Дар асрҳои миёна мантиқиён ба хотири он ки таълимоти фалсафии худро ба фаҳмиши мардум наздик намоянд, андешаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, таърихӣ ва мушоҳидаҳои ситорашиносии худро дар қолаби шеър, хосатан, рубоӣ баён менамуданд. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ сараввал ин таҷрибаро дар қолабҳои маъмулии шеър, аз ҷумла  қасида, маснавӣ, манзумаю қитъа баён намуда, бад-ин васила дар пешрафти тафаккури мардум таъсир расонид. Зеро дар асрҳои миёна таассуби динӣ ва ақоиди хурофотӣ дар ҷомеа реша давонда, мардумро аз фаҳмиши воқеият дур мекард. Мардум истилои ваҳшиёнаи муғулро “балои осмонӣ” ва аз тақдиру пешонӣ пиндошта,  кӯшиши мубориза бар зидди ин бедодгариҳои истилогарони аҷнабиро гуноҳи азим медонистанд. Ҳамзамон, диёнати исломӣ ва қоидаҳои шариати мусулмонӣ дар ихтиёри  зимомдорони вақт қарор гирифта, ҳамчун василаи маҳдудсозии озодии мардум истифода мешуданд. Вале аҳли илму маърифат барои мардумро аз ин гумроҳию нодонӣ раҳо намудан, ба шеър рӯ оварда, андешаҳои фалсафии худро дар қолаби шеър ва бо забони содаву фаҳмо баён менамуданд. Умари Хайём, ки бузургтарин шоири озодандеши Шарқ мебошад, ин ҳама гирудори замонаро кори беҳуда шумурда, ҳамзамононашро бар он мехонд:

Май хӯр, ки фалак баҳри ҳалоки ману ту,

Қасде дорад ба ҷони поки ману ту.

Дар сабза нишину майи равшан мехӯр,

Кин сабза басе дамад зи хоки ману ту.

Гузашта аз ин, замони тираву тори зулмпарвар, ки бар беҳуқуқии инсон асос ёфта буд, Ҳофизи Шерозиро маҷбур сохт, ки мардумро аз роҳи муборизаю ҳокимиятхоҳӣ боздорад, зеро:

Шукуҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар он дарҷ аст,

Кулоҳи дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.

Ҷомии бузургвор аз табақаи доро инсофу диёнат тақозо намуда, бо як ҷасорати ба худ хос ба табақаи дастандаркор таънаомез гуфтааст:

Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,

Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ?

Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,

Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ?

Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,

Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ?…

Ин навъ мушкилот ва печидагиҳои замонӣ, ки ҳаллу фаслашон барои табақаи беҳуқуқи дунёи зулмпарвари асримиёнагӣ як муаммои сарбастаеро мемонд ва дар бораи онҳо фикр кардану чораи халосӣ ҷӯстани “бандагони осӣ” ҷурму гуноҳ ҳисобида мешуд, ба чанд омили фикрию иҷтимоӣ бастагӣ дошт. Пеш аз ҳама, инсоният бо ҳама “ақли расо”- и худ табиат ва қонунҳои табиатро нисбати сарнавишти дунё ва инсон фаромӯш карда, ба ҷойи омӯхтан ва бо такя ба неруи ақлонӣ дар баробари қавонини табиӣ тасмимоти мантиқӣ гирифтан, ба бовардоштҳои хушку ривоёти хурофотӣ маҳдуд мешуд. Ин буд, ки соҳибмулкони вақт замон муаммоҳои табиатро либоси хурофотӣ пӯшонда, бо ин роҳ дар фаҳмиш ва шинохти Худо ва табиат мардумро гумроҳ карда, доми тазвирро фарохтар партофта, инсонҳоро саҳлу осон тобеи хосту иродаи худ мекарданд.

Носири Хусрав дар шинохти мушкилоти фикрӣ ва печидагиҳои хурофотии давр равиши нисбатан мантиқиеро дунбол мекунад ва дар доираи фаҳмишҳои фалсафию ҳикматӣ, ки аз Юнон ва Миср мунтақил шуда буданд, ба шарҳу тавзеҳи масъала ва муаммоҳо мепардозад: “Табиат аст, он чи ӯ ба ҳама маконҳо ҳозир аст…ва табиат нигаҳбони макон аст…ва табиат ҳаддест аз ҳудуди ақл, ки ӯ шарифтар офаридааст аз офаридаҳои Эзиди таъоло” (ниг.: Носири Хусрав. Хон- ул- ихвон. Куллиёт.- Душанбе, 1991. С.318.). Носири Хусрав табиатро офаридаи Эзиди таъоло дониста, мехоҳад, ҳамзамононаш ҳодисаву рӯйдодҳои қисматро як амри табиӣ шинохта, ба ин васила аз фаҳмишҳои хурофотию таассуботи мазҳабӣ канор бигиранд. Шоирони классики мо — аз Рӯдакӣ то охирин шоири даврони шӯравӣ, ғолибан дар доираи ҳамин нукта чархидаанд ва саъю талош намудаанд, ки симои воқеии зимомдорони вақт – амиру вазир, зоҳиду сӯфӣ, шайху эшон, муҳтасибу шаҳна, қозию муфтӣ ва амсоли инҳоро фош сохта, ҷомеаро аз макру ҳилла ва найрангу фиреби ин тоифаи муфтхӯр, ки мутаассифона, имрӯз низ дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тасаллут доранд, ҳифз намоянд. Аз ҷониби дигар,  шоирону адибони саршиноси гузашта тавассути ошкор кардани афкору кирдори мазарратбори рӯҳониёни мутаассиб ва муфтхӯрони замон мехостанд, ҷомеа ва авомро аз доми макру найранги онон раҳо созанд ва ба ин тартиб рисолати адабӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, фалсафӣ ва инсонии худро иҷро намоянд.

Аз ҷумлаи масоили калидии замон, ки миёни табақоти илмию фалсафӣ ва динию ирфонӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро дар пай дошт, масъалаи фаҳмиши қисмати ин дунё ва дар ин замина шинохти азалу абад будааст. Ин буд, ки мутафаккирону андешамандони замон дар ин замина гуфтумони зиёде карда, мунтаҳо иброз доштаанд, ки “азал иборат аст, аз давоми вуҷуд дар гузашта дар муқобили “абад”, ки иборат аст, аз давоми вуҷуд дар оянда” (ниг.: Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ. Душанбе: Бухоро, 2014. С.40.). Ба сухани дигар, ибтидои азал маълум нест, абад бошад, интиҳо надорад ва як раванди беохир аст. Ин ду нукта боис гаштааст, ки шоирони гузаштаи мо сари донистани азалият ва абадияти Табиат ва Худо ва ё олам тамаркуз кунанд. Устоди суханварони форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаҳонро, чуноне ки ҳаст, мешиносад ва даъват менамояд, ки онро бо қонуниятҳои азалияш бояд шинохт, зеро онҳоро инсон тағйир дода наметавонад:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

Ҳамеша то бувад ойин, гиргардон буд.

Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,

Ва боз дард ҳамон, каз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳам он ки хулқон буд.

Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд,

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Ҳаким Фирдавсӣ бар он андеша аст, ки инсон дунё ва абадиятро танҳо ба воситаи дониш ва хирад дарёфта метавонад:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан.

Ва ё дар ҷойи дигар таъкид менамояд, ки дар олам фақат некӣ умри ҷовидон дорад: “Бадиро фаромӯш куну ба некӣ гарой”. Ҳофизи Шерозӣ бошад, абадиятро дар саховату бахшоиш ва ишқ медонад:

Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Дар ҷойи дигар ин шоири ҳақиқатбину ҳақиқатшинос дарк мекунад, ки инсон бояд ба қонунҳои табиату шариат эътибор диҳад, вале ба лофу газофҳои хурофотпарастон фирефта нашуда, ишқро василаи абадият қарор диҳад:

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.

Вале Хайём ҳаргиз ба ин дунё ва қонунҳои он муросо надорад, ӯ мехоҳад, қудрате пайдо кунад ва ин оламро зеру забар созад ва дунёе биофарад, ки инсон бо осонӣ ба орзуҳои худ даст ёбад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаки дигар чунон сохтаме,

Козода ба коми дил расидӣ осон.

Аз шоирони имрӯз доктори илми фалсафа ва файласуфи фарзона Комил  Бекзода андешаҳои фалсафии худро дар қолабҳои шеърӣ ғунҷонда, мекӯшад, ба суолу муаммоҳои деринаи башар посухи фалсафӣ бидиҳад ва хонандаро аз сардаргумиҳои фикрию равонӣ раҳо созад. Муҳимтар аз ҳама, устод Бекзода ба дунё ва сарнавишт назари вежаи фалсафӣ дорад ва иддао мекунад:

Худро кунам суҷуде, дунё бақо надорад,

Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад.

Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем,

Афсӯсу сад надомат, кон ҳам вафо надорад.

Ҳарчанд содалавҳист даъвии умри ҷовид,

Фарзанди одамӣ ҷуз ин муддао надорад.

Комил Бекзода дар шеъри дигари худ монанди Хайём сари андешаи бунёди ҷаҳони нав мегардад ва таманно дорад, ки дар он дунёи ормонии худ бунёди аҷалро барканад ва маргу мурданро барҳам занад:

Моем, ки бунёди аҷал канда бисозем,

В-аз умри абад олами поянда бисозем.

Азму ҳадафи  аҳли ҷаҳон аст, ки рӯзе

Хайём, туро бо дигарон зинда бисозем.

Яке аз шоирони навовар ва аз пешгомони шеъри муосири форсизабонони дунё Нодири Нодирпур низ дар масъалаи мазкур орзуи бунёди олами  нав  мекунад. Ӯ ҳам монанди Хайём ва Комил Бекзода дар қисмати инсоният дар шигифт аст ва дунёи дунро “ кӯчаку рангину коғазӣ” меҳисобад:

Дар ин ҷаҳони кӯчаку рангину коғазӣ,

Ман нақши солхӯрдаи Хайёми шоирам.

Оташ гирифтааст уфуқ дар қафои ман

В-аз солиёни сӯхта дудест дар сарам.

Хайём дар ҷаҳони ормонии худ мехоҳад инсонҳо ба осонӣ ба орзуи худ бирасанд, Комил Бекзода бошад, дар “Мадинаи фозила”-аш таманно дорад, ки  Ҳазрати Хайём ва кулли инсониятро аз нав ҷомаи сабзу зебои ҳаётро бипӯшонад. Нодири Нодирпур бошад,  бар он умедвор аст, ки шояд «наққоши рӯзгор» ба ман оламеро арзонӣ дорад, вале шоир аз он дар хавотир  аст, ки “Мадинаи фозила”-и ӯ мабодо аз ин ҷаҳони воқеӣ  ноқистару бевофотар бошад:

Вин орзу марост, ки баъд аз ҳазор сол,

Наққоши рӯзгор ба рағми гузаштаҳо.

Ояндае ба коми дили ман рақам занад.

Лекин ҳароснок аз онам, ки осмон

Ойинае шикаста ниҳад дар баробарам.

Комил Бекзода аз бунёди дунёи ормонии худ  нигароние  надорад ва дар шеъри “Васият ва даъво” мехоҳад аз бадбахтии инсонҳо бар рӯйи замин даъво пеш оварад ва баҳри аз нав сохтани ин дунё талош намояд:

Чун бимирам аз ҷадал гӯши малоик кар кунам,

Рафтагонро бохабар аз омади маҳшар кунам...

Бонг хоҳам зад ба Исо, кин ҳама таъхир чист?

Рӯзи растохез ку? То базму шодӣ сар кунам!

Гар ҷавоби кофию шофӣ наёбам з-он тараф,

Чок хоҳам зад кафанро, шиква бар Довар кунам…

Навбати кӯҳнафурӯшон даргузашту бигзарад,

Ҳамдами нав ёбаму андешаи дигар кунам!

Агар ба даъвои ин ду шоир таваҷҷуҳ намоем, дар андешаи Нодири Нодирпур як навъ хавотирӣ ва пушаймонӣ аз ин иқдоми хайёмонааш эҳсос мешавад, вале Комил Бекзода дар даъвияш устувор аст ва ба ҳар гуна  куҳнаандешӣ муросо кардан намехоҳад. Ба назари мо, Нодирпур дар нисбати бунёди “Мадинаи фозила” хулосаи воқеитареро мебарорад, зеро қонунҳои табиатро бояд чун воқеияти мутлақ шинохт ва ин қонунҳоро  мо тавассути  донишҳои ахлоқиву мазҳабӣ баррасӣ ва ба манфиатҳои худ мутобиқ месозем. Аммо Комил Бекзода чун Хайём ба андешаи худ устувор аст ва аз ягон хел воқеияти ҳозира ва оянда тарсу ҳаросе надорад.  Ӯ танҳо дар шеъри “Иди Наврӯзи Аҷам иди ҷаҳонӣ мешавад” бар он бовар дорад, ки одам бо илму фан метавонад бар ин ҷаҳони ҳамеша рӯ ба шикасту нокомӣ маънии ҷовидонӣ бахшад:

Иди Наврӯзи Аҷам иди ҷаҳонӣ мешавад,

Ин ҷаҳони пирро рамзи ҷавонӣ мешавад.

Ҳикмати ин Рӯзро Ҷамшеди фаррухпай ниҳод,

Кодами миранда рӯзе ҷовидонӣ мешавад.

