Ҷаҳонишавӣ имрӯз барои бисёре аз кишварҳои олам раванди таъсиррасони аслии омилҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба воқеияти иҷтимоии кишварҳои алоҳида аст. Рушди босуръати он боис гардидааст, ки тамоми соҳаҳоро дар доираи хеш қарор диҳад. Мутаассифона, ин раванд барои кишварҳои абарқудрат туъмаи тайёр барои зери итоати хеш қарор додани кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст. Аммо ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон, дар ин замина ҳифзи истиқлолияти давлатӣ таъкид бар он менамояд, ки ба равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ дуруст баҳо диҳем. Яъне воқеан онро хуб омӯзем, таҳлилу баррасӣ намоем, то ба фазои орому осудаи кишвар таъсири ҷиддӣ нарасонад.

Имрӯз ҷаҳонишавиро дар тамоми самтҳои ҷомеаи кишвар метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла, ин раванд дар баробари таъсиррасонӣ ба фарҳанги кишвар, омилҳоеро ба миён овардааст, ки паёмадҳои онро дар иқтисоду дигар соҳаҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷараёни мазкур моли имрӯза набуда, таърихи пайдоиши он дар қарнҳои гузашта сурат гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки омехташавии иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва динро дар худ дорад ва дар аввали пайдоишаш он ба маънии рушди тиҷорат фаҳмида мешуд. Аз ин ҷост, ки ҳамчун истилоҳ дар забон онро аввалин маротиба Карл Маркс дар мактуби худ ба Фридрих Энгелс охири соли 1850 ёдовар шуд. Ӯ навишта буд: «Акнун бозори ҷаҳонӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Бо шомил шудани Калифорниё ва Ҷопон ба бозори ҷаҳонӣ ҷаҳонишавӣ ба вуқуъ омад».

Ҳарчанд дар бисёр маврид раванди ҷаҳонишавиро ба таъсиррасонии манфӣ рабт медиҳанд, аммо омӯзишу амиқтар аз худ кардани самтҳои алоҳидаи он метавонад дар рушди соҳаҳои гуногун замина гузорад.

Моҳи сентябри соли 2000-ум сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо «Декларатсияи ҳазорсолаи СММ»-ро қабул карданд, ки вазифаи асосии он таъмин намудани роҳи мусбати ҷаҳонишавӣ барои ҳамаи халқҳои дунё буд. Дар ҳоли ҳозир шаҳди меваҳои ин ҷараёнро танҳо кишварҳое мечашанд, ки дар рақобати ҷаҳонӣ истодагарӣ мекунанд.

Мафҳуми ҷаҳонишавӣ солҳои охир дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи рӯзноманигорон, коршиносони соҳаи иқтисод, сиёсатмадорони барҷаста, муҳофизони ҳуқуқ, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ сарукор доранд, зуд-зуд истифода мешавад. Ҷаҳон имрӯз дар пешорӯйи як қатор мушкилоти глобалӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар меҳвари асосии он инсоният меистад, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои зерин, ба монанди сулҳу осоиштагии аҳолии кураи Замин, пешгирии ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, танзими мушкилоти демографии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро тақозо менамояд. Ҷиҳатҳои умумие, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ пайдо гардидаанд, дар мисоли фарқиятҳои байни мамлакатҳо, қитъаҳо ва миллатҳо, ҷаҳонро торафт тангтар намуда истодааст. Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин равандҳои мусбату манфӣ дар канор буда наметавонад ва ин равандҳо ба иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёти мамлакат таъсири худро мерасонанд. Дарси ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат боиси омӯзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд. Бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ, инчунин гиромӣ доштани анъана ва чорабиниҳои воқеан таърихӣ, ки арзиши бузург доранд, имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бедор кардани ҳуввияту ифтихор ва арзиши гиромӣ доштани сулҳу субот дар сарзамине, ки давлатдории миллиро дар худ мепарваранд, басо рамзӣ буда, он метавонад дар рушд ва побарҷо мондани давлат заминагузор бошад.

Барои сохтану муаррифӣ намудани давлатдории миллӣ дар раванди босуръати илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ, ки ҷаҳонишавӣ низ аз он бебаҳра буда наметавонад, ба насли дорандаи тафаккури техникӣ ва зиракии сиёсӣ ниёз ҳаст. Маҳз ин омил дар асри ХХI, аз нерӯи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он тақозо менамояд, ки дар пешбурди давлатдории миллӣ саҳмгузор бошанд. Шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Барои расидан ба марҳилаҳои сифатан нав, ки тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллӣ ба даст меояд, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор фароҳам хоҳад овард. Дар замони муосир барои ба даст овардани истиқлолияти комил ва давлатсозиву давлатдорӣ на ҳар халқу миллат муваффақ шуда метавонад. Зеро таърих борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо гаштаасту садҳо халқу миллатҳо ин орзуву омолро бо худ бурдаанд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст. Вале набояд мо ғуломи он фикр шавем, ки ин аввалин давраи давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатии мо мебошад. Заминаҳои ин истиқлолият ва давлати миллии мо решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Барои нигоҳдории таҷрибаи давлатдории миллати мо, ки шаклҳои он дар марзҳои гуногун ҷойгир буданд, омӯзондану аз бар кардан ва ба ҷаҳониён ин таҷрибаро пешниҳод намудан замина ва дарси таърихии хубе мебошад. Мисоли рӯшани онро дар бузургтарин империяи тоҷикӣ, бешак, давлати Сомониён мушоҳида кардан мумкин буд, ки сохтори муосири давлатдорӣ бо низоми беназири идоракунӣ дар худ дошт. Ҷавҳари аслии истиқлолияти давлатии мо идеяи миллӣ мебошад, ки онро давлати миллӣ ташкил менамояд. Дар як муддати хеле кӯтоҳ чоряк аср ба Истиқлолияти давлатӣ расидан дар назди таърих хеле муҳлати кам аст.

Истиқлолияти давлатӣ авҷи дар амал татбиқшавии орзуву омолҳои миллат аст, ки бо ба вуҷуд овардани давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ, ҷойгоҳ ва мақоми худро устувор менамояд. Вазифаи мо дар раванди ҷаҳонишавӣ барои побарҷо мондани давлати миллӣ ва истиқлолияти сартосарӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуввияту асолат аст. Маҳз ин омил тақдири минбаъда ва ҷараёни худогоҳӣ ва худшиносии миллатро пайгирӣ менамояду барои насли баъдӣ далели равшан хоҳад буд, то онҳо ин арзишро гиромӣ доранд.

Шодонҷон СУЛТОНОВ,

муҳаррири шабакаи радиои “Садои Душанбе”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь