Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон созмони бонуфузи ҷамъиятист, ки дар асоси Оиннома фаъолият менамояд. Ин иттиҳод бо часпу талош ва заҳматҳои бепоёни саромадони адабиёти муосир Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода ва Мирзо Турсунзода арзи ҳастӣ намуда, бо аризаи ихтиёрии адибони баъдина то ҳол бори гарон ва арзишманди суханро баҳри тарбияи маънавию мадании инсон бар дӯш дорад.

Мутобиқи талаботи Оиннома адибон дар назди Иттифоқ (дар симои Раёсат) ва Раёсати Иттифоқ, ки нависандагон онро интихоб менамоянд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зиёди мутақобиларо ба зимма доранд. Яъне, нависандагон вазифадоранд барои наслҳои ҳозира ва оянда асарҳои пурмазмун, шавқовар, хонданбоб ва замонавӣ офарида, дар чорабиниҳои ташкилнамудаи Раёсат фаъолона иштирок намоянд. Раёсат бошад, дар навбати худ ӯҳдадор аст, ки барои пурмаҳсул эҷод намудани асарҳои пурарзиш тамоми шароитҳоро барои адибон муҳайё намояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи адибон ҳамин рисолати азалии худро самаранок ва бо сарбаландӣ ба иҷро мерасонанд. Дар натиҷа беш аз 80 нафар адибоне, ки аз лиҳози бадеият асарҳои каммазмун эҷод намуда буданд, бо қарори Раёсат аз ҳайати Иттифоқ хориҷ гардиданд. Оид ба ин масъала Раёсатро лозим аст, ки адиби солҳои зиёд асар наофарида ва дар чорабиниҳои Раёсат иштироки фаъол надоштаро, пеш аз ҳайати Иттифоқ хориҷ кардан ҳисоботашро қабул намояд ва дар сурати иҷро накардани ин амал қарори дахлдор қабул намояд.

Дар саромади сухан қайд намудем, ки Иттифоқ созмони ихтиёрии ҷамъиятист. Пас ҳар як адиб ӯҳдадор аст, ки Иттифоқи худро аз ҷиҳати моддӣ — молиявӣ дастгирӣ намояд. Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки аксари адибон ҳатто ба нашрияҳои Иттифоқ обуна нашуда, солҳои зиёд ҳатто ба даргоҳи он қадам намегузоранд. Чунин амал аз он дарак медиҳад, ки на ҳамаи адибон бо Оинномаи Иттифоқ шинос ҳастанд. Аз ин хотир, пешниҳод менамоем, ки Раёсат омӯзиши меъёрҳои Оинномаро дар миқёси вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар шакли семинар — машғулиятҳо ташкил намояд.

Иловатан, баҳри густариши фаъолияти адибон, паҳн намудани таҷриба, такмили маҳорати адабӣ ва мустаҳкам намудани алоқаҳои адабӣ даҳаи адабиёт дар миқёси вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида шавад. Инчунин, ба Раёсати Иттифоқ зарур аст, ки оид ба таъсиси бахши адабии шаҳри Душанбе чораю тадбир андешад, чунки қисми зиёди адибон дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд.

Масъалаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини Раёсат баланд бардоштани ҳаққи қалам мебошад. Зеро аз қадимулайём ҳавасмандӣ воситаи асосии таъмини пешрафти фаъолияти эҷодии адибон ба шумор мерафт.

Инчунин Раёсатро лозим аст, ки сари масъалаи имтиёзи адибон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ таклифу дархост пешниҳод намояд. Охир, мо адибон номи баланд дорему аз ҳама гуна имтиёзҳо маҳрумем. Ҳатто имтиёзи дар нақлиёти ҷамъиятӣ бемузд савор шудан надорем, чӣ гила аз дигар намуди имтиёзҳо.

Дар байни нашрияҳои Иттифоқ рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ҷойи махсусро мегирад. Аз ин рӯ, Раёсатро лозим аст, ки ё шумораи саҳифаҳояшро зиёд кунад ва ё муваффақ гардад, ки он дар як ҳафта ақаллан се бор чоп шавад, то ки асарҳои адибон моҳҳо ва солҳои зиёд дар навбат наистанд. Аз ҷониби дигар, вақти он расидааст, ки Вазорати фарҳанг, ки дорои се Иттиҳодияи эҷодӣ мебошад, рӯзномаи худро таъсис диҳад.

Дар боло зикр намудем, ки Иттифоқи нависандагон созмони бонуфузи адабист. Вале чӣ ҷойи гила, ки ин Иттиҳод то ҳол дорои нашриёти махсуси худ намебошад ва даҳсолаҳо адибон интизоранд, то ки чопхонаи “Адиб”-и Вазорати фарҳанг асарҳояшонро дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардонад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки ин чопхона аз зери итоати Вазорати фарҳанг бароварда шуда, ба ихтиёри Иттифоқи нависандагон дода шавад.

Хурсандибахш аст, ки дар як қатор шаҳру ноҳияю вилоятҳо бахшҳои адабӣ ташкил шудаанд. Вале фаъолияти онҳо ҳанӯз ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Дар мавриди ба ном вуҷуд доштани баъзе бахшҳо ҳатто ҳоҷати сухан гуфтан нест. Баъзеи онҳо ҳатто соҳиби бино будан он тараф истад, ҳуҷраи корӣ надоранд.

Хуб мешуд, ки Раёсати Иттифоқ муносибаташро бо Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекард. Аслан адибро дар оинаи нилгун аҳён — аҳён мебинем. Доир ба тарғибу ташвиқи эҷодиёташ ҳоҷати сухан рондан нест.

Вақти он расидааст, ки Раёсати Иттифоқ доир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати гиромидошти хотираи собиқадорони адабиёт таклифу дархостҳояшро пешниҳод намояд. Ҳурмату эҳтиром, арҷ гузоштан ба фаъолияти адиб пас аз марг ба кӣ даркор? Дар ҳоле, ки Иттифоқ ҳамагӣ на кам аз 400 нафар аъзо дорад.

Дар хотима зикр карданием, ки агар Раёсати Иттифоқ ва кулли нависандагон масъулиятнок буда, баҳри ислоҳи эроду дархостҳои пешниҳодшуда чораю тадбирҳои зарурӣ андешанд, обрӯю эътибори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даҳчанд афзуда, ҳурмату эҳтиромаш ба давраи роҳбарии қофиласарои сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода баробар хоҳад шуд.

Зариф ҒУЛОМ,

нависанда

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here