(Ба муносибати 75солагии устод Сулаймон Эрмат)

Инсон дар тӯли умр бо шахсиятҳои гуногун ва намояндагони табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ошно мегардад ва аз ин ва ё он гурӯҳи инсонҳо меомӯзад, таҷриба меандӯзад ва ҳосили омӯзаву андӯхтаҳояшро дар зиндагӣ истифода мебарад. Махсусан, ошноӣ ва ифтихори дӯстию рафоқат бо ашхоси солдида, таҷрибаандӯхта, собиқадор, фазилатманд, нексиришт, пуротифа, масъулиятшинос, дурусткор ва хоксору хештаншинос сатҳи инсонро аз лиҳози иҷтимоӣ, фикрӣ, маърифатӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва маданӣ боло мебарад ва мақому ҷойгоҳ  мебахшад. Ба ин тартиб, ҳар қадар инсон тайи зиндагӣ бо инсонҳои вораста, тарбиятдида, донишманд, пухтакор, шариф, ҳалим, бовиҷдон, инсондӯсту олиҳиммат дидору мулоқот кунад, ҳамон қадар сатҳи муоширату маърифаташ боло рафта, имкони комёбию муваффақияти ӯ дар зиндагӣ бештар мегардад ва дар масири ҳамзистию ҳамшарикии инсонҳо гомҳои устувор бармедорад. Аз ин ҷост, ки ҳар инсони солимақл саъю талош меварзад, ки дар имтидоди зиндагӣ бо дарназардошти фурсату имконот бо шахсони озодаю фарзона ҳар чӣ бештар дидору мулоқот ва суҳбату вохӯриҳо доир кунад ва ба кӯлвори умри хеш лаҳазоти хубтару беҳтар зам намояд.

Ба ин манзур, дар кӯтаҳзамони умр ифтихори ошноӣ ва суҳбату мулоқот бо шахсиятҳои арзандаю шоистаи ватанию хориҷиро доштем, ки дарвоқеъ, дар ташаккули шахсият ва таҳаввули донишу маърифати мо нақши калидӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, шарафи ошноӣ бо адиб, шоир, нависанда, омӯзгор, муҳаққиқ, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва зиёию фарҳангии асил устод Сулаймон Эрматов боиси тағйиру таҳаввули зиндагии инфиродӣ, ихтисосӣ, ҷамъӣ ва мадании мо гардид.

Ростӣ, бо исми устод Сулаймон Эрматов аз тариқи мурури матолибу мақолоти устод, ки баъзан дар саҳифаҳои матбуоти даврии расмӣ дучор меомадам, ошноии муқаддимотӣ доштам, вале ӯро боре ҳам аз наздик мулоқот накарда будам. Аз тарафи дигар, камҳавсалагӣ, саҳлангорӣ ва серкорӣ  имкони мутолеоти ҷиддӣ ва бафурсати матолиби устод Сулаймон Эрматовро надода буд. Гузашта аз ин, ҳеч гоҳ ҳатто дар фикру хаёлам ҳам нагузашта буд, ки рӯзе бо ин адиби маъруфи миллию ватанӣ вомехӯрам ва дар феҳристи ошноёну дӯстону алоқамандони устод шомил мегардам. Аммо баъдан чунин шароит ва замон ба вуҷуд омад ва бо устод Сулаймон Эрматов аз наздик ошно шуда, аз мушаххасоти ҳувиятӣ, ҳайсиятӣ, шахсиятӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва эҷодии ӯ ба қадри кофӣ воқиф гардидам.

Дидору мулоқоти мо бо устод Сулаймон Эрматов нимаи дуюми моҳи июли соли 2014 дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм сурат гирифт ва иттифоқан, бо устод дар як бино ва як ҳуҷра (Бинои “Г”, ҳуҷраи №403) ҷой гирифтем. Ин дидору мулоқот, ки ҳамагӣ як ҳафта, дақиқтараш, аз 16 июл то 21 июли соли 2014 идома ёфт, дар саҳифаи рӯзгори мо ба унвони туҳфаи арзандаи сарнавиштӣ сабт гардидааст. Аз он замон то имрӯз бо устод равобити дӯстӣ дорем ва гоҳу ногоҳ бо ҳамдигар мулоқот мекунем, тавассути тамосҳои телефонӣ аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ мегардем ва ба ин васила риштаи бародариро миёни ҳам устувор месозем. Дар зимн, суҳбатҳои ҷолибе, ки тайи як ҳафта бо устод Эрматов дар муҳити Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм  атрофи масъалаҳои гуногуни зиндагӣ доштем, сатҳи адабӣ, илмӣ, ихтисосӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва мадании ӯро ба намоиш мегузошт ва аснои гуфтугӯю муколима ҳар маротиба ба шахсияти муқаввои фикрию сиёсӣ ва адабию фарҳангӣ будани устод Эрматов бештар боварманд мешудам.

Воқеан, устод Сулаймон Эрматов, бо он ки соли 1964 факултаи филологияи ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм намуда, ғолибан бо забони ӯзбекӣ кору фаъолият, такаллуму муошират ва мудирияту қаламфарсоӣ кардааст, дар баёни матолиб ва шарҳу тафсири масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва мафкуравию маданӣ бо забони тоҷикӣ қавӣ аст. Аз тарзи муҳокимаронӣ, шеваи суханварӣ ва тариқаи ҷумлабандии устод Эрматов ба забони тоҷикӣ ҳеҷ гумон наметавон кард, ки ӯ умре бо забони ӯзбекӣ гуфтугӯ ва эҷод кардааст. Баръакс, аз сабки муколимаю гуфтугӯйии тоҷикии ӯ ба муҳити тоҷикӣ ва забони давлатӣ иртибот доштани адиби ӯзбекзабони тоҷик пеши назар меомад. Ҳамин тур, дар муддати будубош дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм мо аз дарёдилӣ, хоксорию тавозӯъ ва меҳрубонию отифати устод Эрматов сӯъистифода намуда,  дар доираи кунҷковӣ ва аз тариқи суолу пурсишҳои барзиёд зиндагинома ва сафаҳоти рӯзгори адибро  тагӯрӯ кардем, то ин ки бештар ва беҳтар ин шахсиятро бишиносем.

Дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, одатан аснои сайругашти шому шабона ҳамроҳи устод Сулаймон Эрмат перомуни масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: вазъи назму насри муосири тоҷику ӯзбек; сатҳи ҳамкорию равобити адабӣ дар замони соҳибистиқлолӣ; иртибототи адабии Низомию Фузулӣ, Ҷомию Навоӣ, Турсунзодаю Ғафур Ғулом; таъсири сиёсат дар адабиёти шӯравӣ; мафкураи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; воқеиёти замони имрӯзӣ; симоҳои абадзиндаи адабу фарҳанги миллию минтақавию ҷаҳонӣ; озодандешӣ ҳамчун рукни адабиёти классикӣ ва муосири форсии тоҷикӣ; бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ; зарурати бозшиносию таблиғи арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ суҳбат мекардам ва мавқеъ ва нуқтаназарҳои ҷолиби ӯ дар ҳайратам мегузошт. Марде бо тавозӯъ ва хоксории ба худ хос доир ба масоили сиёсию фикрӣ ва адабию фарҳангӣ ончунон ҷиддӣ ва дар айни замон шевою фаҳмо суҳбат мекард, ки ҷойи шигифтӣ дошт.  Дар ҳар мавзӯъ ва масъалаи матраҳгардида андеша ва дидгоҳи хос дошта, бар асоси биниши илмӣ ва мантиқӣ изҳори назар менамуд. Зиёда аз ин, устод ҳангоми суҳбату муколимот ва мусоҳибаву муоширот, бидуни такаллуфу фазлфурӯшӣ ва таоруфу худписандӣ арзи матлаб карда, пурсишу суолотро оромона посух медод, изҳори назар мекард, назари мусоҳибро муҳтарамона мешунид ва эҳтиром менамуд. Дар имтидоди як ҳафтаи ошноӣ ва дидору мулоқот бо устод зиёд чизҳоро омӯхтам ва то имрӯз лаҳазоти фараҳбахшеро, ки дар марҳилаи табобати осоишгоҳӣ бо адиб қисмат кардем, дар лавҳи хотиротам абадан нақш хоҳанд баст. Баъдан, силсилаи мушаххасоти ҳувиятию ахлоқӣ ва адабию эҷодӣ устод Сулаймон Эрматовро минҳайси шахсияти хедвежа муаррифӣ мекунанд.

Зиндагинома ва сарнавишти устод Сулаймон Эрматов ҷолибу рангин аст. Дар ташаккул ва рушди шахсияти иҷтимоию адабӣ, сиёсию мафкуравӣ  ва эҷодию мадании  устод Сулаймон Эрмат фазо ва муҳитҳои хонаводагӣ, музофотӣ, шаҳрӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳавзаҳои таҳсилотию илмӣ ва фарҳангии  минтақа муассир будаанд. Фазои фарҳангии Қубодиёни бостонӣ, хаёлпардозию қиссахониҳои солмандони музофотӣ, ошноӣ бо олимони маъруфи ватанӣ, аз ҷумла муҳаққиқ ва адабиётшиноси фақиди миллӣ, шодравон Раҳими Мусулмониён, кору фаъолият дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ, таҳсил дар мактаби ҳизбии Тошканд (солҳои 1984-1986), дӯстию ҳамкорӣ бо аҳли сиёсату адабу маданияти тоҷик ва ҳамқисматӣ бо мардуми шарифи тоҷику ӯзбек устод Эрматовро аз сатҳи бачаи деҳотӣ то ба дараҷаи як шахсияти матраҳи иҷтимоию мадании ҷумҳурӣ сабзонидаанд.

Баъди таҳсилоти олӣ устод ба зодгоҳи худ — ноҳияи Шаҳритус баргашта, ба кори педагогӣ ҷалб мешавад ва нахуст ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёти ӯзбек, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи номбурда ифои вазифа мекунад. Маҳорату малакаи касбӣ, вежагиҳои фазилатмандӣ, ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносии Эрматови ҷавонро ба назар гирифта, маъмурияти муассиса вазифаи ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои тарбиявиро бар уҳдааш вомегузорад. Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ бо матбуоти даврӣ иртибот гирифта, матолиби публитсистӣ интишор медиҳад ва аз ин тариқ машқу  тамрини рӯзноманигорӣ мекунад. Ба ин минвол, то соли 1974 устод Эрматов дар муҳити музофотӣ фаъолият карда, маҳорату малака ва донишу биниши худро сайқал дода, баъдан ба фазои сиёсию мадании шаҳрӣ ворид мегардад.

Дар муҳити марказ — шаҳри Душанбе устод Эрматов ба кори матбуотӣ ва рӯзноманигорӣ, ки дар замони шӯравӣ ҷойгоҳи баланди сиёсӣ дошта, масъулияти ҷиддиро тақозо мекард, фаро гирифта мешавад ва дар ин муддат бо шахсиятҳои маъруфи сиёсию адабии миллию минтақавӣ ва байналхалқӣ ошно мегардад. Дар ин муддат, ки марҳилаи шаклгирии шахсияти сиёсию иҷтимоӣ ва адабию мадании адиб шинохта мешавад, устод Эрматов дар вазифа ва симатҳои пурмасъули хабарнигор, мудири шуъба ва сардабири рӯзномаҳои вақти ӯзбекии “Совет Тожикистони” ва “Тожикистон овози” фаъолият кардааст. Он замон таълиф ва таҳияи маводи публитсистие, ки масъала ва мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ ва мафкуравию маданиро инъикос мекард, кори саҳлу осоне набуд ва Сулаймон Эрматов аз уҳдаи супоришоти редаксия, ки бар мабнои муқтазиёти сиёсию мафкуравии давр матраҳ мегардиданд, сарбаландона мебаромад. Ин буд, ки солҳо (зиёда аз 22 сол) устод дар матбуоти даврии ӯзбекӣ вазифаи сардабириро адо намуда, ҳазорон-ҳазор гузоришу матолиби ҳамкорону хабарнигорон ва муаллифону нухбагони сиёсии замонро, ки ба забони ӯзбекӣ пешниҳод мешуданд, аз суҳони таҳрири ҳирфаӣ гузаронида, ба нашр омода кардааст.

