Ҳукумати дастнишондаву тавофуқии Афғонистон бо бузургтарин дасисаи қарн бидуни муборизаву муқовимат ба дасти террористони “Толибон” таслим карда шуд. Ин муомила баъд аз ҳузури 20 солаи Амрико, ки худро асоситарин душмани терроризми байналмилалӣ медонист, ба дасти маҳз ҳамон террористони фаромиллӣ супорида шуд.

Амрико иддао менамуд, ки барои бунёди ҳукумат дар Афғонистон ва ташаккули Артиши ин кишвар беш аз 2 трилион доллар масраф намуда, ҳатто дар конгураи ин кишвар низ ҳисобот медоданд, ки беш аз 300 ҳазор артиш дар Афғонистон ҳукуматро аз “Толибон”-и террорист ҳифозат мекунад. Аммо ҳоло пойи Амрико аз хоки афғон канда нашуда, ҳукумати 20 солаи амрикоӣ дар ин кишвар суқут намуд. Президент Ғанӣ бо тамоми дову даскааш фирор намуд ва тибқи иттилоъ наздик 200 миллион долларро аз бонкҳои Афғонистон бо худ бурд.

Артиши “300 ҳазора”, ки онро силоҳҳои амрикоӣ ва техникаҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз намуда буданд, бидуни мубориза таслими “Толибон” мешуд ва силоҳу лавозимотро низ ба ин гуруҳ месупорид. Касоне, ки шарафи аскарӣ доштаву “толиб”-ро душман медонистанд ва силоҳ бар замин намегузоштанд, ҳатман кушта мешуданд ва ё баъд аз муборизаҳои зиёд аз ҷониби фармондеҳонашон бе обу ғизову имконот раҳо мешуданд, ки худ маҷбур мешуданд ё таслим шаванд ва ё фирор кунанд. Онҳое, ки баъд аз мубориза таслим шуданд, кушта шуданд ва онҳое, ки силоҳ бар замин нагузоштанд аз тарафи қумандонҳои паштуни худ рутбаи “хоинӣ” гирифтанд. Яъне ё таслим мешавӣ, ё хоин унвон мегирӣ.

Танҳо маконе, ки аз 34 вилояти Афғонистон имрӯз аз шарри “Толибон” эмин мондааст, боз ҳамон Панҷшери азиз аст. Ҳамон сарзамине, ки дар собиқ низ чун маҳди муқовимат, бар зидди ғосибон сипари ҳифзу ҳимояи нуру зиё, хираду маънавият, калому адаб ва маркази мудофеони асолати миллии тоҷикӣ буд.

“Толибон” баъд аз ворид шудан ба Кобул, дарк намудан: то даме, ки Панҷшер дар тасарруфи онҳо набошад ва дижи мустаҳками он шикаста нашавад, пояҳои ҳокимияти “Толиб” дар Кобул ларзон боқӣ хоҳад монд.

Аҳмади Масъуд, фарзанди қаҳрамони миллии кишвари Афғонистон ва яке аз саршиностарин тоҷикони ин кишвар баъд аз бетартибиҳои “Толибон” дар Кобул ва ақсои Афғонистон барпо шуда, эълони муқовимат бар зидди бедодгариҳову беқонуниҳои “Толиб” намуд.

“Толибон”, ки саросари Афғонистонро тақрибан бидуни мубориза гирифта буданд (ба ҷуз Ҳирот, Балх ва Ҷузҷон, ки дар ин вилоятҳо талафоти сангине бар “Толибон” ворид шуд ва ҳазорон куштаву захмӣ доданд), нахуст, ба панҷшериён 4 соат вақт доданд то таслим шаванд, вале бар акси он неруҳои муқовимати Панҷшер 2 вилояти дигарро низ аз “Толибон” бозпас гирифта, “Толибон”-ро аз марзҳои Панҷшер ба хати Парвону Бағлон бурданд.

Боз як девонагии “Толибон” боис шуд, ки дар Андароби поён ва боло беш аз 200 нафар “толиб” кушта шуда, сарони “Толиб” бузургтарин муқовиматро дар ин манотиқи тоҷикнишини Афғонистон диданд ва хулоса намуданд, ки тоҷикро намешавад бо зур тасхир намуд.

Мубаллиғони терроризми байналмилалӣ ва ҳаводорони қатлу куштори толибонӣ иддао менамуданд, ки Панҷшер дар ин мубориза шикаст мехӯрад ва талафоти азиме барои мардуми мулкӣ мешавад, зеро Панҷшери имрӯз ҳимояи байналмилалӣ надорад.

Дар чунин ҳавои тираи таблиғоти терроризм наъраи шеронае аз ин сӯи Ому баланд шуд, ки он садои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари тоҷикони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҳуқуқи миллати тоҷик, аз истодагии тоҷикони Хуросон ва ҳаққу ҳуқуқи фитрию инсонии тоҷикон дифоъ намуданд.

Имрӯз ва дар чунин ҳолати ҳассос, ки ҷаҳон дар таҳлукаи терроризм аст, садои Эмомалӣ Раҳмон ба наъраи миллӣ мубаддал гардид ва бар тану ҷони тоҷикони Хуросони бузург ва ба рӯҳу равони форсизабонони олам неруи фитрӣ изофа намуд.

Бо баланд шудани садои Пешвои миллат аз саросари олам нафаси тозаи мардум баланд шуд ва умеди дигаре дар қалби инсонҳои шарифи Афғонистон эҳё гардид, ки зулми “Толибон” дар Афғонистон ҷовидонӣ нест ва ду роҳе дар пеши ин гуруҳ истодааст: ё бар ҳаққи миллати тоҷик қоил мешаванд ва ё шиксаст мехӯранду шармандавор ба сӯи хоҷагонашон фирор мекунанд.

Искандарзода Иброҳим,

коршиноси масоили сиёсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here