Яке аз ҳамсояҳоям тоҷир аст, дар назди хонаамон бо ман саломуалейк карда, баъди аҳволпурсӣ, “муаллим, як дақиқа вақт доред, як наворро ба Шумо нишон диҳам”, гуфт. Гуфтам, ки албатта вақт меёбам. Баъдан даст ба телефони сенсории худ бурда, ба кофтуков шурӯъ карда, гуфт, ки суханони Кабириро дар “Ютуб” гӯш кардед? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки додар, ба ростӣ, ман вақти гӯш кардани Кабириро надорам, ман ба дигар корҳо машғул ҳастам. Мусоҳибам гуфт, ки медонам, Шумо муаллим ҳастед, ба ингуна шахсиятҳо ва ҳизби онҳо сару кор намегиред, вале илтимос, ҳамин баромадро гӯш кунед, гуфта суханронии Муҳиддин Кабириро дар “Ютуб” бароям нишон дод. Ман ҳам, аз дил гузарондам, ки ҳамсояам, беҳуда ин наворро ба ман нишон намедиҳад, инҷо ягон масъалаи ҷиддӣ аст. Баъд бодиққат наворро гӯш кардам. Ду нуқтаи баромади М. Кабирӣ диққати маро ҷалб кард:

  1. “Дар Тоҷикистон дигар рӯшанфикр ва зиёӣ намондааст”.
  2. Дар мавриди ба ҷойи дигар кӯчонидани хона-музейи устод Садриддин Айнӣ сухан ронда, аз муҳоҷирон тақозо кардааст, ки бори дигар “Одина”-ро бихонанд, ба гуфтаи ӯ, устод Айнӣ дар ин асар сад сол қабл симои муҳоҷирони меҳнатии имрӯзаро тасвир кардааст.

Ин нуктаҳоро хонда, пеш аз он ки ба навиштани ин сатрҳо оғоз намоям, хеле ба андеша фурӯ рафтам, нависам ё нанависам? Раҳматии падарам ба таври доимӣ таъкид мекард, ки “ба нодон ва аблаҳ баробар нашав”. Аслан, худам ҳам баҳсро хуш надорам, вале ба ростӣ, нангу номуси инсонӣ ва ифтихори омӯзгориамро фурӯ нишонда натавонистаму хома ба даст гирифтам ва навиштам:

Мулло Муҳиддин (домулло не), ман ба корҳои ҳизбии Шумо, ба сиёсату сиёсатбозиҳои Шумо кор надорам, вале Шумо як масъаларо ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ба сӯйи Ватан ва миллату халқи худ санг партоед, фардоиён Шуморо ҳеҷгоҳ намебахшанд, таърих номи Шуморо абадуддаҳр дар назди инсонҳо сиёҳ намудор мекунад. Ин чи гуна таҳқир ва аз ҳад зиёд бефикру беандешагӣ, берӯӣ, бешармӣ, беҳаёӣ, нокасӣ, нобакорӣ ва  бе…, бе…, бе…-ҳою но…, но…, но…-ҳои  дигар аст, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ ва ҳизбии худ шуда, “дар Тоҷикистон рӯшанфикр намондааст”, – мегӯед, аз баҳри ҳама чиз гузар мекунед, ба ҳама масъала хатти батлон мекашед? Тоҷикистонеро, ки одитарин шахсияташ, одитарин сокинаш, суханвару шоиру ҳофизу эҷодкору бофарҳанг аст, нодида мегиред. Магар ин ки барои ин суханҳои Шумо шуда, як институти илмӣ ва тадқиқотию сотсиологӣ ташкил карда, ин масъаларо дар Тоҷикистон таҳқиқ кунем. Ҳайфи Шумо.

Мулло Муҳиддин! Ман ба Шумо як савол дорам, модоме ки дар Тоҷикистон рӯшанфикру зиёӣ намондааст ва вуҷуд надорад, ба фикри Шумо зиёӣ ва рӯшинфикр кист, куҷо шуданд зиёиёну рӯшанфикрони тоҷик? Албатта, ман бо боварии комил мегӯям, ки ҷавоби Шумо чунин аст: “Зиёӣ ва рӯшанфикр он нафароне ҳастанд, ки бар зидди миллату давлат ва халқи худ ба монанди наҳзатиҳо баромад кунанд, андешаҳои эътирозии мардумро таҳрик диҳанд, ба таври доимӣ оппозитсияи Ҳукумат бошанд, хунрезӣ намоянд ва мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо истифода аз ислом ҷанги бародаркуширо оғоз кунанд, давлати миллии бо ҳазорон заҳматҳо баъди ҳазор сол бунёдкардаро сарнагун кунанд, ҳизби наҳзати исломиро мисли Толибон ба сари ҳокимият биёранд, Аморати исломӣ ташкил намоянд ва ниҳоят “Шумои бузургро Халифа эълон кунанд”. “Раҳмат”, “ана ҷавоби олӣ”, “ана ҷавҳари суханҳо”-и Шумо, Мулло Кабирӣ! Шумо ҳамин гуна зиёӣ мехоҳед? Ҳайфи Шумо!

Ҳайфи Шумо, ки ҳамингуна хулосаҳои бемантиқу бемаъниро расонаӣ карда, шайтонсиратӣ ва симои воқеии худро бо “ақлу заковат ва хиради азалии худ” собит намудед ва ҳамзамон ошкор кардед. Тавре мегӯянд, “пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад”. Ҳайфи Шумо!

Ҷаноби оғои Кабирӣ! Ман зиёӣ ва рӯшанфикр, ки ҳастам, суханони Шуморо шахсан ба ҳудам таҳқир ҳисоб кардам, акнун қаҳратон наояду то охир сабр карда, диққат кунед!

Вобаста ба андешаҳои Шумо нисбат ба устод Айнӣ ва ба дигар ҷой кӯчонидани  хона – музейи ин абармарди миллати тоҷик гуфтанӣ ҳастам, ки Шумо садқаи номи Айнӣ шавед, Шумо ҳуқуқи маънавии ба забон гирифтани номи Айниро надоред, модоме ки дар Ватани Айнии зиёӣ “зиёӣ намондааст”- гуфта, миллати Айниро таҳқир мекунед, пас бо кадом обрӯй Айниро ҳимоятгар шудаед? Аз кай боз Шумо Айнишинос шудаед? Айнӣ ба ҳимояи Шумо ниёз надорад. Ба гуфти русҳо парадокс-ро бубинед, душмани Айнӣ – Айниро ҳимоя мекардааст. Ман ба сухани худ – Шумо душмани Айнӣ ҳастед, далел дорам. Миллати тоҷик, тоҷикистониён ва ҳатто тоҷикони бурунмарзӣ ҳам хуб медонанд, ки тамоми осори Айнӣ ифротгароӣ ва таассубро маҳкум карда, ҳаёти гузаштаи миллати тоҷикро, ки аз дасти Арбобкамолҳо барин ҳаммаслакони Шумо, муллоҳои мутаассибе, ки ба воситаи дин мардуми тоҷикро тарсонида, асрҳои аср, то Инқилоби Октябр зери зулму истибдод қарор додаанд, ба таври воқеӣ тасвир кардааст. Аз ҳамин лиҳоз, осори Айнӣ пурра бар зидди идеолгияи ҳизби Шумо равона гардида, Шуморо маҳкум кардааст, пас бо кадом далел Шумо пуштибони Айнӣ шудаед?. Фаҳмо, ҳамагон хуб медонанд, ки Шумо бо истифода аз номи бузурги Айнӣ, манфиати сиёсии худро роҳандозӣ карда, ҳимоя мекунед, афкори фиребандаи Шумо ба мисли оина рӯшан аст, ки Шумо ҳеҷ гоҳ ғами Айниро намехуред, ҳимоятгари Айнӣ ҳам шуда наметавонед, Шумо обро лой карда, моҳӣ доштанӣ ҳастед. Мусаллам аст, ки “бори каҷ ба манзил намерасад, бо ингуна фиребназарӣ Шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳед расид.

Ҳасанов Раҳматҷон, нафақахӯр, собиқ муаллими  фанни таърих ва ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №11-и  ноҳияи Зафаробод, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь