Чаро дунё дар муқобили тоҷик истод шуда ва насли ин миллатро ҳамвора қатл ва бозмондаҳояшро дар фақру заҷру бадбахтӣ гирифтор мекунад?

Гӯё тоҷик миллатест, ки ҳама аз ӯ биҳаросанду нисбаташ эҳсоси хатар намоянд… Иллати чунин бархӯрд бо тоҷикро ҳатто ононе тоҷикбадбин ҳастанд, боре ҳам ба таври бояду шояд шарҳ надодаанд…

Эй ононе, ки ҷоҳ металабед, сарват металабед, манфиат металабед, зӯргӯиву таҷовуз оину кешатон аст, ҳолиё бигӯед, тоҷик ба шумо чӣ бадиву таҷовузро раво дид? Тоҷик кадом асру замон ба хоки нопоки шумо юриш кард? Тоҷик кай ҳақи шуморо балъид? Тоҷик боре шуда, ки хуни ноҳақ рехта бошад? Тоҷик даъвои сарзамини шуморо карда? Ҷурми тоҷик чист, ки шумо аз ҳастиаш меҳароседу душмани худ медонед!?

Ҷурми тоҷик ин буда, ки ба шумо ва ба насли одамият кирдору рафтори хуб дошту дорад?

Ҷурми тоҷик ин буда, ки Ибни Сино, Берунӣ, Хайём, Рӯдакӣ, Форобӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Зардушт, Анӯшервони Одил, Куруши Бузург ва миллион чунин абармардони илму ирфону фарҳанг парварду насли инсонро тарбият намуд?

Ҷурми тоҷик ин буда, ки аввалин “Эъломияи ҳуқуқи башар”-ро эҷод карду ба оламиён эълом дошт?

Ҷурми тоҷик ин буда, ки бо таълимоти “Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек” инсониятро омӯзишу парвариш дод?

Ҷурми тоҷик ин буда, ки аввалин империяи бузурги дунё — “Ҳахоманишиён”-ро таъсис дод, одамиёнро барои ҳамзистӣ, қоил будан ба бовару эътмоди ҳамдигар, бартар надонистани қавму миллати худ аз дигаре, озодиро ҳифз кардану ҳақу ҳуқуқи худро чун арзишҳои муқаддаси инсонӣ донистану ҳимоят намуданро омӯзиш дод?

Ҳазорон суолҳои ба ин маъно ҳастанд, ки шумо гӯё имрӯз соҳиби сайёраи замин ҳастед, бояд посух гӯед.

Ҳамаи шумо кӯрнамаку намакношинос ҳастед, аз оламу одамият хабар куҷо, нишон надореду намебаред.

Бояд дунё сари таъзим назди чунин миллати фарофару ақлгаро фуруд оварад, на чунин амали зиште, ки ҳоло шумо бо ин миллат анҷом медиҳед.

Дар ҳар гӯшаву канори дунё, ба вижа, сарзамини бекарони ориёӣ тоҷик бояд хақи зистану аз ҳувияти худ дифоъ карданро дошта бошад. Аммо шумо чӣ кардед? Ҳар куҷо тоҷик ҳаст, ӯро хафа кардед, беҳувияташ сохтед, аз аслаш ҷудо намудед.

Тоҷик сарзамини шуморо ғасб накардааст ва моли шуморо ба яғмо набурдааст. Ин шумо ҳастед, ки меоед сарзаминашро бо роҳи таҷовуз мегиред ва тоҷикро дар хонаи худаш мекушед ва худро соҳиби хонаи ӯ мехонед. Миллионҳо тоҷикро дар хонаи худаш беҳувият сохтед, ба қавле «ҳалқаро дар гарданаш чунон танг овардед, ки дигар тоҷик аз тоҷик будани худ хаста шуд»…

Вале, эй ғосибону одамсуратон, гар намедонед, донед, ки шумо бо ин амали зиштатон баръакс миллати тоҷикро ҷовидонтар мекунед ва дар саҳифаҳои торихи ҷаҳон фақат исму нишони тоҷик навишта мегардад ва ин шумо бенишонон бо як тундбоде ҳастиатон завол хоҳад ёфт!

Зинда бод АҲМАД МАСЪУДҲО ва чун онҳо! Ин абармардон торих месозанд, шумо дар сафҳаҳои торихи сохтаи онон дар образи рӯбоҳу шағолу палиду касиф ҳаккокӣ мегардед!

Зоҳир САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here