Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст, ки баъзеи ин падидаҳо омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд.

Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тараққиёте, ки ба вуҷуд омадаанд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа, амсоли ратсизм, шовинизм, генотсид, сионизм, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло овардашударо рад месозанд, аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ, яъне ё озодихоҳу инқилобчӣ ва ё гуманисту адолатҷӯ ва саркӯбсози душман эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро соҳиб аст.

Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли комили сиёсии кишвар, давлати мо барои мубориза алайҳи терроризму экстермизм чораҳои заруриро андешида, дар ин самт тӯли чандин солҳо тадбирҳои назарраси худро равона кардааст. Яке аз паҳлуҳои чунин тадбирҳо — ин қабул намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқии дорои таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мақсади асоснок кардани мубориза муқобили терроризму экстеремизм мебошад. Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ зиёда аз 20 сол дар самти ин падидаи номатлуб равона гардидааст ва то ин давра самараи назаррасро низ додааст. Аз қабили чунин  санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (16-уми ноябри соли1999) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” (21-уми ноябри соли 2003) қабул гардида, амал карда истодаанд. Инчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстермизм барои солҳои 2006-2010” , “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстермизм”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” (ноябри соли 2016), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016, №240 “Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳояшон дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2015, №646 “Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд” қабул шудаанд.

Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки қабули чунин санадҳо маҳз бо саъю талош ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд. Ин хизмати бесобиқаи Сарвари давлат барои амнияту осоиши мардуми кишвар ва нигоҳ доштани кишвар дар як фазои осуда мебошад.

Шарифҷони АБДУАЛИМ,

иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here