Қобилияту истеъдод, дарки масоили сиёсию мафкуравӣ ва маҳорату малакаи раҳбарии ӯро ба инобат гирифта, блоки идеологии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нимаи аввали солҳои ҳаштодуми асри бистум (соли 1984) устод Сулаймон Эрматовро барои таҳсил ва андӯхтани таҷрибаи ҳизбию мудирияти сиёсӣ ба мактаби овозадори ҳизбии минтақавии Тошканд мефиристад. Дар ин мактаби сиёсию мафкуравӣ устод таҷрибаи нави сиёсӣ, раҳбарӣ ва идорӣ касб мекунад ва фаъолиятро дар самти сиёсию мафкуравӣ муваффақона идома медиҳад. То давраи Истиқлоли давлатӣ (соли 1991) устод Эрматов дар тарғибу ташвиқи сиёсати миллию интернатсионалӣ ва дӯстию рафоқати мардуми шӯравӣ, махсусан халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми арзанда мегузорад.

Баъди касби Истиқлоли сиёсию давлатӣ фаъолияти устод Эрматов густурдатар мегардад ва дар баробари рӯзноманигорию менеҷмент-мудирияти рӯзномаҳои ҷумҳуриявии ӯзбекӣ, ба самтҳои шоирию нависандагӣ, омӯзгорӣ-педагогӣ, таҳқиқӣ-пажӯҳишӣ ва тарҷумонӣ тӣаваҷҷуҳ мекунад ва бо такя ба донишу биниш, таҷрибаву мушоҳида ва завқу салиқа осори гаронбаҳое таълиф намуда, дастраси аҳли адабу фарҳанг ва сиёсату маънавиёт мегардонад. Кори рӯзноманигорӣ, аз як тараф ва заҳмати эҷоди шеъру ғазал, роману қисса ва таълифу таҳияи китобу рисола ва дастуру васоити таълимию методӣ, аз тарафи дигар, обрӯ ва эътибори устод Сулаймон Эрматро миёни соҳибқаламон ва аҳли эҷоди тоҷику ӯзбек афзун месозад.  Ғазалу тарона, шеъру чакома, ҳикоёту қисса ва роману эссеҳои устод Сулаймон Эрмат миёни хонандагони назми ӯзбек, чи дар дохил ва чи дар хориҷ ҳаводорони зиёде доранд. Бавежа, девони устод таҳти унвони “Ғизол парвози” (ниг.: Эрматов, Сулаймон. Ғизол парвозӣ. Девон. -Душанбе: “Адиб”, 2012. -543 саҳ.) дар байни ихлосмандону ҳаводорони назми ӯзбекии ватанию хориҷӣ овозадор шудааст.

Устод Эрматов, қатъи назар аз пуркорӣ ва масъулияти сардабирии нашрияҳои “Устоз”,  “Уқувчилар газетаси”, “Сирдош” ва “Хурдакак”, дар тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек саҳми муносиб гузоштааст. Устод хуб дарк кардааст, ки ошноии хонандагон бо адибони ватанию хориҷӣ аз тариқи тарҷумаи муваффақ сурат мегирад ва равобити дӯстона миёни аҳли эҷоди манотиқи гуногуни сайёра имконпазир мегардад. Ин аст, ки Сулаймон Эрмат дар самти тарҷумаи адабию бадеӣ низ қувваозмоӣ карда, раванди равобити адабии тоҷику ӯзбекро таҳкиму тақвият бахшидааст. Таҷрибаи забонӣ ва донистани нозукиҳои забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ имкон фароҳам овардааст, ки устод Эрматов осори Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Лоиқ, Аскар Ҳаким, Саттор Турсун ва дигаронро дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп намояд. Ҳамчунин устод “Гулистон”-и Саъдӣ ва “Баҳористон”-и Ҷомиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, дастраси хонандагон гардонидааст. Дар ин миён устод мероси адибони ӯзбекистонӣ Улмас Умарбеков (асари “Маҳбубаи дӯстдоштаи ман”), 30 ҳикояи Шукур Холмирзоевро ба забони тоҷикӣ ва ҳикояҳои нависандаи  тоҷик Муаззама Аҳмадоваро аз тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Сулаймон Эрматов ҳадафи татбиқи саривақтии барномаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳои ғайритоҷикиро дунбол карда, дар ин замина барои наврасону ҷавонони ӯзбекзабон мавод ва матолиби ҷолиби омӯзишие таҳти унвони “Забони тоҷикиро меомӯзем”, Чуғак чӣ мегӯяд?”, Некӣ ва бадӣ”, “Шикорчӣ ва гавазн”, “Гулҳои сухангӯ” ва амсоли инҳоро таълиф ва нашр намудааст.

Таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳои рӯзмарраи устод Сулаймон Эрмат маҳсуб меёбад. Дар ҷумҳурӣ ҳамеша мушкили таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ба забони ӯзбекӣ ҷой дошта ва дорад ва масъулини соҳа, ғолибан ин навъ иқдомотро бар уҳдаи Сулаймон Эрмат вогузор кардаанд. Устод Эрматов мисли устод Абдусалом Деҳотӣ, ки дар Маҷаллаи бонуфузи “Тоҷикистон” ба сифати сардабир фаъолият карда, ҳамзамон бори масъулияти таълифи китобҳои дарсиро ҳам таҳаммул мекард, рисолати таълифи китобҳои дарсиро низ бошарафона иҷро мекунад. Китобҳои дарсие, ки ба қалами устод Эрматов тааллуқ доранд (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба:  Абдуллаева, Д., Эрматов, С. Алифбе. –Душанбе: “Маориф ва фарҳанг”, 2014. -99 с.; Эрматов, С., Абдуллоева, Д., Эрбобоев, Ҳ. Она тили (1 — синф учун дарслик). -Душанбе: “Собириён”, 2008. -143 c.; Эрматов, С., Эрматова, У., Қулаев, С. Она тили (2-синф учун дарслик). -Душанбе: “Маориф ва фарҳанг”, 2014. -191 c.; Эрматов, С., Қулаев, С., Ӯрунбоева, У. Она тили (3-синф учун дарслик). -Душанбе: “Матбуот”, 2007. -191 c.), аз лиҳози психологияву педагогикаи синнусолӣ, равонию фасеҳии забонӣ ва фарогирии маводи тадрисӣ ҷолибанд. Афзун бар ин, устод Эрматов аз баррасии масъалаҳои ахлоқию эстетикӣ, минҷумла одоби хонаводагӣ ва ойини оиладорӣ дар канор намонда, доир ба масоили болоӣ дар ду ҷилд китоби илмӣ-оммавӣ ва омӯзишӣ таълиф кардааст (таваҷҷуҳ шавад ба:  Эрматов, С. Одоби оиладорӣ. Китоби якум. -Душанбе: “Адиб”, 2014. -512 cаҳ.; Эрматов, С. Одоби оиладорӣ. Китоби 2. -Душанбе: “Адиб”, 2014. -496 cаҳ.). Ба сухани дигар, устод Эрматов дар ҳалли мушкилот ва баррасии масоили хонаводагӣ ҳамчун шаҳрванди масъулиятшинос ва зиёии асили ватанӣ саҳми муносиб мегузорад.

Дар даҳсолаҳои ахир бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ таълиф намудани китобҳои ҷиддии илмию оммавӣ, ҳамзамон дар матбуоти даврӣ интишор додани матолиби ҷолиби публитсистӣ ва аз ин тариқ татбиқ намудани сиёсати созандаи ду Сарвари давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кори доимӣ ва пуршарафи устод Сулаймон Эрмат табдил ёфтааст.  Ин аст, ки устод Эрматов ба унвони сафири сулҳу дӯстӣ дар байни адибону қаламбадастони ду миллати ба ҳам дӯсту қарин маъруфият дорад. Китобҳои дар солҳои ахир таълифнамудаи ӯ (ниг.:  Эрматов, Сулаймон. Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо. -Душанбе: “Шарқи озод”, 2018. -352 cаҳ.; Эрматов, Сулаймон. Тожигим ӯзбек билан. –Душанбе: “Шарқи озод”, 2019. -295 cаҳ.; Эрматов, Сулаймон. Сухан аз об бигӯ. –Душанбе, 2017. -351 cаҳ.) ба мавзӯи дӯстии халқҳо ва равобити танготанги сиёсию адабӣ ва фарҳангии тоҷику ӯзбек ихтисос ёфтаанд. Устод Эрматов таҷрибаи дӯстию рафоқат ва ҳамбастагию ҳамшарикии устодон Мирзо Турсунзодаю Сотим Улуғзодаи тоҷикистонӣ ва Ғафур Ғулому Зулфияи ӯзбекистониро ба унвони улгӯ ва намунаи баланди дӯстию ҳамдилӣ ва муносиботу иртибототи миллатҳои тоҷику ӯзбек талаққӣ намуда, пайгирона идома додани ҳамкориҳои созандаро тақозои замон ва шароити муосири сиёсию тамаддунӣ медонад (таваҷҷуҳ шавад ба мақолаи ахири Сулаймон Эрматов: Эрматов, Сулаймон. Мушоираи ду шоири бузург (Турсунзода ва Зулфия). //Адабиёт ва санъат, №16 (2091), 15-уми апрели соли 2021. С.10).  Воқеан, муносиботи мутақобилан судманди ду кишвар таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар марҳилаи навини ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ самараи талошҳои мудавом ва муваффақи ду Сарвари давлати дӯсту бародар аст (ниг.: Эрматов, Сулаймон. Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо. -Душанбе: “Шарқи озод”, 2018. С.30-31).

Ба солмандӣ нигоҳ накарда (устод ба синни мубораки 75 қадам мегузоранд), устод Эрматов имрӯз ҳам пайи эҷод аст ва ҳамчунон пурэнержӣ дар самти рушду тақвияти муносибот ва иттиҳоду ҳамбастагии қавмияту миллиятҳои минтақа иқдомоти тоза ба тоза рӯйи даст мегирад. Устод Сулаймон Эрмат ҳамеша аз забон, адабиёт, қалам ва фарҳанг ба сифати абзор ва василаҳои муассири эҷодӣ истифода намуда, бад-ин восита дар пайванди ду миллат — тоҷику ӯзбек хидмати сазовор анҷом карда, миёни мо ҳамчун сафиру мунодии сулҳу дӯстӣ ном баровардааст.  Чун дар арафаи зодрӯзи устод қарор дорем (устод 25 майи соли 1946 дар ноҳияи Қубодиён зода шудааст), аз фурсат истифода намуда, 75-солагии устод Сулаймон Эрматро шодбош гуфта, барояш неруи қавии ҷисмонӣ, иқтидори  зеҳнӣ, тандурустӣ ва бахту саодати рӯзгорро таманно мекунем.

Бигзор, сулҳу дӯстӣ ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ, ки орзую ормони ҳамешагии устод Эрматов аст, дар ҷаҳон пойдор ва ҷовидон бошад. Зодрӯз ва солгарди умр хуҷаста ва фархунда бод, устод Сулаймон Эрматови гиромӣ!

Сарзамини дӯстӣ майдони ҷавлони ту ҳаст

Сарзамини дӯстӣ майдони ҷавлони ту ҳаст,

Устуворию садоқат аҳду паймони ту аст.

Лутфу эҳсону шарофатмандӣ ҷорӣ, бегумон,

Аз азал дар ҳар рагу хуни ниёкони ту аст.

Йод месозад яқин ошинамакро безарар,

Майл сӯйи нафъи мардум сайру сомони ту аст.

Осмони беғубор андар сари халқи замин

Нозанин  андешаву омолу армони ту аст.

Эҳтироми одамӣ худ асли имони ту аст,

Расму роҳи дӯстӣ фармуди Яздони ту аст.

Мазраъу гулбоғи мо пуратру пурнакҳат кунун

Аз насими тозаву бӯйи баҳорони ту аст.

Тоҷику ӯзбек чун ду миллати бо ҳам қарин

Зеби насру дафтари ашъору девони ту аст.

Ошёне, ки макони меҳру атфу дӯстист,

Дар ҳақиқат, хоки поки Тоҷикистони ту аст.

Нозим НУРЗОДА,

муҳаққиқ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here