Тобистони сард…

Шаҳре, ки бо вуҷуди ҷангҳо, мардумаш ҳамеша дар сафарҳо бо худ китоб мекашонданд...

Ва аввалин маротибае, ки дар Ҳиндустон ба шаҳри Делҳӣ барои таҳсил рафта будам, аз ҳамсабақони афғониям китоб туҳфа гирифтам

Мардуми сермутолиаанду заҳматкаш, аммо ба авзои ҷанг аллакай одаткарда

Нафароне, ки аз пойтахт – шаҳри Кобул дидан кардаанд, нақл мекунанд, ки деворҳои зиёд баландро он ҷо вомехӯред, ки барои ҳимоя аз ҳар гуна гуруҳҳои ҷангҷӯй чунин месозанд, вале имрӯз ин дарҳои оҳанину бетонӣ ва 10-метра ҷони касеро наҷот дода натавонистанд.

Фирор ва ба фурудгоҳи байналмилалӣ рехтани мардуми одӣ бори дигар собит кард, ки агар сулҳ дар кишвар пойдор набошад, мардум ба ҷуз фикри чони худ дигар андешае дар сар надоранд.

Гиряи низмомиёни афғонро мебинем, ки эҳтимол ашки онҳо на заифӣ, балки эҳсоси ватандӯстиро нишон медиҳад, ки барои ҳимояи Ватан мехоҳанд кумаке кунанд, аммо…

Мардуми ин сарзамин на танҳо дар Кобул, балки дар ҷаҳон хоб надоранд.

Афғонистоне, ки мардум сарпаноҳро на дар Ватани худ, балки дар мулки бегона меҷӯяд.

Барои мардум шабест, ки дигар саҳару шомро интизорӣ намекашанд.

Рӯи модарони афғонро акнун ашк месӯзонад.

Садои кӯдакон, ки дар оғӯши модар неву дар изтиробу гиряву фарёданд.

Хаймаҳо ба қасру кӯшкҳо дар як рӯз иваз шуданд.

Ҳама дарвозаҳои худро ба рӯйи ҳамсоя мебанданд, магар ба гурехтагон мекушоянд?

Дунё – дунёи қудрат.

Дунёи сарват.

Дунёи абарқудратҳо.

Дунёи бомбаи атомӣ.

Дунёи нафт.

Аммо иттиҳодро аз даст набояд дод!

Иттиҳоде, ки қарз ва виҷдон аст!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь