Кай дар ҳалли масъалаҳои муҳими Тоҷикистон ба ҷои “ман” “мо”-ро дида метавонанд?

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон аз баҳори имсол, дақиқан аз низои мусаллаҳонаи 28 апрел ба ин сӯ равиши мусбат пайдо намекунад. Ҷониби Тоҷикистон, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳама талошҳоро анҷом медиҳад, ки ҳусни тафоҳуми ҳамсоядорӣ ҳифз шавад. Аз бархӯрд ва низоъҳои имсола бар замми қурбониҳо, иқтисодиёт низ талафоти зиёд дид. Аз ҷумла тоҷирону сармоягузорон. Ёдамон ҳаст, ки он замон ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон мегуфтанд, ки муддати тӯлонӣ даҳҳо мошини онҳо дар вилояти Бодканду Ӯши Қирғизистон дармонданд ва ҳар рӯзи мондани мошинҳои боркашон барои ширкатҳо ҳазорҳо сомонӣ зиён овард. Қисме аз мошинҳоро шаҳрвандони қатории Қирғизистон, ки худро аъзои “Артиши халқӣ” меномиданд, боздошта, гуфтанд, ки ҳадафашон гирифтани пеши роҳи қочоқи бензину дизел ва дигар молҳо ба Тоҷикистон аст. Вазъият то ҷое ҳассос гардид, ки яке аз ин “артишиҳо” ба хабаргузориҳо қотеъона гуфт: “Мо талаб мекунем, ки ба қочоқи маводи сӯхт, семент ва дигар молҳо ба Тоҷикистон хотима дода шавад. Мо худамон тасмим гирифтем, ки ягон кило зардолу ва биринҷро содир накунем. Охир, онҳо зардолу ва биринҷи моро бо тамғаҳои худ ва ба воситаи кишвари мо ба Русия ва Қазоқистон бурда мефурӯшанд. Ғайр аз ин, мо кор бурда истодаем, ки ба аҳолии маҳаллӣ фаҳмонем, ки талаб кунанд, мардикорони тоҷик набояд дар ин ҷо бо кор таъмин карда шаванд. Бас кардани қочоқ посух ба амали мақомоти Тоҷикистон аст, ки якпорчагии марзҳои моро нақз кардаанд ва ба мардуми осоишта оташ кушодаанд.” Ин метавонист назари як гурӯҳ одамони эҳсосӣ баҳогузорӣ шавад, агар дар сатҳи давлат ҳам масъулон тақрибан бархӯрди ҳаммонанд намекарданд. Вагарна коршиносон ва ҳам масъулони Тоҷикистон ҳамон вақт гуфтанд, ки дар ин гуна бархӯрд иштибоҳ ва таҳриф ҷо дорад. Барои мисол, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон умуман семент ворид карда намешавад. Баръакс, Тоҷикистон ба Қирғизистон сементи арзони босифат медиҳад. Ҳамчунин зардолуи Исфара ба таври қочоқ ба Қирғизистон бурда шуда, зери тамғаи он кишвар ба хориҷа содир мешавад. Қазияи мошинҳои дармонда бо мушкили зиёд ҳалли худро ёфт, ҳарчанд масъулони ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон мегуфтанд, ки бархе аз ронандаҳои онҳо маҳз шаҳрвандони Қирғизистонананд. Ин ҳам, ба қавле “дили ҳамсояҳоро гарм накард”. Дертар масъулини Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд худро “сафед” карданӣ шуда, изҳор намуданд, ки мошинҳои тоҷикистонӣ “бо ҳадафҳои амниятӣ” боздошт шуда, онҳоро ба муассисаи махсуси ислоҳии вилоят бурда шуданд. Яъне гӯё ба хотири ҳимоя аз ҳуҷуми мардум. Шояд чунин ҳолате ҷо дошта метавонист. Аммо ҷараёни ҳодисаҳо нишон дод, ки дар ин гуна бархӯрд аслан чизи дигар ниҳон буд… Ба ҳар ҳол, пас аз ин ҳодисаҳо ҷониби Қирғизистон дигар маҳсулотеро аз кишвари мо қабул накард. Ҳатто тавассути кишвари дуюм ба таври транзитӣ. Аз ин ҳам бигзарем, онҳо то имрӯз ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки тавассути кишвари дигар ба Қирғизистон ворид мешаванд, қабул кардан намехоҳанд. Ин чунин маъно дорад, ки “тасфи” доираҳои масъули қирғиз ҳанӯз паст нашудааст. Дар ҳамин ҳол, хабарҳое ба мо расид, ки бархе аз соҳибкоронамон шурӯъ аз моҳи август тавассути гузаргоҳи Ӯзбекистон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ангишт ворид менамоянд. Гуфта мешавад, ангишти қирғизӣ, ки назар ба ангишти фаровони мо каме бадошттар буда, сӯхтанаш тӯлонитар мешавад, бо вуҷуди хеле гарон буданаш, харидорони худро дорад. Ҳамарӯза тибқи хабарҳои ба мо расида то 20 – 25 мошин аз Ӯзбекистон ангишти қирғизиро ворид менамоянд. Ин мошинҳо ба нақли шоҳидон ҳатто аз имконашон берун – то 40 тонна ангиштро бор карда, ба Тоҷикистон меоранд. Хуб, бигузор ин амали худро ба он асоснок карданӣ шаванд, ки гӯё ангишти қирғиз харидор дорад. Аммо, чаро масалан қирғизҳо розӣ намешаванд, ки сементи босифату арзони моро ҳатто тавассути кишвари дуюм қабул намоянд? Ин маънои онро дорад, ки онҳо дар сатҳи давлатӣ тасмим гирифтаанд ва бархӯрди худро ҳоло иваз кардан намехоҳанд. Ин як.

