Ончи ҳоло менависам, фишурдаест, ки нав оғозаш кардам ва табиист, ки ниёз ба рӯйкарде чандбора дорад, бо он ки даъвои ҳалли масъала надорад. Аз аҳли тахассуси театр ва театршиносон хоҳишам ин аст, ки дар такмили ин нигориш дасти мадад расонанд ё худ ин мавзӯъро идома диҳанд

Манзур аз корбурди истилоҳи “театр дар музофот” ё “театри музофотӣ” ҷудоиандозӣ ба маҷмӯи фаъолиятҳои назарраси эҷодкорони театрӣ ва ҳаёти театрӣ дар Тоҷикистон нест. Корбурди ин истилоҳ ва ё истилоҳоте мисли ин дар таҷрибаи ҳунаршиносии кишварҳо маъмул аст. Борҳо донишмандони театршинос ва андешамандони театрӣ сари ин қазия судмандона андешида, пайдоиши театрҳои музофиро чун маҳсули рушди ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ карданд, аз монандиву тафовут ё умумияту бартарии ин ё он гӯшаҳои театрӣ бо театрҳои пойтахт, раванди ташаккул ва рушди ҳаёти театрӣ дар музофотҳо ва муаммоҳои театр дар он гӯшаҳо назар доданд. Ин амр сабаб буда, ки дар музофотҳои русӣ театрҳои Копилов, Погребничко, Бухарин, Радун, Пахомов, Борисов ва ғайра шуҳрате доштаанд. Аз назари театршиноси рус Анна Шавгарова ҳам ҳузури театр дар музофот бо он ки бе муаммо нест (бархе нишонаҳои примитивизм, омехтагии хастаовари мусиқӣ, “истерикаи музофӣ” ва ғ.), “ҳар минтақа дастовардҳои театрӣ дорад, ки аз он кишвар, вилоят ё шаҳр ифтихорманд аст”. Бо он ки аз дидгоҳи театршиносӣ рақобати театрҳои музофӣ бо аҳли театрии пойтахт пӯшида нест, ҳузури ин театрҳои музофӣ аст, ки, масалан, “Русия ҳамчун салтанати бузурги театрӣ” боқӣ мондааст.

Бархе «театрҳои музофӣ» дар Тоҷикистон низ чунин қудратро доштаанд.

Ҳузури Театри драмаи мусиқии Конибодом ва корномаи чеҳраҳои тобноки он низ ба ин матлаб равшан ишора дорад. Ин муассисаи фарҳангӣ беш аз 90-сол дар қайди ҳаёт аст. Театри Конибодом аз чанд ҷиҳат арзиш дошта ва аҳаммияташ дар такмили фаъолияти густурдаи театрӣ дар Тоҷикистон қобили таъкиди хос аст: аввалан, ҳамчун махзани асосиву муҳимми такмили фаҳмиши ҳунарӣ ва завқи эстетикии мардум ҷойи гузориш ва намоиши садҳо асари баланди адабиву ҳунарии саҳнавӣ будааст. Дар ин файзгоҳи ҳунар намунаҳои хубу арзишманди адабиву ҳунарии ватаниву ҷаҳонӣ гузошта шуда, ба ин васила ҳазорҳо тамошобин ба ниёзу хостаҳои завқиашон расидаанд.

Дигар, иқдоми аввали ситорагони тобноки ҳунар Комил Ёрматов, Туҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Муътабар Иброҳимова, Саидултон Саидмуродов ва дигарон дар ҳамин муассиса гузошта шудааст. Аз байни инон Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам шуданд. Театр номи Туҳфа Фозиловаро дарёфт.

Аз тарафи дигар, театр ҷойгоҳи баландпарвози чанд ҳунарманди асиле ҳамчун Дилором Баҳромова, Истад Муҳаммадҷонова, Дилбар Сулаймонова, Юнусалӣ Эргашев, Матлуба Мирзоҷонова гардид, ки онҳо маҳз дар ҳамин музофот даст ба ормонҳои ҳунарӣ зада, барои ташаккули театр саҳм гузошта, ба дарёфти унвонҳои баланди Ҳунарманди халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон расиданд. Театри Конибодом майдони таҷрибаи як зумра коргардонон ҳам буда, Тоҳир Баҳромов, Муҳиддин Музаффаров бештар дар ин замина соҳиби ҷой ва номанд. Теъдоде аз гузораҳои онон ҷаҳонӣ гашт… Даҳҳо ҳунармандони ҷавон ҳам парвариш ёфта ва ба камол расиданд…

Сониян, театри шуҳратманди Конибодом ҳар қадар намунаҳои асарҳои адибони дараҷаи аввали ватанӣ — Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Султон Саидмуродов, Аминҷон Шукуҳӣ ва дигаронро ба бинанда пеш кашид, ҳамон қадар осори адибони халқҳои ҷаҳон — Вилям Шекспир, Узоир Ҳоҷибеков, Комил Яшин, Ҳамза Ҳакимзода, Саид Аҳмад ва дигаронро дар саҳна гузошта, писанди тамошобини сершумор гаштааст.

Хеле хуб шуд, ки дар фавти ҳунарманди маҳбуб Истад Муҳаммадҷонова чеҳраи ӯро чун модари театр ба арзи мо расониданд. Дар театри Конибодом Истад Муҳаммадҷонова қариб 50 сол кор карда, беш аз 50 нақш офарид, ки ин бешак, чеҳраи мунир ва нотакрори театр дар музофот будани ӯро ба исбот мерасонад. Ӯ дар ин гӯшаи дурдасти ҳунар новобаста аз кандагии ҷуғрофӣ барои дар саҳна гузоштани як силсила намоишномаҳо дар сатҳи баланди ҳунарӣ, офаридани нақшҳо ва ҳифзи рисолати хоси саҳнаофарӣ саҳми назаррас гузошт. Ҳунарманди шаҳир образҳои Норгулро аз “Ошӯби рӯзгор”-и Аъзам Сидқӣ, Рисолатпариро аз “Тошболтаи ошиқ”-и Ҳамид Ғулом, муаллима Шаҳнозаро аз “Муаллим”-и Ашӯрқулов, Зарринаро аз “Зафар ва Заррина”-и Саидсултон Саидмуродов, Нурхонро аз асари ҳамноми Комил Яшин ва … дар сатҳи баланди тахассусӣ ва завқӣ офарида, дар умқи дили аҳли завқ ва назар ҷой ёфта буд. “Ӯ дар саҳна ҳам нақш меофараду ҳам суруд мехонад. Дар ҷодаи овозхонӣ ҳам ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудааст. Хусусан, сурудҳои классикӣ дар иҷрои ӯ форам садо медиҳанд”.

Натиҷаи баланди кори “театр дар музофот” ва ходимони дилбохтаи он буда, ки ҳам ба маҷмӯи корномаи театри Конибодом ва ҳам ҳунармандони ҷудогона баҳои арзанда дода шудааст, аз ҷумла баҳои ҳунарманди маъруфи тоҷик Қурбони Собир хеле ҷолиб аст:

“Сатҳи намоишҳои Шумо баробар ба пойтахт аст, на музофот”!

Пас театри Конибодом ҷузъи театри тоҷик буд…

Ҷои Истад Муҳаммадҷонва барин ҳунарманд ҳам холӣ монд…

Илоҳо дар арши барин ҷой бигирад!

Субҳон АЪЗАМЗОД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here