“Амале агар коштед, одате дарав хоҳед кард. Одате агар коштед, ахлоқе  дарав хоҳед кард. Ахлоқе агар коштед, сарнавиште дарав хоҳед кард”.

Франсуа Волтер

Нигоҳе ба гирду атроф андохтану инсониятро мушоҳида намуданро на ҳар кас мекунад. Ин кор дар шаҳри Душанбе кам ба назар мерасад. Одамони ин ҷо мисли “робот” беҳису ба тамоми кор беаҳамият шудаанд. Вақте ҷавоне бо ҷавони дигар ҷанг мекунад, ҳеҷ кас ба халосии онҳо намеравад. Нафаре онҳоро насиҳат ҳам намекунад. Насли ҷавон 20%-и тарбияро аз ҷомеа меомӯзад, 65%-ро аз хонавода ва боқимондаро аз мактаб мегирад. Бинед, гарчанде ҷомеа бо фоизи кам тарбияи ҷавононро ба уҳда дошта бошад ҳам, нақше дар тарбияти ин насл мебозад.

Қариб ҳар рӯз таъби маро як чӣ хароб мекунад. Қартабозии мардони калонсол, ки кори ҳаррӯзаашон танҳо ҳамин аст. Ҷойи бозиашон назди майдончаи варзишӣ, рӯ ба рӯи мактаби навтаъсиси №99 аст. Ин гуна бозӣ аслан дар деҳот “мӯд” буд, вале аз рӯйи мушоҳидаҳоям, дар 2-3 соли наздик ин кор қариб аз байн рафтааст. Пеш мардуми деҳот аз бекорӣ, дар кӯчаҳо ва мағозаҳо бозӣ мекарданд. Аммо чи хеле дар боло гуфтам, ҳоло хеле кам шудааст, ин ҳам бошад, дар ҷойҳои алоҳида, паноҳ аз чашми мардум. Аммо дар шаҳри Душанбе тамоман баръакс шудааст. Мардум душворфаҳм шудаанд. Тамоми корҳояшон рӯшод аст. Ба фикрам ин қабил одамон бо хаёле, ки “маро касе намешиносад” ва “ман ҳар кореро хоҳам, мекунам, ба ман касе монеа шуда наметавонад” каллаи худро пур кардаанд. Магар ин хатои бузург ба таълиму тарбия, зарар ба эҳёи фарҳангӣ нахоҳад буд?!

Дар сари роҳ қартабозӣ дар авҷ аст. Одамон мегузаранд, аммо касе ба ин аҳамият намедиҳад. Намегӯянд, ки “ан амалатон ношоиста аст ва ин ба тарбияи писари ману шумо таъсири манфӣ мерасонад. Ман намехоҳам, ки фарзандам ояндааш мисли шумоён бошад. Магар ба писари худ ҳаминро раво мебинед. Фикр мекунед, ин коратон хуб аст!?”.

Ҳммм. Касе намегӯяд. Чаро бетараф ҳастем? Медонед, агар бетараф ба тамоми ҳодисоти гирду атроф бошем, ин ба нестии ҷомеа оварда мерасонад. Ҳеҷ вақт нисбати чизе бетараф будан лозим нест, зеро, шояд ин бетарафии шумо сабаби зарари ҷомеа ва ҳатто назикони худатон гардад.

Барои ман аламовараш ин аст, ки кӯдаконе, ки дар майдончаи назди роҳ машғули бозӣ ҳастанд, чӣ ибрат мегиранд? Магар ин ба тарбияи онҳо таъсири манфии худро намерасонад? Албатта мерасонад, зеро дар вақти бозии ин шахсиятҳо, мушоҳида кардам, байни худ ҷангу ҷанҷол ҳам мекунанд, ки ба руҳияи кӯдак зараровар аст.

Ин кор на танҳо дар маҳаллаи Борбад, балки дар назди “Автоцентр”, назди бозори “Саховат”-у “Корвон” ҳам ба чашм мерасад. Пас, қазоват кунед, агар шумораи ин гуна шахсон афзояд, чӣ хоҳад шуд?

Андешаманде гуфтааст: “Ҳамеша бояд муроқиби се чиз бошем: вақте танҳо ҳастем, муроқиби афкори худ, вақте бо хонавода ҳастем, муроқиби ахлоқи худ ва вақте ки дар ҷомеа ҳастем, муроқиби забони худ”.

Фикр мекунам, мақсадамро фаҳмидед, саломат бошед!

Аммо бетараф набошед!

 

Дилшод БОЛТАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь