Имрӯзҳо саросари кишвари азизамон қабои идона ба бар кардааст. Дар кулли шаҳру деҳоти мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома доранд. Мо дар арафаи ин ҷашни фархунда бо ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур суҳбате оростем ва қабл аз ҳама устодро барои дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ сазовор шуданашон бо медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муборкбод намудем.

Маҳмадёрзода У. М. иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу амният пойдор гашту ваҳдату якдигарфаҳмӣ боиси рушду нумуъ ва гулгулшукуфии бемисли кишварамон шуд. Дар ин давра таҳкурсии давлати соҳибихтиёри тоҷикон гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ васеъ оғоз ёфта, садҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Баҳри таъмини се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари пешрафтаи саноатӣ-аграрӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Донишгоҳи азизи мо ҳам дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва барои мо ифтихори бузургест, ки дар соли таҷлили ҷашни истиқлолият — дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон 90-умин солгарди таъсисёбии нахустин муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ — Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома доранд. Дар даромадгоҳи асосии донишгоҳ аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ дарвозаи нави муосир бо санъати меъмории миллӣ ба истифода дода шуд. Бинои асосӣ, бинои факултети агробизнес ва роҳравҳои ҳавлии донишгоҳ пурра бо чароғҳои замонавӣ равшан карда шуданд. Айни замон таъмири асосии намои бинои асосӣ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ оғоз гардида, рӯзҳои наздик нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар саҳни бинои асосӣ бунёд хоҳад гардид. Гулу гулкорӣ, шинонидани дарахту ниҳолҳо идома дорад.

Раванди созандагиро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо чашми хеш дидем, ки ҳама ҷо сарсабзу хуррам аст ва ин аз он башорат медиҳад, ки аҳли донишгоҳ баробари замона қадам зада, дар ободонии кишвар нақши дастони хешро мегузоранд.

ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур аввалин муассисаи олии ҷумҳурӣ мебошад, ки 31-уми марти соли 1931 бо номи Донишкадаи меваю сабзавоти Осиёи Миёна дар шаҳри бостонии Хуҷанд таъсис дода шуда, аз 1-уми сентябри соли 1931 машғулиятҳо оғоз ёфтанд. 16-уми январи соли 1933 ин муассисаи таълимӣ ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил дода шуда, 7-уми августи соли 1944 донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) кӯчонида шуд. 10-уми августи соли 1992 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. 20-уми октябри соли 2009 бахшида ба 110-солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур донишгоҳ ба номи ӯ гузошта шуд ва 31-уми октябри соли 2009 Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» номгузорӣ гардид.

Донишгоҳ дорои муқаддасоти хеш: Суруд, Парчам, Рамз (Нишон) аст. Донишгоҳ узви шабакаи донишгоҳҳои Авроосиё ва Атлантика (аз соли 2011), донишгоҳҳои алянси мактабҳои олии Хитой ва Осиёи Марказӣ (аз сентябри 2016), Алянси муассисаҳои олии касбии кишоварзии Шоҳроҳи абрешим мебошад. Донишгоҳ бо медали тиллоии «Эраи сифат» (2003), бо Мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» (“Донишгоҳи беҳтарин”, 2017), бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) мушарраф гардидааст. Соли 2020 донишгоҳ ба ташкилоти QS ворид гашт ва 20 нафар олими донишгоҳ ба ҳайси коршиносони муайянкунандаи рейтинги муассисаҳо ба ҳайат пазируфта шуданд.

Ду нафар олими шинохтаи донишгоҳ Мукофоти байналмилалии ба номи Суқрот, 10 олими ҷавон ҷоизаи ҷумҳуриявии Исмоили Сомонӣ ва як олим Ҷоизаи ба номи академик Павловский Е.Н.-ро соҳиб гардидаанд.

Донишгоҳ дар тӯли 90 сол барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 55786 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин теъдод зиёда аз 34700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва он 62,2 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад.

То соли 1990 дар донишгоҳ 7 факултет фаъолият намуда, ҳамагӣ аз рӯйи 10 ихтисос мутахассисонро омода менамуд. Имрӯз донишгоҳ аз рӯйи 52 ихтисос соҳибкасбонро омода мекунад. Агар соли 1991 дар донишгоҳ 4586 нафар донишҷӯ аз рӯйи 11 ихтисос таҳсил ва 380 омӯзгор фаъолият менамуданд, ҳоло дар донишгоҳ 10 факултет мавҷуд аст, ки дар онҳо 11662 нафар таҳсил менамоянд. Соли 2021-ум 62 нафар хатмкунанда соҳиби дипломи аъло шуданд. 9 нафар донишҷӯи аълохон ва намунавии донишгоҳ гирандагони стипендияи президентӣ мебошанд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 ба 5 ихтисоси нав (дендрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ) довталабон қабул карда мешаванд ва барои кушодани 2 ихтисоси дигар — харгӯшпарварӣ ва энтомология иҷозат гирифта шудааст. Як ихтисоси зинаи магистратураи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз тарафи ширкати аврупоии “Акквин” гузашт. Ҳоло ҳуҷҷатҳои лозимаи панҷ ихтисоси донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан омода карда шудааст.

Дар 50 кафедра (39 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 485 нафар устод, аз ҷумла 7 академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 6 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва АИКТ, 47 доктори илм, 51 профессор, 151 нафар номзади илм ва 290 омӯзгори беунвон фаъолият меварзанд.

Дар донишгоҳ 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, 70 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №262 “Оид ба тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ҳар сол дар донишгоҳ ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон гузаронида мешавад. Аз ҷумла, 19-уми майи соли равон бо иштироки бевоситаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ чунин ярмарка гузаронида шуд. Дар натиҷа 164 нафар хатмкунанда тибқи шартномаи тарафайн ва 605 нафар хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуда, ба онҳо роҳхат ба истеҳсолот дода шуд.

Ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишгоҳ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Мувофиқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол зиёда аз 30 000 нафар довталаб ихтисосҳои донишгоҳро аз рӯйи кластерҳои 1-2 ва 5 интихоб намуданд. Пас аз давраи якуму дуюм 1818 нафар ба сафи донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ қабул шуданд, дар ҳамин радиф 99 нафар довталаб тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шуданд.

Мазмуну мундариҷаи корҳои илмӣ — таҳқиқотии олимони донишгоҳ асосан ба ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст. Ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимони донишгоҳ аст, ки он ба таҳкимбахшии ниёзҳо, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди иқтисодиёти муосири Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамкории олимони донишгоҳ бо истеҳсолот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳо пайваста ба воситаи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, рӯзномаҳо баромаду суҳбатҳо намуда, ба кишоварзон тавсияҳои судманд медиҳанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ гуруҳҳои кории сайёр ба назди кишоварзону хоҷагидорон мераванд. Дар донишгоҳ “Маркази машваратӣ барои кишоварзон” таъсис дода шудааст, ки ба зангҳои телефонӣ ва ташрифоти кишоварзон устодон маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

Хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони соҳа ҳамчун пойгоҳи гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои шиносоӣ, технологӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва амалисозии барномаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотию татбиқи дастовардҳои илмии олимони донишгоҳу дигар муассисаҳои илмӣ, навгониҳои технологии истеҳсолот ва тадбиқи онҳо дар ин пойгоҳ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар қитъаи озмоишии КВТТ “Ҳисор” дар майдони 1 га 11000 ниҳоли ороишӣ ва 1000 адад ниҳоли мевадиҳанда шинонида шудааст. Дар 4 ҳавз парвариши 5000 адад моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Қитъаҳои намоишии парвариши зироатҳо ташкил гардидаанд. Гандуми тирамоҳии навъҳои  “Московский — 39”, “Московский — 56” ва “Мироновский — 808” дар 3 га, пахтаи миёнанахи навъи “Султонӣ” (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар 4 га, ҷуворимакка барои дон дар 1,6 га, лаблабӯ — 0,2 га, 4 навъи ангур — 0,5 га, картошка ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ кишт ва мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар озмоишгоҳи “Кишоварз” 2 гармхона барои парвариши сабзавот ва лимӯ ба истифода дода шуданд. Қитъаи дарахтони ороишӣ ва қитъаҳои такпайвандҳои дарахтони мевадиҳандаи маҳаллӣ иборат аз 2000 адад ва бо теъдоди 400 адад тагпайвандҳои мераболанди (такпайвандҳои ёбоии растаниҳои мевагии донакдор) модарӣ ташкил карда шуд. Харгӯшпарварӣ ба роҳ монда шудаасту дар назар аст, ки парандапарварӣ низ ҷорӣ карда шавад.

Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳои илмии замонавии бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидашуда ба монанди агрохимия ва хокшиносӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, сифати тухмӣ ва ташхиси дон, сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, иқлимшиносӣ амал мекунанд, ки хоҷагидорони кишвар метавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд.

Донишгоҳ бо муассисаҳои илмии АИКТ, АИҶТ, муассисаҳои илмии соҳавии ҷумҳурӣ ва бурунмарзӣ ва хоҷагиҳои рушдёфтаи ҷумҳурӣ ҳамкориҳои қавии илмию таълимӣ дорад. Ҳамкории олимони донишгоҳ бо истеҳсолот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Олимони донишгоҳ зуд-зуд ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ баромаду суҳбатҳо мегузаронанд. Дар донишгоҳ “Маркази машваратӣ барои кишоварзон” таъсис дода шудааст.

Дар назди донишгоҳ Институти илмӣ — тадқиқотии биотехнологӣ (ИИТБ) таъсис дода шудааст, ки ҳоло дар бисёр хоҷагиҳои картошкапарварии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон картошкаи тухмии навъҳои дар пажуҳишгоҳ бо усули биотехнологӣ солим гардонида шуда, парвариш меёбанд ва назар ба картошкаи тухмии аз хориҷи кишвар воридшуда афзалият нишон медиҳанду хеле арзонанд.

Дар донишгоҳ бюрои конструкторию технологӣ, маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, курсҳои кӯтоҳмуддати инноватсионӣ, озмунҳои илмии ихтироъкорон барои дарёфти грантҳои хурд роҳандозӣ гардидаанд. Олимони ҷавон пайваста дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба тарзи скайт- семинарҳо иштирок менамоянд. Дар Парки технологӣ бо истифода аз иқтидори пойгоҳии он ба донишҷӯён касбҳои гулпарварӣ, дӯзандагӣ, шаклдарории дарахтон, кафшергарӣ, таъмири дастгоҳҳо омӯзонида мешавад. Инчунин гулҳои ороишӣ парвариш карда шуда, дар роҳраву гулгаштҳо, саҳни донишгоҳ, майдони ба номи А. Рӯдакӣ, шоҳроҳи асосии мошингард шинонида мешаванд.

Дар донишгоҳ идҳои кишоварзӣ, ба монанди Меҳргон, Сада ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешаванд. Ансамбли халқии «Гулдаста» ва аҳли донишгоҳ дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиву кишоварзии донишгоҳиву ноҳиявӣ, шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар донишгоҳ даври нахустини озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон — ватани ман” ҷамъбаст гардида, ғолибон барои иштирок ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ қариб бо ҳамаи сафоратхонаҳои мамолик ва намояндагони ширкатҳои хориҷии воқеъ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ ҳоло бо 137 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздики 24 давлати дунё ва 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар донишгоҳ 240 нафар шаҳрванди бурунмарзӣ аз 5 мамлакати хориҷии дуру наздик таҳсил менамоянд.

Дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС бо филиалҳояш дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва минтақаи Рашт амал мекунад, ки кормандони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, деҳқонон ва фермерҳоро аз курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳои бозомӯзӣ мегузаранду ба онҳо сертификати такмили ихтисос медиҳанд. Омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ низ ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

Муҳаммадмурод САЙДАЛИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here