Илму фан меоварад бар умри Одам рӯзи нав,

Нав ба нав зистан шиори зиндагонӣ мешавад

Дар шеъри “Бигзор шеъри Мавлавӣ” шоир умри ҷовидониро дар илм меҷӯяд ва гумон меравад, ки ӯ дар дунёи ормонии худ илмро маънии вуҷуди оламу одам медонад:

Гар ҷовидонӣ мақсадат, Комил дар ин дайри хароб,

Домони илми зист гир, ашъори ирфони магӯ.

Комил Бекзода барои ба саволҳои худ ҷавоб пайдо намудан бо Ҳазрати Хайём ба мубоҳиса мепардозад ва мехоҳад бо андешаҳои навҷӯёнаи худ ақоиди Пири Нишобурро тақвият бахшад. Шоир гоҳо ба андешаҳои Хайём эътироз мекунад ва дар ҳар мубоҳиса дар баробари иддаоҳои хайёмӣ ҳақиқати даъвиҳои худро ба миён гузошта, аз ин тариқ ба шоир ва файласуфи бузурги асримиёнагӣ посух мегӯяд. Ба чанд намунаи гуфтори Хайём ва посухи Бекзода таваҷҷуҳ мекунем:

Хайём:

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,

Вар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош.

Чун оқибати кори ҷаҳон нестӣ аст,

Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

Бекзод:

Бе умри абад мастиву май, хешфиребист,

Оҳанги рубобу дафу чанг, хешфиребист.

То дасти дарозои аҷал канда насозем,

Айшу тараби Ковусу Кай, хешфиребист.

Хайём:

Майлам ба шароби ноб бошад доим,

Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.

Гар кӯзагарон хоки маро кӯза кунанд,

Он кӯза пур аз шароб бошад доим.

Комил Бекзода:

Махмури шароби ноб будан то кай?

Мафтуни маю рубоб будан то кай?

Худро бираҳон зи маргу ҷовид бизӣ,

Дар доми чунин сароб будан то кай?

Ин шеваи баҳс дар ашъори Комил Бекзода хеле зиёд аст ва шоир бо ин усул ҳаргиз андешаҳои Ҳаким Умари Хайёмро инкор кардан намехоҳад, балки дидгоҳу назари ӯро аз лиҳози фалсафӣ интиқод мекунад ва ба масъалаҳои мавриди назар ҷуръатмандона посух медиҳад.

Дар баъзе ҳолатҳо мо дар гирдоби андешаҳои гузаштаю оянда монда, аз он болотар фикр карданро раво намебинем. Комил Бекзода аз ҳамин назар ҳамзамонони худро ба воситаи шеъри бисёр фаҳмо ва пурмаънии худ ба дунёи мубориза ва баҳсу талош мехонад. Зеро ӯ решаи озодию озодихоҳиро дар бовару ойинҳои бостонии миллӣ ҷустаю омӯхта, ҳамагонро бар он даъват менамояд, ки нисбат ба ин мероси гаронарзиши ниёгони худ фидокорона талош намуда, дар ҳар нафас баҳри беҳбудии ҳаёт омода бошем. Аз ин нигоҳ, устод Бекзода Хайёмро дар хоб дида, дар доираи тасвиру таъбири хоб озодандешӣ, дунёпарастӣ, фарзонагӣ ва озодагиро тараннум мекунад:

Лаҳзае дар хоб дидам ҳазрати Хайёмро,

Ёр дар бар, шӯр бар сар, бӯса мезад ҷомро.

Гуфтам: Эй пири хирад, тарсам, ки бадномат кунанд,

Гуфт: Ишқи ёру май бахшид бар ман номро!

Ба назари устод Бекзода, ёри Хайём нигоре заминӣ буд ва шаробаш ҳам ангурӣ. Ба ин маъно, Бекзода ба унвони як файласуфи озода ва фарзона Хайёмеро бо дидгоҳ ва андешаву орои заминӣ ва воқеӣ қабул дорад.

Ба ин тариқ, устод Комил Бекзода ба сифати файласуф дар қолаби каломи манзум мушкилоти замон ва муаммоҳои даврро матраҳ намуда, дар ҳар масъалае дидгоҳи вежаи худро ироа медорад. Аз ҳама муҳим, устод Бекзода дар қолибҳои маъмули назми классикӣ сухани нави фалсафӣ мегӯяд ва тариқаи технологияи худсозию инсонзозиро талаққӣ менамояд. Дар зимн, устод ҳама гуна назароти интиқодиро дар нисбати мавқеъгирӣ ва кайфияти ашъораш мепазирад ва роҳро барои гуфтумонҳои шеърию фаннӣ ва адабию фалсафӣ ҳамвор месозад.

Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,

номзади илмҳои филология

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь