Чун сухан дар бобати бузурге амсоли Ҳошим Гадо меравад, нигоранда сару думи риштаи суханро гум мекунад. Агар инро ба гунаи дигар гӯем, бар он мемонад, ки фақире ба ганҷинае роҳ меёбад ва онро дасти ҳайрат чунон мефишорад, ки намедонад бағали худро аз кадом ҷониби ганҷина пур кунад.

Ганҷинаи рамзие, ки мани фақир бар он даст ёфта, аз ҳайрат сару по гум кардаам, устод Ҳошим Гадост. Месазад, ки мо ҳамвора аз ӯ бигӯему бишнавему бихонем. Агар Ҳошим Гадо зодаи миллати дигар мешуд ва хидматҳои ба миллати мо кардаашро ба онҳо мекард, ӯро ба рӯи китф гирифта, аз як саҳна ба саҳнаи дигар интиқол медоданд.

Ҳузури ӯ ҳузури ҷисму ҷон аст,

Ақиқи ҳикмату пандаш гарон аст.

Миёни мардуми олуда дар ҷаҳл,

Забони дарди ӯ бетарҷумон аст.

Дар ҳақиқат устод Ҳошим Гадо нобиғаи бузург ва ҳунарманди нотакрор аст. Ӯ зиндагиро аз равзанаи махсус назар мекунад. Агар мо рӯзи беҳӣ металабем ва шоиста зиндагӣ кардан мехоҳем, бояд ба зиндагӣ Ҳошимона назар кунем.

Ҳошим Гадо ягона шахсест, ки мо дар ӯ ва шахсияти ӯ гумкардаҳои хешро меҷӯем. Ӯ нумоди ҳақиқату ростӣ, инсониву фазилат ва донишу ҳикмат аст. Бори маънии сухану андешааш чунон вазнин аст, ки пушти ҳазорон рахши Рустамкашро мешиканад. Сухан ва симову шахсияташ фарқкунандаву фанонопазир аст. Ӯ Суҳроби ормонҳои мост. Ҳаким Фирдавсӣ медонист ва эътимод дошт, ки ин сарзамин бе қаҳрамонон ва ялҳои содиқ намемонад, дар “Шоҳнома” аз теғи ношиносиву беэҳсосии ҳамхун ё ба гунаи дигар, падар, кушта шудани Суҳробро тасвир кард. Хушбахтона, ҳамон ял ва Суҳроби ормонҳои мо Ҳошим Гадо тавлид шуд ва то ҳол баҳри ҳифзи ному нанг ва ҳунару фарҳанги мо хидмат карда истодааст. Ӯ хасми ному нанги моро на бо ханҷару камон, балки бо мушти обдори ҳунару садоқат ва истеъдоду андеша шикаст медиҳад. Шӯрбахтона, қисмат бар ҳар ду Суҳроб ҳам носозгор будааст. Яке аз теғи кин кушта шуд ва яки дигар, яъне Суҳроби ормонҳои мо – Ҳошим Гадо аз теғи носипосиву ношиносии мо захмист.

Дар ҳақиқат ҳамчу Суҳроби Ялӣ,

Захмӣ аз теғи рагу пайванди хеш.

Бо таассуф бояд гуфт, ки Суҳроби офаридаи Фирдавсиро марг як бор домангир шуд ва фано кард, Ҳошим Гадоро амалҳову ҷаҳл ва теғи носипосиву ношиносии мо ҳар лаҳза меозорад ва шаҳбози руҳи ӯро парканда мекунад.

Ҳамон Суҳробро як бор куштанд,

Туро мо нокасон сад бор куштем.

Устод Ҳошим ҳақ дорад, ки аз забони Лоиқи бузургвор бигӯяд:

Шумо шикастабаҳоён маро чӣ медонед?

Шумо бузургифурӯшон маро чӣ медонед?

Мо ҳеҷ гоҳе баҳову қиммати ҳунарашро надонистем ва забони дилу дарди ӯро нафаҳмидем. Ӯ моро ба марзи ҳақиқат расонидан мехоҳад, мо саркашӣ карда, худро самти ҳамоқат мекашем. Мехоҳад бар мо шариф буданро омӯзад, лекин мо касифиро пазируфта, даъваташро рад мекунем.

«Забони дарди ӯ бетарҷумон аст»

Мехоҳам дар бораи лавҳа ва гуфтаи фавқ чанд сухане бигӯям. Инсонҳо бояд аз дарду шодии ҳамдигар огоҳ бошанд ва баҳри бартараф намудани ғаму тимори ҳамдигар бетарафӣ зоҳир накунанд. Чӣ иллат аст, ки мо забони дарди инсони комиле чун Ҳошим Гадоро намефаҳмем? Гумони ғолиб дар посухи ин ҷавоб ин аст, ки мо инсон нестем. Маҳз, мӯҷиби асосии дилмондагии устод ҳам дар ҳамин аст. Касе аз дарду мақсадаш огоҳ намешавад ва дар фаҳмидани ғаму ормони ӯ саъй намекунад.

Агар дар муносибат ва шинохти мо тағйироте сурат нагирад, ояндагон моро ба ҳайси кӯрнамакони таърих зикру нафрин мекунанд. Мо Ҳошим ва ҳаққи намаки ҳунарашро нашинохтем…

Абдусалом САЛОМИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь