Агар кишварҳои Осиёи Миёна худашон дар як созмони минтақавӣ ҷамъ шаванд, аз “ҳад”-и кадом абарқудрат хоҳанд гузашт?

Сафари Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев ба кишвари мо, ки моҳи май ташриф овард, барои мардум ва Ҳукумат умедворкунанда буд. Интизории бештар пас аз муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон ин буд, ки дар ҷараёни сафар ба масъалаи амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад.

Дар мулоқоти сарони давлатҳо ҳарчанд теъдоди намояндагони ВАО хеле зиёд буданд ва албатта ин хеле хуб аст, аммо бо сабабҳои барои мо номаълум аксарияти расонаҳо сафари Токаевро ба таври хеле кӯтоҳ ва расмӣ пахш карданд. Инро ҳам вонахӯрдем, ки доираҳои таҳлилӣ андешаҳояшонро дар расонаҳо иброз дошта бошанд.

Ҳарчанд журналистони тоҷик танҳо ба ахбори расмӣ иктифо намуданд, вале ҳамкасбони қазоқи мо гузоришҳои вижаи таҳлилӣ таҳия намуданд. Аз ҷумла, дар шабакаи давлатии «Жети кун»-и Қазоқистон гузориши пурра доир ба вазъияти баамаломада дар сарҳад пахш гардид ва гуфтанд, ки дар қазияи марзӣ қадами аввал аз куҷо гузошта шуд.

Инак, бо гузашти чанд муддат мо тасмим гирифтем сафари мазкурро аз зовияи дигар баррасӣ намоем. Хоса таваҷҷӯҳ ба ин нукта шуд, ки чаро кишварҳои минтақа барои пешгирии таҳдиди умумӣ сарҷамъ шуда наметавонанд? Ин саволро дар пасманзари сафари президенти дуюми Қазоқистон гузоштани мо бесабаб нест. Зеро Нурсултон Назарбоев — президенти якуми ин кишвар ҳамеша аз мубтакирони ҳамгироии минтақавӣ ба ҳисоб мерафт. Пас чаро талошҳои ӯ бесамар монданд?

Парвиз Муллоҷонов — таҳлилгари маъруфи масоили сиёсӣ ба ин назар аст, ки албатта кишварҳои минтақа сарчамъ шуда метавонанд, аммо чанд сабаби хос вуҷуд дорад: «Якум, кишварҳои Осиёи Миёна имкониятҳои молӣ ва ҳарбӣ барои таъмини амнияти минтақа ба андозаи кофӣ надоранд. Дуюм, миёни Тошканд ва Остона барои мавқеи роҳбарикунанда дар минтақа ҳамеша рақобат вучуд дорад. Саввум, дигар кишварҳои минтақа ҳам роҳбарияти Тошканд ва ё Остонаро ҳаргиз қабул карданӣ набуданд. Барои Тоҷикистон ҳам аслан аъзогӣ дар ин гуна иттиҳоядияи минтақавӣ маъно надорад, чунки ҳамаи масълаҳои амниятии худро бевосита бо Русия метавонад ҳал намояд. Масъалаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётиро ҳам (ба монанди таъмини ҳаракати озоди молҳо ва хизматҳо дар дохили минтақа) метавон бо роҳи имзои созишномаҳои дутарафа ҳаллу фасл намуд. Дар чорчӯбаи ин гуна иттиҳодияи минтақавӣ баробарии воқеӣ имконнопазир аст, чунки кишварҳо аз нигоҳи иқтисодӣ аз ҳамдигар ба таври назаррас фарқ мекунанд. Яъне, Тоҷикистон дар ин гуна иттиҳодия ҷойи дуюмдараҷаро мегирад».

Дар мавриди омадани Токаев аллакай чанд расонаи русӣ навишта буданд, ки президенти қазоқ дар Душанбе бештар масълаҳои ҳалли низоъи Исфара — Боткенро баррасӣ хоҳад кард. Сиёсатмадор ва ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов масъаларо аз дидгоҳи дигар мебинад: «Шарти асосии ҳимояи манфиатҳои умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ  аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои беруна, бахусус таъмини якпорчагию тамомияти арзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, эҳтимолияти интиқоли терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва ғайраҳо пеш аз ҳама аз воқеиятҳои табиати низоми сиёсию иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбии кишварҳои ин минтақа вобастагӣ дорад. Аммо бояд таъкид намуд, ки ҳамчун аъзои комилҳуқуқи СММ ва САҲА ҳангоми зарурат ва муроҷиати марбута ин ду созмони байналмилалии бонуфуз низ ниҳодҳои вижаи ҳарбӣ доранду ҷиҳати таъмини ҳамзистии осоиштаи кишварҳои ОМ ва дағалона вайрон кардани санадҳои таъсис ва оинномаи онҳо дар танзиму ҳалли масъала ва муқовимат ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо низ бидуни шак мусоидат менамоянд. Дар робита ба натиҷаи сафари Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳаминро бояд зикр намоям, ки ба тасвиб расидани чанд санади иловагӣ ва мутаваҷҷеҳ шудани ҷонибҳо ба раванди ҳамкорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани муносибати ду давлат барои ба сатҳи сифатан нав баромадани робитаҳо мусоидат менамояд ва хеле муҳим аст, ки пеш аз ҳама муфид будани онҳоро шаҳрвандони кишварҳо дар кору фаъолиятҳояшон эҳсос кунанд. Бидуни шак, истифодаи имкониятҳои сиёсӣ ва дипломатии Қазоқистон ҳамчун давлати бетарафу холис ва миёнарав дар танзиму халли муаммоҳо бо Қирғизистони ҳамҷавор низ аҳамияти калон дорад».

Сайфулло Сафаров — муовини собиқи раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аз матлаб ва китоби чанд сол қабл навиштаи худ мисол меорад, ки ин мавзӯро фаро мегирифт: «Хулосаи навиштаи ман он буд, ки гарчанде ин созмони иқтисодии Осиёи Марказиро шикастанд, вале зарурати он дар фазои минтақа боқӣ мемонад. Сабаби шикаст албатта зиддиятҳои байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон буданд. Ҳатто як журнали хеле машҳури Русия аз ман хоҳиш карда буд, то мақолае нависам оид ба зиддиятҳои ин ду давлат ва рақобатҳояшон. Вале ман ба хотири тезутунд нанамудани муносибати ин ду ҳамсоя аз навиштани он даст кашида будам. Андешаи ман он буд, ки шояд ягон вақт муносиботи мо чун ҳамсоя беҳтар мешавад, вале ин мақола чун ҳезуми оташи байни давлатҳо нақши худро мебозад. Акнун мо бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон дӯст гаштему иттифоқчии беҳтарини мо — Қирғизистон душманамон шуд. Лекин ман бовар дорам, ин муваққатӣ аст, ҳукуматҳо ин масъаларо ҳал хоҳанд кард. Албатта кишварҳои Осиёи Марказӣ сарпарасту дӯстони зиёди худро доранд. Дар созмонҳои гуногун аъзоянд, мавқеи геополитикии хос доранд, ҳадафҳояшон гуногун аст, ҳамзабону ҳамандешагони худро доранд, манфиатҳои иқтисодии гуногун доранд ва ғайра».

Хулоса, ин савол кушода боқӣ мемонад, ки чаро дар Осиёи Миёна имкон намедиҳанд худи кишварҳо ибтикори Назарбоевро барои ташкили иттиҳоди якҷоя амалӣ намоянд?

Мо ба ин савол посух наёфтем. Шумо чӣ?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here