Ҳамагӣ он вакт, яъне тобистони соли 1981 20 сол доштам ва хизмати модар-ватанро дар Ҷумҳурии Гурҷистон адо менамудам. Чун одат аз солҳои мактабхониам, ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ, хусусан ҷаридаи “Камсамоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони советӣ” мақолаву хабарҳо мефиристодам ва аксар навиштаҳоям ба табъ мерасид.

Ҳар аскар бо иҷозатномае метавонист ба сайругашти шаҳр барояд. Бинобар ин, банда ҳам дар рӯзи зодрӯзам чанд тангае аз ҳаққи қалам ба сайругашти шаҳри Тиблис баромадам. Баъди каме сайругашт аз кӯчаҳои ин шаҳри зебо, ногоҳ чашмам ба мағозаи шишабандии хуштарҳе афтод, ки ин ҷо дӯкони китобфурушӣ мавҷуд буд. Вориди он гардида, аз рафҳои китоб ба муқоваи китобҳо назар афкандам. Чун он солҳо дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯрави ба забонҳои миллатҳои гуногун адабиёту китобҳое пайдо кардан имкон дошт. Дар рафи китобҳо се ҷилд китобе ба забони тоҷикӣ гузошта шуда, аввали бо муқоваи кабуди баланд-китоби “Асри ман”-и устод Мирзо Турсунзода, дувуми китоби “Навобад”-и Сотим Улуғзода ва саввуми китоби “Дӯстӣ”-и Муҳиддин Фарҳад. Ин китобҳоро чун ганҷи бебаҳое, чун ташнае дар ҷустуҷӯи об харидорӣ намудаму роҳ ба роҳ саргами мутолиа ба қисми низомии хеш баргаштам. Бахусус, китоби устод М. Турсунзодаву С. Улуғзода бароям туҳфаи бебаҳои зодрӯзиям буданд.

Фардову пас фардоҳои дигар ашъори пурғановати устод Турсунзодаро хондаву байту мисраҳоеро аз он азбар менамудам. Машғули кору шуғли ба зиммадоштан хизматам аз “роднои маяк” хабаре ба гушам расид, ки дар ватанамон 70-солагии шоири шаҳри тоҷик, ҳомии сулҳу амонӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Ва банда низ чун як мухлису дилдодаи шеъри ноби устод Турсунзода қалам ба даст гирифтаму ин сайругаштамро қисса намудаву аз китоби “Асри ман” ёдовар шудам. Номаамро ба унвони идораи рӯзнома фиристодам. Ва ҳамон рӯзҳое ки ба 24-уми моҳи сентябр рост меомад, ба муносибати 70-солагии шоири шаҳри тоҷик Мирзо Турсунзода шумораи ҷашнии “Тоҷикистони советӣ” нашр шуд. Маводи фиристодаи ман баъди таҳрир дар ду-се сархат ҳамчун “Номаи аскар аз қисми харбӣ…” бо имзои М. Сайдалиев ба табъ расид. Аҷоибтар аз ин, барои мани шогирди матбуоти давр, он замон дар як саҳфа ҷой намудани мавод баробари устод Бозор Собир, ки номи ӯ ҳам дар поёнии мақола зикр гардида буд, боиси сарфарозиам буд. Устод Бозор низ хотиротеро нақл менамуд, ки чи гуна чангу хоки раҳро ба осмонҳо бардошта, нақлиётеро ки дар он устод Турсунзода савор буд, ба зодгоҳи ӯ, деҳаи пурхору хаси Суфиён менамояд. Ин албатта, баъди даргузашти пурсузи бародари олими шоир- профессор Темур Собир воқеъ гардида. Баъдҳо ҳамчун хабарнигори ҷамъиятӣ хабару гузоришҳои дар ин рӯзнома бо дастгирии Мусо Мавлавӣ ба табъ расонидам.

Банда борҳо аз нақди адабиётшинос Атахон Сайфуллоев огоҳӣ ёфтам, ки устод Турсунзода ҳамчун боғбони боғи адабиёт насли нави адибони ҷавони оташак-ро тарбия намудаанд. Бахусус, насли нави қаламкашони солхои 60-умро, ки бодиди наву маънии баланд шеъри тоҷикро муаррифӣ менамуданд, устод Турсунзода таваҷҷуҳи хоссае зоҳир мекарданд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳои устод Турсунзода буд, ки шоири ҷавону умедбахши давр Лоиқ Шералӣ танҳо барои як шеъре, ки ба унвони “ Ба модарам” навиштааш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.

Устод Мирзо Турсунзода дар маҳфилҳои шеър аз қадамҳои нахустини шоирони навовару тозаҷӯйи адабиёти тоҷик, бахусус Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло ёдрас шуда, бо ифтихор ашъори навҷӯёнро, ки як навъ оҳанги худшиносиву меҳанпарастӣ ба худ касб карда буд, истиқбол менамуданд. Устод Турсунзода ба шоирони насли оташак пару боли уқобсон бахшиданд ва инҳо дар навбати худ аз худшиносиву ғурури миллӣ ва забону фарҳанги ҳазорсолаи пурифтихори худ овоз баланд мекарданд.Ҷасуронаву ғаюрона аз сарнавишти гузаштаи талхи мардуми тоҷик ва шинохти асили ватану меҳанпарастӣ, то марзу буми азизи аҷдодӣ бо рангу тобиши ба худ хос, шеър мегуфтанд. Аксари ин ҷавонони эркаи устод Турсунзода чун шохаи пургуле сари тундбоди ҷаҳолат ва гирдоби сахти сотсиализми мутараққӣ, чун мӯйе дар дами оташ қарор доштанд. Баъди чопи силсилашеърҳои ба меҳану миллат бахшидааш Бозор Собири дучори таъқиби Ҳизби камунист ва нотавонбинон гашта буд. Масъули баландпояи ҳизб ба устод Турсунзода мегуяд, “дами ин Бозораки серҷоғатро гир, вагарна…”. Шоири маъруфи миллат бошад, бо тамкини ба худ хос, ба ин масъул ҷавоб медихад, “ин як Бозораки серҷоғак не, Бозори пурғавғову маҷрои баҳри дамон аст…”. Устод Мирзо Турсунзода истеъдодҳои фавқулоддаро зуд мешинохтанду падарвор насиҳату дастгирӣ мекарданд. Ва устод Бозор Собир чун арзи садоқату сипос, ашъори баландмазмуне суруданд. Дар васфи устоди худ низ гуфтаанд:

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ,

Чун ба иқлими ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

М. Сайдалиев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here