Монолог

«Ман боварӣ дорам, ки қудрати ханда ва ашк метавонад позаҳр барои кина ва тарс бошад».

Чарлз Чаплин

Воқеан, тавре Чарлз Чаплин мегӯяд, банда низ гоҳо, дар баъзе ҳолатҳо, вақте аз рафтори ягон нафар ранҷур мегардам, ба ғазаб меоям, бадбинӣ фаро мегирадам ва метарсам, ки шояд кинатузӣ дар пайам афтаду ба зудӣ раҳоям накунад, мекӯшам маҷбурӣ ҳам бошад, бихандам. Хусусан саҳаргоҳон, баъди аз хоб хестан ду-се латифа мехонам ва руҳам болида мегардад. Аммо, оё ҳама мисли ман рафтор мекунанд? Намедонам. Шояд фисади каме бошанд, ки ранҷҳои кашида ва захмҳои аз онҳо боқимондаро бо хандаву ашк аз қалб бирабоянду аз андом бишӯянд. Масалан, як нигоштаеро хонда будам, ки нигорандаи он бо сабки сӯзон забон ба шиква кушода буд: «Одамоне ҳастанд, ки маро чашми дидан надоранд. Бигузор бад бинанд. Одамоне ҳастанд, ки маро дӯст медоранд. Бигузор дӯст доранд. Боз одамоне ҳастанд, ки маро чашми дидан надоранд, вале вонамуд мекунанд, ки дӯст медоранд. Ана чунинҳоро ман чашми дидан надорам».

Ростӣ, вақте ин навиштаро мехондам, дилам кам-камак ба ҳоли нигорандааш сӯхт, дӯстам Хоҷаев. Зеро, ба гумони ғолиб, ӯро иродааш заифӣ карда ва ба вазъи нобасомони пешорӯяш зиёди зиёд чирра гардидааст, ки метавонад охиру оқибат инсонро ба кинаварзӣ моил созад. Ҳоло, ки сари ин мавзуъ андеша дорам, мехоҳам аз ҳадисе ёдовар шавам, то барои он нигоранда ва нафарони ҳамсони ӯ ғизои маънавӣ бошад.

“Дар ҳадисе, ки Имом Аҳмад ривоят кардааст, Анас ибни Молик мегӯяд: “Рӯзе назди Паёмбари Худо нишаста будем. Он ҳазрат фармуд: “Акнун

аз ин ноҳия марде аз аҳли биҳишт меояд. Ногаҳон марде аз ансор омад ва ӯ дар ҳоле буд, ки обҳоеро, ки аз асари таҳорат ба рӯяш монда буд, пок мекард ва попӯшҳояшро ба дасти чап гирифта буд. Ӯ зуд омад ва салом кард. Фардои он рӯз дубора Паёмбар сухани дирӯзро такрор кард ва ногаҳон ҳамон мард ба ҳамон ҳолати дирӯза боз омад. Рӯзи севум низ Паёмбар сухани рӯзи гузаштаро такрор кард ва боз ҳамон мард бо ҳамон ҳолати гузаштааш омад. Ҳангоме ки Паёмбар аз ҷояш бархест ва рафт, Абдуллоҳ ибни Амр аз пушти он мард рафт ва баъдан чунин гуфт: “Назди он мард рафтам ва гуфтам, ки ман бо падарам дучори ихтилоф шуда ва савганд хӯрдаам, ки то се рӯз наздаш наравам. Агар иҷозат бидиҳед, ба хонаи шумо биёям. Мард иҷозат дод ва то се шабонарӯз дар хонааш будам. Дар ин муддат амали хосе аз он мард надидам. Фақат ӯ шабҳо, вақте ки либосҳояшро мебаровард ва хоб мекард, зикри Худоро мекард ва такбир мегуфт ва то фаро расидани намози субҳ мехобид”.

Абдуллоҳ мегӯяд, ки “аз он мард ба ҷуз шукр ва сипоси Худо чизе нашунидам. Вақте хостам ба хонаам баргардам, ба ӯ гуфтам: “Эй бандаи Худо! Ман бо падарам ҳеҷ гуна мушкиле надорам, балки аз Паёмбари Худо шунидам, ки се бор фармуд: “Акнун марде аз биҳишт аз фалон роҳ меояд” ва ҳар се бор ту аз он роҳ омадӣ. Хостам чанд рӯзе бо ту бошам, то бубинам, ки чӣ амале анҷом медиҳӣ, ки биҳиштӣ шудаӣ, то ман низ онгуна амалро анҷом бидиҳам. Вале туро надидам, ки амали зиёде

анҷом диҳӣ. Пас чӣ чиз сабаб шуд, ки Паёмбари Худо дар ҳақи ту бигӯяд, ки ту биҳиштӣ ҳастӣ? Мард гуфт: “Ман амали хосе анҷом намедиҳам, ки сабаби биҳиштӣ шуданам шуда бошад. Танҳо медонам, ки кина ва буғзи ҳеҷ мусалмонеро дар дил надорам ва нисбат ба хайре, ки Худованд ба касе ато кардааст, ҳасад намеварзам”.

Абдуллоҳ гуфт: “Пас ҳамин аст он чизе, ки туро ба ин мақом расонида ва ҳар кас тавони ин кори туро надорад”.

Манзури Абдуллоҳ ибни Амр ин буд, ки агарчи зоҳиран ин кори осон ба назар мерасад, вале бисёри мардум ба ин бало (буғзу кинагирӣ) гирифтор ҳастанд”.

Воқеан, зиёд ба мушоҳида мерасад, ки мардум дар пайи моҷароҳо аз кинагирӣ даст намебардоранд. Аммо бисёр ҳолатҳоеро низ мебинем, ки шахс сарфи назар аз дилмондагиаш, масалан дар посух ба дашноми ягон нафар оромона мегӯяд: “Ман ҳам ҳамту”. Мисли он, ки Саъдии Шерозӣ дар ҳикояте аз “Гулистон” овардааст:

Якеро зиштхӯе дод дашном,

Таҳаммул карду гуфт: “Эй некфарҷом,

Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфт, онӣ,

Ки донам, айби ман чун ман надонӣ”.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки агар як кас аблаҳ шуд, ту ҳам аблаҳ нашав, ҷаноби Хоҷаев! Аҳамият надодан гарчи душвор, аммо беаҳамиятӣ ба бадгӯёну бадкорон ва кинатузон беҳтарин сипар муқобили заҳри забону амали онҳост, то қалбатро сӯрох накунанд.

Фазлиддин АСОЗОДА,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here