Дуюм, ворид гаштани ангишти қирғизӣ ба он маъно ҳам фаҳмида мешавад, ки онҳо бозори худро аз даст додан намехоҳанд ва аз ин ҳисоб буҷаи касоди кишвари худро то ҷое ғанӣ мегардонанд. Агар аз ин ҳисоб, ҳатто як тоҷири қирғиз ҳам манфиат бинад, ҷараёни ҳодисаҳо нишон дод, ки дар ҳолати зарурӣ ӯ метавонад ба ин ё он шакл ин пулро ба зарари Тоҷикистон истифода намояд.

Сеюм, бо вайрон шудани муносибатҳо мо ҳатто сементи арзону босифатамонро ба ин бозор ворид карда наметавонем ва шояд корхонаҳои сементабарорӣ як миқдор зарар ҳам диданд. Хоса пас аз он ки вазъият дар Афғонистон ҳам бад шуду як бозори дигари муҳимро аз даст додем.

Чорум, ворид шудани мошинҳои пурбори ангишти қирғизӣ як мушкили дигарро ҳам ба миён овард. Зеро, агар то ин замон аслан мошинҳои боркашонии ҷониби Тоҷикистон ба Ӯзбекистон семент мебурданд, аз моҳи август аст, ки маҳз мошинҳое сементро ба ин кишвар мебаранд, ки ангишти қирғизро ворид менамоянд. Маълум аст, ки ин барояшон арзонтар меафтад. Аммо ғами ронандаҳои бекормондаи моро кӣ мехӯрад? Яъне, як мавзӯи ангишти қирғизӣ ҳоло чанд масъалаву муаммоеро ба бор овардааст, ки метавонад пайомадҳои ҷиддитар дошта бошанд. Агар ҳатто аз мавзӯи патриотизму ин чизҳо ҳам бигзарем… Воқеан, вобаста ба ин мавзӯъ, аз рӯи маълумоти ба мо расида шикоятҳое ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ворид шуда буд. Масъулини дастгоҳ онро ба масъулини ниҳодҳои дахлдор фиристоданд ва аз ҷониби ниҳодҳо барои омӯхтани ҳолат гурӯҳи корие сафар намуд. Ҳоло маълум нест, ки онҳо ба роҳбари дастгоҳ чӣ посух додаанд. Вале гуфта мешавад, ки пас аз ин сафар дар нуқтаҳои марзӣ ба мошинҳои Ӯзбекистон иҷозат додаанд, ки ангишти қирғизиро, ки як муддати пас аз мактуб ба дастгоҳ манъ шуда буд, боз ҳам барои овардани бор иҷозат диҳанд. Шояд ин гурӯҳи корӣ “кадом масъалаеро” “ҳал” кардаанд. Бовар доред, ки дар ин гуна ҳалли масъала манфиатҳои Тоҷикистон ифода ёфтааст? Ман намедонам…

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь