодат аз он медиҳад, ки синамои тоҷик дар ҳоли рушд аст. Ба фарқ аз филмҳое, ки тайи даҳаи охир офарида шудааст, дар мавзӯъ ва, умуман, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво фарқ дорад. Яъне дар филм қаҳрамонсозӣ шудааст. Ҳамчун бинанда дар симои қаҳрамони марказии ин филм симои ҷавонмарди тоҷикро дидам, ки боиси ифтихор ва сарфарозист. Аслан, синамои тоҷикро зарур аст, барои ҷалби таваҷҷуҳи бинандаи ватанӣ бештар ба офаридани ҳамин гуна қаҳрамонҳо даст занад. Яъне қаҳрамонофарӣ меҳвари эҷоди синамогарони тоҷик бошад”.

Дар ин росто, Мазҳаб Ҷумъа, коршиноси масоили фарҳангӣ иброз дошт, мавзӯи филм рӯзмарра буда, афкорсоз аст: “Воқеан, филм хуб баромадааст, махсусан саҳнаҳо дар филм хеле дар сатҳи хуб аст. Кори коргардонӣ ҳам бад нест. Ягона чизе ки каме мелангид, ин садо ва мусиқии филм буд. Масалан, дар ҷое ки набард буд, мусиқӣ хеле ором ва оҳиста буд. Дар маҷмӯъ то ба охир мусиқии филм ором буд ва тавре мегӯянд “темп” надошт. Ин ба пойи филм сахт зарба зад. Вале дар маҷмӯъ, як филми диданӣ буд ва чунин филмҳо дили шахсро ба оянда то ҷое гарм мекунанд. Вале чун буҷаи филмро намедонам, дар бораи мушаххасот ва ҷузъиёти дигараш чизе гуфта наметавонам. Чунки ҳангоми филмбардорӣ, махсусан дар чунин филмҳо ки сафарҳои зиёд дорад, буҷа хеле муҳим аст… Дар ҳоли ҳозир, мавзӯи филм бисёр муҳим буд. Яъне онҷо мушкил сари аҳолӣ нест, балки мушкил сари сиёсатҳо ва манфиатҳо аст”.

Нигаронӣ

Муҳаммадрабии Исмоил ба тарбиятгар будани синамо бовар дорад ва мехоҳад ҷавононро бо ин роҳ ватандӯст намояд: “Ҳадафи ҳар як коргардону муаллифе, ки филм меофарад, ин аст, ки қаҳрамон намуна бошад ва бинандаро водор ба пайравӣ аз қаҳрамон карда тавонад. Мақсади мо ҳам чунин аст, ки ҳамин гуна филмҳо зиёд гардаду қаҳрамон дигар барои ҷавонони мо Йигиту Наҷибсардор набошад”.

Ин дар ҳолест, ки Мазҳаб Ҷумъа мегӯяд, бо як ду филми нав ё куҳна наметавон ҷойи филмҳои туркӣ ва ё ҳар филмҳои дигарро, ки бозорро аллакай касб кардааст, гирифт. “Барои ин бояд, хеле ҷиддӣ ва самаранок кор кард. Бо он имконоте ки имрӯз “Тоҷикфилм” дорад дар ояндаи наздик ва миёна наметавонам гуфт, ки мо метавонем филмҳои туркӣ ё ҳар филми дигарро аз бозор пеш кунем ва бозори худро худ соҳиб шавем. Чунки дар як ё ду сол танҳо як ё ду филми боарзиш гирифта мешавад, ки дар он ҳам саҳми ташкилотҳои хориҷӣ ва худи коргардонҳо зиёд аст. Ҳатто баъзе коргардонҳо аз кисаи худ сарф карда филм мегиранд. Чунинҳо ҳам дорем… Масъалаи норасоии кадрҳо дар ин муассиса ё бо кадом як ғаразҳо пеш кардани мутахассисони хуб ҳам масъалаест, ки бояд ҷойи фикр бошад ва бояд ба ин кор таъҷилан хотима дода шавад”.

Коршиносон бар ин назаранд, ки барои офаридани як филми хуб, пеш аз ҳама, филмнома дар ҷойи аввал меистад. Пул ва мутахассисон аз паҳлӯҳои дигари мушкили синамогарони тоҷик аст, ки ҳамвора таъкид рӯйи он карда мешавад.

Ардашери ПАЙВАНД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here